Бар мулки Ҷомӣ марҳабо!
Бар дидаву дил марҳабо!
Эй навҷавонони диёр
Бар мулки Хатлон марҳабо!
Як сайр ба Ҷомӣ, марҳабо!
Бар сайди моҳӣ ту биё!
Азму талош бинмо, ту, ҷон,
Бар Хоҷамастон марҳабо!
Оби шифо дар мулки мо,
Бар обшорон марҳабо!
Сайру саёҳат ту биё,
Бар куҳсорон, марҳабо!
Адрасу атлас тан намо,
Садранг чакан дар бар намо,
Чун сарв қад боло намо.
Бар мулки Ҷомӣ марҳабо!
Бар мулки Ҷомӣ, марҳабо!
Лимую зардолуи мо,
Хурмою шафтолуи мо
Бошад ба сад дарде даво,
Бар мулки Ҷомӣ марҳабо!
Бар мулки Ҷомӣ марҳабо!
Мардони деҳ мардони кор,
Дар ин диёр доим баҳор,
Гулдухтаронаш гулбасар,
Бар мулки Ҷомӣ марҳабо!
Бар мулки Ҷомӣ марҳабо!
Зебо диёр аст ин Ватан,
Аҳли зиё аст ин Ватан,
Куҳандиёр аст ин Ватан,
Бар мулки Ҷомӣ марҳабо!
Бар мулки Ҷомӣ марҳабо!
Бошад шуморо роҳнамо
Мавлои Ҷомӣ доимо.
Бошад «Баҳористон»-и ӯ
Гулчини пур аз ҳулбӯ.
Бар мулки ирфон ту биё,
Эй ҷони ҷонон, ту биё.
Бар мулки Ҷомӣ марҳабо!
Бар мулки Ҷомӣ марҳабо!
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ ноҳияи Куйбишев ва Хоҷамастон)-и вилояти Хатлони Ҷумҳури Тоҷикистон 29-уми августи соли 1930 ташкил ёфтааст. Ноҳия то соли 2004 бо номи Хоҷамастон арзи вуҷуд дошта, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30-юми декабри соли 2002 ва бо Қарори маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми феврали соли 2004 оид ба тағйири номи ноҳияи Хоҷамастон, ба номи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тағйири ном намудааст. Бо номи мутафаккири бузурги миллат номгузорӣ шудани ноҳия – ин арҷгузорӣ ба бузургони миллат буда, ҷавобгӯи тақозои сиёсати давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифодагари таъриху фарҳанги миллии мамлакат мебошад.
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз ноҳияҳои шимоли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо ноҳияҳои Хуросон, Ёвон, Сарбанд ва Бохтар ҳамсарҳад мебошад.
Масоҳати умумии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 59,6 километри квадратиро ташкил дода, дар он зиёда аз 166 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳудуди маъмурии ноҳия аз як шаҳрак, 7 деҳот ва 77 деҳа иборат аст. Маркази маъмурии ноҳия шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ буда, аз шаҳри Бохтар – маркази вилояти Хатлон дар масофаи 35 км ва аз шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи 85 км ҷойгир мебошад.
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ноҳияи аграрӣ ба шумор рафта, соҳаи мазкур дар баланд гаштани иқтисодиёти ноҳия мавқеи асосӣ дорад. Меҳнаткашони соҳаи кишоварзии ноҳия асосан ба парвариши пахта, ғалла, сабзавоту полезиҳо, боғу токпарварӣ, парвариши пилла, чорводорӣ ва моҳипарварӣ машғуланд. Масоҳати боғдорӣ 1088 гектарро ташкил намуда, хоҷагии моҳипарварӣ 843 гектарро дар бар мегирад.
Дар ноҳия 76 муассисаи таълимию тарбиявӣ, 6 муассисаи томактабӣ, 3 беморхонаи марказӣ, 1 дармонгоҳи марказӣ, 5 беморхона минтақавӣ, 50 бунгоҳи саломатӣ, 32 муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамоянд.
Ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рушд ёфта, аксарияти оилаҳо дар эҳё намудани ин ҷузъи фарҳангӣ саҳмгузоранд. Дар ноҳия коргоҳҳои қолинбофӣ, адрасбофӣ, дӯзандагӣ амал намуда, аксарияти оилаҳо ба чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, намадбофӣ, ҷуроббофӣ, чӯбтарошӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ машғуланд.
Роҳбарияти ноҳия ҳамеша аз пайи амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода мебаранд, то ин гӯшаи зебоманзараи диёр боз ҳам ободтар шаваду овозааш берун аз ноҳия равад. Масалан, рӯзи 27-уми январи соли 2018 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ конференсияи вилоятӣ дар мавзуи «Ҳунарҳои мардумӣ – рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ» бо иштироки ҷавонони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид. Дар доираи он чорабинӣ бахшида ба ҷашни Сада баргузор гардида, фурӯши ниҳолҳо, намоиши дастурхони идона ва ҳунарҳои мардумӣ бо баргузориҳои чорабиниҳои хоси Сада гузаронида шуд. Инчунин, охирҳои моҳи феврали соли равон ҳамоиш таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – барномаи амал дар самти рушди фарҳанги миллӣ” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 бо иштироки ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ барномаи маърифатӣ – фарҳангӣ, ҳамоиш ва фурӯши ҳосили ҳунарҳои мардумӣ зери шиори “Ҳунар – чашмаи илҳом ва давлати поянда”, аз қабили ҳунарҳои мардумии “Нонпазӣ”, “Қаннодӣ”, “Гулпарварӣ”, “Сабадбофӣ”, “Зардӯзӣ”, “Қӯроқдӯзӣ”, “Адрасбофӣ”, “Қолинбофӣ”, “Тарроҳӣ”, “Попурдӯзӣ”, “Кандакорӣ”, “Чӯбтарошӣ”, “Гулдӯзӣ”, “Заргарӣ”, “Ресандагӣ”, “Наққошӣ”, “Муҳрабофӣ”, “Шерозбофӣ”, “Оҳангарӣ”, “Кулолгарӣ”, “Рассомӣ” пешкаши сокинон гардонида шуд. Ҳамчунин, конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – барномаи амал дар самти рушди фарҳанги миллӣ” аз тарафи шуъбаи маориф, ЛКТ-и ноҳия, коллеҷи омӯзгорӣ ва бахши фарҳангӣ ноҳия омода карда шудаву баргузор гардид.
Ин ҳама гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ аз азал ҳунарманд, фарҳангиву санъатдӯст буда, ҳамеша барои пазироии меҳмонону сайёҳон омодаанд.