Ба аслу насл зи шоҳони мулки Шуғнони,

Чу лаъл ҷою макон аст дар Бадахшонам.

Бадахшон! Макони кӯҳҳои сарбафалаккашида, макони дорои табиати нотакрору дилчасп, ки кас аз диданаш ба ҳайрат мефтад. Макони обҳои тозаю мусаффо ва осмони соф, ҳавои беғубор ва насими фораме, ки ҳар саҳар ба машоми кас расида, онро ба бедордилию зиндагипарастӣ водор месозад, маконе, ки дорои ҳайвоноти нодиру камёфт ва сарватҳои табиӣ ба шумор рафта, писанди сайёҳон ва мардумони хориҷӣ гардидааст.

Агар мо сарчашмаҳои таърихӣ ва ё китоби “Таърихи Бадахшон”-ро варақ занем, маълум мешавад, ки Бадахшон бо туфайли сангҳои қиматбаҳояш – лаъл, лоҷвард ва фирӯза вирди забони тамоми шоҳону сайёҳони хориҷии қадим давр задааст. Ҳатто маълумотҳое низ вуҷуд дорад, ки Бадахшон бо дигар кишварҳои ҷаҳон роҳи тиҷорат доштааст. Сангҳоро аз ин макон ба воситаи роҳи Абрешим ба дигар минтақаҳои ҷаҳон, асосан, барои шоҳон истеҳсол карда, мебурдаанд. Пас аз ин гуфтаҳо ва далелҳо маълум мешавад, ки номи  Бадахшон на танҳо дар таърихи қадимаи халқҳои Осиёи Миёна, балки тамоми халқҳои ҷаҳон, ҳамчун “Маъвои сангҳои қиматбаҳо” дарҷ шудааст.

Тибқи маълумоҳои таърихӣ сабаби асосии пайдоиши сангҳои номбурда дар Бадахшон ин макони кӯҳсор буданаш мебошад. Ба ин гуфтаҳо навиштаҷоти олими машҳури форсу тоҷик Абурайҳон Берунӣ далел шуда метавонанд:

“Боре дар Бадахшон заминҷумбии сахте ба амал омада, кӯҳҳо таркиш пайдо карданд ва дар натиҷаи таркиш порчаҳои лаъл намудор шуданд. Баъди он заминҷунбӣ бори  аввал лаълро занҳо пайдо карда, онро маводи ранга барои либосрангкунӣ пиндоштанд. Онҳо лаълро кӯфта, талқон карданд, вале ба онҳо муяссар нагардид, ки бо он либосро ранг кунанд. Хабар дар бораи ин  сангҳо зуд паҳн гардида, ба гӯши касоне, ки ба коркарди маъдан дар кӯҳҳо машғул буданд, расид. Онҳо ба истихроҷи лаъл пардохтанд.”

Ақидае мавҷуд аст, ки асли баромади номи худи Бадахшон дурусттараш “Балахшон” аз калимаи  “балахш”, яъне  “лаъл” гирифта шудааст. Тибқи маълумотҳое, ки ду нафар олими сайёҳи машҳури садаи XIII Марко Поло ва Ёқути Ҳамавӣ, ки ҳар ду  Хуросону Мовароуннаҳрро зиёрат намуданд, лаълро “балахш” ном бурда, номи кишварро “Балахшон” гуфтаанд. Сайёҳи венетсиягӣ Марко Поло муддате дар Бадахшон иқомат карда, дар бораи “балахш” чунин навиштааст:

“Дар Баласиён балахшҳо-сангҳои гаронбаҳо мавҷуданд. Онҳо хело ҳам сангҳои қимат буда, дар дохили харсангҳои кӯҳӣ ҷой доранд. Мардум барои шоҳ ва бо фармони ӯ дар  кӯҳҳои Шуғнон ғорҳои калон (чи тавре ки барои истихроҷи нуқра меканданд) канда, аз онҳо балахш истихроҷ менамоянд. Аз тарси ҷон касе барои худ аз он кӯҳ сангҳои гаронбаҳоро истеҳсол намекард. Агар касе ба гирифтани онҳо ҷуръат мекард, ҷону моли худро аз даст медод. Шоҳ иҷозат намедод, ки касе балахшро бе фармони ӯ истихроҷ кунад.”

Ёқути Ҳамавӣ, ки дар садаи ҳаждаҳ, пеш аз ҳуҷуми муғулҳо ба Хуросону Хоразм омада буд, дар моддаи “Бадахшон”-и “Муъҷам-ул-булдон” дар бораи балахш ва гаронбаҳо будани он сухан ронда мегӯяд, ки ҳатто худи мардуми Бадахшон лаълро балахш мегуфтанд.

Пас, аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки номи Бадахшон дар асл “Балахшон” буда, аз номи “балахш”-лаъл, ки онро дар ватани асилаш “балахш” мегуфтанд, гирифта шуда будааст.

Лаъл арчӣ дар ҷаҳон зи Бадахшон шавад бурун,

Эй лаъли бебаҳо, ба Бадахшон хуш  омадӣ.

Ҷондоршоева Зебинамо, донишҷӯи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь