Муҳимтарин омил барои ҳар ҷомеа амнияту осоиштагӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини амнияту осоиштагӣ, пеш аз ҳама ба қонунсолорӣ ва қонунпазирӣ рабт дорад. Таҷриба собит намудааст, ки дар ҳар ҷомеае риоёти қонун ва тартибу низом муқаррар  мегардад, дар он ҷомеа пешрафт, осоиштагӣ ва шукуфоӣ ба назар мерасад. Баръакс, дар ҳар ҷое инҳирофоти қонун ҷой дошта бошад, дар он ҷомеа ҳараҷу мараҷ ва бесуботӣ хоҳад буд. Вобаста ба ин дар ҳар ҷомеа ва дар ҳар шароит вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва назорати риоёти қонунҳои амалкунанда, ҷиҳати ҳамзистии осоишта ва амну адолати мардум аст.

Салоҳияти асосии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ талаб менамояд, ки онҳо ҷиҳати роҳ надодан ба бесуботиву ҳараҷу мараҷ ва инҳирофоти қонун пешгирӣ намоянд ва нагузоранд, ки бесалоҳиятиву беқонунӣ дар ҷомеа ба миён ояд. Зеро ба миён омадани беқонунӣ, оғози тамоми бадбахтиҳо дар ҷомеа аст. Бо назардошти ҳамин нуқта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти олии давлатӣ ҳамеша ва дар тамоми манотиқи давлат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то қонунсолорӣ дар ҷомеа таъмин гардад. Унсурҳои ҷиноӣ дар назди қонун ҷавоб гӯянд ва шаффофона амалкарди шаҳрвандонро дар доираи қонун назорат намоянд.

Ба ибораи дигар, дар ҳар ҷое агар қонуни тамаддунии инсонӣ риоят намешавад, қонунҳои ҷангал пеш меоянд. Зӯр бар сари нозӯр даст мебардорад ва адолати иҷтимоӣ аз байн рафта, ҳар нафар вобаста аз ғаризаҳояш ба худ иҷозат медиҳад, ки ҳама гуна амалҳои нораворо дар баробари ононе, ки тавони камтар доранд, ба миён мегузоранд.

Таҷриба нишон додааст, ки дар ҳар куҷое агар волоияти қонун набошад, муназзамии рушди ҷомеа аз байн рафта, ҳараҷу мараҷ ба вуҷуд меояд ва дар он ҷо омилҳои ҷиноӣ боло гирифта, ба осудагӣ ва ҳамзистии инсонҳо халал ворид менамоянд. Танзими ҷомеа ва таъмини ҳамзистии осоиштаву адолати иҷтимоӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомати давлатӣ буда, онро танҳо тавассути волияти қонун ва ба роҳ мондани эҳтиром дар доираи муқаррароти қонун анҷом медиҳанд. Бо назардошти ин нуқта, танзими ҷомеа ва иҷрои қонунҳо дар ҳама шароит кафили асосии пешрафт ва нумӯи ҳар ҷомеа буда, таъминкунандаи рӯзгори осоишта ва адолати иҷтимоист, ки аз иҷрои бечунучарои вазифаи масъулини ҳифзи ҳуқуқ бармеояд.

Ҷинояткорӣ ҳамеша барои ҳар миллату давлат, аҳли ҷомеа ва шаҳрвандон хатарнок буду ҳаст. Зеро вақте унсурҳои ҷиноӣ дар озодӣ ба сар мебаранд ва дар доираи қонун муҷозот намешаванд, онон аз ин ҳол истифода намуда, ҷиноёти нав ба нав содир менамоянд ва ба зиндагии амну осоиштаи мардум халал эҷод месозанд. Айни ҳамин ҳол чанд сол қабл дар Хоруғ ва атрофи он ҷой дошт. Ҳарчанд аз ҷониби Ҳукумати кишвар борҳо ба ин гурӯҳҳо ҳушдор дода шуда буд, ки дар доираи қонун амал намоянд ва якчанд маротиба низ ҷиноёти содирнамудаи гурӯҳҳои ҷиноятӣ  бахшида шуданд, вале аз аъмоли зиддиқонунии худ даст накашиданд ва онро идомат доданд. Кор то ба ҷое кашонид, ки ҳатто ба мақомоти давлатӣ фишор оварда, нагузоштанд, то онҳо вазифаҳои хешро пурра иҷро намоянд. Зӯрӣ, таҳдид, одамрабоӣ, қочоқи маводи мухаддир, ба таври зӯрӣ сӯистифода намудан ҳамчун сипар аз мардум ва амсоли ин ба як амали маъмулии онҳо табдил ёфта буд.

Яке аз саркардаҳои гурӯҳи ҷинояткорон Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, зодаи шаҳри Хоруғ буд. Номбурда дар маҳаллаи “Хоруғи боло”-и шаҳри Хоруғ гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро созмон дода, ба як қатор ҷиноятҳои вазнин, махсусан вазнин, ҳамчунин терроризм даст задааст. Бояд тазаккур дод, ки мақомоти тафтишотӣ нисбати Мамадбоқир Мамадбоқиров аз рӯйи чандин моддаи ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, солҳо тафтишот идома ёфтааст. Барои намуна, аз рӯйи қисми 1-и моддаи 328 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият), қисми 1-и моддаи 330 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳқири намояндаи ҳокимият), қисми 2-и моддаи 160 КҶ ҶТ (вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетҳо ва роҳпаймоиҳо), банди “а”-и қисми 3-и моддаҳои 182 (ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа), қисми 1 ва 2-и моддаи 187 (ташкил намудани иттиҳоди ҷиноятӣ), банди “а”-и қисми 3-и моддаи 189, (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва банди “в”-и қисми 3-и моддаи 248 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғоратгарӣ) алайҳи Мамадбоқир Мамадбоқиров парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда буд. Илова бар ин, Мамадбоқир Мамадбоқиров бо ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ҳамкорӣ дошта, аз ҷумла бо супориши роҳбарони фирории ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом бетартибиҳои оммавӣ ташкил намуда буд. Зимнан, Мамадбоқир Мамадбоқиров аз ҷониби ТТЭ ҲНИ тавассути ҷинояткори дигар – Алим Шерзамонов барои ташкили бетартибиҳои оммавӣ, инчунин халалдор сохтани вазъияти шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он маблағҳои калони пулӣ низ гирифта будааст. Аз ҷумла, 25-уми ноябри соли 2021 маҳз бо супориши Мамадбоқир Мамадбоқиров дар майдони марказии шаҳри Хоруғ силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ тақсим карда шуда буд. Бо супориши бевоситаи  ӯ  ба биноҳои маъмурӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамлаҳои мусаллаҳона сурат гирифтаанд.

Оқибат дар таърихи 22-юми майи соли 2022 саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ  Мамадбоқиров Мамадбоқир, ки аз раҳи душманӣ бо мардум нагашта, кирдорҳои зишти худро идома медод, зимни задухӯрди мусаллаҳона кушта шудааст.

Бояд таъкид кард, ки гурӯҳҳои ҷиноятӣ бо даромадҳое аз ҳисоби қочоқи маводи мухаддир, қочоқи сангҳои қиматбаҳо ва амсоли ин бо роҳи пул додан ва кӯмак кардан ба иддае тарафдор пайдо мекарданд. Аз тарафи дигар, бештар ба ҷалби ҷавонони ноогоҳ шуғл меварзанд ва зеҳнҳои онҳоро масмум месохтанд. Қонуннопазирӣ ва авбоширо ҳамчун идеал ба онҳо нишон медоданд.

Мутаассифона, як идда ҷавононро бо ин роҳ гумроҳ сохта, онҳоро шомили гурӯҳҳои ҷиноятии хеш гардонида, бесарнавишт низ намуданд. Ҳамаи ин боиси он гардид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст ба амал зананд ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноиро дар минтақа хунсо намоянд.

Ҳарчанд гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ омили асосии рушд накардани минтақа ба ҳисоб рафта, онҳо ба фаъолияти мақомот ва мардум монеасозӣ менамуданд. Аслан дардисарсози мардум ва сабаби тамоми бадбахтиҳо дар минтақа ҳамин гурӯҳҳои ҷиноятӣ буданд.

Далели гуфтаҳои боло он аст, ки аз замони пойдории пурраи қонунсолорӣ ва барҳам задани гурӯҳҳои ҷинояткорон дар шаҳри Хоруғу атрофи он ду сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат  мардуми шарифи ин минтақа, ки тӯли солиёни дароз зери фишори ин гурӯҳҳо қарор доштанд, нафаси озод мекашанд ва дар доираи қонун кору амали хешро ба роҳ мемонанд.

Қаблан, агар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ худро асли қонун пиндошта, фишору зӯрӣ ва тарсу ҳаросро дар дили мардум меафканданд ва онҳоро ҳамеша тарс медоданд, ки бо набуданашон авзо бадтар хоҳад шуд, вале воқеият нишон медиҳад, ки дар давоми зиёда аз ду сол корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар минтақа ба маром идома доранд.

Бунёду азнавсозии шоҳроҳи Кӯлоб-Қулма-Қароқурум дар минтақаи Дарвоз-Ванҷ-Рӯшон идома пайдо намуда, бо пурра ба истифода дода шудани ин шоҳроҳ Бадахшон ба як минтақаи аз лиҳози иртиботӣ муҳими Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ табдил хоҳад шуд.

Ҳоло Хоруғшаҳр ба як маркази муҳими баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии сатҳи ҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст. Туризми дохиливу хориҷӣ дар минтақа рушд меёбад. Имрӯз ҳар фарди кишвар озодона метавонад ба тамоми шаҳру навоҳии вилоят рафтуомад намуда, аз манзараҳои дилфиреби Бадахшон дидан намуда, лаззат барад.

Сулҳу осоиш ва қонунсолорӣ дар вилоят ба мисли тамоми манотиқи сартосари ҷумҳурӣ ҳукмрон аст. Барномаҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддати иқтисодӣ ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати амалӣ гардонидани онҳо ниҳодҳои давлатӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Пас аз маҳви гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ сохтмони иншоотҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар вилоят ба нақша гирифта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба маром идома доранд. Зиёд шудани рафтуомад ва сармоягузории дохиливу хориҷӣ метавонад ба сатҳу сифати зиндагонии мардум таъсири мусбат гузошта, рифоҳи иҷтимоиро ба миён оварад.

Мутмаинем, ки дар чанд соли оянда бо амалӣ гардидани барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар вилоят, ба гуфтаи Пешвои миллат, Бадахшони азиз ба “Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон” ва яке аз минтақаҳои муҳими иқтисодии кишвар табдил хоҳад ёфт. Зеро дар ин минтақа аз як тараф захираҳои саршори табиӣ мавҷуданд, ки бо ба роҳ мондани истихроҷу истеҳсол имконияти зиёди рушди иқтисодиро ба миён меоварад ва аз тарафи дигар мардуми минтақа, ки аз назари интеллектуалӣ ва донишу маърифат ҳанӯз дар даврони шӯравӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекарданд, бо пойдор шудани қонунсолорӣ ва озод шудан аз таъсири манфии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дубора бо тамоми нерӯ рӯ ба омӯзишу илму маърифат ва ободкорӣ овардаанд.

Мардуми минтақа новобаста аз дурӯғпарокании нафарони манфиатдоре, ки гурӯҳҳои ҷиноиро пуштибонӣ менамуданд, бо баракати қонунсолориву хунсо гардидани гурӯҳҳои ҷиноятӣ амалан ва амиқ дарк намудаанд, ки муҳимтарин омил барои рушди ҳар ҷомеа ин амнияту осоиштагӣ ва қонунсолорӣ ба ҳисоб меравад.

Албатта ҳар мушкили дар ҷомеа ҷойдошта танҳо метавонад аз роҳи созандагиву бунёдкорӣ дар шароити оромиш ва суботи иҷтимоӣ роҳи ҳалли хешро пайдо намояд. Дар чунин ҳолат риояти бечунучарои қонунсолорӣ ниҳоят муҳим аст. Дар ҳар ҷомеае, ки қонун ҷойгоҳи муносибе надорад, ҳараҷу мараҷ ва бесарусомонӣ ба амал омада, ҷинояту ҷинояткорӣ меафзояд. Вуҷуди давлат бар пояи қонунмеҳварӣ побарҷост. Адолати иҷтимоӣ ва кам кардани ҷинояту ҷинояткорӣ ва зиндагии орому осуда низ танҳо замоне ба амал меояд, ки риоёти бечунучарои қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ аз тарафи тамоми сокинони  ҷумҳурӣ риоят карда шавад.

А. РАҲМОНЗОДА,

номзади илмҳои таърих

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь