Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон ва шароит медиҳанд, ки ҳар як нафари қобили меҳнат ба соҳибкории кишоварзӣ машғул шаванд ва ин нафарон бояд қонунҳои агроэкологии дар боло овардашударо хуб донанд ва аз рӯи онҳо амал намоянд. Мехоҳам мисоли татбиқи ин қонунҳоро дар истеҳсолоти кишоварзии ВМКБ, ки худи табиат интихобан ин сарзаминро аз ҷиҳати агроэкологӣ дар давоми садсолаҳо хуб минтақабандӣ сохтанд барои эҳтиёҷмандони соҳа таҳлил намоям.

Сараввал аз минтақаи Дарвоз ибрози ақида менамоям, ки табиат дар асоси қонунҳои худ дар ин минтақа растаниҳои субтропикиро хуб қабул ва ҷойгир намудааст ва деҳқонони асили ин ареали экологӣ баҳри таъмини рӯзғорашон аз он хуб истифода бурдаанд. Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ҳолатҳои агроэкологии ин минтақаро хуб омухта дар он “Пойгоҳи омӯзиши растаниҳои субтропики”-ро ҷойгир сохтааст ва мақсад аз ин амалашон аз таъмини гуногунии агробиологӣ дар самти рушди растанипарварии субтропикӣ дар ин минтақа иборат мебошанд. Қайд карданӣ ҳастам, ки тайи солҳои Шӯравӣ олимон дар ин минтақа нисбати дарёфти агротехнологияи парвариши гуногуни растаниҳои субтропикӣ, аз қабили анор, анҷир, лимӯ хуб кор карданд ва натиҷаҳои назаррасеро дар минтақа ба даст оварданд ва агар роҳбарияти ноҳия ин иқдоми пешгирифтаро хуб идора месохтанд, имрӯз ноҳияи Дарвоз дар қатори ноҳияи Ванҷ вориди бозори маҳсулоти кишоварзии мамлакат мегардид ва саҳмгузории алоҳида медошт. Ёдовар мешавам, ки мавриди имрӯза масъалаи рушди парвариши растаниҳои субтропикӣ дар ноҳияи мазкур ба таври хуб гузошта нашудааст ва сиёсат ва муносибати истеҳсолӣ дар ин самт ислоҳталаб мебошанд ва мехоҳам, ки дар ин бобат аз рӯи дониш ва таҷрибаи доштаам баҳри беҳбудии соҳа ва беҳдошти иқтисоди кишоварзон чунин тавсияҳоро пешкаш намоям: – якум, аз нуқтаи назари хеш тавсия месозам, ки минтақаи Дарвозро ба ҳайси маркази асосии истеҳсолоти сабзавоти гармхонагӣ “намоишкорона” қабул насозанд, зеро ин соҳа дар худ нозукиҳои худро дорад ва ин масъаларо дар шакли пурра дар поёнтари мақолаам барои тамоми минтақаи ВМКБ шарҳ медиҳам. Барои минтақаи мазкур дар асоси қонуниятҳои муайянгаштаи агроэкологии дар боло зикргашта такя намуда, тавсия медиҳам, ки минтақа бештар ба рушди соҳаи парвариши лимӯ ва анор машғул шавад, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маҳсулотҳо талабот ва бозори зиёд доранд. Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои сахти давраи касалии “хитоӣ”  донаи лимӯи мексикоиро бо нархи 10 сомон  харидорӣ намудем ва имрӯз низ нисбати меваи лимӯ талаботҳо зиёданд. Дар бобати анор бошад гуфтанӣ ҳастам, ки мавриди имрӯза тамоми бозорҳои Тоҷикистонро анори истеҳсоли давлати Ӯзбекистион фарогир гаштааст ва анори истеҳсоли дохилиамон қариб мавҷуд нестанд. Мувофиқати шароитҳои агроэкологии минтақаи Дарвоз ва талаботи имрӯзаи бозорро  ба ҳисоб гирифта барои роҳбарияти бахши кишоварзии ноҳияи Дарвоз лозим ва зарур аст, ки  ҳама шароитҳои маблағии мавҷударо ҳам аз ҳисоби имтиёзҳои давлатӣ нисбати рушди кишоварзӣ ва ҳам аз ҳисоби сармояҳои хориҷӣ нисбати рушди парвариш ва истеҳсоли лимӯ ва анор равона созанд ва кӯшиш намоянд, ки дар шароити минтақабоби ноҳия ҳар як сокини он на кам аз ду хандақи лимӯ ва на кам аз 20 адад ниҳоли боровари анори хуштаъми бозоргузар дошта бошад. Амалишавии ин пешниҳод аз тарафи роҳбарони сектори кишоварзии ҳукуматӣ ва соҳибкорони кишоварз назорат ва пайгириро талаб менамояд.

Барои исботи фикрам нисбати воридсозии ноҳияи Дарвоз ба бозори кушоди маҳсулоти кишоварзӣ чанд мисолеро аз истеҳсолоти минтақабандигаштаи растанипарварии ноҳияи Ванҷ пешкаш месозам ва умед дорам, ки бо ин мисоли овардаам хонандаи муҳтарамро қаноатбахш месозам. Чанд рӯзе пештар вориди мағозаи фирмавии “Пайкар” гаштам ва ба гушаи меваҷоти он назар андохтам ва дар ин гӯша ду намуд себро бо номи “Голдени амрикоӣ” ва “Сабзи амрикоӣ” дидам ва дар қуттии онҳо нархи ҳарду баробари 45 сомони барои як килло гузошта шуда буданд. Хулоса кардам аҷаб қиммати гарон нисбати харидорони Душанбе ва боз паҳлутар назар кардам ва қуттиҳои дигари пури себро бо номи “ Голдени Ванҷӣ“ ва “ Крепсони Ванҷӣ“ дидам ва дар нархномаи онҳо 22 сомонӣ гузошта шуда буданд, хурсанд гаштам, зеро ин себҳо аз рӯи мазза ва сифат аз себҳои овардашудаи давлати Амрико беҳтар буданд ва нархи беқиёс низ доштанд. Ин вазъиятро нисбати маҳсулоти лубиёгиҳо, тут, талқони тут низ дар ҳама бозорҳои Тоҷикистон дидан мумкин аст. Ҳамеша дар дилам аҳсан хондам ба боғпарварони ванҷӣ ва роҳбарони комплекси агросаноатии ноҳияи Ванҷ ва кушода мегуям, ки онҳо тавонистанд қолаби кӯҳнаи  бозори маҳсулоти кишоварзиро шикананд ва мавқеъи устувореро аз рӯи диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ дар тамоми бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо созанд.

Муддати як моҳ дар минтақаи Зарафшон ва Суғд қарор доштам. Дар рӯзҳои холигиам аз кор ҳамроҳи рафиқон бозорҳои маҳсулоти кишоварзии ин минтақаро дидан намудем ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров бозори бастабандӣ ва фурӯши қоқи зардолуро дидам ва низоми сохтор ва идоракунонии ин бозорро пурсон гаштам. Соҳибкорон иброз доштанд, ки қоқи зардолуи онҳо аз ноҳияи Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ, Конибодом ва ноҳияи Исфара ҷамъ ва пасон ба бозорҳои давлати Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва минтақаи Қафқоз равона мегарданд ва бақияи онро соҳибкорон дар бозорҳои дохили Тоҷикистон савдо менамоянд. Вақте, ки номи ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳро шунидам бо худ хулоса доштам, ки ноҳияи Рӯшон ва Шуғнон нисбати ин ду ноҳияи номбаргашта шароити замин, боду ҳавои хубтар доранд ва пас барои чӣ онҳо истеҳсол ва бозори қоқи зардолуро надоранд.  Дар асоси таҷрибаи доштаам нисбати ин саволи пешовардаам нисбати ноҳияи Рӯшон ва Шуғнон ҷавоб чунин аст, ки то ба ҳол дар ин минтақаҳо соҳибкорони боғпараваре пайдо нагаштаанд, ки зиндагӣ ва пешбурди рӯзгорашонро мисли боғпарварони ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Масчоҳ ба ҳамин тиҷорат пайваст сохта бошанд, дар ноҳияи Рӯшон ва Шуғнон касе ба шуғли ниҳолпарварӣ машғул нестанд ва сари ин масъала дастгирӣ ва роҳнамоии хубе низ мавчуд нест. Ҳамасола ниҳолҳои мевагии бе ном ва “хасак” ба минтақа аз тарафи алоҳида шахсиятҳо ворид мегарданд, ки онҳо бар асари нуқсҳои доштаашон хушк мегарданд ва ё навъи бозоргузар нестанд. Барои пурқувват гардонидани мисоли пешовардаам нисбати ин ду ноҳия мисолеро пешкаши хонанда менамоям: бо иштироки шахсиям кӯшиши ислоҳи ин тартиби боғпарварии зардолуро дар ноҳияи Шуғнон пеш овардам ва дар деҳаи Бувед бо як деҳқонбачаи дӯстам ниҳолхонаеро дар асоси имтиёзҳо дар масоҳати хурд ташкил намудем ва барои пайванд намудани ниҳолҳо дар сари ин замин устодеро аз ниҳолхонаи ноҳияи Ваҳдат сафарбар сохтем ва бо якҷоягии мутахассисони пуртаҷрибаи вилоят омӯзиши махсуси пайвандзании ниҳолхонаро ташкил намудем. Барои пайванзании ниҳолхона аз беҳтарин навъҳои зардолу аз минтақаи Ванҷу Язғулом ва Шуғнон истифода ва ин амалро иҷро сохтем. Соли дигар деҳқонбача ниҳолҳои хуби зардолуро барои фурӯш ба бозори марказии шаҳри Хоруғ бароварданд ва нисбати ин ниҳолҳо талаботи зиёд мавҷуд буданд. Баъди ба охир расидани фурӯши ниҳолҳо боварӣ доштам, ки соҳибкор ин тиҷорати устуворашро давом медиҳад ва соле чанд пас сари ниҳолхона рафтам ва дидам, ки аз ниҳолхона дараке нест ва бо вохӯрӣ бо деҳқон маълумам гашт, ки вай озурдахотир гаштааст, зеро дар вақташ дастгирии минбаъда наёфтанд ва таҷрибаи доштааш барои пешбурди кори ниҳолпарварӣ басандагӣ накарданд. Имрӯз роҳи ягонаи ҳалли ин масъаларо барои ноҳияҳои Шуғнон ва Рӯшон дар таъмини муносибатҳо баҳри дарёфти ниҳоли зардолуи навъҳои бозоргир аз ташкили ҳамкориҳо бо Институти Биологии Помир мебинам, зеро боварӣ дорам, ки дар ин пойгоҳи илмӣ шароитҳои хуби ба роҳ мондани истеҳсоли ниҳоли зардолу аз рӯи навъҳои бозоргузар мавҷуд мебошанд ва танҳо таваҷҷӯҳи сохторҳои мутассадии Ҳукумати ВМКБ нисбати ин масъала лозим мебошад. Ин хулосаамро бо он асоснок менамоям, ки дар вақти ташкили боғоти содиротии минтақаи Суғд тамоми роҳбарони баландпояи идораҳои дахлдор мақсаднок сафарбар ва ҷалб мегараданд ва якҷоя ҳадафнок амал менамоянд ва дар минтакаи ВМКБ танҳо назорат ва расонидани кӯмакҳои амалӣ нисбати Институти Биологии Помир баҳри бунёди ниҳолхонаи парвариш ва истеҳсоли навъҳои бозоргузари зардолу аз тарафи сектори ҳукуматӣ талабшаванда мебошанд.

Дар нисбати истеҳсол, фурӯш ва бозори гӯшт дар минтақаи ВМКБ захира ва имконотҳоро дар қисмати болоии ноҳияи Шуғнон, ҷамоатҳои Веру Ванқала ва асосан дар ноҳияи Мурғоб мебинам. Барои исботи фикрам боз хонандаро ба бозори маҳсулоти гӯшт дар мағозаҳои марказии пойтахт равона менамоям. Дар мағозаҳои фирмавии “Ёвар” ва “Пайкар” нархи гӯшт то ба 100 сомонӣ муайян гаштааст. Дар бозорҳои марказии пойтахт бошад нархи гӯшт то ба 70 сомонӣ мерасад. Ҳамаи ин гӯшт аз ҳисоби истеҳсоли соҳибкорони минтақаи Ҳисор, Ёвон, Ваҳдату минтақаи Хатлон ба ин мағозаҳо ворид мегарданд. Дар вақти пурсишҳо дар бозор ва мағозаҳои шаҳри Душанбе ва навоҳиҳои гирду атрофи он нисбати гӯшти овозадори қутоси ВМКБ аз касе нашунидам ва надидам кӣ кадом вақте дар савдо доштаанд. Пас савол мешавад, ки ин овозаҳои кутоспарварии ВМКБ, махсусан ноҳияи Мурғоб куҷо мераванд, вақте маҳсулоти онҳо дар бозори марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд нестанд ва касе берун аз ин минтақа ба он дастрасӣ надоранд. Дар ин самт хулоса дорам, ки истеҳсол ва фурӯши гӯшти қутос ва истеҳсолоташ низ назарногир аст ва ҳами дигар низоми муайяни бозордориро дар худ надоранд. Агар маҳсулот кам бошад он гоҳ сабабашон мавҷудияти ками саршумор аст ва дар ин миён лозим мешавад, ки роҳи таъмини онро дарёфт созем, агар хӯрокаи он басанда набошад, бояд мисли минтақаи Ҳисор ва Хатлон бозори фуруши алафро дар минтақаи Мурғоб ташкил карданамон лозим аст ва хулоса баҳри ҳалли масъала пайгирии он аз тарафи сектори кишоварзии ВМКБ вобаста мебошанд. Ёдовар мешавем, ки вақте буд, тайи солҳои 2000 ум, аз масофаи ҳазорон километр бо роҳи баҳрию хушкӣ гӯшти буйволҳои мамлакати Ҳиндустон тариқи давлати Эрон ба бозорҳои Душанбе дохил мешуданд ва чаро имрӯз мо масъалаи гӯшти қутоси истеҳсоли ноҳияи Мурғобро аз масофаи наздик дар мамлакатамон бозоргир карда наметавонем.

Барои хонанда дар сароғози мақолам ишора доштам, ки масъалаи парвариши сабзавоти гармхонагиро дар шароити ВМКБ каме кушода менамоям. Нуқтаи назарам сари он аст, ки набояд парвариши он дар ноҳияи Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб ба ҳайси як старегияи ояндадор ва бозоргир ва таъғирдиҳандаи иқтисод ва иҷтимои мардум қабул карда шаванд. Барои хонанда кушода менамоям, ки замоне сад фисади гармхонаҳо аз ҳисоби маблағҳои кӯмаки башардустона сохта шуданд ва истифодабарандагони онрӯза ягон саҳме дар бунёди онҳо надоштанд. Имрӯз аз рӯи дидам ва таҳлилҳои доштаам аниқ медонам, ки ягон гармхонаи сохташудаи парвариши сабзавоти онрӯза дар гардиши истеҳсоли қарор надоранд ва сабаби асосии он дар хатогиҳои содиршуда нисбати интихоби соҳибкорон, надоштани маҳорату иқтидор, муҳтоҷият ва норақобатпазирии истеҳсолот иборат буданд. Он замон баҳисоб нагирифтем, ки дар соли оянда деҳқони интихобгашта қудрати таъмини гармӣ, харидории тухмӣ ва хариди пардапӯши гармхонаро надоранд ва ин ҳолатро то ба ин дам нодида давом дода истодаем. Мутахассисони ноҳияҳои номбаршуда бояд истеҳсоли гармхонагии сабзавотро аз истеҳсоли барвақтии сабзавот фарқ созанд, зеро ин ду технологияи алоҳида мебошанд ва дар хуб талаботҳои махсуси агроэкологӣ ва агротехнологиро доранд. Фақат дар нисбати парвариши гармхонагии сабзавот ноҳияи Шуғнонро ҷудо месозам ва тавсияи онро дорам, ки роҳбарони сектори кишоварзии ин ноҳия бояд нисбати минтақаи Ҷелондеҳ диққати махсус намоянд, зеро ин макони “худодод” барои ноҳия ва кулли ВМКБ мебошад ва имконоти истеҳсолоти фарогири парвариши гармхонагии сабзавотро дорад, яъне бо истифодабарии оби гарми табиияшон миқдори зиёди мардумро ба ҷойи кор ва бозори минтақа ва дигар бозорҳои марказиро бо маҳсулоти сабзавоти гармхонагии арзиши арзондошта таъмин карда метавонад ва инчунини дигар минтақаи Ҷелондеҳ макони асосии парвариши моҳӣ ва мурғ шудан низ метавонад. Барои амалии ин нуқтаи назари доштаам мавҷудияти роҳбарӣ ва маҳоратҳои баланди идоракунонии агроэкологӣ ва агробизнес дар ин ноҳия ва сатҳи вилоят ниҳоят талабшаванда мебошанд.

Дар хулосаи мақолам боз ҳамон қонунҳои агроэкологии олимон- Барри Коммонер ва  Вильямс Василий Робертовичро пеш оварданӣ ҳастам ва таъкид медорам, ки дар истеҳсолоти кишоварзиамон пешовардаи устувори  онҳоро дуруст омӯзем ва дар амал татбиқ созем, зеро муҳити зист дар интихоби табиӣ ва ҷойгиркунонии фауна ва флора таъсироти алоҳидаи худро доранд ва мо бояд бо ин амали табиат созгор бошем.

Мизроб Амирбекзода,

мутахассиси соҳаи кишоварзӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь