Бадахшон макони хушбоду ҳаво, дорои табиати нодиру нотакрор, сарзамини кӯҳҳои осмонбӯсу обҳои мусаффо ва кишварии бостонии тоҷикон буда, дар меҳвари системаи кӯҳии Помир воқеъ гардидааст. Системаи кӯҳии Помир бошад, аз нигоҳи географию орографӣ дар ҷануби Осиёи Марказӣ ва дар гиреҳи пайвандкунандаи системаҳои дигари кӯҳӣ- Ҳиндукуш, Қароқурум, Кунлун ва Тиёншон ҷойгир шуда, берун аз ҳудуди Тоҷикистон, то марзҳои маъмурии Чин, Покистон ва Афғонистон доман густурдааст. Аз нигоҳи метеорологӣ таъмингари иқлими мусоид ба минтақа ва аз диди гидрологӣ сарчашмаи асосии обҳои ҳавзаи баҳри Арал маҳсуб мешавад.

Сарфи назар аз таснифоти дигари илмӣ ин марзу бум меҳани аслии тоҷикон аст, ки то ба имрӯз тамоми урфу одат, суннатҳо ва анъанаҳои неки ниёкони мо дар он ҷо ҳифз ва нигаҳдорӣ шудааст. Танҳо мавҷудият ва ҳарф задани мардуми бумӣ бо забонҳои шарқии эронӣ, яъне забонҳои язғуломӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, рошорвӣ, сариқулӣ, ишкошимӣ, санглечӣ, вахонӣ ва мунҷонӣ далели раднопазири сарзамин қадимии тоҷикон будани ин макон аст. Зеро тибқи таҳқиқоти олимони забоншинос, ин забонҳо чун дигар забонҳои қадима- пушту, осетинӣ, яғнобӣ ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ шомил буда, ба забонҳои қадимаи сакоӣ, бохтарӣ, суғдӣ ва хоразмӣ, ки гузаштагони тоҷиконанд, хеле наздикӣ доранд. Яъне, ин ҳама далелҳо далолат бар он мекунанд, ки Бадахшон макони аслии тоҷикон асту бо гузашти фосилаҳои тӯлонии таърих чун ёдгории бузурги ниёкон ва кохи муҳташами фарҳангу тамаддуни ин миллати бостонӣ гузаштаро ба имрӯз ва имрӯзро ба оянда васл менамояд.

Маҳз бо шарофати истиқлоли комили сиёсӣ ва таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, таҳти сарварию роҳнамоӣ ва ташаббусҳои бевоситаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам омад ва заминаҳои муосид муҳайё карда шуданд, ки тамоми анъанаҳои неки ниёкон дигарбора дар шакли асл эҳё гардиданд ва ҷашну маросимҳои миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шаванд. Эҳё гардидану дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ҷашнҳои миллии бостонӣ – Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада, ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудани «Шашмақом» (2008), «Наврӯз», «Оши палав» (2016), «Санъати гулдӯзии чакан» (2018), «Фалак» (2021) ва инчунин, дигарбора эҳё шудану рушд ёфтани фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ, аз беназиртарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо дар самти фарҳангу ҳунармандӣ, балки дар масири худогоҳию худшиносӣ ва ба ҷаҳониён собит намудани бостонияту соҳибтамаддунии миллати тоҷиканд. Ҳамзамон, маҳз дар даврони истиқлол вобаста ба хусусият ва шароити маҳаллу манотиқи мухталиф бахшҳои гуногуни санъату ҳунармандӣ рушд намуда, бо истифода аз техникаю технологияҳои муосир барои пешрафти онҳо заминаю имконот фароҳам оварда шуд.

Зиёда аз ин, тӯли солиёни соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон на танҳо соҳаҳои фарҳангу ҳунармандӣ рушд карданду ба ҷаҳониён муаррифӣ гардиданд, балки пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки меъмору бунёдгузори он Пешвои муаззми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, тамоми шаҳру навоҳии кишвар марҳилаи комилан ҷадиди рушд ворид шуданд. Маҳз бо мақсади рушди ҳамаҷонибаю ҳамасамтаи кишвар, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат аввалан се ҳадафи бунёдии стратегӣ – таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ муайян ва қабул карда шуда, сипас ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ҳамроҳ карда шуд. Дар доираи татбиқи амалӣ ва расидан ба ҳадафҳои ниҳоии стратегияҳои мазкур, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имконот, шароит ва заминҳоро фароҳам овард, то кулли шаҳру навоҳии кишвар ба рушди бемайлон ворид шаванд. Аз ҷумла, маҳз дар ин марҳила калонтарин сохтори маъмурии кишвар – Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бесобиқ рушд намуда, ба дастоварду комёбиҳои беназир ноил гардид. Зеро танҳо дар 30 соли соҳибистиқлолӣ, дар вилоят 1021 иншоот бунёд гардида, дар доираи омодагиҳо ба 35-солагии ин санаи фархунда бунёду азнавсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор дошта, бо бунёди инфрасохтори муҳими хоҷагии халқ, минҷумла сохтмони роҳу пулҳо, неругоҳҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти хизматрасонии зарурӣ, тамоми соҳаҳо дар вилоят рӯ ба рушд доранд. Чун дигар манотиқи кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳу пуштибонии хеш қарор додани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пораи хоки муқаддаси меҳанро дар он сухани волояшон низ зоҳир мегардад, ки «Бадахшонро дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» ном ниҳоданд. Воқеан, бо чунин рушду пешраф ва бунёдкорию созандагиҳои Сарвари маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бадахшон ба дарвозаи заррини Тоҷикистони азиз табдил ёфтааст. Ва маҳз ҳамин таваҷҷуҳу ғаморхӣ ва бунёдкорию муаррифии Роҳбари давлат, ки дар зарфи соҳибистиқлолии кишвар кӯҳҳои Помир се маротиба ба феҳристи «100 манзараи беҳтарини сайёҳӣ» ҷаҳон шомил гардиданд. Ин омил агар аз як тараф муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонию ҷалби туризм ба Тоҷикистон бошад, аз ҷониби дигар таъмин будани бехатарӣ барои сайёҳону меҳмонон мебошад. Зеро яке аз самтҳои афзалиятноку ояндадори на танҳо Бадахшон, балки кулли манотиқи Тоҷикистон, соҳаи сайёҳӣ буда, бо ин мақсад дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 512 иншооти соҳавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Гузашта аз ин, бунёдкорию созандагиҳо, ки таҳти назорати ҳамешагӣ ва бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор доранд, дар тамоми гӯшаю канори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маром идома дошта, зимни сарфари охири Сарвари давлат ба вилоят, ки рӯзҳои 12-13 октябри соли 2024 ба вуқӯъ пайпаст, ба истифода додани як қатор иншоотҳои саноатию хизматрасонӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва биноҳои муҳташаме, чун биноҳои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ишкошиму Роштқалъа, биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №21 ва №13-и ноҳияи Ишкошим ва №26-и ноҳияи Роштқалъа, Парки технологии шаҳри Хоруғ бо фарогирии як қатор корхонаҳои саноатӣ (Корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «Насим»-и шаҳри Хоруғ, Корхонаи истеҳсоли мебели нарми ҶДММ «Хонаобод», Корхонаи коркарди меваи тари ҶДММ «Бунёд» ва Коргоҳи олами хушкашӯйии «Тозагӣ гарави саломатӣ»), Корхонаи коркарди маҳсулоти ширии ҶДММ «Панҷ», Корхонаи коркарди санги ҶДММ «Помир Стоун», Корхонаи коркарди ангати ҶДММ «Гулчеҳра-80», Корхонаи ҶДММ «Неъматҳои Рӯшон», Гармхонаи ҶДММ «Сабзавоти Кӯҳистон», бинои Раёсати молия дар ноҳияи Ишкошим, бинои 15-ошёна бо марказҳои хизматрасонию 128 манзили истиқоматӣ, бинои истиқоматии 10-ошёна бо пентхаусу 154 хонаи истиқоматӣ ва ҳоказо далели бармалои суханони болост.

Аз ин рӯ, зикр намудан ба маврид аст, ки маҳз истиқлоли давлатӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, то меҳани мо дар самти рушди иқтисодию иҷтимоӣ, хизматрасонию саноатӣ ва пешрафту ободӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки имрӯзҳо, корҳои зиёди созандагӣ амалӣ шудаанд ва мушоҳида мешавад, ки мардуми бонангу номуси ин гӯшаи диёр барои боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани ватани хеш содиқона заҳмат мекашанд. Тавре мушоҳида мегардад, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Бадахшони кӯҳӣ, чун дигар гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҳамеша дар маркази диққати Президенти маҳбуб ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумат, бахусус, дар солҳои охир дар ҳама соҳаву бахшҳои ҳаёти вилоят тағйироти куллӣ ба назар мерасанд.

Номвар ҚУРБОН,

аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь