Моҳи гузашта, ба ман муяссар шуд, дар вохӯрие ширкат варзам, ки Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо ташаббускорони кандани чоҳ ва баровардани обӣ нӯшокӣ барои сокинони деҳаҳои Марғедари 1 ва Бӯстон доштанд.

Вохӯрӣ дар соҳили дарёи Зарафшон, дар маконе сурат гирифт, ки об мебаромад. Дар ин вохурӣ инчунин роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент, сармеъмор, сардори хоҷагии ҷангал, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, директори Квд “Оби деҳот” дар шаҳри Панҷакент ва чанде дигарон ширкат доштанд. Роҳбари гуруҳи ташаббускорон Кароматулло Очилдиев дар ҳузури раиси шаҳр насосро фаъол кард ва об фавворазанон баромад.

Раиси шаҳр ба ташаббускорони иқдоми мазкур арзи сипос намуд. Дар рафти вохурӣ маълум шуд, ки об аз чуқурии 62 метр бароварда шуда, ба масофаи 1 км бо насби симчубҳо хати барқ кашида шуда, трансформатор ва насосе шинонида шудааст, ки дар як сония 50 куб. обро ба баландии 160 метр мепартояд ва ин ҳама хароҷот аз тарафи мардум саҳмгузорӣ шудааст. Кароматулло Очилдиев дар вохурӣ иброз дошт, ки чоҳи мазкур дар як сония 17 литр об мепартояд, ки дар сурати сарфакорона истифода бурдан, метавонад ҳам ба сокинони Марғедари 1 ва ҳам Бӯстон, ки солҳост аз беобӣ азият мекашанд, басандагӣ кунад.

Дар вохурӣ Раиси шаҳр ба ташаббускорони ин амали хайр аҳсан хонда, фикри онҳоро шунид. Аз ҷумла Бозорбой Ёдгоров иброз доштанд, ки мо бо харҷи маблағи зиёд обро баровардем, вале барои идомаи кор ва ба нуктаҳои таъинотӣ расонидани он дигар маблағ надорем. Моро зарур аст, ки алъон 1 ҳавз созем, то масофаи 4 километр қубур хобонида, обро ба ҷои таиншуда расонем.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода иброз дошт, ки аз рӯйи имконият кӯмак мерасонем ва кӯшиш мекунем ҳадди аққал аз ҳисоби ҳукумати шаҳр 10 тонна семент ҷудо намоем. Ӯ инчунин ба Раиси Кумитаи заминсозӣ дастур дод, ки ҳама ҳуҷҷатҳои марбут ба замине, ки дар он ҳавз ташкил мекунанд ва дигар санадҳоро омода намуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат, барои тасдиқ ба ҳукумати шаҳр пешниҳод намояд. Инчунин ба директори КВД “Оби деҳот” дар шаҳри Панҷакент супориш дода шуд, ки ба таври фаврӣ сифати обро омӯхта, хулосаи даркориро пешниҳод намояд.

Кароматулло Очилдиев, Бозорбой Ёдгоров, Фарҳод Худойқулов ва иштирокчиёни дигар ба Раиси шаҳр миннатдорӣ изҳор намуда, ваъда карданд, ки агар Ҳукумати шаҳр онҳоро дастгирӣ кунад, иншооллоҳ то зимистон лоиҳаи мазкур пурра татбиқ хоҳад шуд.

Лекин аз мушоҳида ва аз сӯҳбат бо ташаббускорон маълум шуд, ки барои татбиқи лоиҳа ҳанӯз хеле хароҷоти зиёд зарур аст. Зеро харидории боз як трансфарматор ва аз ҷумла як насоси пуриқтидор хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Бинобар ин агар ягон ташкилотҳои кӯмакрасон дар харидории он саҳм мегирифтанд, кор хеле осон мешуд. Зеро ҳанӯз то татбиқи лоиҳа на камтар аз 250-300 ҳазор сомонӣ зарур меояд, ки бо ҷамъоварии пул ҳал кардани ин мушкилот кори саҳл нест.

Чаро лоиҳаҳои қаблӣ амалӣ нашуданд?

Бояд иқрор шуд, ки то баромадани об шахсан худи ман ба амалӣ шудани лоиҳаи мазкур бовар надоштам, вале вақте бо худ шоҳиди баромадани об шудам, ба ташаббускорони он хеле миннатдорӣ изҳор намудам. Бовар накардани мо беҳуда набуд. Зеро солҳои пеш низ чандин чунин лоиҳаҳои давлатӣ оғоз ёфта бошанд ҳам, вале ба анҷом нарасида буданд. Аз ҷумла лоиҳаҳои давлатии бо оби нӯшокӣ таъмин намудани деҳаҳои Бӯстон, Гулистон ва Ути баланд бо масоҳати 17 км ва  хароҷоти лоиҳавии 2.5 млн сомониро номбар кардан мумкин аст, ки соли 2012 аз Мавзеи Зери Ҳисор оғоз ёфта ҳатто кори он шурӯъ шуда буд. Агарчи мегӯянд, ки “ҳар оғозеро анҷомест”, вале ин лоиҳа оғоз ёфту ба анҷом нарасид. Иҷрокунандаи корҳои сохтмонӣ идораи «Тоҷикселҳимоя» буд. Тибқи маълумоте, ки дар ҳафтаномаи «Фараж» нашр шуда буд, солҳои 2012 (194 ҳазор сомонӣ), 2013 (194 ҳазор сомонӣ) ва соли 2014 (196 ҳазор сомонӣ) барои татбиқи «Лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани деҳаҳои Бустон – Гулистон –  Ӯти баланд» ҷудо карда шуда, дар маҷмӯъ дар ин се сол наздик ба 600 ҳазор сомонӣ барои табиқи ин лоиҳа ҷудо карда шуданд ва ҳамагӣ бо ин маблағ ба масофаи 4 км қубарҳо хобонида шуданду халос. Баъдтар тибқи овозаҳо бинобар сармоягузорӣ нашудан татбиқи лоиҳа боз дошта шуд. Баъдтар лоиҳаи нав тасдиқ шуд, ки бояд аз сарбанди канали Марғедар, яъне аз деҳаи Тагоби Халқ лоиҳаи нав оғоз ёфт ва он ҳам баъди тақрибан хобонидани 2 километр қубурҳо қатъ шуд. Ҳарду лоиҳаро сармоягузораш Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ёд дорам чандин мактубҳои расмии сокинони деҳаҳои номбурда ба вазири ҳамонвақтаи Вазорати Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бепосух монданд.

Умед ба лоиҳаи нав калон аст

Аз сӯҳбат бо мардум ва ташаббускорони лоиҳаи оби Марғедар 1 ва Бӯстон маълум шуд, ки мардум ба лоиҳаи мазкур боварӣ доранд. Зеро ташабускори ин худи халқ аст ва сармоягузораш низ. Мардум худ то андозае саҳми худро гузошта истодаанд, вале ин хеле кам аст. Вале татбиқи он бе кӯмаки созмонҳои ёрирасон ва бе кӯмаки Раиси шаҳри Панҷакент хеле душвор хоҳад шуд. Хуб аст, ки Раиси шаҳр барои кӯмак дар бунёди ҳавз 10 тонна семент ваъда карданд, вале ин хеле кам аст. Зарур меояд, ки барои татбиқи он на камтар аз 250 ҳазор сомонӣ зарур аст. Мардум бар он андешаанд, ки агар ҳукумати шаҳри Панҷакент, як насоси пуриқтидор, ки то 4-5 километр об партофта тавонад ва як трансформатор кӯмак кунад, хеле дастгирии бузург хоҳад шуд.

Ташаббускорон аз Абдухалил Холиқзода ва Ҷӯраев Машраб миннатдоранд, ки дар оғози лоиҳаи мазкур саҳми худро  гузоштанд. Умедворем соҳибкорони дигар низ дар татбиқи он саҳмгузор хоҳанд шуд. Зеро лоиҳаи мазкур лоиҳаи ояндадор аст ва метавонад ҳазорҳо хоҷагиро бо оби нӯшокӣ таъмин намояд.

 Холиқназар Ҷумъаев

Душанбе-Панҷакент-Душанбе

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Мо то ба имрӯза ба раиси шаҳри панҷакенти бостонӣ Абдухалил Холиқзода
    Умед дорем чунки ба мо ваъда дода буданд ки об ва мактаби деҳаи БУСТОНРО.дасти ёри мекунам гуфта буданд Чи хеле шумо дар боло қайд кардед як насос бо трасфарматор.ёрдам мекарданд хело мо ба раиси шаҳри панҷакент миннатдори мекунем

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь