Ин дараро зиёд дӯст доштам. Шояд соли даҳум меравам. Сабаби меҳру муҳаббатам ин аст, ки мардуми онро қашшоқтарин, нодортарин, аммо меҳмоннавозтарин, саховатмандтарин медонам.

Ба таваҷҷӯҳи Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, муҳтарам Шералӣ Кабир,

Ба таваҷҷӯҳи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон

Перомуни ин дараи мӯъҷизаҳо аз падари шодравонам шунида будам. “Ҳафт кӯл дорад ба ҳафт ранг” мегуфтанд. Ман ки ба ин монанд дараҳои мӯъҷизаро аз афсонаҳои бибиам хонда будам, ҳамон замони тифлӣ азм карда будам, ки вақте калон шудаму худро шинохтам, ҳатман ин дараро мекобаму меравам.

То худро шинохтам, ки чилсола шудам. Ва рӯзе бо пойфишории дӯстам Дилшод рафтам ба Ҳафткӯл. Ёд дорам, вақте аз мардуми кадом деҳае дар ин дара як коса ҷурғот пурсидем, кӯдаке аз паси мо давида, онро овард ва мо хостем ҳисобӣ кунем. Кӯдак як ба мӯзаи кандааш, ки аз он нӯги ангуштонаш менамуд, нигаристу баъд посух дод:

– Дар ҷойи мо барои косаи обу ҷурғот пул намегиранд – ва ба посухи мо аҳамият надода, косаи холиро гирифту ба сӯйи хонаашон давид.

Дӯстам Дилшодро намедонам, вале ман 11 соли дигар пир шудаму то ҳол лаззати он ҷурғотро фаромӯш накардаам.

Мардуми ин деҳаҳоро дар замони мо ҳар гаҳе хоҳанд, ки заводи ба саломатӣ зараровар ва кушандаи табиат сохтанӣ шаванд, ёд меоранд.  Ҳарчанд Ҳукумати Шӯравӣ мардуми ин дараро фаромӯш накарда буд. Хатти барқ кашид, мактаб сохт, дар дашти фароху шаҳр заминашон дод. Ҳатто дар мавзеи кӯли сеюм пойгоҳи сайёҳӣ сохта буд.  Имрӯз касе дар ғами эшон нест.

Хитоӣ омад ба ин дараю заводи оҳак сохт ва чанги он деҳаҳои атрофро пахш кард. Дарахтон аз ҳосил монданд. Фиғони мардум то Душанбе омад. Баъди гузориши хабарнигорони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки тариқи Оҷонсии иттилоотии Суғднюс” зери унвони  “Оҳак барои тилло, аммо заҳр барои мардум” (https://sugdnews.com/2017/07/12/izvest-dlya-zolota-a-yad-dlya-naroda-foto-video) пахш гардид ва баъди навиштани силсиламавод дар ҳафтаномаи “Фараж” баъди беш аз даҳ баробар такроран гардон кардани ин навор,  ба қавли баъзе ҳолдонҳо ба дудбарои ин заводи оҳак “филтр” шинонидаанд.

Ҳоло бо таъсири ин завод роҳи Ҳафткӯлро ҳар баҳору тобистон сел бераҳмона мешӯяду мешӯяд ва раҳбарон ҳамеша онро “хости Худованд”–у “офати табиӣ” мегӯянду виҷдони худро тасалло медиҳанд.

…Мактаби деҳаи Нофинро бори аввал дида, журналистони ҷавони Оҷонсии иттилоотии “Суғднюс” зор – зор гириста буданд. Баъди он гузориши видиёии онҳо зери унвони “Вазир! чашмонатро кушо!” (мурод вазири маорифи он солҳо буд. Х.А)  (https://www.youtube.com/watch?v=XmS7GI5yhLU) ва такроран, баъди беш аз даҳ бор пахш кардани он, дар деҳаи Нофину Падрӯд мактаби нав сохтанд. Албатта, кормандони Оҷонсии иттилоотии “Суғднюс”–ро даъват ҳам накарданд, балки ҳар касе бо раисони вақти ин ноҳия шиносоӣ дошт, рафту ош хӯрду омад…

Ин ки намояндагони ширкатҳои мобилӣ бо идеяҳои гӯиё ватанпарварона мушт ба сина задаю дар Дубаю Амрико қаср мехаранд ( то ки рӯзе дуздиашон фош шуд, гурезанду раванд! Х. А), комилан дурӯғ аст ва беш аз хокпошие ба чашми мардум нест. Бо вуҷуди он ки дар як сол беш аз панҷ то даҳ ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба ин дара меояд, ин дара комилан аз интернету алоқаи мобилӣ маҳрум аст.

Акнун дар саргаҳи ин кӯлҳои афсонавӣ дар кӯли “Ҳазорчашма” боз ҳам кадом ширкати чинӣ бо ҳамдастии “бародарони тоҷикистонӣ” мехоҳад заводи тилло созад ва табиист, ки оби ин кӯлҳо аввал заҳролуд мешаваду баъд қоқ мешавад.

Бо вуҷуди он ки аз баҳсу эътирози мардуми деҳаи Хумгарони ин дара баъди тасмими сохтани полоишгоҳи заҳри комбинати тиллои Зарафшон дар ҳудуди он соле нагузаштаасту баҳс бо дӯғу пӯписаи амалдорони вақт, ки фикр доранд то зиндаанд, пул кор кунанду қабрашонро аз тилло кунанд, хомӯш шуд, ин тасмими дигари мансабдорони вақт, ки теғи дигаре ба ҷигари табиат аст, ҳанӯз расман овоза нашудааст.

Журналист Сино Холиқов мегӯяд: “… ҳангоми баррасии даъвои мардуми деҳа Турсунов, раиси бахши экологияи КМ Зарафшон ба мардуми деҳаи Хумгарон ваъда дода буд, ки дар обёрӣ кардани қитъаҳои замини наздик ба полоишгоҳ ёрӣ мерасонад. Масъулиятро ин ҷаноб ба зимма дорад, аммо дуюм моҳи тобистон гузаштаасту аз об дарак нест. Гӯиё чиниҳо розӣ нашудаанд. Боғҳо аз беобӣ ба биёбон табдил ёфтаанд”.

Мардуми меҳмоннавози ин деҳаҳо бошанд, ба эҳтимоли зиёд баъди амалӣ шудани тасмими сохтани заводи нави тилло дар кӯли ҳафтуми Ҳафткӯл тасмим мегиранд, то қабристони гузаштагонашонро партофта, тарки ин дара кунанд.

Аз ин хотир, аксҳои гирифтаатон аз Ҳафткӯлро эҳтиёт кунед, эй мардум!

Барои шумо аз ин дараи афсонаҳо фақат акс мемонаду фақат қиссаҳои модаркалон, ки чун ҳарфе аз Ҳафткӯл рафт, бо ин ҷумла оғоз мешавад:

Буд… набуд! Буд….. набуд….

Гӯши фарёдшунав ҳаст, Худоё дар шаҳр?

Хуршед АТОВУЛЛО,

Душанбе-Ҳафткӯл-Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь