Таърихи 18 август, соати 6:15 дақиқаи субҳ рӯи ҳавлии бемористони марказии шаҳри Панҷакент садои ҳавлангези зану марде ба ногаҳ баланд шуд. Беморони хоболуду ҳҳайратзада аз ин садо ба таҳлука афтода, аз ҳуҷраҳо бо андешаи чӣ ҳодиса шудааст гуфта зуд ба долон (балкон) баромаданд. Диданд, ки тӯдаи сагҳои дайду зану мардро дунболагир шуда сур мекарданд. Онҳо додгӯёну тур-тур гӯён худро ба чор тараф мезаданд.

Баъдан маълум шудааст, ки ин таъқибшудагони сагҳои дайду зану шавҳари деҳотие будаанд, ки бо мақсади аёдати беморе ба беморхона омадаву мубталои ҳуҷуми сагони бесоҳиб шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки назар ба гуфтаи духтурону беморон дар бемористони марказии шаҳри Панҷакент вақтҳои охир теъдоди сагҳои дайдуву бесоҳиб хеле зиёд ва шабонаву рузона бо ак-аку афту дарафташон беморону корафтодагон ва худи духтурону кормандони инҷоро низ ба дод овардаанд. Ба нақли онҳо сагҳои дайдуву бесоҳиб назар ба се чор моҳи пешин дар дохили беморхона ба маротиб афзудаанд, ки қисмати зиёдашон газанда будаанд.

Беморе, ки худро Сиддиқа ном бурд, мегӯяд саҳни бемористон дар ин ҳавои гарм бегоҳиву шабона бо бакор даромадани фаввораҳо аҷаб як манзараи зебоеро ба худ мегираду аз мавҷи фаввора шамолаки серуне мевазад, дил ба онҷо рафтану баҳра бурдан мехоҳад. Аммо мо беморон наметавонем аз тарси ин сагони дайду пеши он манзара рафтан ва ин зебоиро танҳо аз паси терезаи палатаҳо мебинему халос, мегуяд ин бонуи бемор. Зеро ҳама метарсем, ки ба берун равем, мабодо ҳуҷуми мубталои сагҳои дайду ва захми дандони онҳо нашавем. Худованд медонад, ки ин сагҳо соқанд ё дардманду девонаанд?! – гуфт дар охир ин мариз.

Як тан аз духтурон, ки нахост аз ӯ ном барем, гуфт, ки чанде пеш баъди навбатдорӣ аз шӯъба баромада, сӯи хонааш тақрибан соатҳои 23-и шаб равон будааст. Дар наздикии роҳи баромади дарвозаи марказии беморхона сагҳои дайду афзуд.

Дидам, ки намешавад, бо тези ба замин шиштаму ҷастам,ки сагҳо андаке ҳаросидаву худро канортар гирифтанд ва ман худро аз ҳуҷуми онҳо раҳондам.

Акнун тасаввур кунед, ки дар ҷойи ман зан бо кӯдакаш, ё худ бемори сустҳаракате, ё пири барҷомондае мебуду ин сагҳо ба ӯ дармеафтоданд ҳолашон чӣ мешуд?…

Бемере, ки бинобар ҷароҳӣ наметавонистааст ҳаракат кунад, ба ӯ завҷааш хидмат мерасонидааст гуфт:-“ду шаб пеш бароям доруву укол даркор шуда монд. Аммо аз тарси ҳуҷуми ин сагҳои дайду ва давутозашон ҳамсарам ҷуръат накард, ки барои харидории дору ба дорухона равад. Маҷбур мани бемор то саҳар аз бедоруӣ дарду ранҷ бурдам”,-афзуд ин бемори бистарӣ.

Ин дар ҳолест, ки назар ба гуфти духтурон ва масъулини беморхона агарчи онҳо роҷеъ ба безараргардонидани ин сагҳои дайду ва аз беморхона нест кардани онҳо ба идораи комунилию манзилӣ ва дигар ниҳодҳои масъул борҳо хаттиву даҳонӣ муроҷиат намудаву расман дархост карда бошанд ҳам, мутаассифона, ба гуфташон то имрӯз аз ҷониби ин идораҳои зидахл барои безараргардонии ин сагоне, ки шумораашон руз то рӯз дар саҳни беморхона зиёду зарарашон дар афзоиш будааст, чорае наандешидаву ба қавле то фалокате рух додан “пушти ману табари қассоб”-гӯён нишаста будаанд

Ба қавли бобои Мундонии ҳолдон, шояд ин гуфтаҳои мардумро ин масъулин хонда,ба хулосае биёянду аз паи дафъи сагҳои дайду шаванд?!

Равшани ҲОЛДОН,

набераи Мундонии ҳаммадон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь