Чаро рӯзнома “Овози тоҷики камбағал” номгузорӣ шуд?
Ба пайдоиш ва нашри аввалин рӯзномаи тоҷик, ки дар таърихи журналистикаи форсизабон аввалин рузномае, ки ба номи тоҷикӣ баромад, рӯзномаи “Овози тоҷик” сад соли пурра мешавад. Вобаста ба садсолагии аввалин рӯзномаи ба ном тоҷикӣ сӯҳбате доштем бо доктори илмҳои таърих, профессор Усмонов Иброҳим Кенҷаевич- яке аз нахустин муҳаққиқони рӯзномаи “Овози тоҷик”.
“ОВОЗИ ТОҶИКИ КАМБАҒАЛ”
-Дуруд устод, умедворам хубу сари ҳол ҳастед.
-Дуруд. Ташаккур хубам.
– Устод, чӣ гунае, ки огоҳ ҳастем 25-уми август аз рӯзномаи “Овози тоҷик” сад сол пур мешавад. Шумо, ки яке аз аввалин нафароне ҳастед, ки аз Тоҷикистон ба ин рӯзнома барои таҷрибаомӯзӣ рафтаед ва дар бораи таърихи пайдоиши рӯзнома пажуҳиш кардаед. Мехостам доир ба таърихи пайдоиш ва нақши рӯзномаи “Овози тоҷик” дар солҳои 20-уми асри гузашта ҳарф занем. Лутфан, мегуфтед, ки идеяи рӯи кор омадани як рӯзномаи тоҷикӣ дар як давраи нави низоми давлатдорӣ чӣ зарурат дошт?
-Сад сол пеш аз ин, дар ҳамин шабу рӯз зиёиёни тоҷик, яъне онҳое, ки дар Самарқанду Фарғонаву Тошканд зиндагӣ мекарданд, дар бораи ташкил кардани матбуот бо забони модарии худ андешиданд. Ҳамин тавр 25-уми августи соли 1924 бо имзои Қурбӣ рӯзномаи “Овози тоҷик” дар шаҳри Самарқанд бо тиражи 2000 нусха дар ҳаҷми чор саҳифа аз чоп баромад. Дар нӯҳ шумораи аввал номи рузнома “Овози тоҷики камбағал” буд. Азбаски ном дароз буд, баъдан кӯтоҳ карда, “Овози тоҷик” гузоштанд. Худи номгузорӣ ва матолибе, ки аз шумораи якум сар карда, дар рӯзномаи “Овози тоҷик” пайдо шуд, ифтихори миллӣ, ифтихори халқро дошт. Калимаи “тоҷик” пайдо шуд. Ҳар он чизе, ки мо пештар аз ин доштем, ба монанди “Бухорои шариф”, “Қутилиш” дар Бухоро, “Шуълаи инқилоб” дар Самарқанд, маҷалаи “Оина” ё худи “Самрқанд” номи худашонро форсӣ мегуфтанд. Ва ин рузнома номашро тоҷикӣ гуфт. Яке аз ифтихорҳои аввал буд. Ин рӯзнома хусусияти халқӣ доштани худро таъқид кард. “Овози тоҷики камбағал”, яъне умуман тоҷиконро дар назар надошт, ин барои манфиати меҳнаткашони ҳамон давра чоп мешуд. Барои ташкил кардани рӯзномаи “Овози тоҷик” тоҷикони пешқадами шаҳрҳои Самарқанд, Тошканд, Фарғона ва Хуҷанд маблағ ҷудо карданд.
ҲАР ҚАВМ ВА МИЛЛАТЕ, КИ РӮЗНОМА НАДОРАД, ГӮЁ ЗАБОН НАДОРАД
-Баъзе рушанфикрон бар ин назаранд, ки таъсисдиҳандаи рӯзномаи “Овози тоҷик” устод Айнӣ мебошанд ва нақши устодро бузург мехонанд, Шумо ба ин гуфтору пиндор чӣ назар доред?
-Дар ибтидо гуфтан мехоҳам, ки бо ҳама бузургӣ муассиси матбуоти тоҷик устод Айнӣ нестанд. Устод Айнӣ дар ташакули матбуоти тоҷик нақши бузургро бозӣ кардаанд, вале муассиси ин рӯзнома нестанд. Баъзеҳо ҳоло дар он назаранд, ки ин рузномаро устод Айнӣ сохтан, аммо ба чизи набуда, шуҳрати одамро зиёд карда намешавад. Шуҳрати устод бе ин ҳам зиёдаст. Барои ҳамин дар инҷо инро таъкид кардан мехоҳам. Устод дар чизи дигар ҳиси бузург доранд. Бояд гуфт, ки дар ташкили матбуоти тоҷик, аз ҷумла дар ташкили газетаи “Овози тоҷик” Саидризо Ализода ва Қурбӣ нақши асосиро бозӣ кардаанд. Саидризо Ализода аввал рӯзномаи “Шуълаи инқилоб”-ро чоп кард. Пеш аз “Шуълаи инқилоб” вай муҳаррири рӯзномаи “Самарқанд” ва маҷалаи “Оина” буд. Муассиси маҷалаи “Оина” ва рӯзномаи “Самарқанд” Маҳмудхуҷа Беҳбудӣ буданд. Саидризо Ализода аввал “Шуълаи инқилоб”-ро ташкил кард, баъд вақте, ки рӯзномаи “Овози тоҷик” ташкил шуд, ба сифати котиби масъул дар ин рӯзнома кор кард. Домулло Қурбӣ муҳаррири газета таъин шуданд. Устод Айнӣ аз аввалин муалифони “Овози тоҷик” буданд, вале муассис набуданд. 10 -уми декабри соли 1924 роҳбарияти нави Тоҷикистони мухтор, ки ташкил шуда буд, қарор дод, ки рӯзномаи “Овози тоҷик”-ро аъзои марказии ҳукумати Тоҷикистон табдил диҳад. Он вақт маркази ҳукумати мо дар шаҳри Тошканд буд. Дар ҳамон вақт дар бораи рӯзномаи ҳукумати Тоҷикистон эълон кардани рӯзномаи “Овози тоҷик” ва дар ин рӯзнома инъикос намудани ҳаёти Тоҷикистони нав ва дар бораи аз 2000 тираж ба 5000 зиёд кардани он қарор қабул кард. Аз устод Айнӣ ва дигарон хоҳиш карданд дар нашри ин рӯзнома ҷидди иштирок кунанд. Устод Лоҳутӣ ҳам дар ин рӯзнома саҳм доштанд. Устод Айнӣ бо таъсири Абдулқодир Муҳиддинов, ки раиси савети вазирони Тоҷикистони автаномӣ интихоб шуда буд, фаҳмиданд, ки рӯзнома заминаи ба вуҷуд овардани давлати тоҷикӣ ва нишон додани қурбу имконияту маданияти забони тоҷикӣ аст. Барои ҳамин аз шумораи нуҳуми рӯзнома устод Айнӣ повести “Одина”-ро бо номи “Саргузашти тоҷики камбағал ё худ Одина” чоп карданд. Яъне таъкид ба онки ин халқи тоҷик аст. Устод Айнӣ ҳануз дар шумораи якуми газета соли 1924 дар бораи қавми тоҷик ва рӯзнома мақола чоп карданд. Албатта, идеяи дар ин мақола буда, ҳамааш аз устод Айнӣ нест, вале моҳияти идея ва шакли гуфтани идея ин шакли гуфтани устод аст. Дар он аввалин бор гуфтанд, ки “Рузномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавм ва миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад. Яъне бо ин чиз гуфта мешавад, ки халқи тоҷик забондор шуд. Дар ҳамин рӯзнома устод Айнӣ шеъри “Овози тоҷик”-ро чоп карданд.
Пас аз чанде ба хомӯши ғунидан,
Баромад оқибат овози тоҷик.
-Устод Айнӣ “хомушӣ” гуфта, чӣ навъи хомуширо дар назар доштанд?
-Ман ба он фикрам, ки устод Айнӣ аслан ҳамон мудатеро, ки аз соли 1921 то соли 1924 “Шуълаи инқилоб” баста шуд ва дар Самарқанд нашрияи дигари тоҷикӣ набуд, дар назар доштанд, ки мо ду се сол боз гунг будем, хайрият боз аз нав забони мо пайдо шуд. Яъне боифтихор устод Айнӣ дар “Овози тоҷик” аз пайдо шудани матбуоти тоҷик бозабони тоҷикӣ гуфтанд. Дар ҳамон шабу рӯз худашон ҳам дар китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ишора кардаанд, ки барои наваштани китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” Абдуқодир Муҳиддинов тавсия дод, ки мо барои он ки нишон диҳем, ки халқи тоҷик худаш халқи алоҳидаи калон аст, бояд таърихи адабиёти тоҷикро нависем ва ин коро ба устод Айнӣ вогузор кард. Муҳиддинов гуфт, ки – Таърихи адабиёти тоҷикро тавре нависед, ки дар вай асосан шоиру нависандагоне бошанд, ки дар Осиёи Миёна зиндагӣ кардаанд. – Шоирону нависандагони дар Эрон буда ҳам шоиру нависандаҳои мо, дар Ҳиндустон буда ҳам шоиру нависандаи мо, лекин бояд шоиру нависандаҳои Осиёи Миёнаро менавиштанд, то ки дигарон бинанд, ки мо кӣ доштем. Дар китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” устод Айнӣ, ки дар зарфи як сол навиштанд, бештар аз 220 адибро ба он дохил карданд. Яъне ин буд ифтихори дигари забони тоҷикӣ. Ба муқобили ин китоб душманҳо баромаданд ва ба боҳонаи онки гӯё шеъри:
Буйи ҷуйи мӯлиён ояд ҳаме…-
мақсади ба Бухоро боз гардондани амиро дорад, устодро сиёҳ карданд ва бо Харин котиби СЕКА ба муқобили китоби устод мақола навиштанд ва ӯ дар ҳукумат баромад кард. Устод Айнӣ ва дигар зиёиёни шаҳри Самарқанд- Ҳоҷимуин Шукруллоев, Абдуқайюм Қурбӣ, устод Бобоҷон Ғафуров, ки дар ҳамонҷо таҳсил доштанд, Сотим Улуғзода, устод Лоҳутӣ, ки омада мерафтанд, Саидризо Ализода ва дигарон дар рӯзномаи “Овози тоҷик” масъалаи забони тоҷикӣ, номи забони тоҷикӣ ва шакли хати моро мавриди баҳс қарор доданд. “Овози тоҷик” дар байни ҳамаи матбуоти Осиёи Миёна ягона рӯзномае буд, ки дар ҳамон шабу рӯз мавқеи халқи тоҷикро ҳимоя мекард.
ОВОЗИ ТОҶИК ДАР САМАРҚАНД БОҚӢ МОНД
-Бисёриҳо дар он гумонанд, ки рӯзномаи “Овози тоҷик” ва “Бедории тоҷик” як рӯзномаанд, дар ин бора чӣ гуфтанӣ ҳастед?
-Бале, баъзеҳо гумон доштанд, ки газетаи “Овози тоҷик” ва газетаи “Бедории тоҷик” ҳардуааш як рӯзнома аст. Гумон мекарданд, ки рӯзнома аз Самарқанд ба Душанбе оварда шуд. Барои ба ин саволҳо ҷавоб додан матолиби архивӣ даркор буд. Инро аниқ кардан даркор буд. Ман ба ҳамин андеша кори худро шуруъ кардам.
Дар он солҳо Қарори ҳукумати Тоҷикистон буд дар бораи аъзоии маркази ҳукумат эълон кардани рӯзномаи “Овози тоҷик”, вале 1 июли соли 1925 ҳукумати Тоҷикистон қарори дигар қабул мекунад. Аввал қарор медиҳад, ки редаксия ба шаҳри Душанбе кӯчонида шавад, аммо зиёиёни Самарқанд ба ин зид мебароянд. Аз ин хотир, ҳукумати Тоҷикистон қарор медиҳад, ки рӯзномаи “Бедории тоҷик”-ро, ки аз моҳи марти соли 1925 бо номи “Иди тоҷик” як шумора ва баъди ин ба номи Бедории тоҷик аз 4 апрел чоп шуд, онро аъзои марказии ҳукумат қарор диҳад. Барои ҳамин аз 1-уми июн рӯзномаи “Бедории тоҷик” аъзои ҳукумати Тоҷикистон мешавад ва рӯзномаи “Овози тоҷик” ҳамчун органи ҳукумати Ӯзбекистон боқӣ мемонад. Зиёиёни Самарқанд, яъне онҳое, ки ба матбуот сару кор доштанд ба Тоҷикистон намеоянд. Барои ҳамин соли 1925 ҳукумати Тоҷикистон ба номи каметити марказии ҳизби комунисти Иттиҳоди Шӯравӣ мактуб менависад, ки дар мо камунистҳои тоҷик қариб, ки нестанд, хоҳишмандем аз ҳисоби комунистони эроние, ки дар Озарбойҷон зиндагӣ мекунанд ба мо якчанд нафаро фиристед. Камитети марказӣ ба ҳукумати Озорбойҷон хабар медиҳад ва аз онҷо 10 нафар эрониҳоро ба Душанбе мефиристанд. Дар байни онҳо Қосим Дайламӣ, Маҳдӣ Таҳмосов, Мусавӣ, Қосимов буданд. Инҳо омада матбуоти Душанберо ташкил мекунанд. “Овози тоҷик” бошад дар Самарқанд боқӣ мемонад.
БО ИН КӮҲ ЧИХЕЛ ДАВЛАТ МЕШАВАД
-Мушкилот, баррасӣ, даъво, миллат, ҳувият ва амсоли инҳоро рӯзномаи “Овози тоҷик” бештар дар сафҳаҳош ҷой медод. Шумо устод ҳамчун пажуҳишгари ин рӯзнома вобаста ба матолибҳои он чӣ назар доред, оё рӯзнома тавониста рисолати худро дар он айёми пурошуб иҷро намояд?
-Яке аз чизҳои муҳимтарин барои мардум ин мактаб буд. Устод Айни як мақола доранд дар рӯзномаи “Овози тоҷик” бо номи “Ҳукумати шӯравӣ ба мо чӣ дод?” Ба ин савол худашон ҷавоб медиҳанд, ки ҳар он чизе ки барои халқ лозим аст, ҳукумати шӯравӣ ба мо дод. Аз ҷумла мактаб дод. Вале буржуазияи миллии Осиё Миёна, ки тоҷик набуду дар байнашон тоҷикон кам буданд, онҳо ба муқобили ташкилшавии давлати Тоҷикистон мубориза мебурданд. Онҳо мегуфтанд, ки шарт нест бо забони тоҷикӣ ё ба забони уйғурӣ ё ба забони дигар мактаб ташкил шавад. Онҳо аз тамоми муаллимон талаб мекарданд, ки бо забони онҳо дарс гузаранд. Ман бояд гӯям, ки дар замони подшоҳии ҳукумати рус то соли 1917 гирем, аз ҳама бештар бародарони ӯзбек бедору ҳушёртар шуданд. Зиёиёни халқҳои дигар дар Осиёи Миёна, масалан тоҷику туркману қирғизу инҳо чандон инкишофёфта набуданд.
Вақте, ки мактабсозиҳо сар шуд, дар муқобили ташкил шудани мактабҳои мо, дар муқобили нашр кардани китобҳо бо забони тоҷикӣ муқовиматҳо бисёр шуданд. Ба муқобили онҳо мубориза бурдан даркор буд. Нахуст дар муҳити Туркистон, баъдан дар муҳити Ӯзбекистон маҳз газетаи “Овози тоҷик” буд, ки мубориза мебурд ва ин бисёр кори душвор буд. Барои чӣ кораш душвор буд, мегӯям? Барои онки халқи тоҷик шояд аз ҳама халқҳои дигари Осиёи Миёна зиёдтар одамҳои босавод дошт. То инқилоби октябр ҳам китобхони бисёре доштем, лекин 90 фисад китобҳои динӣ мехонданду китобҳои шеър. Китобҳои илмӣ хонда намешуд, яъне набуданд. Барои ин кадр тайёр кардан даркор буд, замоне рӯзномаи “Овози тоҷик” ҳамин вазифаи муаллимиро бар дӯш дошт. Аз тарафи дигар, вақте ки Тоҷикистон ташкил шуд, Абдуқодир Муҳиддинов дар хотироташ менависад, ки мо моҳҳои аввал ба Душанбе рафта наметавонистем, барои ҳамин маркази ҳукумати мо дар Тошканд буд, барои он рафта наметавонистем, ки роҳ набуд. Мо маҷбур шудем, ки ним сол масъалаи аз Тирмиз то Душанбе роҳи аробарав сохтанашро муаян кунем, то ки ба Душанбе рафта расем. Тоҷикистон дар он замон сарзамини бероҳ буд. Роҳ сохтан лозим буд ва рӯзномаи “Овози тоҷик” барои роҳсозӣ мубориза мебурд. Яъне рӯзнома ҳам мубориза барои мактаб ва ҳам барои роҳ мебурд.
Барои Тоҷикистон заминҳое дода шуд, ки дар он ба ғайр аз оби борон дигар обёрӣ нашуда буд ва барои обёрӣ кардани ин заминҳо одам лозим буд ва “Овози тоҷик” сабаб шуд, ки аз одамҳо муҳоҷир шуда заминҳои беобро шодоб кунанду кишту зироатро ба роҳ монад.
Яке аз чизҳое, ки моро дар ҳамон солҳо душманони мо масхара мекарданд, мегуфтанд, ки Тоҷикистон чорто кӯҳ дорад, бо ин кӯҳ чи хел давлат мешавад. Мо исбот карданамон даркор буд, ки дар ҳамин куҳҳо мо давлат сохта метавонем. Ин коро, аз ҷумла “Овози тоҷик” иҷро мекард. Душманони мо мегуфтанд, ки аслан тоҷикон сазовори давлат нестанд, лекин аз баски инҳо бо русҳо як реша доранд, барои ҳамин русҳо инҳоро дастгирӣ карданд ва инҳо давлат сохтанд. Ба муқобили ин чизҳо мубориза бурдан даркор буд. Муаллим тайёр кардан даркор буд, чунки дар тамоми таърих дар тамоми дунё ҳама чизро ҳал мекардагӣ ин муаллим аст. Муаллим кадр тайёр мекунад. Муаллим ба синф даромада, бо кадом забоне ҳарф занад, ҳамон забон забони миллат мешавад. “Овози тоҷик” муаллим буд ва барои тайёр кардани муаллим нақши бузург дорад. “Овози тоҷик” дар ташакулли миллат бисёр нақши бузург бозидааст. Рӯзнома марказҳои маданӣ ташкил мекард, маҳфилҳо ташкил мекард, ба деҳаҳо мерафт, мардумро таблиғ мекард. Баъдан солҳои сиюм аз ин рӯзнома ба Тоҷикистон омаданду дар инҷо меҳнат карданд.
-Чӣ зарурат пеш омад, ки рӯзнома ивази ном карда, ба худ “Ӯзбекистони сурх”-ро гирифт?
-Баъди он ки Тоҷикистон мустақил шуд, соли 1929 “Овози тоҷик” ба номи “Ӯзбекистони сурх”, баъдан пас аз солҳои 50-ум ба номи “Ҳақиқати Ӯзбакистон” ивази ном кард ва имрӯз боз ба номи “Овози тоҷик” дар Ӯзбекистон чоп шуда истодааст. Ман замоне барои таҷрибаомӯзӣ ба ин рӯзнома рафтам, ки он замон номи “Ҳақиқати Ӯзбекистон”-ро дошт. Ва ин соли 1969 буд ва дар он вақт ҳануз баъзе коркунони солҳои сиюми рӯзнома, аз ҷумла домулло Васфӣ, Шамсиев кор мекарданд. Ман дар он вақт имконияти шинос шудан бо муҳаррирони “Овози тоҷик” Шарофиддин Садрулин, ки дар Тошканд буданд ва бо Муҳаммадҷон Ҳасанӣ, ки дар Хуҷанд буданд, шинос шуда будам. Бояд гӯям, ки рӯзномаи “Овози тоҷик” иловаҳо дошт: маҷалаи “Мулло мушфиқӣ”, маҷалаи “Ширинкор”, “Саводи меҳнат” ва “Роҳнамои мухбирон” ба сифати иловаҳои рӯзнома чоп мешуданд.
– Сипоси беадад барои суҳбати худшиносии миллӣ, устоди арҷманд. Ҳамзамон, бояд таъкид бикунам, ки атрофи рӯзномаи “Овози тоҷик” шояд гуфтаниҳои дигаре дореду ман суол надодам, аз ин хотир чӣ иловаҳое ё гуфтаниҳои дигаре дошта бошед, арз кунед…
-Гуфтани мо лозим аст, ки дар сарнавишти халқи тоҷик нақши рӯзнома ниҳоят баланд аст ва тавре, ки устод Айнӣ ёдоварӣ кардаанд, рӯзнома ба забони миллати тоҷик табдил ёфт. Имсол дар ҷашни сад солагиаш мо бо ифтихор дар бораи таърихи пуршарафи рӯзнома ҳарф мезанем. Ва ман аз ин хело шод ҳастам, ки мо рӯ ба таърихи ин рӯзнома оварда, аз бузургони он замон ёд кардему мекунем.
Мусоҳиб:
Шаҳзод ЗАФАР