Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон аз барқ 67, миллиону 853 ҳазор сомонӣ ва аз андоз бештар аз 20 миллион сомонӣ қарздор мебошанд.  Аммо бақияи қарзи обрасонӣ бошад, ба ҳолати якуми январи соли 2022 аз ҷониби обистифодабарандогон дар назди Раёсат 81 миллину 112 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин омил боиси сарвиақт пардохт нашудани ҳақи истифодаи барқ ва андоз гардидаст.

Қарзи барқ ва андоз ба 87 миллион сомонӣ баробар шудаст

Оятулло Умаров –  муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон дар суҳбат бо “Фараж” гуфт, ки қарздории Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба ҳолати 1 январи соли 2022 аз ҳақи истифодаи барқ зиёда аз 67 миллиону 853 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

-Аз ҳисоби истифодаи барқ бештар ноҳияҳои Ёвон – зиёда аз 20 миллион сомонӣ, Зерҳавзаи Кофарниҳони Поён дар ноҳияи Шаҳритус, ки дар он ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав ҳамроҳ мебошанд, 10 миллиону 650 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд, – илова кард ӯ.

Дар щамин щол, сармуҳосиби Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ёвон Бобохӯҷа Бобоев гуфтаҳои Оятулло Умаровро тасдиқ карда гуфт, ки дар ҳақиқат идораи мо аз ҳисоби истифодаи барқ 20 миллион сомонӣ қарздор мебошад.

“Мо дар як сол ба маблағи 6 миллион сомонӣ барқ истифода мебарем, аммо 1 миллиону 500 ҳазор ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт мешаваду халос. Маблағи барқ аз ҳисоби субвенсия, яъне аз буҷети мутамарказ дода мешавад, оби додаи мо ду дирам мебошад, аммо барқ бошад, 22 дирам аст. Дар мавсим бошад, нархи об боло рафта, ба 7 дирам мерасад”-илова кард Б.Бобоев ва ҳамзамон афзуд, ки аз ҳамин ҳисоб сол то сол қарзи барқ ба ҷойи кам шудан, зам мешавад.

Дар идома Оятулло Умаров иттилоъ дод, ки бақияи қарзи андози Идораҳои зертобеъи Раёсат аз андоз бошад, бештар аз 20 миллион сомонӣ аст.

“Қарзи аз ҳама зиёд дар назди нозироти андоз ин аз Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Кӯшониён мебошад, ки  5 миллиону 864 ҳазор сомонӣ, Вахш 2 миллиону 778 ҳазор сомонӣ, Фархор 2 миллиону 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”, -зикр кард мавсуф.

Қарз аз кадом сабаб зиёд шудааст?

Омили пайдоиши қарзи барқ ва андозро ин шахси масъул чанд маротиба боло рафтани нархи барқ ва саривақт пардохт нашудани ҳаққи хизмати обрасонӣ аз тарафи обистифодабарандагон арзёбӣ кард.

Муштарӣ, ҳаққи обро пардохт кун!

Манбаъ илова кард, ки бақияи ҳаққи хизмати обрасонӣ аз тарафи муштариён ба ҳолати 1 январи соли 2022-ум 81 миллиону 112,7 ҳазор сомониро ташкл медиҳад.

Зикр шуд, ки бештар қарзи  ҳаққи хизмати об дар ноҳияҳои Ёвон зиёда аз 11 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, Кӯшониён 8 миллиону 712 ҳазор сомонӣ, Дӯстӣ 7 миллиону 14 ҳазор сомонӣ ва Зерҳавзаи Кофарниҳони Поён дар ноҳияи Шаҳритус 9 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба суду Прокуратура муроҷиат кардем

Ҷиҳати баргардондани маблағи оби додашуда аз ҷониби Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ва худи Раёсат ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ тариқи хатти муроҷиат кардем, – гуфт Оятулло Умаров. Ӯ афзуд, ки бо аризаи даъвогӣ Прокурори вилояти Хатлон ва бо ҳалномаҳои Суди иқтисодӣ аз соли 2019 то соли 2021 23 адад ҳалномаи судӣ ба маблағи 2 миллиону 856 ҳазор сомонӣ нисбати обистифодабарандагон ба фоидаи идораҳои зертобеъи Раёсат қарор қабул карда шуда, дар соли 2021 зиёда аз 1 миллиону 550 ҳазор сомонӣ аз тарафи муштариён пардохт карда шуда, боқимонда аризаҳо дар истеҳсолоти судӣ қарор доранд.

 Фархор қарзи музди меҳнат дорад

Ин масъули давлатӣ ҳамчунин қайд кард, ки бақияи қарзи музди меҳнат ба якуми январи соли 2021 дар идораҳои зертобеъи Раёсат 1 милилону 863 ҳазор сомониро ташкил медод. Ин қарз бештар дар ноҳияҳои Кӯшониён 294 ҳазор сомонӣ, Зерҳавзаи Кофарниҳони Поён дар ноҳияи Шаҳритус 767,6 ҳазор сомонӣ, Фархор 293 ҳазор сомонӣ ва Восеъ 160 ҳазоро ташкид медод, ки то якуми январи соли 2022 ба ҷуз ноҳияи Фархор музди меҳнати дигар кормандон пурра пардохт шудааст.

Ҳоло қарзи музди меҳнат танҳо дар ноҳияи Фархор боқӣ мондаст, ки он 165 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

 Пули обро диҳанд, мо низ қарзи барқу андозро месупорем

Масъулони идораҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бовар доранд, ки бо пардохт шудани ҳаққи хизмати обрасонӣ қарзи онҳо аз Нозироти андоз ва Шабакаҳои барқ пурра пардохт мешавад. Агар ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт нашавад, пас мо низ уҳдадориҳои худро пурра ва сари вақт иҷро карда наметавонем. Қарсак аз як тараф намешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь