Бо мақсади рушд додани фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, ҷалби мардум ба соҳаи фарҳанг ва баҳри дарёфти чеҳраҳои нави санъат дар шаҳри Конибодом Фестивал -озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид. Ба тамошобинони сершумор ва ба меҳмонони аз маркази вилоят омада (аъзоёни ҳакамон) аз рӯи 12 бахшҳои дар низомнома буда, беҳтарин баромадҳои санъаткорони умедбахш пешкаш карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Конибодом-макони зодагони санъаткорони машҳури Тоҷикистон аст. Воқеъан ҳам санъаткорони Канди Бостон онҳо ворисону пайравон ва номбардорони артистони Халқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Тӯҳфа Фозилова, Лутфи Зоҳидова, Комил Ёрматов ва даҳҳо санъаткоёрони номиву шинохта мебошанд. Афсӯс, ки инро на ҳамаи мардуми тоҷик медонанд, вале мардуми Канди Бостон бо ин гуна санъаткорон ифтихори баланд доранд. Ҳамзамон худи санъаткорон дар ҷодаи фарҳанг таи чанд солҳои охир ба комёбиҳои назаррас соҳиб шуда истодаанд.

Ана ин дафъа низ аҳли ҳунари ин диёр бо роҳбарии сарвари ҷавон Аълочии фарҳанг, Азизҷон Ғаниев, ки ба қарибӣ ба ин вазифа таъин шудааст тавонистанд, ки як барномаи ҷолибро дар озмуни Андалеб пешкаш кунанд. Хусусан баромади ҳунармандони хеле ҷавон Нодир Нозимӣ ва Таваккал Музаффар дар бахши суруди ҳаҷвӣ «Фиш-фиши мардум», рақси яккаи донишҷӯ Бахтигул Қосимова, суруди яккаи Ватан аз ҷониби хонандаи МТМУ №25 Зиёвиддин Зиёвиддинов ва суруди классикӣ дар иҷрои ҳофизи ансамбли мақомхонони бахши фарҳанг Муҳаммадҷон Шокиров писанди тамошобинон ва аъзоёни ҳакамон гардиданд. Ин бахш баромадҳо сазовори баҳои баланди аъзоёни ҳакамон гардид ва маҳз ҳамин бахшҳо диққати меҳмонон – ҳакамонро ба худ ҷалб кард.

Намояндаи Раёсати фарҳанги вилоят Олимҷон Юсупов дар баромадаш аз ҷумла қайд кард, ки нӯҳ бахши пешкаш гардида дар маҷмӯъ ба ҳисоби миёна ба 9,5 баробар шуд, афзуд меҳмон.

Хуллас-барои санъаткорони умедбахши шаҳри Конибодом ин комёбӣ худ як қадамҳои аввалин буд. Заҳмати пурмашаққати санъаткорони ҷавон бо ҳамкории устодону мураббиёнашон ин як тӯҳфаи хубе ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100-солагии Театри давлатии мусиқӣ ва драмаи шаҳр ба номи Т.Фозилова гардид.

Алиҷон Маҳмудов, Конибодом

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь