Муддатҳои мадидест, дар қади роҳи мошингарди назди Маркази савдои “Садбарг” тӯдаи одамонро мебинем, ки чизеро ё касеро интизоранд. Ман ҳам борҳо ин ҳолро мушоҳида кардаам ва билохира хостам аз эшон сабабашро пурсон шавам. Чун ба онҳо наздик шудам, пеш аз ман як нақлиёти мусофирбари рақами 33 гузашту ба истилоҳ “кондуктор”-аш дари мошинро кушода, ҷониби одамони онҷо истодаву раҳгузар хитоб кард, ки “Ака, 33 намерай?”. Як ҷавоне, ки мисли ман донишҷӯ менамуд, ба саволи “кондуктор” чунин ҷавоб гуфт: “Не брат, 33 неву неки Ваҳдат рафтанӣ бошӣ, клиенто бисёрай”.
Ман дарҳол фаҳмидам, ки ин мусофирон сокинони шаҳри Ваҳдат буда, мунтазири наклиёт ҳастанд. Ман бо он ҷавон ҳамсӯҳбат шудам. Ӯ гуфт: “4 сол мешавад, ки ҳар рӯз бо ҳамин роҳ рафта меоям, аммо имсол бо чашми худ мебинам, ки шумораи донишҷӯён аз шаҳри Ваҳдат зиёд шудаанд. Зеро ҳар сол мо ба ин ҳолат дучор намешудем. Солҳои пеш мо озодона меомадем, ба мошин нишаста мерафтем, аммо имрӯз бошад, ба микроавтобусҳо одамони ростистодаро низ савор мекунанду боз касеро, ки имкони саворшавӣ пайдо накардааст, масхара мекунанд, ки “Ака, Ваҳдат мерӣ, биё, 2 ҷои шиштай”.
Ҳинни суҳбат бо ин ҷавон ногаҳон як микроавтобуси дигар омаду ҳамаи раҳинтизорон ба сӯяш давиданд. Дар ин ҳолат худамро дар ҷои бибиям ҳис кардам… Бибиям мегуфт, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ вақте навбати нонтақсимкунӣ мерасид, ҳама медавиданд ва ҳатто бо ҳам хархашаву тую ман мекарданд, имрӯз навбатпоӣ дар нақлиёти мусофирбар ҳамин гуна серғавғо шудааст.
Набудани нақлиёт боиси беманфиат сарф кардани вақти донишҷӯ мегардад. Чун агар онҳо дар басти аввал таҳсил кунанду тақрибан соати 13:00 аз дарс бароянд, ҳоли донишҷӯёне, ки дар басти дуввум мехонанду соати 18:00 аз дарс мебароянд, чӣ мешавад? Ҳанӯз, ки рӯзҳои сарду кӯтоҳи зимистон дар пеш ҳастанд, масъулинро мебояд чораи ин мушкилро пайдо намоянд.
Сунатулло Курбонов, донишҷӯи соли 3-и гурӯҳи “Журналистикаи байналхалқӣ” -и ДМТ.