Қалъаи Хуҷанд дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, эҳёи беҳтарин анъана ва суннатҳои неки аҷдодӣ, муаррифии тамаддуни оламшумули тоҷик ба ҷаҳониён Қалъаи Хуҷанд ба таҷдиду навсозӣ фаро гирифта шуд. Қалъаи Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, муаррифгари таъриху фарҳанги ин шаҳри қадимаи тоҷикон мебошад.

Корҳои азнавбарқароркунӣ ва сохтмон дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд соли 2018 оғоз ёфта, то ин марҳила корҳои зиёд амалӣ гашта, сохтмончиёну паймонкорон, рассомону наққошон, таърихнигорону бостоншиносон, ҳунармандони касбиву халқӣ дар эҳёи ин иншооти таърихӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, дар корҳои навсозии иншооти қадимӣ гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, олимону бостоншиносон ширкат варзида, дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст. Дар иншоот айни замон 300​ нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд, ки зиёда аз 100​ нафарашонро ҳунармандони касбӣ ташкил медиҳанд. Баробари ин, ҳунармандони варзида аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва водии Фарғона низ​ саҳми худро дар навсозии ин мавзеъи таърихӣ мегузоранд.

Аз тарафи бинокорону ҳунармандон корҳои пардозу рангубордиҳӣ, сабзу хуррамсозии атроф идома дошта, аз тарафи ҳунармандон тамоми нозукиҳои касбӣ риоя карда мешавад. Лоиҳакашону паймонкорон талош бар он доранд, ки​ ҳар як кор бо риояи ҳатмии талаботи бинокорӣ ва нозукиҳои касбӣ иҷро гардида, ҳунарҳои халқӣ дар он ба таври васеъ инъикос ёбанд ва ин иншоот ҳазорсолаҳо ба халқи тоҷик хизмат намояд. Ба корҳои сохтмонӣ ҳамчунин беҳтарин ҳунармандони вилоят ва ҷумҳурӣ ҷалб гардида, ҳар яке бо истифода аз тахайюлоти бою рангин ва истеъдоди воло кӯшиш менамоянд, ки иншоот бо​ сифати баланд бунёд ёбад.

Хафтаи гузашта Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Қалъаи Хуҷанд боздид карда, бо рафти корҳои барқарорсозии иншооти нодир шинос гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ зимни боздид масъулини сохтмон ва​ бинокоронро муваззаф намуд, ки ҳангоми иҷрои​ корҳои сохтмонӣ ва эҳёи таърихи гузаштаи ин ёдгорӣ аз маслиҳату машварати олимону бостоншиносон, муаррихон истифода намоянд. Раванди бозсозии ин мавзеъи таърихӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат қарор дошта, таҷдиди он ба эҳёи таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи воқеӣ мегузорад.​

Бояд таъкид дошт, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба эҳёи мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик таваҷҷуҳи хоса равона мегардад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо таҷдиду навсозии Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент ва Қалъи Муғ дар шаҳри Истаравшан ба ҳисоб меравад. Ин тадбири муҳим баробари муаррифии тамаддуни халқи тоҷик ба ҷаҳониён ҳамзамон боиси рушди сайёҳӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷахонгардон ба вилоят мегардад.

Хабарнигорони МТЖТ низ аз корҳои азнавбарқароркунӣ ва сохтмонӣ дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд шинос шуда, суратгузориш омода намуданд, ки манзури Шумо хонандагон мегардонем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь