Ноҳияи Айнӣ яке аз мавзеъҳои дорои манзараҳои табиии зебо дар ҳудуди ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ҳамеша ба худ ҷалб менамояд. Бахусус, дараи Аловиддин, ки дар дохили кӯҳҳои осмонбӯс ҷойгир гаштааст. Сойи пуроби ҳамеша ҷорӣ, манзараҳои дилчасп ва кӯлҳои фароғатбахши он дили ҳар як сайёҳро, бешубҳа, ба ваҷд меорад. Ҳар як кӯли дар онҷобуда аз дигаре зеботар ба назар мерасад.

Дараи Аловиддин дар ҷамоати деҳоти Фондарё ҷойгир гашта, аз маркази ноҳия тақрибан 60 километр дур аст. Аз шаҳраки Сарвода бошад, то бошишгоҳи сайёҳӣ 30 километр роҳ мебошад. Ҳангоми аз шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба сӯи ҳафтгонаи кӯлҳои Аловиддин раҳсипор шудан, деҳаҳои Канте, Пинён, Шӯрмашк, Пасрӯд ва Марғзорро убур мекунед. Чуноне ки маълум аст, деҳоти дар поёнтар ҷойгиргашта, деҳаҳои Канте ва Пинён ҳамчун деҳоти аз ҷиҳати канданиҳои фоиданок хеле бой маҳсуб ёфта, дар он ширкатҳои зиёде ба истихроҷи ангишти хушсифат машғул мебошанд. Пас аз гузаштан аз деҳаҳои мазкур макони биҳиштосои сайёҳӣ оғоз меёбад. Дар саршавии мавзеъҳои истироҳатӣ аввал заминҳои корами сокинони деҳоти дар поёноби дарёи Марғзор ҷойгиргаштаро мебинед, ки дар он кишоварзон зироатҳои полезӣ ва алафи беда кишт менамоянд. Дар ин мавзеъ картошка ва зироатҳои донагӣ ҳосили хуб медиҳанд. Баъдан, овулҳои мардуми дара, ки қад-қади сойи калону мусаффо маскан гирифтаанд, ба назар намудор мешаванд. Асосан, дар минтақаи Фон ба ҳар ҷое, ки сафар мекунед, ҳатман бо мавзеъҳои зебову дилкаш рӯ ба рӯ шуда, бо таассуроти нек аз он бармегардед. Бинанда ба он зебоиҳо дил мебандад ва нақши зебоию нотакрории он дили касро ба ҳамешагӣ мебарад.

Рӯзҳои 11-ум ва 12-уми июн мо як гурӯҳ ба дараи Аловиддин сафари сайёҳӣ намуда, ба муддати ду рӯз дар он ҷо будем. Кӯли мазкур дар миёни қаторкӯҳҳои Фон ва дар наздикии қуллаи Чимтарға воқеъ аст. Қуллаи Чимтарға дар баланди 5478 километр аз сатҳи баҳр ҷойгир гашта, ҳатто аз дуриҳои дур бо барфҳои ҷилодиҳандааш намудор аст ва аз ҷиҳати баландӣ баъд аз қуллаи Элбрус қарор дорад. Худи Қуллаи Чимтарға асосан дар мавзеи Кӯли калон ҷойгир шуда, қисмати шимолии он аз Аловиддин оғоз меёбад.

Дар мавзее, ки бо номи кӯли Аловиддин машҳур аст, бошишгоҳи сайёҳии Аловиддин ҷойгир шудааст. Бошишгоҳи мазкур ҳанӯз дар замони Шӯравӣ бунёд шуда, имрӯз яке аз зеботарин мавзеъҳои сайёҳии қаторкӯҳҳои Фонро ташкил медиҳад. Гарчанде имрӯз шумораи кӯҳнавардон хеле кам ба назар мерасанд, вале ҳоло ҳам сайёҳони зиёде аз тамоми гӯшаву кишварҳои олам ба ин ҷо ташриф меоранд. Бошишгоҳ дар ҳамвории калоне дар миёни ду кӯҳ ҷойгир буда, аз миёни он дарёчаи аз кӯлҳои Аловиддин ҷоригашта мегузарад. Айни ҳол дар ин мавзеъ меҳмонхонаҳои зиёде барои сайёҳон бо ҳама шароити ба талаботи давр ҷавобгӯ бунёд гаштаанд, ки барои сайркунандагон хеле қонеъкунанда мебошад. Самтҳои дигари ин бошишгоҳро қаторкӯҳҳои баланд ва теппаҳои ҳамешасабзи пур аз арча иҳота кардаанд, ки намуди зоҳирии истироҳатгоҳро боз ҳам зеботару дилкаштар намудаанд. Дар рӯ ба рӯи мавзеъ бошишгоҳи тобистонаи сокинони деҳаи Марғзор қарор дорад. Зимни сайр мо бо ҳамроҳон аз он дидан карда, бо Хурсандмурод ва аҳли оилаи ӯ гирди гулхан бо як пиёла чой суҳбат оростем. Хурсандмурод, ки дар синни нафақа қарор дорад, дар гузашта омӯзгор будааст. Аз моҳи апрел ӯ говҳои худу дигар мардумро ба ин ҷо оварда, то фарорасии фасли сармо нигоҳубин мекардааст ва чакаю қаймоқ, қаймоқи барг ва қурут истеҳсол намуда, ба сайёҳон ва дигар сокинони дараи Аловиддин фурӯхта зиндагониашро ба пеш мебарад. Акои Хурсанд бо маҳсулоти болозикр моро низ меҳмондорӣ намуд. Шароити бошишгоҳи онҳо низ хеле хуб буда, боду ҳавои тоза ва обҳои зулолу хониши паррандаҳо рӯҳи инсонро навозиш мекунанд.

Мо бо ҳамроҳон тасмим гирифтем, ки шабро дар фазои кушод, дар назди кӯли Аловиддин гузаронем. Сайёҳони дохилу хориҷиро мошинҳо то Аловиддин меоранд. Аз назди бошишгоҳи мазкур то ба кӯли Калон ва мардуми таҳҷоӣ бо хар мебаранд ва бар ивази ин маблағи муайян ба даст меоранд. Мо низ лавозими худро бо харҳои кироя бор карда, давоми роҳро пиёда идома додем ва ниҳоят ба кӯли Аловиддин расидем. Истироҳат дар назди ин кӯл бо манзараҳои зебои атрофаш ва дарахтони ҳамешасабзи арча ба кас лаззату фароғати дигар мебахшад. Акси кӯҳҳои баланд ҳатто дар дохили оби мусаффои кӯли Аловиддин намудор буда, ба бинанда таассуроти фаромӯшнашаванд тақдим мекунад.

Аз рӯи ривоятҳои калонсолони дара саидзодае аз авлоди Пайғамбар бо номи Хоҷа Аловиддин замоне дар ин мавзеъ гӯё аз душманон паноҳ бурда, дар ин ҷо шаҳид шуда будааст. Маҳз бо шарофати номи ӯ ин дара ва ин кӯл Аловиддин ном гирифтааст. Калонсонлони деҳоти мазкур бар инанд, ки Ҳоҷа Аловиддин дар мавзее бо номи Чапдара, ки болотар аз кӯли Аловиддин ҷойгир аст, пинҳон мешавад ва то ҳанӯз касе ҷои воқеии пинҳоншудаи ӯро мушаххас накардааст. Зеро, ҳатто, ҷасади Хоҷа Аловиддин пайдо нашудаву дар куҷо дафн шудани ӯ маълум нест. Болотар аз кӯли Аловиддин теппачаҳои хурд-хурду гӯрҳои сӯрох ба назар мерасанд. Мардум нақл мекунанд, ки ин теппачаҳо дар гузашта мазор буд ва дар он қабрҳо маҳз онҳое дафн шудаанд, ки замоне аз душманон гурехта, дар ин мавзеъ паноҳ бурда буданд.

Мо бо ду гурӯҳи сайёҳон, ки аз Шветсария ва аз Русия омада буданд, ҳамсуҳбат шудем. Тавре онҳо иброз доштанд, чанд нафар аз онҳо аллакай маротибаи дуюм ба ин минтақа ташриф овардаанд ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дараи Аловиддин барои ҷалби сайёҳон беҳтарин макон аст. Аз дараи Аловиддин тавассути роҳи ағбаи Чимтарға, ки болотар аз кӯлҳо, дар самти ғарб ҷойгир шудааст, ба ҳафткӯли Панҷакент метавон сафар кард ва аз самти дигар ба воситаи Кӯли Мутний (кӯли мазкурро бинобар хира ва гилолуд буданаш дар замони шӯравӣ кӯҳгардҳо Мутний ном гузоштаанд ва имрӯз ҳам бо ин ном машҳур аст) ба самти Искандаркӯл рафт.

Давоми ду рӯзе, ки мо дар он ҷо будем, аз тамоми манзараҳои ин дара дидан кардем. Асосан кӯли аввалин дар ин дара “Айваткаш” ном дорад, ки он дар ҳудуди бошишгоҳи сайёҳон ҷойгир аст. Кӯли “Айваткаш” нисбатан хурд буда, дар он баъзан сайёҳон новобаста аз он ки обаш хунук аст, оббозӣ ҳам мекунанд. Кӯли дуюмӣ дар дохили анбӯҳи арчазорон ҷойгир гашта, “Дучӯба” ном дорад. Кӯли “Дучӯба” манзараи хеле зебо дорад. Атрофи он пур аз сабзаю алафзор мебошад, ки ҳайвоноти калони шохдори мардуми дара он ҷо чарида мегарданд. Кӯли сеюмро “Себаку муродак” ном мебаранд. Кӯли дигарӣ “Чуқурак” ё худ дар байни мардуми дара бо номи “Кӯли хари ҳангӣ” машҳур аст. Атрофи ин кӯл сангзор буда, обаш нисбатан сабз мебошад. Кӯли калонро бошад, Кӯли “Аловиддин” мегӯянд. Атрофи ин кӯл хонаҳои сангӣ бо ошпазхонаю дигар иншоот ва дуртар аз он бо тарҳи замонавӣ меҳмонхона бунёд карда шудааст, ки дар рӯзҳои ҳавои номусоид барои сайёҳон паноҳгоҳи хуб мегардад. Бояд қайд намуд, ки боду ҳавои мавзеи дараи Аловиддин тағйирёбанда буда, як лаҳза хуршед нурфишонӣ карда, ҳама ҷоро метасфонад ва гоҳе ҳаво абрнок мешаваду борон меборад. Хулоса, ҳар лаҳзаву ҳар соат боду ҳавои он тағйир ёфта меистад. Кӯли навбатӣ, ки дар наздикии кӯли калон ҷойгир шудааст, “Ширпарфом” (гитара) ном дорад. Аслан, кӯли калон ва кӯли ширпарфомро теппачаи хурде ҷудо мекунад. Аз баландии ҳамин теппа дар як вақт ба ҳардуи кӯлҳо назар кардан мумкин аст. Ҳангоми назорати ин ду кӯл инсонро ҳаяҷони аҷибе фаро мегирад, ки онро на ба гуфтан, балки ҳангоми тамошо ҳар як одам метавонад эҳсос кунад. Ин манзара нотакрор буда, дар ягон ҷои Тоҷикистон вуҷуд надорад. Кӯли “Пиёла” болотар аз бошишгоҳи чӯпонҳо ҷойгир гаштааст. Ин кӯл шакли пиёларо дошта, атрофаш сангзор аст. Охирин кӯл, ки дар ҳама боло ҷойгир шудааст “Мутний” ном дорад ва чуноне ки дар боло гуфтем, аз сабаби хирагиаш сайёҳони рус ба он ин номро гузоштаанд.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки мавзеи Аловиддин бо ҳафтгонаи кӯлҳояш яке аз мавзеъҳои зеботарини на танҳо ноҳияи мо, балки кишвари биҳиштиямон Тоҷикистон аст, ки дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Танҳо моро мебояд, ки бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ин мавзеъ маконҳои истироҳатӣ ва меҳмонхонаҳои замонавиро бунёд намуда, ба ин васила мардуми маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоем ва ба ташрифи бештари сайёҳон ба ин мавзеъ замина гузорем.

Шамсиддин ХАЛИФАЕВ,

Айнӣ-Фондарё-Айнӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь