Ноҳияи Ҷаббор Расулов дар шимоли кишвар яке аз ноҳияҳои калони агросаноатӣ ба шумор рафта, дорои 16000 га замини обӣ мебошад, ки аз он 12000 га тариқи насосҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Дар самти пешгирии хатарҳои биёбоншавӣ, шӯршавӣ ва ботлоқшавии заминҳо метавон гуфт, ки аз тарафи идораи беҳдошти замин ва обёрии ин ноҳия қариб коре карда намешавад. Гузашта аз ин, он маблағҳои пулие, ки барои хизматрасонии об аз тарафи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, ки дар ин ноҳия шумораашон 13 адад мебошад, аз кишоварзону хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони инфиродӣ ҷамъоварӣ карда мешавад, оё ҳамагӣ ба хазинаи Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷ. Расулов пардохт карда мешаванд ё не?
Аз таҳлилҳое, ки Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар ин ноҳия кардааст, қариб кулли истифодабарандагони об маблағҳои хизматрасонии обро пардохт менамоянд, вале роҳбари Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷ. Расулов ҷаноби Қобилов Фарҳод иброз медорад, ки мардум барои пардохти ҳақи хизматрасонии онҳо 1 миллиону 83 ҳазор сомонӣ қарздоранду онҳо худ наметавонанд аз ин ҳисоб мушкилоти дохилиидоравиашонро, аз қабили пардохти музди меҳнати кормандон, пардохтҳои фонди ҳифзи иҷтимоӣ, андоз ва маблағҳои хароҷотии қувваи барқу таҷҳизоти таъмиршударо ҳаллу фасл намоянд. Агар гуфтаҳои ин ҷаноби воломақомро бо ҳақиқати ҳол ё воқеияти ҷойдошта дар ин идора муқоиса намоем, фарқият аз замин то осмон аст.
Дар рафти тадқиқот маълум гашт, ки дар мавзеи Деҳмой беш аз 100 га замини шолизор мавҷуд мебошад, ки аз шабакаҳои обёрии ин идораи бонуфузу пурдабдаба обёрӣ карда мешаванд ва шоликорон аз 1000 то 2000 сомонӣ маблағҳои хизматрасонии обро рост ба воситаи шахсони боэътимоди ҷаноби Қобилов Фарҳод ба дасташон мерасонидаанд. Вале агар аз он кас оид ба ин масъала пурсон гардед, худро ба нодонӣ зада, “мо он мавзеъро хизматрасонӣ намекунем” гуфтаву аз мавзуъ дур меравад. Ҳол он ки, об, замин ва канданиҳову ҳаво мутааллиқ ба моликияти истисноии давлат буда, танҳо аз ҳисоби маблағҳои аз худ намуда ё дуздии ин маблағҳо, ки ҳатман бояд андозбандӣ карда шаванд, ин ҷаноб бояд миллионҳо сомонӣ ба буҷаи кишвар чун маблағи андозҳо пардохт намоянд. Гузашта аз ин, чунин кирдорҳо тибқи Кодекси ҷиноятӣ, ки дар чандин моддаҳо навишта шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад ва шахси ҷиноят содиркардаро ҷазои сангини маҳбас интизор мебошад.
Ҷаноби Қобилов Фарҳод масъалаи як дастгоҳи обкашии куҳнаро бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ бо 3 метр қубурҳои то имрӯз васлнашуда, ки бояд ба болои теппаҳои Рухак об медод, чӣ гуна шарҳ медода бошад? Ҳол он ки, маҳз раиси вилоят, ки дар самти ободкориҳо хизматашон назир надорад, баҳри доимо таъмин намудании деҳқонони болои ин теппа 300 ҳазор маблағи нақдро ҷудо намудаанд, то кишоварзон азобе надошта бошанд. Аммо ҷаноби Қобилов Фарҳод ба воситаи шиносонаш дар тендер ба фоидаи ҶДММ “Афроз ЛТД” корро ҳал намуда, маблағи 300 000 сомониро, ки раиси вилоят барои мунтазам таъмин намудани мавзеи Рухак бо оби полезӣ пешбинӣ намуда буд, аз худ намуда, имрӯзҳо айш меронад. Агар не, чунин дастгоҳро, ки куҳнаю фарсуда мебошад, ин ҷамъият аз куҷо харидорӣ намудаасту он чӣ қадар нарх дорад? Чунин дастгоҳҳои пуриқтидори обкашӣ, ки дар пойгоҳҳо ҳастанд, ҷое фурӯхта намешаванд. Пас чунин дастгоҳро аз куҷо дастрас кардаву дар пойгоҳи обкашии Деҳмой ба воситаи мутахассисони худи Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷ. Расулов шинонидаанду ҳатто пардохти ҳақмузди онҳоро ин ҷаноб фаромӯш кардааст? Худи дастгоҳро низ аз куҳнапораҳо дар худи ҳамин идора гӯё навсозӣ кардаву бурда шинонидаанд.
Ногуфта намонад, оё дар чунин вазъияти вазнини молиявӣ бо 100-200 сомонӣ музди меҳнат зиндагонӣ кардан мумкин аст ё не? Албатта не! Лекин дар кулли системаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ чунин вазъият ҳукмфармо буда, синну соли кормандони кулли шабакаҳои ин агентӣ аз 50-60-70 боло буда, баъди чанд соли дигар касе бо чунин маоши ночиз ба ин сохтори давлатӣ, ки барои рушду нумуи Тоҷикистони азиз ва таъмини амнияти озуқаворӣ басо лозим аст, ба кор намеояд.
Аз рӯи таҳлилҳое, ки Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷабор Расулов гузаронид, маълум гашт, ки дар хоҷагиҳои деҳқонию шахсони инфиродие, ки дар ҳудудҳои ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷ. Расулов зиндагӣ менамоянд ва бояд тариқи насосҳои обкашии пойгоҳи Хоҷабоқирғон обёрӣ шаванд, дар соли ҷорӣ ҳамагӣ 15 рӯз об омадаасту халос. Дигар мутасаддиёни идораи оби ноҳия ба зиёда аз 2000 га додани обро фаромӯш кардаанд. Ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Ярми пурфайз” Ҳасанов Муминҷон, “проблемаи об басо ҷиддӣ мебошад. Агар об бошад, мо чор ҳосил ҳам мегирем. Об ки нест, мо ба як ҳосил қаноат менамоем. Бояд масъулин сари калобаи мушкилоти оби пойгоҳи обтаъминкуниро ёфта, масъаларо ҳал намоянд, то чизе, ки набошад, кишоварз бе об намонад”.
Дар суҳбат бо мо роҳбари Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Зарафшон” Нуров Ботуралӣ иброз намуд, ки “умуман Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷ. Расулов баҳри таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полезӣ ягон кор намекунанд. Имсол ҳамагӣ 1 рӯз ба мардум дар як мавсим об доданду халос. Касе аз аъзои Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Зарафшон”, ки 180 га заминро дар бар мегирад, аз пардохтҳои об қарздор нестанд. Камбудӣ – ин набудани об мебошад”.
Роҳбари Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Ширин-2017” Маҳмудов Мерган иброз намуд, ки хоҷагиҳои деҳқонии идораи хизматрасонии оби онҳо 180 га заминро дар бар мегирад. Вале онҳо обро тариқи канали Хоҷабоқирғон бо навбат бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегиранд. Идораи оби ноҳияи Ҷаббор Расулов бо онҳо умуман ҳамкорӣ надорад, чунки онҳо на ин ки қудрати то деҳқон расонидани об, балки умуман об надоранд.
Умуман, мушкилоти таъмини об ва азхудкунии маблағҳои хизматрасонии об дар Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷаббор Расулов басо ҷиддӣ ба чашм мерасад. Яке аз мушкилоти ҷиддии ин корхона дар он мебошад, ки кормандон ҳатто солҳо боз маоши ночизи худро намегиранд ва ин маблағҳо то имрӯз беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил намудааст. Кор то ба ҷое расидааст, ки ҳатто маблағҳои дастгоҳи дар ин корхона таъмир мешударо низ бо кадом роҳе набошад, “обу лой” намуда, ба таъмиргарон ҳатто додани маблағҳои ҳақи ҳалолашонро фаромӯш мекардаанд. Ҷаноби Қобилов Фарҳод ҳатто техникаи хушккунандаи ботлоқро, ки дар пойгоҳи обкашии Деҳмой мавҷуд будааст, бурида, майда кардаву фурӯхтааст. Бо ин амали худ ин ҷаноб ба буҷаи кишвар зарари басо калони пулию молӣ расонида, боз ҳар куҷо худро чун Ҳотами Тойи афсонавӣ ғамхори кишоварзу мардуми заҳматкаш метарошад. Ҳол он ки, барои ӯ манфиати давлату ҷомеа вуҷуд надорад.
Мо баррасии ин қазияро ба идораҳои дахлдори Оҷонсии зидди фасод ва прокуратура ҳавола карда, умедвори ҳалли мусбати қазия мебошем.
Саиди ҲАЙДАР,
Душанбе – Суғд – Душанбе