Коллеҷи политехникии Данғара (КПД) дар тули 43 соли фаъолият (новобаста аз шакли фаъолият, ки аввал ОКТ, ЛКТ буд, баъд КПД шуд) ҳазорҳо мутахассиси  соҳаи техникиву кишоварзӣ ва дигар пешаҳои барои инкишофу тараққиёти кишвар муҳимро тарбия кардааст. Ин мутахассисон дар ҳар гӯшаву канори кишвар дар хизмати халқу миллатанд.

Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара бо фармони Комитети давлатии Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон оид ба маълумоти касбию техникӣ аз 12.07.1977, №184 ҳамчун Омӯзишгоҳи касбию техникии №57 ноҳияи Данғара таъсис дода шудааст. Соли 1996 ба Литсейи техникии аграрии ноҳияи Данғара табдил дода шуда, бо мақсади муайян кардани самтҳои афзалиятноки литсейҳои касбӣ Литсейи касбии ба номи Ютако Акинои ноҳияи Данғара ба Литсейи касбии саноати кишоварзӣ ба номи Ютако Акинои ноҳияи Данғара номгузорӣ шуда, соли 2006 ба зертобеи Вазорати маориф гузаронида шуд.

Соли 2011 Литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара номгузорӣ карда шуда, аз сохтори Вазорати маориф хориҷ карда шуд ва соли 2016 ба Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара табдил дода шуд.

Тибқи сохтор бо мақсади ба тартиб даровардани низоми идоракунӣ, Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара дар доираи факултетҳо ва кафедраҳои зерин амал мекунад:

Факултетҳо:

  1. Муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ .
  2. Технологияи коркарди истеҳсолӣ.

Кафедраҳо:

  1. Хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизоти соҳавӣ
  2. Технологияи дузандагӣ ва хизматрасонӣ
  3. Фанҳои табии риёзӣ
  4. Фанҳои гуманитарӣ

Дар КПД довталабон дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қабул карда мешаванд. Дар  зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 16 ихтисос дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  (баъди хатми синфи 11) ба шӯъбаи рӯзона ба мӯҳлати 3-сол ва шӯъбаи ғоибона ба мӯҳлати 3 солу 6 моҳ қабул карда мешаванд.

Номгӯи ихтисосҳои зинаи миёнаи касбӣ тибқи замимаи иҷозатнома:

  1. 2- 42010102 Истеҳсоли металлургия ва коркарди метал,
  2. 2- 480101 Технологияи химиявии моддаҳои органикӣ,
  3. 2- 48010206 Технологияи коркарди моддаҳои пластикӣ,
  4. 2-48010201 Технологияи синтези асосии органикӣ ва нафту химиявӣ,
  5. 2-48013103 Технологияи шиша ва ситалҳо,
  6. 2-48013301 Рангубори матоъ,
  7. 2-50013202 Ресидани пахта ва нахи химиявӣ,
  8. 2-50013501 Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ,
  9. 2-500134 Тарроҳӣ ва поракунии масолеҳи дӯзандагӣ,
  10. 2- 36080134 Хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизоти истеҳсоли нассоҷӣ-дӯзандагӣ
  11. 2- 360801345 Хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизоти истеҳсолоти дӯзандагӣ,
  12. 2-360801 Мошин ва дастгоҳҳои саноати сабук, саноати нассоҷӣ ва хизматрасонии маишӣ,
  13. 2-360801 Хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизотҳои истеҳсолоти ресандагӣ ва маишӣ,
  14. 2- 36070133 Хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизоти корхонаҳои шишабарорӣ ва ситалҳо,
  15. 2-36070101 Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсолоти химиявӣ,
  16. 2-40010135 Таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ.

Дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 9 ихтисос дар заминаи таҳсилоти миёнаи асосӣ (синфи 9) ба шӯъбаи рӯзона ба мӯҳлати 2 сол қабул карда мешаванд.

Номгӯи ихтисосҳои зинаи ибтидоии касбӣ тибқи замимаи иҷозатнома;

  1. 3-37015202 Тракторчӣ-мошинисти истеҳсоли кишоварзӣ,
  2. 3-50015301 Калобаресии истеҳсолоти матоъҳои пахтагин,
  3. 3-50015302 Бофандаи истеҳсолоти матоъҳои пахтагӣ, канабӣ, пашмӣ, абрешимӣ,
  4. 3-700151 Истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ,
  5. 3-700451 Васли таҷҳизотҳои технологияи қубурҳо ва конструксияҳои металлӣ,
  6. 3-36015103 Кафшергари газию барқӣ,
  7. 3-370152 Ронандаи автомобил,
  8. 3-25015201 Ҳисобдор (бо тавонистани кор бо компютер),
  9. 3-500155 Дӯзанда,

Дар коллеҷ аз 16 ихтисосе, ки дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи иҷозатнома ва замимаи он иҷозат дода шудааст, аз рӯйи 11 ихтисос – технологияи синтези асосии органикӣ ва нафту химиявӣ, рангубори матоъ, технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ, хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизоти истеҳсолоти дӯзандагӣ, мошин ва дастгоҳҳои саноати сабук, саноати нассоҷӣ ва хизматрасонии маишӣ, истеҳсоли металургия ва коркарди метал, технологияи коркарди моддаҳои пластикӣ, мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли химиявӣ, технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ ва масолеҳу маснуот, хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизотҳои истеҳсоли нассоҷӣ донишҷӯён қабул карда шудаанд.

Дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи замимаи иҷозатнома 9 ихтисос пешбинӣ гардидааст, ки толибилмон аз рӯйи 6 ихтисос – кафшергари газию барқӣ, ронандаи автомобил, ҳисобдор (бо тавонистани кор бо компютер), бофандаи нахҳои табиӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсоли кишоварзӣ, дӯзанда қабул карда шудаанд.

Дар муассиса, хонандагон дар ду зина таҳсил мекунанд, ки зинаҳои миёнаи касбӣ ва ҳам ибтидоӣ мебошанд. Дар умум 558 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Дар шуъбаи рӯзона 239 нафар аз синфи 11 бо маълумоти миёнаи касбӣ, ки 143 нафарашон буҷавӣ буда, 96 нафар шартномависанд, аз синфи 9 рӯзона 210 нафар бо маълумоти ибтидоии касбӣ, ки 65 нафарашон буҷавӣ буда, 145 нафарашон шартномавианд, ғоибона 109 нафар аз синфи 11 бо маълумоти миёнаи касбӣ, ки 69 нафарашон буҷавӣ буда, 40 нафарашон шартномавӣ ҳастанд. Соли 2020 муассисаро153 нафар хатм карданд, ки аз ин 130 нафарашон буҷавӣ ва 23 нафарашон шартномавӣ буданд.

Китобхонаи муассисаи талимӣ дорои фонди бойи китобҳои илмию бадеӣ ва таълимӣ аст, ки 5813 адад китоби соҳавӣ, бадеӣ, техникӣ ва сиёсӣ дорад.

Чорабиниҳои зер дар КПЛ гузаронида шуданд:

–  Бо иштироки аъзоёни маҳфили “Дӯстдорони китоб” ва шӯрои китобдорон машварат оид ба шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;

– Дар таътили зимистонаи донишҷӯён оид ба ҷалби ҷавонон ба китобу китобхонӣ ва истифодаи самараноки вақтҳои холигии донишҷӯён зимни ҷалби онҳо ба хониши китоб ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз бекоргардию беҷогардӣ ва аз шомилшавӣ ба амалҳои номатлубу номуносиби ҷамъиятӣ бо иштироки донишҷӯён.

– Бахшида ба соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гӯша ташкил карда шуда, бо китоб ва маводи рӯзномаю маҷаллаҳо пурра карда шуда, ба намоиш гузошта шуд;

– Бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонй озмуни “Маликаи наврӯзй” баргузор гардид.

– Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ вохӯрй таҳти унвони “Саломатй гавҳари ноёб” .

– Дар ҳамкорй бо Шӯрои кор бо ҷавонони коллеҷ озмуни китобхони беҳтарин таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доной…” байни омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.

Дар муассиса чорабиниҳо бахшида ба рӯзи Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конференсия бахшида ба рӯзи милитсия, ба муносибати таҷлили рӯзи Президент ва рӯзи Парчами миллӣ ва ғайраҳо доир гардиданд.

Таълимгоҳ дорои хобгоҳи якошёна мебошад, кибарои 60 нафар донишҷӯ пешбинӣ шуда, шароити хуби зист барои донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Дар хобгоҳи муассисаи таълимӣ аз ноҳияҳои дурдасти кишварамон  40 писар ва 17 духтар бо ҷои хоб ва 3 вақт хӯроки гарм таъминанд.

Роҳбари КПД Наътулло Саидзода мегӯяд, айни замон дар коллеҷ 131 нафар корманду омӯзгор фаъолият доранд, ки аз ин 93 омӯзгор ба таълиму тарбияи донишҷӯёни муассиса машғул мебошанд. Аз ҷумла, 2 номзади илм,15 омӯзгорони дорои дараҷаи олӣ,ки ду нафар Аълочии маориф ва илм ҳастанд,12 омӯзгори дорои дараҷаи якум,19 омӯзгори дорои дараҷаи дуюм. 32 омӯзгори бедараҷа ва дорои таҳсилоти оилии касбӣ, 38 нафар корманди маъмурию техникӣ ва хоҷагидорӣ мебошанд.

Моҳи декабри соли 2020-ум 11 омӯзгори фанҳои педагогика ва психологияи коллеҷ дар Донишгоҳи Данғара аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Моҳи апрели соли 2021-ум 55 нафар омӯзгор курси салоҳиятнокиро аз такмили ихтисос дар худи КПД гузаштанд.

Дар муассиса як ятими кул буд, ки дар авҷи бемории COVID-19 аз илтиҳоби шуд фавтид, як ятими кул дар таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳсил мекунад. 2 нафар маҷрӯҳи гурӯҳи якум ва 2 нафар маҷруҳи гурӯҳи дуюм, 12 нафар нимятим ҳастанд. Инҳо ҳама стипендия мегиранд. Хонанадагони литсей се вақт хӯроки ройгон мехӯранд. Маҷрӯҳ маблағи шартномааро намесупоранд, нимятимон 50% маблағи шартномаашонро месупоранду халос.

– Дар масъалаи хатмкунандагони коллеҷ ва ба ҷои корӣ таъмин шудани эшон бо се ширкате, ки дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара кору фаъолият доранд, шартнома дорем. Донишҷӯён дар ин ширкатҳо таҷрибаомӯзӣ мегузаронанд. Баъд тариқи роҳхат нафарони хоҳишмандро ба он ҷо ба кор мефиристем. 50 дарсади хатмкардаҳо бо ҷойи кор таминанд, 50 дарсади дигар барои гирифтани маълумоти олӣ таҳсилро идома доданианд, – хулоса кард Наътулло Саидзода.

Билоли Шамс, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь