(Ё чаро образи “Чудик” мусбат набудааст? Ба дӯст ва шогирдам Фирӯзи Розиқ мебахшам…)
Нависандаи номвари рус, адиби хеле машҳур Василий Шукшин ҳикояте дорад бо унвони “Содалавҳ” (“Чудик”)…
Мазмуни ин ҳикоя аҷиб аст: сухан аз сарнавишти як марди деҳотӣ, киномеханик Василий меравад, ки ниҳоят софдилу накукор аст. Ончунон ба арзишҳои одамӣ, аз қабили инсофу эҳтиром, некиву муҳаббат, кумак ба дигарон, хулоса, ҳар чизе, ки дар деҳа қимат дорад, садоқат дорад ва ҳамарӯза корҳои аҷибу ғариб мекунад…
Ҳикоя низ оғози таваҷҷуҳбарангез дорад: “Ҳамсараш ӯро “содалавҳ” мегуфт, гоҳе бо меҳрубонӣ. Ӯ як хислати вижа дошт: доиман бо ҳодисае дучор мешуд. Аз ин ҳодисоти ногаҳонӣ азият мекашид, ҳаводиси назарногир, аммо таассуфангез… Ана чанд лавҳа аз як сафари ӯ…”.
Сипас, Шукшин бо сабки хосаш, ки мухтасарбаёниву таваҷҷуҳ ба ҷузъиёти тасвир аст, аз як сафари ин марди деҳнишини содалавҳ ба хонаи бародарбузургаш – Дмитрий, ки дар Урал мезист, ҳикоят мекунад.
Пеш аз сафар дар шаҳр мехоҳад барои се писари бародараш туҳфаҳо бихарад. Ҳангоми дар ҷомадон ҷо ба ҷо кардани ҳадяҳо коғази панҷоҳрублиро дар замин мебинад ва бо тамоми овоз мардумро огоҳ мекунад, ки ин пули уфтода аз кист… Мо дар деҳа бо ин гуна коғазҳо бозӣ намекунем”…
Касе вокуниш намекунад ва ӯ пулро ба назди фурӯшанда мегузорад, бад-ин ҳадаф, ки агар соҳибаш пайдо шавад, пулро баргардонад. Аз мағоза баромадан замон ҷайбашро месанҷад ва дақиқ мекунад, ки ҳамон пул пули худаш будааст… Ӯ дар ҷайбаш як биступанҷсӯма дошту як панҷоҳсӯма… Пули аввалиро майда карду туҳфаҳо харид, панҷоҳсӯмааш дар кисааш буд, яъне ҳамон пули худаш афтидааст…
Аммо Василий (нависанда номи қаҳрамонашро танҳо дар ахири ҳикоя меорад) ба худаш айб медонад, ки рафта он пули худашро бигирад: “мардум чӣ мегӯянд? Доду вой карда буд, ки ин пули гумшуда аз кист ва боз худаш омада он пулро гирифт… Аммо ин пул, пули майда ҳам нест, ними маошаш-ку…”.
Василий маҷбур мешавад, ки ба деҳа баргашта, аз амонаткассаи русто боз панҷоҳ рубли дигар гирад (ва аз ҳамсараш “гап” мешунавад)… Дар ҳавопаймо нишаста, мехоҳад бо ҳамсафараш суҳбат кунад, аммо он мард беэътиноӣ мекунад, чун мебинад, ки Василий аз деҳа аст ва “сатҳи маданияташ паст…”.
Ҳангоми нишаст ҳавопаймо зарба мехӯрад ва он марди ҳампаҳлуи Василий, ки тасмаи эҳтиётиро набаста буд, дандонҳои сунъияшро гум мекунад. Василий онро меёбад ва ба соҳибаш бармегардонад, аммо дар посух таъна мешунавад, ки чаро он қолаби дандонҳоро бо дасташ қапидааст: “Акнун ман аз куҷо онро ҷӯшонида, сипас истифода мекунам…”.
Хулоса, ба хонаи бародараш расидан замон ба ҳамсари ӯ писанд намеояд, баланд-баланд гап задану аз ҳолу ҳавои деҳа, аз падару модар сухан кардани Василий ба ӯ тамоман намефорад. Худаш ҳам аз деҳа, аммо деҳотиёнро бад мебинад…
Ҳангоми набудани зану шавҳар Василий мехоҳад дили янгаашро ба худ гарм кунад ва бо ҳамин мақсад аробаи кӯдаконаи сап-сафедро аз мағоза ранг харида гулҳои ҳарранга мекашад…
Баъди бозгашт аз кор янгааш ин ҳолро дида, ба шавҳараш фармон медиҳад, ки ҳарчи зудтар бародарашро гусел кунад… Ҳамин тавр, Василий, ки мехост рухсатиашро дар хонаи бародараш, дар шаҳр гузаронад, маҷбур мешавад, ки зуд ба хонаи худаш баргардад…
Дар тасвири нависанда Василий Князев дилсофтарин марди як деҳи дурдаст аст: ба ҳама некӣ мехоҳад, бародарашро 12 сол аст надидааст, мехоҳад, ки ӯ низ бо кӯдаконаш ба деҳа биёяд, даврони кӯдакиашро ба ёд биёрад… Дар шаҳр ӯ одамонеро мебинад, ки тамоман дигаранд: ҳар кас бо хаёли худ банд, ҳар кас роҳи зиндагии худро пайдо кардан мехоҳад, ойини эҳтироми ҳамдигар тамоман аз байн рафтааст… Ҳама мехоҳанд “замонавӣ” бошанд…
Чаро банда ин ҳикояро муфассал овардам? Сабаб дорад. Дар озмуни порсолаи “Фурӯғ” довталабе ин ҳикояро хондам гуфт. Суолаш кардам, ки ҳамин мард бо лақаби “Содалавҳ” (русиаш – Чудик) оё ба Шумо писанд шуд?
Посух шунидам, на, образи манфист, худро ба ҳар кор омехта мекунад, ба роҳи худаш намеравад, хулоса, ба ҳама халал мерасонад…
Инро на хонандаи мактаб, балки донишҷӯйе мегуфт ва басо ғалат мегуфт… Ғалат он нест, ки як донишҷӯ чунин андеша дорад, балки ин андеша дар ҷомеа густариш дорад: ҳоло мардум ончунон “замонавӣ” ва “шаҳрӣ” шудаанд, ки решаҳои қишлоқии худро аз ёд бурдаанд…
Фаромӯш кардаанд, ки замоне дар хоку обу лойи деҳа бозӣ мекарданд, харсавор буданд, пирамардонро дида, ба як тарафи кӯча ё ҳавлӣ мегузаштанд, дар ғаму азои ҳамдигар рост меистоданд, дар тӯю сур рӯзи дароз миён маҳкам баста, хидмат мекарданд… Акнун, ки дар шаҳр бист солу сӣ сол зиндагӣ мекунанд, гумон кардаанд, ки мудерн шудаанд…
Фарзандҳояшонро дар беҳтарин мактабҳо (асосан русиву англисӣ) мегузоранд, дар беҳтарин мактабҳои варзишӣ обутоби бадан меомӯзонанд ва кӯшиш мекунанд, ки он писарону духтарони “эркатулфор” дар беҳтарин факултаҳои донишгоҳҳо хонанд, ҳатман ба хориҷа раванд ва ғайра…
Чаро он донишҷӯ “Содалавҳ” (Чудик)-ро образи манфӣ гуфт?
Бо додани ду-се суол дақиқ кардам, ки он донишҷӯйи довталаби озмун ин ҳикояти Шукшинро хондааст, ҳама лаҳза ё эпизодҳояшро медонад, аммо он чӣ, ки маро ба ҳайрат овард, ҳамин нафаҳмидан ё дарк накардани моҳияти ин нақши ҳунарист. Донишҷӯйи довталаб яке аз онҳое будааст, ки зери таъсири муҳити имрӯза мондааст, андешаи худашро надорад. Дар тасаввураш ҳамин “содалавҳ”-он ашхоси қафомондаанд, “қишлоқиён”-и бетарбия ҳастанд…
Ҳоло, чун ба таҳқиқ нигарем, муносибат ба мардуми деҳа, ки бо коре ба пойтахт меоянд, аз ҷониби шаҳриён айнан ҳамин гуна аст, ки Шукшин дар ҳикояташ овардааст: ин навъ одамонро ҳамонҳое бад мебинанд ё бо тамасхур менигаранд, ки худашон як замоне аз деҳа омадаанд, бо гузашти айём “шаҳрӣ” шудаанд, аммо решаҳои худро фаромӯш кардаанд…
Бо таълифи ин ҳикоя Шукшин гӯиё бонги изтироб мезанад: ҳой мардум, одаму одамгарӣ барои ҳама якест, чӣ барои деҳотӣ ва чӣ барои шаҳрӣ… Ба дарду ғами ҳамдигар шарик будан ва дар ҳар амале сидқу инсофро ба кор бурдан – ҳамин аст фарҳанги асили инсонӣ…
Мавҷудияти ҳамин “содалавҳ”-они тасвиркардаи Шукшин аст, ки зиндагӣ ба ҷаҳаннам табдил нашудааст…
Акнун қиссаи як “содалавҳ”-и дигареро меорам, ки бояд намунаи ибрати ҳазорон-ҳазор одамони дигар бошад.
…Рӯзе бо шогирд ва дӯстам – Фирӯз Розиқов, хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ (соли 2018), ҳоло муаллими забону адабиёти Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ногаҳон вохӯрдам ва суҳбатамон андаруни мағоза сурат гирифт.
Банда, ки аз кор бармегаштам, барои набераам ду-се дона ширинӣ гирифтам. Пеш аз ман дар назди фурӯшанда модаре бо кӯдаки хурдсолаш меистод, дар дасташ ду-се нону боз ду-се чизи дигар. Кӯдакаш ғаш мекард, ки модар барояш тухми коғазпеч, ки онро тифлон “киндер” мегӯянд ва нархаш 15 сомонист, бихарад…
Модар ӯро сарзаниш мекард, ки “дигар пул надорам, ягон дафъаи дигар…”. Аммо кӯдак бо чашми ашкбор сӯйи рафи тухмҳо менигарист ва домани модар мекашид, ки “бигир, ман тухм мехоҳам…”.
Модар кӯдакашро кашолакунон ба берун баромад ва дар як лаҳза аз қафояш ҳамин Фирӯз…
Банда низ зуд ҳисобӣ карда баромадам ва дар берун аҷаб манзарае дидам… Фирӯз ба кӯдак тухмро ҳадя мекард ва он тифл ба модар менигарист, ки бигирад ё не… Бо ишораи модар он кӯдак тухмро гирифту хеле хушҳол шуд… Дарҳол ба кушодани коғази рӯйи он тухм шуруъ кард…
Дидани он манзараи роҳат – шодмонии кӯдак ва изҳори сипос кардани модараш ба Фирӯз маро ба андешаи тӯлонӣ бурд: чаро дар зиндагии мо Фирӯз барин шахсиятҳое, ки танҳо ба хотири шод кардани дили дигарон ва бидуни ғаразе амалҳои нек мекунанд, ё мисли ҳамон “чудик”-и Шукшин қалби оинавор софу покиза доранд, хеле каманд???
Чаро шуморашон кам гуфтам? Чунки садҳо намунаҳои баръаксашро мебинам, чунки пиёда бисёр мегардам ва дар автобусу троллейбусҳо, мағозаву дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ одамонеро зиёд мебинам, ки ба ҷуз андешаву мушкилоти худ парвои дигарон надоранд…
Дар автобуси рақами 8 духтареро мебинам, ки баҳузур нишаставу бо телефон машғул аст ва то се истгоҳ ҳатто надид, ки болои сараш кампираке нотавон истодааст… Дар навбати ҳисобӣ кардани мағоза ҷавоне бо як шиша нӯшоба навбатпаронӣ кард, ки “ҳамагӣ як бутилка об мегирам, чаро интизор шавам…”. Ин гуна мисолҳоро фаровон мебинам, баръаксашро кам…
…Боз озмуни “Фурӯғ” ба ёдам меояд ва посух додани ҳамон донишҷӯ, ки аз ҳикояи “Содалавҳ”-и Шукшин нақл мекард: мегуфт, ки ҳамон “чудик”, яъне Василийи киномеханик образи манфист, чунки ба ҳама корҳо худашро аралаш мекунад, ба кори худаш машғул нест, дигаронро дар ҳолати нохуб мегузорад ва ғайра…
Ин бардошти як донишҷӯест, ки беҳтарин ҳикояи Шукшинро хондааст, аммо ҳайфи он хондан, ки чизе нафаҳмидааст: мағзи андешаи нависандаро дарк накардааст, чунки хонданаш ба хотири хондан будааст…
Чунки ӯ намояндаи ҷавонони замони мудерн аст, замоне, ки ҳар кас бояд аробаи худашро бикашад, агар як тарафи дунёро об барад, парвояш нест, ба кори худаш банд аст…
Аз ӯ ва ӯ баринҳо, гумон намекунам, ки шахсиятҳои иҷтимоӣ ба камол бирасанд, агарчи мутахассисони лаёқатманд шаванд…
Аҷаб дунёе…
Ҳафиз РАҲМОН