Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз нахустин мактабҳои олии Тоҷикистон ва пойгоҳи асосии илму маърифати мамлакат ба шумор рафта, дар тайёр намудани мутахассисони тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми бузург гузоштааст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ ҷой доранд, вале агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбии худ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Маълумоти мухтасар дар бораи ДМТ

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нахустин ва яке аз бузургтарин донишгоҳҳои кишвар буда, бо қарори Совети Вазирони ИҶШС № 643, санаи 21-уми марти соли 1947 таъсис дода шуда, ҳамчун Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин 1-уми сентябри соли 1948 ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамин тавр, соли 1997 ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2008 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) тағйири ном кард.

Айни замон дар 126 кафедраи Донишгоҳ беш аз 1300 омӯзгор (12 академики АМИТ ва 17 узви вобастаи АМИТ) барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Дар Донишгоҳ 913 нафар омӯзгори штатии дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият доранд, ки 69,37 фоизи омӯзгорон кормандони асосии Донишгоҳро ташкил медиҳанд. Ин шумора яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад.

ДМТ дорои 19 факултет, 126 кафедра, 133 ихтисос,  Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии назди Донишгоҳ, Институти илмию тадқиқотӣ, Литсейи равияҳои табиию риёзӣ, Китобхонаи илмӣ ва электронӣ, Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ва тадқиқотӣ, марказҳои интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои лингофонӣ, марказҳои хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, бунгоҳи тиббӣ, Маҷмааи муосири варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад. Донишгоҳ барои донишҷӯён, магистрантон ва докторантони ватанию хориҷӣ беҳтарин хобгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосирро муҳаё, беш аз 2 ҳазору 500 устоду корманд ва наздик ба 23 ҳазор донишҷӯро муттаҳид ва тамоми шароити заруриро барои таълим фароҳам сохтааст. Таҳсил дар донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, беҳтарин омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба тадрис машғул мебошанд.

Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ДМТ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи он пешкаши хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” гардонда мешавад.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муҳтарам Насриддизода Эмомалӣ дар оғози суҳбат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳамасола 16-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, ба донишҷӯёну устодон ва кулли сокинони кишвар муборакбод гуфта, сулҳу суботи доимиро дар фазои мамлакат таманно намуд.

Ректори ДМТ Насриддинзода Эмомалӣ Донишгоҳро аз муассисаҳои пешоҳанги таҳсилоти олии касбии кишвар маҳсуб дониста, иброз намуд, ки фаъолияти ДМТ дар самтҳои таълим, илм, инноватсия, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати кишвар ва Оинномаи Донишгоҳ ба роҳ мондааст.

Маориф самти афзалиятноки рушди кишвар аст

-Соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 махсус ишора шуда, дар рушди он ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъули мақомоти идоракунии давлатӣ, соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим доранд. Вобаста ба ин, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, муассиси он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф, илму инноватсия дар амал татбиқ намуда, фаъолияти худро барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори мамлакат равона намудааст. Фаъолияти босамар ва натиҷабахши устодону кормандон ва муҳаққиқони ин боргоҳи илму маърифат буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар рӯзи 30-юми майи соли 2024 ба вижа қайд намуданд, ки “Устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф ғайр аз фаъолияти таълимӣ барои пешрафти илми мамлакат низ саҳми сазовори худро мегузоранд”. Аз ин баҳои баланди Пешвои муаззами миллат раёсат ва ҳайати омӯзгорону кормандон  ва муҳаққиқони  Донишгоҳ руҳу илҳоми тоза гирифта, тамоми саъю кӯшиш ва донишу малакаи касбии худро барои пешбурди фаъолияти муназзами таълимӣ, илмиву инноватсионӣ, тарбиявию идеологӣ ва анҷом додани таҳқиқоти илмии арзишмандро барои пешрафти Ватани азизамон  равона менамоянд. Соли 2024 барои ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон марҳилаи хотирмон ба ҳисоб меравад, зеро дар ин давра Донишгоҳ ба дастовардҳои муассир дар самтҳои таълим, илм, тарбия, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ноил гардид. Рушду пешрафти самтҳои фаъолияти Донишгоҳ аз татбиқи муназзам ва ҳадафмандонаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф маншаъ мегирад,-иброз намуд Ректори ДМТ Насриддинзода Эмомалӣ.

Дастовардҳои Донишгоҳ

Ректори ДМТ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз 20-уми июни соли 2024, ки лоиҳаи он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, аз муҳимтарин дастовардҳо барои Донишгоҳ дар соли равон медонад.

-Пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Қонуни мазкур минбаъд дар рушду пешрафти Донишгоҳ, тақвияту ташаккули самтҳои таълимию тарбиявӣ, илмию таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, молиявию хоҷагидории Донишгоҳ, ба талаботи ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани стандарт ва нақшаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони варзида ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори байналмилалии  меҳнат ва саҳми бориз гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф заминаи мусоид фароҳам меоварад. Таъмини шароити мусоиди зиндагии кормандони соҳаи илму маорифи кишвар зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола андозаи музди меҳнати онҳо баланд бардошта мешавад. Ин аст, ки соли 2024 музди меҳнати кормандони соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба андозаи 40% баланд гардид. Дар ин замина бо мақсади беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии омӯзгорону кормандони Донишгоҳ  шуруъ аз 1-уми июли соли 2024  музди маоши  онҳо, бо ташаббуси раёсат аз ҳисоби маблағҳои махсус, дар ҳаҷми 10% зиёд карда шуда, минбаъд низ зери таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти Донишгоҳ қарор дода мешавад,-гуфт ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ.

Ба андешаи ректори ДМТ, яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи илму маорифи ҷумҳурӣ мусоидат намудан ба зиёд шудани шумораи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошад. Ин масъала зимни мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар низ мавриди таъкид ва таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтааст.

-Дар партави ин таъкидҳо, раёсати ДМТ бо ҳадафи зиёд намудани теъдоди олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешид, ки он бо мақсади сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ ва қадршиносии маҳсули заҳмати илмии олимон як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намуд. Дар ин самт Шурои олимони Донишгоҳ аз 28. 02. 2024, таҳти №09 ташаббуси раёсати Донишгоҳро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи болозикр ҷонибдорӣ намуда, барои омӯзгорону кормандони асосии Донишгоҳ, ки дар соли 2024 рисолаҳои номзадиву доктори фалсафа (доктор аз рӯйи ихтисос PhD) ҳимоя менамоянд, аз 20 000 то 30 000 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки баланд бардоштани мақоми илми донишгоҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ, яке аз масъалаҳои дигари рушди илм дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани таъкиди мазкур, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмӣ, омода намудани ихтисосҳои нав барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ, баланд бардоштани рейтинги Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи илм дар истеҳсолот раёсати Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ тасмим гирифт, ки ҳавасмандгардонии устодону кормандони Донишгоҳ барои нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Scopus ва Web of Science-ро муқаррар намояд. Аз ҷумла, дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз 29.03.2024, таҳти №10 ба устодону кормандони асосии Донишгоҳ  мувофиқан 3000 сомонӣ барои мақолаи як муаллиф ва ҳангоми дар ҳаммуаллифӣ нашр намудани мақола 2000 сомонӣ тақдим мегардад,-иброз дошт ректори ДМТ.

Мақоми зан дар Донишгоҳ

Барои баланд бардоштани мақоми зан дар ДМТ, ки яке аз  самтҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, раёсати Донишгоҳ шароити мусоидро барои анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ  ва пажуҳиши масоили илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ фароҳам овардааст. Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва раёсати ДМТ аст, ки олимон ва занони муваффақи ин даргоҳ дар намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, дастовардҳои илмии эшон сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Дар ин робита ректори ДМТ аз профессорон М. Раҳимова ва С. Раҷабзода ёдовар шуд, ки моҳи феврали соли равон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт иштирок намуда, миёни намояндагони 65 давлати хориҷӣ сазовори 2 медали тиллои Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ гардиданд.

-Ҳамчунин, моҳи марти соли равон ихтироъкорони муваффақи Донишгоҳ Қурбонова М., Ёрмамадова С. ва Давлатшоева Ҷ. дар Форуми ихтироъкорон дар давлати Фаронса, ки бузургтарин намоишгоҳи махсуси ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар давлатҳои Аврупо ба ҳисоб рафта, ҳамасола миёни намояндагони 40 давлати ҷаҳон баргузор мегардад, фаъолона иштирок намуда, сазовори ду медали тилло ва як медали нуқра гардиданд. Боиси ифтихор аст, ки доктори илмҳои физика ва математикаи кафедраи физикаи ҳастаи Донишгоҳ профессор Солеҳзода Давлат Қувват дар озмуни Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод”-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, 18-уми июни соли равон ғолиби озмуни мазкур  гардид,-бо қаноатмандӣ иброз намуд Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ.

Ширкат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Иштироки устодону донишҷӯёни ДМТ дар озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ибтикороти назарраси Донишгоҳ мебошад. Дастаи Донишгоҳ дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат”, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олӣ, коллеҷҳо, инчунин, миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа гузаронида мешаванд, ширкат меварзад.

Мувофиқи маълумот, айни ҳол озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ҷамъбаст гардидааст, ки дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 12 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм) сазовор шудааст. Дастоварди дигари назарраси Донишгоҳ дар соли равон сазовори ҷойи аввал гардидани донишҷӯйи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Шукрона Тоҳирӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол-2024” мебошад.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Роҳбарияти Донишгоҳ мегӯяд, ки сафарҳои кории роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ба роҳ монда шудаанд.

-Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳост, ки айни замон ДМТ бо беш аз 250 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии давлатҳои хориҷӣ шартномаҳо ба тасвиб расонида, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самти таҳсилоти олӣ, пажӯҳиши илмӣ, анҷом додани лоиҳаҳои инноватсионӣ, татбиқи лоиҳаҳои грантӣ,  табодули устодону кормандон, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳияи барномаҳои муштараки таҳсилотӣ ба роҳ мондааст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба Донишгоҳ беш аз 90 нафар меҳмонони хориҷии сатҳи гуногун, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими пойтахт, олимону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олиии касбии хориҷӣ ташриф оварданд. Айни ҳол дар Донишгоҳ беш аз 300 шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси донишҷӯ, магистр, доктор PhD, докторанти анъанавӣ, унвонҷӯ, муҳаққиқ-коромӯз ва шунавандаи озод дар факултетҳои мухталиф ва Маркази омӯзиши забонҳои назди Донишгоҳ ба тадрис фаро гирифта шуданд. Имсол аввалин маротиба дар таърихи фаъолияти Донишгоҳ беш аз 70 шаҳрванди Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ихтисоси кори табобатии факултети тиббӣ ба таҳсил ҷалб шуданд, ки дар рушди барномаҳои табодулӣ бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи дуру наздик мусоидат хоҳад кард,-қайд намуд ректори ДМТ.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ намудааст. Дар ин давра Донишгоҳ аз Агентии аккредитатсионии аврупоии “ЕККА” ва чанде аз ихтисосҳои таълимӣ аз Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) гузаштанд. Раёсати Донишгоҳ дар самти боз ҳам гузаронидани ихтисосҳои дигари Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ тадбирҳои судманд андешида истодааст.

-Лозим ба ёддоварист, ки санаи 6-уми ноябри соли равон ширкати байналмилалии Quacquarelli Symonds (QS) рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Осиёро дар робита ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳҳо дар соли 2023 эълон дошт. Тибқи раддабандии мазкур, фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2023 миёни беш аз 2000 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии 60 давлати минтақаи Осиё мақоми 561-умро ишғол намуд. Умед дорем, ки дастовардҳои назарраси имсолаи ДМТ барои боло рафтани мақоми Донишгоҳ дар ин раддабандии ҷаҳонӣ дар соли 2025 такони ҷиддӣ хоҳад бахшид,-гуфт ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ.

Варзиш

Варзиш гарави солимии ҷомеа аст. Бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабул гардидани Қатъномаи махсус аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва эълон шудани рӯзи 25-уми май, ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” аз рӯйдодҳои дигари муҳим дар соҳаи варзишии олам ба ҳисоб меравад.

-Бо мақсади ҳамовозӣ аз ин ташаббуси созанда раёсати ДМТ дастаи футболи хурди Донишгоҳро таъсис дод ва ҷиҳати фаъолияти он миёни дастаҳои касбӣ барои машқу тамрин шароити мусоид фароҳам намуд. Маҳз таваҷҷуҳи раёсати Донишгоҳ дар ин самт буд, ки дастаи “Сомон”-и ДМТ аллакай дар даври чоруми лигаи олии футзали мамлакат қувваозмоӣ дорад. Руйдоди дигари муҳим ин бо санъати баланди меъмории миллӣ, аз ҳисоби маблағҳои худи Донишгоҳ бунёёди Маркази саломатӣ барои 300 нафар дар як баст мебошад, ки аллакай корҳои сохтмонӣ пурра ба итмом расидаанд,-иброз намуд ректори Донишгоҳ.

Соли маърифати ҳуқуқӣ

Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 дар Донишгоҳ гуруҳҳои корӣ ташкил шуда, “Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Фарҳанги истилоҳоти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” омода ва нашр шудаанд.

-Ҳамзамон, дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат беш аз 600 чорабинии гуногуни илмию таълимӣ, тарбиявию маърифатӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки ин иқдом идома дорад. Симои Донишгоҳро дастоварди таълимию методӣ, илмию инноватсионӣ ва байналмилалии ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён инъикос менамояд. Ҳайати устодону кормандон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори ин махзани илму маърифат ва даргоҳи нуру зиё пайваста кӯшиш намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пештара бештар саҳм гузошта истодаанд,-дар фарҷоми суҳбат иброз намуд, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь