Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Шарифзода Шамъигул Гадомад суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғоз қайд кард, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеаҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст”.

Ҳамзамон, дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат қайд карда шуд: “Аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд”.

Албатта, ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба соҳаи маориф моро водор месозад, ки беш аз пеш баҳри пешрафти соҳаи маориф талош намоем ва ҳам тамоми имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намоем.

Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Консепсияҳо, дастурҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар соли 2022 корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд.

Таҳия ва ба тавсиб расонидани нақша чорабиниҳо оид ба амали гардидани Паёми  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин иҷро ва амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, назорати раванди таълиму тарбия, сатҳи дониши хонандагон, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳурӣ, амалӣ гардидани барномаи компютеркунонӣ, дохилшавии хатмкунандагон ба мактабҳои олии кишвар ва берун аз он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Вазъ ва дурнамои соҳаи маориф

Дар рафти суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки бо оғози соли нави таҳсил машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ оғоз гардид. Риояи таъмини беҳдошти омӯзгор, хонандагон ва кормандон, ҳамзамон пешгирии бехатарӣ аз тарафи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва шахсони масъул зери назорати доимӣ қарор дода шудааст.

Дар тобеияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 2 гимназия ҷамъ 24 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 28359 нафар хонандагон фаъолият намуда истодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1318 нафар хонандагон зиёд мебошанд. Шумораи умумии омӯзгорон 1303 нафар аз ҷумла, 996 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, аз онҳо 1027 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ, 276 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият доранд.

Инчунин, 18 муассисаи давлатӣ томактаби ва 3 муассисаи хусусӣ таълимии томактабӣ бо фарогирии 3090 нафар тарбиятгирандагон фаъолият намуда истодааст. Барои таълиму тарбияи онҳо 222 нафар мураббияҳо кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 84 нафараш кормандони соҳаи омӯзгорӣ, аз ин шумора бо маълумоти олӣ 110 нафар, маълумоти миёнаи махсус 28 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамаи муассисаҳои тҳсилоти томактабии шаҳр бо ҳамшираи тиббӣ , омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ, омӯзгорони мусиқӣ таъмин мебошад. Омӯзиши фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ дар ҳама муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар шаҳри Бохтар 13 маркази инкишофи кӯдак дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамояд, ки шумораи умумии кӯдакон 500 нафарро ташкил медиҳад. Таълим дар марказҳои инкишофи кӯдак дар асоси “Барномаи рушди соҳаи муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2020-2025” ба роҳ монда шудааст.

Илова ба ин, шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар тибқи нақша бо мақсади иҷрои саривақтии талаботҳои қарори раиси вилояти Хатлон аз 15 марти соли 2021, №176 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, № 647 “Дар бораи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” тадбирҳо андешида, диққати асосиро ба масъалаҳои зерин равона кардааст.

– мустаҳкам намудани базаи моддӣ – техникии таълим;

-таъмини муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бо омӯзгорони соҳибмаълумоти касбии фанни забони тоҷикӣ (забони давлатӣ) барои синфҳои ғайритоҷикӣ;

-баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар таълими фанни забону адабиёти тоҷик ва забони давлатӣ;

-ташкили ҳафтаҳои фаннӣ

– баланд бардоштани сифати таълиму тарбия;

-таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва асбобҳои айёнии таълимӣ;

-расонидани ёрии методӣ ба роҳбарон, омӯзгорон, мудирон ва мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ;

– бозомӯзии омӯзгорон бахусус, омӯзгорони забони давлатӣ;

-тибқи талаботи замон ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ

Шароитҳои моддию техникии таълим дар муассисаҳои таълими зина ба зина беҳтару хубтар гардида истодааст. Синфхонаҳои фанни забони тоҷикӣ мутобиқ ба талаботи замон таҷҳизонида шуда, дарсҳо бо роҳу усулҳои нав ва бо истифода аз асбобҳои айёнӣ, шавқовар гузаронида мешаванд.

Фаъолияти пурсамари омӯзгорони соҳибмаълумоту пуртаҷриба Раҷабов А., Насруллоева Ш. аз литсейи давлатии “Ориёно”-и шаҳри Бохтар, Шобалхиева З., Ҳукумов Б., аз литсейи давлатии №1 ва даҳҳо омӯзгорони дигари муассисаҳои таълимии шаҳр зикр кардан меарзад, ки тавассути донишҳои мукаммал доир ба асосҳои назариявии илми забон ва адабиёт ва дигар фанҳои таълимӣ бо ташкили кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ ва бо истифода аз усулҳои самарабахши таълим тавонистаанд дар рушди забони давлатӣ саҳмгузорӣ намоянд.

Натиҷаи фаъолияти пурсамари чунин омӯзгорон дар дониши хуб доштани шогирдонашон аст, ки дар рафти Олимпиадаи фаннии хонандагон ва озмунҳои гуногун доир ба муайян намудани дараҷаи дониши мактаббачагон арзёбӣ карда мешаванд.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон доданд, ки фаъолияти кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ва ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дар бобати амалигардонии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” ва омӯзиши забони давлатӣ нисбатан беҳтар гардид. Ин аст, ки имрӯз масъалаи таъминоти кадрӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таълимии шаҳр пурра ҳалли худро ёфтааст.

Эҳтиром ба забони модарӣомили худшиносии миллӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки мусаллам аст, ки дар дониши хуб гирифтани хонандагон дараҷаи дониш ва маҳорати касбии омӯзгорон аҳамияти махсусро доро мебошад. Аз ҷумла, дар давоми солҳои татбиқи барнома давра ба давра омӯзгорони фанни забони давлатӣ ва забон ва адабиёти тоҷикии муассисаҳои таълимии шаҳр ба курсҳои такмили ихтисоси Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри ва филиалҳои он дар шаҳри Бохтар фаро гирифта шуданд.

Бояд қайд намуд, ки шуъбаи маорифи шаҳр дар доираи амалӣ намудани чорабиниҳои рушди забони давлатӣ, барои баланд бардоштани завқу шавқи забономӯзии хонандагон, эҳтиром ба забони давлатӣ ва дарёфти бачагони болаёқат озмунҳои вилоятии “Донишвари умедбахш”, “Хатти зебо”-ро барои зинаи аввали таҳсилот ва “Забондонӣ-ҷаҳондонӣ”,”Луғатдони беҳтарин”, “Навқалами умедбахш”,  “Иншои беҳтарин” ва “Суханвар”-ро байни хонандагони зинаи дуввум ва сеюми таҳсилот роҳандозӣ намудаанд.

Ҳамасола дар моҳҳои сентябр-октябр дар доираи чорбиниҳои таҷлили “Рӯзи забони давлатӣ” дар муассисаҳои таълимии шаҳр “Ҳафтаи забон” ташкил карда шуда, бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ маҳфилу озмунҳо ва конференсияҳои гуногуни маърифатӣ доир карда мешаванд, ки ҷиҳати омӯзиши забони модарӣ ва баланд гардидани эҳсоси ватандӯстию ватанпарварӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба забони давлатӣ мусоидаткунанда мебошанд.

Илова бар ин, дар давраи тадбиқи “Барномаи рушди забони давлатӣ”  тибқи нақшаи кабинетҳои методии шуъбаи маорифи шаҳр ва мушовирони кабинетҳои методии шаҳр семинарҳои доимоамалкунандаи омӯзишию методӣ бо роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанни забону адабиёт ва забони давлатии муассисаҳои таълимӣ ташкил ва баргузор карда шуданд. Дар онҳо маърӯзаҳои гуногуни дастурӣ ва методӣ баррасӣ карда шуда, ба бисёр масъалаҳои таълими ин фан ба омӯзгорони ҷавону навкор кӯмак расонида мешавад.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” дар ҳаммаи муассисаҳои таълимию томактабии шаҳр гӯшаҳои “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Имлои забони тоҷикӣ” ва амсоли инҳо ба таври наву замонавӣ таҷҳизонида шудааст.

Боиси зикр аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр иттиҳодияи методии фанни забон ва адабиёти тоҷик ба роҳ монда шудааст, ки дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои омӯзиши асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва маводҳои методӣ, интихоби мундариҷа ва таҳияи нақшаҳои тақвимии омӯзгорон, тавсия ва худомӯзии омӯзгорон, таҳия ва тасдиқи маводи аттестатсионӣ барои аттестатсияҳои шифоҳӣ, иштирок ба дарсҳои якдигар ва дигар масоили мубрами рӯз аҳамияти даркорӣ дода шуда, ҳаллу фасл мешаванд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва худогоҳӣ

Дар рафти суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки инчунин, ҷиҳати баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ дар моҳи феврал дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо иштироки ҷанговарони башардӯст озмуни ҳарбиюу варзишии “Ватанпарвар” гузаронида шуд. Рафти баргузории чорабиниҳои мазкур тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш карда шуд.

Дар моҳи март бахшида ба рӯзи “Модар” ва “Наврӯзи байналмилалӣ” низ аз тарафи шуъбаи маориф ва масъулини муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардид.

Бояд зикр намуд, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ хонишҳои дурӯза ва машварати васеи кормандони соҳаи маориф бо як шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид ва зиёда аз 85 нафар беҳтаринҳо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия, иҷроиши Қарору Қонунҳои соҳавӣ, Барномаҳои давлатӣ дар соли 2022 баҳри такмили маҳорати касбии омӯзгорон зиёда аз 228 нафар омӯзгорони фанҳои гуногун аз курсҳои такмили ихттисос гузаронида шудаанд.

 Либоси ягонаи мактабӣ

Ҳамзамон, мавсуф зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи тасдиқнамудаи раиси шаҳри Бохтар доир ба таъминоти хонандагон бо либоси мактабӣ тавассути корхонаҳои маҳаллӣ, инчунин мактуби Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 11 апрели соли 2022 №268, оид ба бастани шартнома бо корхонаҳои дӯзандагӣ истеҳсоли ватанӣ ҷиҳати таъмини хонандагон ба сару либоси ягонаи мактабӣ барои соли таҳсили 2022-2023-ро ба инобат гирифта, як қатор корҳоро ба сомон расонида истодааст.

Инчунин, масъулини шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо намояндагони корхонаҳои дузандагӣ ва директорони муассисаҳои таълимӣ намоиши духти либоси мактабиро барои соли нави таҳсил дар муассисаҳо ба роҳ мондаанд. Аз теъдоди 69,400 адад либоси ягонаи мактабӣ то ба имрӯз раванди иҷрои нақшаи таъмини либоси мактабӣ 100% иҷро гардидааст.

Иштирок дар олимпиадаҳо ва озмунҳо

Номбурда дар идомаи суҳбат гуфт, қайд кардан ба маврид аст, ки имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва кори хуби омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр нишон дод, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар соли 2021-2022, дар олимпиадаҳои ҷумҳурияви ва байналмилали фаъолона иштирок намуда, сазовори 231 адад медал гардидаанд. Медали тилло – 11 адад; Медали нуқра – 17 адад; Медали биринҷи – 55 адад; Олимпиадаи байналмилали: медали алмосӣ – 1 адад; медали тилло – 20 адад; медали нуқра – 20 адад; медали биринҷӣ – 107 адад;

Ҳамзамон, иштироки хонандагон дар озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” бармало дида мешавад, ки дар соли 2022, аз озмуни сатҳи ҷумҳурӣ 2 нафар ҷойи 2, 4 нафар ҷойи 3, 4 нафар ифтихорӣ гардиданд.

Бунёдкорӣ ва омодагӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки ҷиҳати таъмир ва омодагии муассисаҳо ба соли таҳсили 2022-2023 низ қайд кардан ба маврид аст, ки чун ҳамасола таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ бо кӯмаку дастгириҳои падару модарон, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва сметаҳои хароҷотии худи муассисаҳо оғоз мегардад. Аз буҷети маҳалли барои муассисаҳои таълимӣ 550,866 ҳазор сомонӣ ва муассисаҳои томактабӣ 483,250 ҳазор сомонӣ дар умум як 1 милиону 34, ҳазор 116 сомонӣ ҷудо гардидааст. Айни замон ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳр аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.

Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, мувофиқи нақша дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ 304 тонна ангишт ва 304 метри кубӣ ҳезум, барои бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ 581 адад печҳои барқӣ, 539 адад печҳои аловӣ, ҳолати шишабандӣ тибқи нақша 166 м2 нақшабандӣ гардидааст. Раванди иҷроиши нақша пурра иҷро гардидааст.

Кабинетҳои фаннӣ

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки қайд кардан ба маврид аст, ки барои ташкили кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ директорони муассисаҳои таълимии шаҳр дастуру супоришҳо гирифта буданд. Вобаста ба шароиту имкониятҳои молиявӣ дар ҳар як муассисаи таълимӣ дар мувофиқа бо директорони муассисаҳо ташкили кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ба нақша гирифта шуда, марҳила ба марҳила иҷро гардида истодааст. Дар соли 2022, тибқи нақша 25 адад кабинетҳои фаннӣ 1 адад озмоишгоҳи таълимӣ директорони муассисаҳои таълимии шаҳр дастуру супоришҳо гирифта буданд. Тибқи маълумоти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ 19 адад кабинетҳои фаннӣ ташкил карда шудааст.

Дар самти амалишвии “Барномаи давлатии кампютеркунонӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар пешравиҳо ба назар мерасад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони Маркази технологияи иттилоотии назди шуъбаи маориф дар муассиаҳои таълимӣ харидории компютерҳо дар соли 2022, 137 ададро дар бар мегирад, ки 100% нақша иҷро гардидааст. Дар муассисаҳо 5 семенар-машварат баргузор намуда 44 адад компютерҳои таъмирталаби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз таъмир бароварда шуд.

Натиҷагирӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки дар соли 2022 – ҷиҳати дохилшавии хатмкунандагони синфи 11 ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касби тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дар давраи ҳисоботӣ аз 1445 нафар хонандагони синфи 11, ки аз ин шумора  628 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд ба Донишгоҳҳои олӣ 929 (аз ин духтарон 416) ё 45 %, колеҷҳо 111 ( аз ин духтарон 88) ё 79 %, мақомотҳои қудратӣ 6  ва ба хориҷи кишвар 160 (аз ин духтарон 33 ) ё 21% дохил шуданд, ки дар маҷмуъ  1260 (аз ин духтарон 537) нафар дохил шуданд, ки ин 83,5 % -и дохилшавиро ташкил медиҳанд.

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар соли таҳсили 2022-2023 ҷамъи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Бохтар 28 ҳазору 359 нафар (аз ҷумла 2 ҳазору 893 нафар хонандагони синфҳои 1)-ро ташкил дода, аз ин теъдод, 22764 нафар дар ҷамбасти чоряки якум, нимсолаи як иштирок намуданд, ки он (89%) аз ин бо баҳои “5” 2355 (10 %) нафар, “4” 9351 (41%) нафар, “3” 10821 (47.5 %) нафар, “2” 51 (0.2%) нафарро ташкил намуда, сифатноки дар миқёси шаҳр 51,4 % ва дараҷаи азхудкунии дониш 99 % -ро ташкил намуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки вобаста ба иҷрои Барномаи давлатии Рушди маорифи вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар дар соли 2022, аз тарафи Федератсияи Россия бошад барои 1224 нафар хонанда муассисаи таълимӣ бо забони русӣ дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо ба нақша гирифта шуда буд ва дар соли таҳсили навӣ хониш сохта ба истифода дода шуд, айни замон хонандагон дар ин муассисаи мазкур ба таълиму тарбия фарогир шудаанд.

Инчунин, бахшида ба ҷашнҳои сиёсию фарҳангӣ рӯзҳои шанбе корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ҳудудҳои заминҳои вобастагардида, дар назди шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дар шаҳр шанбеги гузаронида шудаистодааст. Дар шанбеги кормандони шуъбаи маориф директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ фаъолона иштирок намуда, дар ҳудудҳои заминҳои вобастагардида, дар назди шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ тоза кардани алафҳои бегона, нарм кардани дарахтон, шинонидани гулҳо ва тоза намудани гирду атрофи мактабҳо корбарӣ намудаистодаанд.

Дар фароварди суҳбат номбурда изҳор дошт, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва инчунин татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳо васеъ истифода намуда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь