Олими пуркор, донишманди нуктасанҷ ва инсони соҳибзавқ Равшани Раҳмонӣ дар рушди илмҳои адабиётшиносӣ, мардумшиносӣ, фолклоршиносӣ, шарқшиносӣ, таърихнигорӣ, забоншиносӣ, матншиносӣ, робитаҳои адабии кишварҳои Шарқу Ғарб саҳми арзанда гузошта, ҳамчун муҳаққиқ ва пажуҳишгари асил кайҳо дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Ӯро дар марказҳои эроншиносии бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Австарлия, Амрико, Олмон, Россия, Фаронса, Ҳиндустон, Шеведсия ҳамчун муҳаққиқи фолклори мардумӣ эътироф кардаанд. Вай дар бисёре аз конфронсу симпозимуҳои илмии байналмилаливу минтақавӣ даъват шуда, тавассути гузоришу мақолаҳои илмиву пажуҳиши ганҷинаи осори шифоҳии халқи тоҷикро муаррифӣ кардааст. Дар Тоҷикистони азиз бошад, доираҳои илмиву адабӣ ба мақолаву пажуҳиш, рисолаву очеркҳои илмӣ, китобу дастурҳои методӣ ва рисолаву монографияҳои ӯ кайҳо боз шинос мебошанд ва ҳар таълифоти навашро бесаброна интизорӣ мекашанд.
Равшани Раҳмонӣ (Раҳмонов Равшан Қаҳҳорович) зодаи деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, баъди хатми мактаби деҳа ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро бо муваффақият ба поён мерасонад ва дар ҳамин Донишгоҳ аз дараҷаи лаборанти кафедра то ба дараҷаи доктори илмҳои филологӣ, профессор мерасад. Донишманди нуктасанҷ имрӯзҳо дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи мазкур фаъолият дорад. Мавсуф бо пиндору гуфтору рафтори шоистааш маҳбуби аҳли Донишгоҳу факултет мебошад ва дар тарбияи садҳо нафар ҷавонони адабдӯсти кишвар саҳми муносиб ва арзанда гузоштаасту хоҳад гузошт.
Равшани Раҳмонӣ ҳангоми дар Пуҳантуни Кобули (Донишгоҳи Кобул) Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (солҳои 1981-1985) фаъолият карданаш баробари тарҷумонӣ фанни фолклорро вориди низоми таълими Донишгоҳи мазкур намуда, бо ёрии донишҷӯён аз миёни омма қариб 100 дафтар маводи фолклорӣ гирд овардааст. Ҳамзамон, ҳамроҳи профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ китоби «Тоҷикон»-и Б.Ғафуровро аз алифбои криллӣ ба алифбои форсӣ баргардон кардааст.
Дар ҳамон давра чопи китоби аллома Бобоҷон Ғафуров барои мардуми тоҷики Афғонистон ҳамчун сарчашмаи нодири таърихи бостон ва дастоварди бузург ба шумор мерафт. Китоби мазкур дар миёни олимону донишмандон ва зиёиёни пешқадами тоҷиктабори Афғонистон алоқамандии зиёдеро ба вуҷуд овард. Ба гуфти шодравон Восифи Бохтарӣ, чопи китоби «Тоҷикон» бисёр масъалаҳои норавшани таърихи мардуми Афғонистонро равшан кард ва интишори он тоҷиконро руҳбаланд намуд. Воқеан, аксари олимони Афғонистон ва муҳаққиқони таърихи бостони ин кишвар хуб дар хотир доранд, ки бо ташаббуси аллома Бобоҷон Ғафуров симпозими байналмилалии омӯзиши замони Кӯшониён баргузор гардида буд ва дар ин давра бисёр донишмандони Афғонистон, бахусус таърихшиносону бостоншиносон дар ҳамоиши мазкур фаъолона иштирок варзида, бисёр мақолаву рисолаҳо таълиф намуданд.
Ҳамин ихлосмандӣ ба таъриху адабиёт ва муҳаббат ба осори шифоҳиву мардумӣ завқи Равшани ҷавону меҳнатдӯстро ба корҳои илмӣ бедор кард ва ӯ ба Москва рафта, аввал ба сифати коромӯз-муҳаққиқ дар кафедраи эроншиносии Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов корро оғоз мекунад ва аз моҳи ноябри соли 1986 ба аспирантураи бахши рӯзонаи Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дохил шуда, зери роҳбарии донишманди маъруф В. Б. Никитина ба таҳқиқи фолклори даризабонони Афғонистон машғул мешавад ва баъди се соли таҳсил рисолаи илмиашро бомуваффақият дифоъ менамояд.
Дар Москва Равшан Раҳмонӣ баробари омӯхтани мероси ғании фолклори даризабонҳои Афғонистон ба макатби бузурги фолклоршиносии рус пурратар шиносоӣ пайдо карда, маводи зиёди илмиву адабиро ҷамъоварӣ ва чандин мақолаву рисола таҳия ва нашр мекунад.
Баъди бо муваффақият ҳимоя кардани рисолаи номзадӣ Равшани Раҳмонӣ ба Донишгоҳи азизаш баргашта, фаъолияти педагогиву илмиашро аввал дар кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳи Иттиҳоди Шуравӣ ва пасон дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷкии факултаи филология идома медиҳад.
Ҳамин меҳнати самарабахш ва ҷустуҷӯҳои илмӣ имкон медиҳанд, ки Равшани Раҳмонӣ соли 1998 рисолаи докториашро зери назари мушовирони илмӣ, академик Р. Амонов ва профессор В. Асрорӣ дар Институти забон ва адабиёт ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Афсонаҳои мардуми форсизабон дар сабти имрӯз» (Масъалаҳои истилоҳ, хусусият, таърих, репертуар, вазъият ва маҳорати афсонагӯён дар асоси пажуҳиши майдонӣ), аз рӯйи ихтисосҳои 10.01.09 – Фолклоршиносӣ; 10.01.06 – Адабиёти халқҳои хориҷии Осиё ва Африқо сарбаландона ҳимоя намояд ва ба мақоми баланди илмӣ – доктори илмҳои филология сазовор гардад.
Муҳаққиқи заҳматпеша дар ин давра баробари омода кардани рисолаи докторӣ маҷмуаҳо, китобу монографияҳои зиёдеро таълиф менамояд. Махсусан, китобҳои ӯ «Афсонаҳои дарӣ» (Ҷумҳурии Исломии Эрон, интишороти «Сурӯш», 1995), «Шугҳои Бухоро дар сабти Равшани Раҳмонӣ» (1997), «Қиссаҳо, ривоятҳо ва дуоҳои Бухоро дар сабти Раҳмонӣ» (1998), монографияи «Афсона ва афсонагӯёни мардуми форсизабон” (ба забони русӣ, Москва, 1998), “Масъалаҳои назму насри шифоҳӣ дар эҷодиёти мардуми форсизабон” (ба забони русӣ, Москва, 2000) дар омӯзиши адабиёти гуфторӣ ва навишторӣ мавқеи шоиста касб кардаанд. Дар маҷмуаи «Афсонаҳои дарӣ» муҳаққиқ шакли комилан нави таҳқиқро пеша карда, бо равиши илмӣ 90 матнро бо лаҳҷаҳои гуногуни даризабонони Афғонистон сабт ва нашр намудааст.
Солҳои аввали дуҳазорум фаъолияти илмиву педагогии профессор Равшани Раҳмонӣ боз ҳам васеъ мегардад. Дар ин давра баробари таълиму тарбияи донишҷӯён ба таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни фолклор машғул шуда, таҷрибаи назариявии азбаркардаи хешро дар таълифи рисолаву мақолаҳои илмиаш сарф менамояд ва муваффақ ҳам мегардад. Дар ин давра ӯ рисолаи «Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажуҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон» (2001)-ро аз чоп мебарорад, ки ҳамон сол дар Теҳрон ҳам ба нашр мерасад.
Дар асарҳои дигари вай «Насри гуфтории тоҷикони Бухоро (Пажуҳиш ва матнҳо) (2015), «Афсонашиноси ҷаҳонӣ» (Гуфтугӯ бо профессор Улриш Марзулф (Ulrich Marzolph) (2015), «Афсона дарси зиндагист” (2015), «Пажуҳишгари пуркори афсонашиносӣ” (2018), «Эроншиносӣ дар Суед” (2018) ва ғайра моҳияти гирдоварии матнҳо, жанрҳои ҷудогона, робитаи фолклоршиносон, масъалаҳои назарӣ ва амалии фолклоршиносӣ таҳқиқ гардидааст. Дар заминаи пажуҳишҳои Равшани Раҳмонӣ ҳаминро бояд илова намуд, ки фолклор ва фолклоршиносӣ баъди олимони шинохта Раҷаб Амонов, Воҳид Асрорӣ тавассути таҳқиқу омӯзиши ин олими сермаҳсул комилтар гардид ва ҷанбаҳои амиқи пажуҳиширо соҳиб шуд ва ба кишварҳои хориҷӣ муаррифӣ гардид.
Ба ғайр аз ин, профессор Равшани Раҳмонӣ ҳангоми нашр ва таҳқиқи матнҳои фолклорӣ ҳатман ташреҳ ва тафсири этнографиро ба инобат гирифта, онро муфассал шарҳ медиҳад. Чунончи, вай дар китоби «Занҳои афсонагӯи тоҷик: афсона дар суннат» (Дар асоси сабти видео, ба забони англисӣ, 2002) доир ба маросими «Бибимушкилкушо» ҳамчун мардумшинос изҳори назар менамояд.
Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо кӯшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада аз нав эҳё гардиданд, ки Равшани Раҳмонӣ дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ, фолклорӣ, дар бораи моҳияту аҳаммияти ин ҷашнҳо мақолаҳои зиёд таълиф намудааст. Ҳамчунин дар китобҳои «Меҳргон дар Тоҷикистон» (2018) ва “Сада дар Тоҷикистон” (2024), ки дар ҳаммуаллифӣ бо академик Абдуҷаббор Раҳмонзода таълиф шудааст, дар асоси маводи илмиву адабӣ оид ба таърихии ин ҷашнҳои бостонӣ маълумот дода шудааст. Муаллифон дар китобҳои мазкур ба эҳёи ҷашнҳои Меҳрогон ва Сада дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бозсозии суннатҳои пешинаро дар даврони муосир шарҳ медиҳанд. Дар ҳамин замина муҳаққиқиқон доир ба ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Тиргон низ мақолаҳои алоҳида чоп кардаанд, ки ҳар кадом дар бораи таърихи пайдоиши ойинҳои миллӣ ва мавқеъ пайдо кардани онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ маълумоти фаровон медиҳанд.
Профессор Равшани Раҳмонӣ доир ба фолклори тоҷикони Ӯзбекистон низ китоберо бо номи «Наврӯз дар Ӯзбекистон» (2019) интишор намудааст, ки дар бораи баргузории Наврӯз дар минтақаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон маълумот медиҳад.
Олими пуркору заҳматпеша дар нашри “Энсилопедияи миллии тоҷик” ва ба хусус «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», ки то имрӯз ҳафт ҷилди он ба нашр расид, фаъолона иштирок карда, бисёр мақолаҳои ба қисмати фолклор ва мардумшиносӣ алоқамандро таълиф кардааст, ки миқдори онҳо ба 700 мерасад.
Китобҳои муҳаққиқ, аз ҷумла, «Омӯзиш ва таҳқиқи фулклури даризабонони Афғонистон» (1984), «Намунаҳои фолклори даризабонон» (1984, ба хатти форсӣ), «Шавғот: афсонаҳои форсӣ ва маҳорати як афсонапардози эронӣ» (1996), «Афсонаҳои дарӣ» (1995, 1998, ба хатти форсӣ), «Замоне бо Ғафуров ҳамкор будам» (мусоҳиба бо шарқшинос Ҷ.Дуррӣ, 2009), «Афсонашиноси ҷаҳонӣ» (гуфтугӯ бо шарқшинос У.Марзулф, 2015), «Афсона дарси зиндагист» (2015), «Гуфторе чанд аз эроншиносӣ дар Шведсия» (2018) аз зумраи асарҳое мебошанд, ки дар илми шарқшиносӣ машҳур шудаанд ва доираи фаъолияти илмии муҳаққиқро дар ин самт васеъ гардонидаанд.
Ба сифати адабиётшинос профессор Равшани Раҳмонӣ мақола ва татқиқоти пурарзишро ба анҷом расонида, дар рушди ин соҳа низ ҳиссаи сазовор гузоштааст. Вай дар асару мақолаҳояш робитаи фолклорро бо адабиёти бадеӣ шарҳ дода, аз сарчашмаҳои фарҳангию адабии ниёгон, ба монанди «Авесто», «Бундиҳишн», «Худойнома» ёд карда, онҳоро ҳамчун сарчашмаи нодир барои рушди адабиёти навишторӣ муҳим ва арзишманд муаррифӣ менамояд. Ӯ дар чандин мақолаҳои худ ба осори Рӯдакӣ такия карда, исбот менамояд, ки адиби оламшумул, сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдулло Рӯдакӣ аз суннатҳои мардумӣ, ҷашнҳои бостонӣ, унсурҳои фолклорӣ дар ашъораш моҳирона истифода кардааст ва шеъри худро боз ҳам рангину дилнишин гардонидааст.
Як қисми дигари таълифоти адабиётшиносии профессор Равшани Раҳмониро таҳқиқи осори адибони ҳамзабони Эрону Афғонистон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, китоби ӯ «Фарёди бесадо» (2011) гуфтугӯ бо адиби номдори Афғонистон Асадулло Ҳабиб буда, оид ба рӯзгор ва осори эшон маълумот медиҳад. Устод Равшан Раҳмонӣ ҳамчунин дар чанде аз мақолаҳои худ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти адибони эронӣ, аз қабили Сиёвуши Касроӣ, Кору Коропат Дардариён, Фаридун Кор, Лайло Касрӣ, Дорюши Коргар
Профессор Равшани Раҳмонӣ дар навиштаҳои илмии худ доир ба баъзе қисмҳои муҳимми забоншиносӣ, аз ҷумла забоншиносии иҷтимоӣ (сотсио-лингвистика), забоншиносии қавмӣ (этнолингвистика), забонишносии фолклорӣ (лингвофолклористика) изҳори андеша карда, таъкид менамояд, ки забоншиносони тоҷик ҳангоми таҳқиқи соҳаҳои мазкур бояд забони матнҳои фолклориро фаромӯш накунанд. Ба гуфти донишманд маводи фолклорӣ яке аз сарчашмаҳои муҳимми риштаҳои номбурдаи забоншиносӣ ба шумор меравад. Дар ин самт рисолаи назарии ӯ “Лигвофолклористика, этнолингвистика ва фолклор” (2022), ки ба масъалаҳои назарии забон осори фолклорӣ ва фолклор дар байни гурӯҳи мардум сухан рафтааст, ҷойгоҳи вижаеро доро мебшад.
Дар қисми дигари навиштаҳои Раҳмонӣ масъалаҳои равобити фарҳангию адабӣ, мавриди таҳқиқ ва таблиғ қарор гирифтааст. Дар ин маврид метавон аз таълифҳои вай зери унвони «Алпомиш», «Анҷумани форсизабонон дар Тифлис», «Асосгузори салтанати Деҳлӣ тоҷикҳо буданд», «Аъзои нави Анҷумани Пайванд», «Белорусҳо», «Бобул», «Бобулистон», «Восифи ҳаёти нав (Ба муносибати 70-солагии Ҳамид Олимҷон)», «Гендер ва афсонаҳои тоҷикӣ», «Гуфторҳо аз тоҷикон дар Шведсия ва Италия», «Гуфтугӯи тамаддунҳо дар Анҷумани Пайванд», «Дар сари турбати Мавлоно», «Дӯст дорам, биёям ба Тоҷикистон», «Забони форсӣ дар Ҳиндустон», «Мавлоно – пайвандгари фарҳанги Тоҷикистону Туркия», «Манзараҳои Рига», «Мулоқот дар рӯзҳои ҳафтумин ҳамоиши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд», «Фолклори тоҷик дар Амрико», «Хоҷа Насриддин», «Хонавода, фолклор ва интернет» метавон ёдовар шуд.
Як қисми густурдаи фаъолияти эҷодии профессор Равшан Раҳмониро маҳорати рӯзноманигории ӯ ташкил медиҳанд. Вай аз соли 1976 шурӯъ карда, ба фаъолияти рӯноманигорӣ машғул шуда, бо имкони муносиб то ба имрӯз дар мавзуъҳои гуногуни рӯз мақолаҳои публистистӣ, очерк, хабар, гузориш ва лавҳаҳо таълиф менамоядХушбахтона, профессор Равшани Раҳмонӣ аз соли 1993 узви Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқи журналистон ва аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Вай инчунин узви чандин шӯроҳои диссертатсионии рисолаҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ва доктори илмҳои филологӣ маҳсуб меёбад.
Заҳмати бисёрҷониба ва серпаҳлуи профессор Равшани Раҳмонӣ бо иифтихорномаву ҷоизаҳо қадрдонӣ шудаанд. Вай соли 1985 барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва тарбияи кадрҳои миллӣ дар таҳсилоти олии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон сазовори “Ифтихорнома”-и Раиси Иттифоқи касабаи Сафорати СССР дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон гардидааст. Худи ҳамон сол, соҳиби “Ифтихорнома”-и Комитети Марказии ВЛКСМ шудааст. Соли 2003 китоби ӯ «Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажуҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон» сазовори Ҷоизаи байналмилалии пажуҳиши фарҳангии баргузидаи сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон гардидааст. Вай инчунин бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. Профессор Равшани Раҳмонӣ соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени “Дӯстӣ”мукофотонида шудааст.
Мо дар ин рӯзҳои неку фархунда ба олими сермаҳсул, донишманди заҳматкаш ва муҳаққиқи кашшоф профессор Равшани Раҳмонӣ саломатӣ орзу карда, дар корҳои илмӣ ва таълимиашон барору комёбиҳоро таманно менамоем ва аз номи шоир мегӯем, ки: “Илмат ба амал чу ёргардад, Қадри ту яке ҳазор гардад”. Ҷашн муборак!
АБДУҶАББОР РАҲМОНЗОДА,
академики АМИТ, профессор
АЛАМХОН КӮЧАРЗОДА,
профессори ДМТ, узви вобастаи АМИТ