Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Хайруллоев Саъдулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Нахуст номбурда қайд кард, ки шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара фаъолияти кории худро ҷиҳати иҷрои муҳтавои Паём бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ба маълумотатон мерасонад, ки кормандони шуъбаи маориф бо роҳбарии мудири шуъбаи маорифи ноҳия барои дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмони Олиқадр барои ба истифода додани биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11, 15, 24, муассисаҳои навтаъсиси таълимии №85, 86, 87 дар деҳаи Шоҳбур-2, Навободи ҷамоати Исмат Шарифов, Охунбобои ҷамоати Сафобахш, Мактаб-интернат дар деҳаи Ғарғараи ҷамоатии деҳоти Корез ва кӯдакистонҳои навтаъсиси №7, 8, 9 дар деҳаҳои Алиҷони ҷамоати деҳоти Пушинг, Булёни боло ва Булёни поёни ҷамоати деҳоти Исмат Шарифов тамоми чораҳоро андешида, муассисаҳои мазкур бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд. Инчунин дар доираи сафари кории Пешвои миллат дар таърихи рӯзи 19.09.2024 биноҳои нави муассисаҳои таълимии №35, 36, 46 дар деҳаҳои Остона, Оламафрӯзи ҷамоати деҳоти Лолазор ва Сафедсанги ҷамоати деҳоти Лоҳур бо иштироки вазири маориф ва раиси вилояти Хатлон ифтитоҳ гардиданд.
Дар ин давра мудири шуъбаи маориф дар Шӯроҳои шуъбаи маориф, ҷаласаҳои назди мудир ва Ситоди доимоамалкунандаи бартарафсозии мушкилоти соҳаи маорифи назди шуъбаи маорифи ноҳия ба директорони муассисаҳои таълимӣ, мушовирони шуъбаи маориф дар самтҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, бо аттестати аъло ва медали тилло хатм намудани хонандагон муассисаи таълимиро, зимистонгузаронӣ, сару либоси ягонаи мактабӣ, давомоти омӯзгорону хонандагон, пешгирии ҷавонон аз ҳаргуна равияҳои тундрав (террористӣ, экстремистӣ), ҳуҷҷатгузории фаъолияти муассиса, Стандарти ягонаи таҳсилот, ҷобаҷогӯзории соатҳои дарсӣ ба омӯзгорон тибқи ихтисос, ҷоннок намудани фаъолияти кори созмонҳои талабагӣ, Шӯрои дӯхтарон, гузаронидани соатҳои хонишҳои сиёсӣ, пешгирии ноболиғон аз таълимоти ғайрирасмии диннӣ, худкӯшӣ, харидории таҷҳизот, иваз намудани шиору овезаҳои фарсуда, ташкил намудани аксияҳои тозагии маҳал фориғ аз дарс, риояи мақсадноки сметаи хароҷотҳо, омода намудани довталабон ба Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт ҷавоб гардонидан ба мактубҳо, Барномаҳои соҳавӣ, назорати ҷиддӣ оиди рафти сохтмони муассисаҳои таълимии навтаъсис ба шахсони вобастакардашуда дастуру супоришҳо дода истодаанд.
Базаи кадрӣ
Мавсуф афзуд, ки тибқи маълумотномаи сармутахассиси шуъбаи кадрҳо дар давоми даҳ моҳи соли 2024 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 667 нафар омӯзгорон ба кор қабул карда шуда, 190 нафар омӯзгорон бинобар сабабҳои иваз намудани ҷойи зист ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан бо хоҳиши худ аз кор озод карда шуданд, эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ айни замон 4 нафарро ташкил дода истодааст.
То ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 2392 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 1323 нафар зан фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 1770 нафар дорои таҳсилоти олӣ ва 622 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.
Таълимгоҳҳо ва донишандӯзон
Номбурда изҳор дошт, ки дар ноҳия 89 муассисаи таълимӣ аз ҷумла, 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 Гимназияи ҷумҳуриявӣ, 1 Литсейи тамоюли техникӣ, 1 Мактаби Президентӣ ва 1 Мактаб-интернат фаъолият менамояд.
Соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳоли таълимӣ 51157 хонанда, аз ҷумла 24683 духтар ба таълим фаро гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли таҳсили 2023-2024, 2626 нафар зиёд мебошанд.
Соли 2023 синфи 9-ро 3573 нафар хонанда хатм намуда, 3053 нафар (1456 нафар духтарон) таҳсилро дар синфи 10 идома дода истода, 485 нафарашон ба муаасисаҳои миёнаи касбӣ дохил шуда, 2 нафар фавтидаанд, 33 нафари дигар ба муассисаҳои таълимии дигар шаҳру ноҳияҳо ба таълим фаро гирифта шуданд.
Муассисаҳои томактабӣ ва Маркази инкишофи кӯдак
-Дар ноҳия 7 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар маҷмӯъ 1078 нафар кӯдаки синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаст. Ҳамзамон, бо мақсади фарогирии ҳарчӣ бештари кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия, алҳол дар назди муассисаи таълимии ноҳия 79 Маркази инкишофи кӯдак (112 гурӯҳ) ташкил шуда, 2922 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Айни замон 4000 (1863 духтар) нафар кӯдаки синни томаткабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст,- афзуд номбурда.
Олимпиадаҳои фаннӣ
Дар идомаи суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки дар ин муддат даври вилоятии олимпиадаи фаннии мактаббачагон аз ҳамаи фанҳои таълимӣ дар байни хонандагони синфҳои 5-11 пурра ҷамъбаст гардид, ки дар он 150 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва 35 нафар иловатан роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардиданд.
Аз ин шумора 126 нафар хонандагони мо тавонистанд дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори медалҳои олимпӣ (15 нуқра ва 111 биринҷӣ) гарданд ва аз рӯи шумораи медалҳо ноҳияро дар вилоят ба ҷойи аввал ва дар ҷумҳурӣ ба ҷойи 3-юм бароранд. Дар ин ҷода саҳми директорон ва омӯзгорони Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат, Гимназияи ҷумҳуриявӣ, ЛТТ “Афлотун”, МТМУ №2, 3, 4, 5, 8, 11, 14, 20, 23, 39, 42, 48, 53, 56, 57, 63, 70, 74, 82 бағоят калон буда, муассисаҳои таълимии №13, 19, 22, 43, 45, 47, 50, 54, 58, 62, 64, 65, 77, 79 натавонистанд, ки дар даври ноҳиявӣ ва вилоятӣ иштирок намоянд.
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ
Дар хусуси иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ мудир суҳбат карда, аз ҷумла қайд кард, ки дар ин давра дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври вилоятии озмунуни “Беҳтарин роҳбари созмони хонандагон” баргузор гардид, ки дар он омӯзгори МТМУ №2-и ноҳия Умедаи Сафархон сазовори ҷойи аввал ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардид.
Дар ин муддат даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори сол-2024” дар се давр (дохилимуассисавӣ, ҳудуди ҷамоат ва ноҳиявӣ) ҷамъбаст гардид, ки дар он 164 нафар омӯзгорон иштирок намуда, донишу малака ва маҳорати касбии худро нишон доданд ва бо бартарии зиёд Саъдуллоев Диловар омӯзгори фанни забони англисии МТМУ №8 тавонист сазовори роҳхат ба даври вилоятии ин озмуни бонуфуз гардида, дар даври вилоятӣ соҳиби ҷойи 2-юм гардид.
Дар ин давра даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Маърифати ҳуқуқи-ойини худшиносӣ” ҷамъбаст гардид, ки чунин натиҷа дод:
Бояд тазаккур диҳам, ки дар даври ҷумҳуриявии Озмуни ” Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” 23 нафар хонандагони ноҳия иштирок намуда, аз он 8 нафар соҳиби ҷойҳои номоён гардиданд, ки ҷойи якум 1 Маҳмадалиева Шаҳло, ҷойи дуюм бошад 3 нафар мебошанд- Толибова Моҳлиқор, Кароматзода Ҳумайнӣ ва Сафарова Нигора, ҷойи сеюмро бошад 4 нафар- Халилова Самира, Юсуфзода Кибрё, Аминова Шаҳло ва Холназарова Мақсуда ишғол карданд- . Инчунин 7 ҳафт нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” низ се нафар дастпарварони мо ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, аз ҷумла, Исматуллозода Сайфулло, хонандаи синфи 10-и МТМУ №4, дар номинатсияи математика ҷойи 2-юм, Абубакри Муродалӣ, хонандаи синфи 8-и Мактаби Президентӣ, дар номинатсияи ихтироъкорӣ, Худойбердиев Ҳайдар, донишҷӯи курси 4-и ДДТХ, дар номинатсияи биология дастболо гардиданд.
Дар озмуни “Маърифати ҳуқуқи-ойини худшиносӣ” 198 нафар иштирок карданд ва 6 нафар соҳиби роҳхат ба даври вилоятӣ ва дар даври вилоятӣ 2 нафар хонандагони Муассисаи давлатии Мактаби Президентии ноҳия сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардиданд.
Бо мақсади иҷрои қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.02.2024, №3/7, рӯзи 27.04.2024 дар МТМУ №59-и ноҳия даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкорони ҷавон” аз рӯи 7 номинатсия баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои 7-11 аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд ва хушбахтона, аз 7 ҷойи ифтихорӣ 3-ҷой насиби хонандагони ноҳияи Данғара гардид.
Дар ин муддат даври ноҳиявии озмуни вилоятии “Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар он 421 нафар хонандагон ва 18 нафар омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуда, 6 нафар хонанда аз муассисҳои таълимии №5, 20, 25, 70, 73, Гимназияи ҷумҳуриявӣ ва 6 нафар омӯзгорон аз муассисаҳои №2, 8, 20, 26, 43, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва роҳхат ба даври вилоятии озмун гардиданд.
Дар ин давра дар асоси фармоиши сардори раёсати вилояти Хатлон аз 17.11.2022, №246 ва фармоиши мудири маорифи ноҳияи Данғара аз 29.03.2024, №63 дар толори МТМУ №16 даври ноҳиявии озмуни “Оилаи масъулиятшинос” баргузор гардид, дар он оилаҳои бомасъулият аз 36 муассисаҳои таълимӣ, ки ба шартҳои Низомномаи озмуни мазкур ҷавобгӯ буданд, иштирок намуда, оилаи Қурбоновҳо аз МТМУ №4 сазовори ҷойи аввал ва роҳхат ба даври вилоятӣ гардида, дар вилоят соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид.
Квотаи Президентӣ
-Дар ин давра дар асоси фармоиши сардори Раёсати вилояти Хатлон аз 05.04.2024, №246 ва фармоиши мудири маорифи ноҳияи Данғара аз 09.04.2024, №76 дар муассисаи таълимии №4 даври дуюми озмуни квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2024-2025” гузаронида шуд, ки дар он 225 нафар довталабон иштирок намуда, донишу маҳорати худро санҷиданд ва аз ин шумора 88 нафар тавонистанд холҳои бештарро соҳиб гардида, ба даври ниҳоӣ роҳ ёбанд, дар даври ниҳоӣ, ки дар таърихи рӯзи 24.05.2024 дар ДД. Кӯлоб баргӯзор гардид, 17 нафар соҳиби номи донишҷӯӣ гардиданд,-изҳор дошт мавсуф.
Иҷрои барномаҳои давлатӣ
Дар ҷараёни суҳбат мидири маорифи ноҳия тазаккур дод, ки МТИК-и назди шуъбаи маорифи ноҳия оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2022, №439 “Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ барои давраҳои то соли 2042” чораҳои зарурӣ андешида, дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, Вазорати маориф ва илм ва дигар ташкилотҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ 431 адад компютер, 78 адад тахтаи электронӣ, 77 адад принтер ва 79 адад видеопроектор харидорӣ карда шуда, дар 74 муассисаҳои таълимии ноҳия 1024 адад камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуда, 66 муассисаи таълимӣ бо ширкатҳои “ТСЕЛ”, “MEGAFON” ҳамкорӣ намуда, бо шабакаи интернетӣ пайваст мебошанд.
Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 2592 адад компютер, 426 адад принтер, 197 адад тахтаҳои электронӣ, 232 адад видеопроектор, ки 28527 нафар хонандагони синфҳои 5-11 истифода мебаранд, мавҷуд мебошанд.
Лагерҳои таълимӣ-фароғатӣ
-Ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 01.04.2024, №83, қарори раиси ноҳияи Данғара аз 28.05.2024, №141 дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024 дар доираи имкониятҳои мавҷуда дар назди 45 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 4 кӯдакистонҳо лагерҳои таълимӣ-фароғатӣ бо фарогирии 4130 нафар хонандагони синфҳои 1-4 дар мактабҳо ва 1060 нафар кӯдакон дар кӯдакистонҳо дар ду марҳила фаро гирифта шуда, 15 нафар кӯдакони фаъол ва фарзандони омӯзгорон аз ҳисоби иттифоқи касабаи соҳаи маорифи ноҳия ба лагерҳои таълимӣ-фароғатии “Файзи истиқлол”-и ноҳияи Варзоб ва “ Офтобак”-и шаҳри Норак равон карда шуданд,- номбурда изҳор дошт.
Либоси ягонаи мактабӣ
Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин афзуд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтии супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ ва супоришдастхати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2022, №7762 (27-70) “Дар бораи нақшаи таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо бо либоси ягонаи мактабӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ” муассисаҳои таълимии ноҳия, кумитаи падару модарон ва корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ “Каёнуш” ба миқдори 10364 ҷуфт (41456 адад) либосҳои духтарона ва ҶДММ “Данғара” ба миқдори 10501 ҷуфт (42004 адад) либосҳои писарона шартномаи сетарафа ба имзо расонида, то давраи ҳисоботӣ таъминот 100%-ро ташкил дод.
Ҷашнҳои миллӣ
Инчунин аз ҷониби мудири маориф гуфта шуд, ки дар ин давра дар муассисаҳои таълимии ноҳия бахшида ба ҷашни ниёгонамон Сада соатҳои тарбиявӣ ва озмунҳои “Расми беҳтарин”, “Суфраи беҳтарин”, Кадбонуи беҳтарин” гузаронида шуда, ғолибон бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Бахшида ба “Рӯзи модар”, ҷашни байналмилалии Наврӯз аз тарафи Шуъбаи маориф ва Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи маорифи ноҳия ба 143 нафар бонувони роҳбари муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони собиқадор ва беморон ба маблағи 18400 сомонӣ тӯҳфаҳои идона ва кӯмакҳои яквақтаина расонида шуда, дар арафаи иди Қурбон ба кортҳои пластикии 15 нафар омӯзгорони бемору собиқадор 2700 сомонӣ кӯмакпулӣ гузаронида шуд.
Қадршиносӣ
Мавсуф ҳамзамон ироа дошт, ки дар таърихи рӯзи 23.08.2024 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия машварати августӣ ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи ноҳия баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ноҳия муҳтарам Ҳакимзода Зуҳро, раисони шаҳраку ҷамоатҳо, собиқадорони соҳаи маориф иштирок намуданд. Баъд аз ҳисоботи солонаи мудири шуъбаи маорифро шунидан, муовини раиси ноҳия баромад намуда, ба ҳозирин барои дар сатҳи хуб ҷамъбаст намудани соли таҳсили сипаригардида изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф ба иштирокчиён дастуру супоришҳои судманд дода, 126 нафар ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ, шаш нафар хатмкунандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимӣ, ки муассисаро бо медали тилло ва аттестати аъло хатм намуданд, бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Инчунин ба 70 нафар собиқадорони ва омӯзгорони дастоварддори соҳаи маорифи ноҳия аз тарафи Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф тӯҳфаҳои хотиравӣ ба маблағи 10 000 сомонӣ тақдим карда шуда, 92 нафар омӯзгорони ботаҷриба ва пешқадам бо нишони аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои сардори раёсати вилояти Хатлон, Ифтихорномаҳои иттифоқҳои касабаи раёсати маорифи вилояти Хатлон, Сипосномаҳои раиси ноҳия, Сипоснома ва Ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Дар таърихи рӯзи 26.08.2024 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар ҷаласаи васеи кормандони соҳаи маорифи вилоят баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон, муовини соҳавии раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардори раёсати маориф, мудирони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва собиқадорони соҳаи маорифи вилоят иштирок намуданд. Раиси вилоят баромад намуда, аз фаъолияти хуби шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф ба иштирокчиён дастуру супоришҳои судманд дода, шаш нафар хатмкунандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара, ки муассисаро бо медали тилло ва аттестати аъло хатм намуданд, бо маблағҳои пулӣ (10. 000 сомонӣ ба ҳар нафар) ва директорони муассисаҳои мазкур 3 000 сомонигӣ, шуъбаи маорифи ноҳия бинобар сабаби дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани соли таҳсили сипаригардида, бо ҷоизаи “Парчами сайёри ғолиб” қадрдонӣ карда шуданд. Хотиррасон менамоям, ки соли сеюм аст, ки маорифчиёни ноҳия бо чунин дастоварди арзандаи сатҳи вилоят қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар давоми моҳи иноябр чорабинии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рузи Парчами миллӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи баланди фарҳангию- сиёсӣ баргузор карда шуд.
МТЖТ