Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо ва баромадҳои худ, зимни ҷаласаҳо ва вохӯриҳои гуногун таъкид мекунанд, ки дар марҳалаи кунунии рушди давлати мо сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ба шумор меравад.
Яъне, рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчунин ба сифати яке аз сарчашмаҳои даромади аҳолӣ, ғанигардонии буҷети давлат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла бо ҷалби сармоя дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Дар ин замина, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 тамоюли мусбати рушди соҳаи сайёҳӣ ба даст оварда шуда, воридшавии шумораи сайёҳон ба 580 ҳазору 450 нафар расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 93 ҳазору 47 нафар сайёҳ ё 19,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар давраи ҳисоботӣ ташрифи сайёҳон ба давлати мо аз 129 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст, ки ба қатори панҷгонаи беҳтарин аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон, Ӯзбекистон бо 422,6 ҳазор нафар (ё 14,8% зиёд), Россия бо 83,7 ҳазор нафар (ё 30% зиёд), Қазоқистон бо 16,3 ҳазор нафар (ё 11,7% зиёд), Чин бо 5,3 ҳазор нафар (ё 78% зиёд), Афғонистон бо 5,2 ҳазор нафар (ё 2,9 маротиба зиёд) шомил гардиданд.
Имрӯз афзоиши бемайлони шумораи сайёҳон ба кишвар нишонаи боло рафтани рейтинги рақобатпазирӣ кишвар дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ мебошад. Боиси ифтихор аст, ки кишвари мо аз нигоҳи амният, субот ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи рейтинги солонаи Пажӯҳишгоҳи амрикоии Gallup дар байни 142 кишвари ҷаҳон ҷои аввалро ишғол менамояд, ки ин яке аз аломатҳои муҳим дар раванди ҷалби сайёҳон ба кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо бояд гуфт, ки имрӯз мо ба тамоми сохторҳои қудратӣ барои расидан ба ин сатҳи баланди бехтарӣ дар кишвар изҳори сипос мекунем ва аз онҳо хоҳиш мекунем, ки ин равандро боз ҳам идома диҳанд, зеро ин амал таваҷҷуҳи сайёҳонро ба кишвари мо боз бештар хоҳад кард. Дар баробари ин, бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави рақобатпазирии сайёҳӣ, ки Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) барои соли 2024 нашр кардааст, дар байни 119 кишвари ҷаҳон дар ҷои 99-ум қарор дорад.
Яъне, аз рӯи шохиси рақобатпазирӣ кишвари мо аз 7 холи имконпазир 3,42 хол гирифт, ки нисбат ба солҳои қаблӣ (3,40 хол) каме беҳтар аст. Ин хуб аст, аммо кофӣ нест.
Бояд қайд намуд, ки афзоиши рақобатпазирӣ дар бахши сайёҳӣ ба ҷалби бештари сайёҳон ва афзоиши даромад аз фаъолияти сайёҳӣ ва ба иқтисоди кишвар таъсири мусбат мерасонад.
Вобаста аз ин, мо бояд кӯшиш кунем, ки ин нишондиҳандиҳандаро бо дарназардошти таъмини рақобатпазирии кишвар дар бозори минтақавӣ ва ҷаҳонии сайёҳӣ боз ҳам беҳтар созем.
Дар ин робита, Кумитаро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар ҷиҳати беҳтар намудани раванди хизматрасонӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ ва рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз самтҳои ин шохис аст, чораҳои зарурӣ андешад.
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар раванди ҷалби сайёҳон, ҷалби сармоя ва табодули таҷриба дар рушди сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд, имрӯз мо бо 22 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар нимсолаи якуми соли 2024-ум 5 санади ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон, Италия, Озорбойҷон, Покистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонидем. Илова бар ин, 2 лоиҳаи созишномаи ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ бо кишварҳои Туркия ва Гурҷистон барои имзорасонӣ пурра омода мебошад. Дар баробари ин, лоиҳаи 13 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дуру наздик дар ҷараёни мувофиқасозӣ қарор доранд.
Аз ин рӯ, ҷиҳати таъмини иҷрои босифати талаботи созишномаҳои тавсибёфта яке аз вазифаи муҳими Кумита мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафоратхонаҳо анҷом дода мешаванд.
Яке аз воситаҳои муҳиме, ки раванди рушди босуръати соҳаи сайёҳиро дар кишвар тақвият мебахшад, баргузор намудани чорабиниҳои гуногун дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Мисол: Раванди оби Душанбе дар доираи конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 10 то 13 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва боло рафтани нуфузи кишвар мусоидат намуд.
Ҳамчунин, сафарҳои расмии сарони кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ва имзои санадҳои ҳамкорӣ ҳатман ба рушди сайёҳӣ дар кишвар таъсири мусбат мерасонад.
Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ ин иштироки фаъолона дар ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд мебошад.
Дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалии дар самти сайёҳӣ дар назар дошта шудааст.
Яке аз онҳо баргузор намудани Форуми муштараки ҷаҳонии сармоягузории дар самти сайёҳӣ мебошад. Дар ин замина, Кумита бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҷаноби Зураб Поликашвили оид ба баргузории Форуми мазкур санаҳои 3-4 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ва иштироки бевоситаи ӯ дар Форум ба мувофиқа расид. Мақсад аз баргузории ин Форум ҷалби бештари сармоя ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мебошад.
Тибқи нақшаи пешакӣ, дар Форум сармоягузорони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони соҳаи сайёҳӣ аз қариб 50 то 70 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Инчунин дар Форум ташкили намоишгоҳи захираҳои сайёҳӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар назар аст, ки дар он имкониятҳои сайёҳии минтақаҳои кишвар (ВМКБ, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ) мустақиман мавриди муаррифӣ қарор дода мешавад.
Дигар чорабинии сатҳи байналмилалӣ, ки дар соҳаи сайёҳӣ, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Меҳргон 19-20 октябри соли ҷорӣ баргузор карда мешавад, ин Форуми байналмилалии сайёҳии “Travel Hub – Иттиҳод” мебошад.
Ҳадафи асосии “Travel Hub – Иттиҳод” афзоиши гардиши сайёҳон ба кишварҳои ИДМ, рушди робитаҳои нав байни иштирокчиёни бозори сайёҳии кишварҳо ва инчунин баланд бардоштани эътироф ва ҷолибияти кишварҳои ИДМ мебошад.
Маротибаи чоруми Форуми мазкур дар шакли сайёр бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, парламент, роҳбарони ассотсиатсияҳои ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, коршиносон ва соҳибкорони кишварҳои ИДМ дар кишвари мо баргузор мегардад, ки дар он қисмати пленарӣ ва иштироки меҳмонон дар Намоишгоҳи ҷамъоварии ҳосили кишоварзон, яъне ҷашни “Меҳргон” дар назар аст, ки ба меҳмонон ва иштирокдорони Форум имкониятҳои агросайёҳии минтақаҳои ҷумҳурӣ ВМКБ, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ мавриди муаррифӣ қарор дода мешавад.
Бояд қайд кард, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар ҷараёни таҷлили ҷашнҳои миллӣ Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон барои брендикунонии ҷашнҳои умумимиллиамон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Масъалаи муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар хориҷа ва дохил бо ҷалби намояндагони кишварҳои хориҷӣ бо мақсади муаррифии бештари Тоҷикистон ба ҷаҳониён ва ҷалби сайёҳон аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти Кумита маҳсуб мешавад. Танҳо, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати муаррифӣ ва таблиғӣ зарфият ва имкониятҳои сайёҳии кишвар, бахусус дар самтҳои кӯҳнавардӣ, табобатӣ ва экологӣ 27 чорабинии сатҳои гуногун, аз ҷумла, 16 чорабинӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва 11 чорабинӣ дар дохилӣ кишвар баргузор карда шуданд.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки мо якҷо бо дигар ниҳодҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ тавонистем имкониятҳои сайёҳии кишварро дар форуму намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии кишварҳои Қатар (аз 17 то 22 январи соли 2024), Олмон (рӯзҳои 19-28 январи соли 2024, ва 6-8 марти соли 2024), Туркия (6 феврали соли 2024), Эрон (12 – 14 феврали соли 2024), Россия (16 то 18 марти соли 2024 ва 5-8 июни соли 2024), Ҷумҳурии Корея (8-19 апрели соли 2024), Ӯзбекистон (25-27 апрели соли 2024 ва 1-2 июни соли 2024), Ҷумҳурии Озорбойҷон (2 майи соли 2024), Қазоқистон (2 – 4 майи соли 2024), Япония (16-17 майи соли 2024), дар сатҳи баланд бо ҷалби мухассисони соҳа муаррифӣ намоем.
Дар ин раванд саҳм ва кӯмаки роҳбарону кормандони сафоратхонаҳо, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қобили қайд аст ва аз фурсат хуб истифода намуда, ба онҳо миннатдории хешро баён менамоям. Аммо ин нишондодҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии соҳа, аз ҷумла рушди босуръати сайёҳии кишвар ҳоло нокифоя мебошанд. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини иҷрои талаботи стратегии соҳа дар самти густариши ҳамкориҳо асосан бо кишварҳои ҳамсоя, ки манбаи боэътимоди сайёҳон ба кишвар мебошанд, асоси фаъолияти моро дар ояндаи наздик муайян мекунад.
Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ҷашнвораҳои Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон ҳамчун бренди сайёҳӣ таблиғ мегардад, ки дар он Кумита имкониятҳои сайёҳии гастрономӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо намоиш пешниҳоди иштирокдорони тантанаҳои идона гардонид, ки таваҷҷуҳи зиёди ҷаҳониёнро ба худ ҷалб мекунад.
Барои мисол, рӯзи 20 марти соли 2024 Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” дар шаҳри Душанбе бо иштироки васеӣ намояндагони корпусҳои дипломатии муқимӣ дар шаҳри Душанбе, блогерон ва намояндагони васоити ахбори омма аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳайати меҳмонон аз Аморати Муттаҳидаи Араб, намояндагони бахши хусусӣ ва сайёҳони дохилию хориҷӣ, баргузор гардид.
Дар ин замина, бояд гуфт, ки таҷлили ҷашнҳои “Сада”, “Наврӯз”, “Тиргон”, “Меҳргон”, инчунин идҳои “Зардолу”, “Харбуза ва асал”, “Иди ангур”, “Иди себ” ва ғайра диққати сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба кишвари мо бештар ҷалб намуда, лаззати меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ҳамеша дар хотироти онҳо боқӣ мемонад ва ин ҳолат ба рушди сайёҳии аграрӣ мусоидат менамояд.
26 апрели соли ҷорӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона бо иштироки занкормандони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ дар Боғи Куруши Кабир дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” аксияи тарғиботӣ роҳандозӣ гардид;
27 апрели соли ҷорӣ хатсайри нави ҳавопаймоии Душанбе – Тифлис кушода шуд, ки ин имкониятҳои моро боз ҳам васеъ намуд;
21 июни соли 2024 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми сайёҳии “Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон” бо иштироки роҳбарияти вилоят ва Кумита, Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар форуми мазкур инчунин меҳмонони дигар аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд иштирок доштанд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории мунтазами чунин чорабиниҳо, дар сатҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бешубҳа, ба раванди ҷалби сайёҳон ва боло рафтани нуфузи кишвар мусоидат хоҳад намуд, аз ин рӯ, зарур аст, ки ташкили чунин чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ ба сатҳи сифатан нав бардошта, низоми иштироки бахшҳои сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ дар ин чорабиниҳо такмил дода шавад.
Кумита нақши муҳими васоити ахбори омма (телевизион, радио, рӯзномаҳо, ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо ва сомонаҳо)-ро дар рушди соҳаи сайёҳӣ баланд арзёбӣ менамояд. Омӯзиш нишон дод, ки дар аксари маҷаллаҳои интернетӣ бахши «Сайёҳӣ» дар шакли алоҳида ҷой дода шудааст, ки барои муаррифии иқтидори сайёҳии кишвар ва ҷалби сайёҳон мусоидат хоҳад кард. Инро дар сомонаҳои вазорату идораҳои давлатӣ, шабакаҳои телевизионӣ, АМИТ «Ховар» ва баъзе рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Ин кор шоёни диққат ва дастгирӣ мебошад. Имрӯз, тавассути шабакаҳои телевизионӣ наворҳои таблиғотии имкониятҳои сайёҳии кишвар пайваста нашр мешаванд, ки хеле ҷолиб аст. Махсусан, саҳми телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ин кор хело шоиста аст, ки тавассути барномаҳои экотуризм, сайёҳии варзишӣ ва дигарҳо барномаҳои ҷолиб дар татбиқи сиёсати соҳаи сайёҳӣ фаъолона иштирок менамояд.
Инчунин, бояд қайд намуд, ки кори маҷаллаҳои маъруфи интернетии ҷаҳонӣ, блогнависони дохилию хориҷӣ, ки дар бораи имкониятҳои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон гузоришҳо нашр менамоянд, қобили таваҷҷӯҳ ва шоистаи дастгирӣ мебошанд.
Вобаста аз ин, мо тасмим гирифтем, ки дар портали расмии Кумита бахшҳои “гузориши блогерҳо” ва “таасуроти сайёҳон аз сафари Тоҷикистон ” боз кунем, ки ин яке аз воситаҳои хуб таблиғи зарфиятҳои сайёҳии кишвар мегардад.
Тавре медонед, имрӯз ҷиҳати кӯмак ба сайёҳон портали расмии Кумитаи рушди сайёҳӣ фаъолият дошта, платформаи рақамии сайёҳии «Tour.tj» ба фаъолият оғоз кард ва дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии “Voin Production services” зери номи “Oh Tajikistan” ролики таблиғотӣ таҳия ва дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ пахш карда шуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар давраи ҳисоботӣ тибқи дархости Шумо, намояндагони ВАО, ки дар нишасти матбуотии гузашта пешниҳод гардида буд, бо мақсадивусъат бахшидан ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳия намудани хатсайрҳои нав ва тарғибу ташвиқи онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар дар назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон клуби рӯзноманигирон (журналистон)-и сайёҳӣ аз ҳисоби намояндагони телевизионҳои Тоҷикистон, Ҷаҳоннамо, Сайёҳӣ ва Ҳунарҳои мардумӣ, Синамо, Афганистан интернейшнл, Мир, АМИТ “Ховар” ва Азия плюс таъсис дода шуда, сафари нахустини эҷодии Клуби мазкур моҳи июли соли ҷорӣ ба самти вилояти Суғд анҷом дода шуд, ки айни замон маводҳо аз натиҷаи сафар омода ва пахш шуда истодааст.
Аз ин рӯ, мехостам ба роҳбарону кормандони тамоми шабакаҳои телевизиону радиои ҷумҳурӣ, сомонаҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ барои саҳми арзандаашон дар таблиғи имкониятҳои сайёҳии кишвар изҳори сипос намоям.
Қобили зикр аст, ки ширкатҳои сайёҳӣ, ки шумораашон сол аз сол меафзояд, дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар нақши муҳим мебозад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар кишвар 214 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатнома фаъолият доранд, ки аз ин шумора 41 ширкати сайёҳӣ дар ВМКБ, 101 адад дар шаҳри Душанбе, 46 адад дар вилояти Суғд, 17 адад дар вилояти Хатлон ва 9 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуданд.
Вале, мутаассифона, дар 34 шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкатҳои сайёҳӣ таъсис наёфтаанд, аз ин рӯ, зарур аст, ки барои беҳбуди фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо чораҳои мушаххас андешида, ҷиҳати рушди сайёҳии дохилӣ якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ харитаи роҳ “Сайёҳӣ дар кишвар” -ро таҳия ва амалӣ намоем. Дар таъмини иҷрои ин масъалаҳо мусоидати ВАО мувофиқи мақсад мебошад. Дар ин давра, дар масъалаҳои ташкили хизматрасонии сайёҳӣ низ натиҷаҳо мусбат ба назар мерасад.
Аз ҷумла, дар раванди корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, шумораи зиёди иншотҳои сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхона, тарабхона, нуқтаҳои савдо, марказҳои табобатӣ ва боғу хонаҳои истироҳатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Танҳо, дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншоотҳои сайёҳӣ, аз қабили “Маркази ош”, тарабхонаи “Баҳор — Форел” ва ғайра ба истифода дода шуданд, ки барои сайёҳон хеле ҷолиб аст.
Айни ҳол, тибқи маълумотҳои оморӣ, дар ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ 338 субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 209 меҳмонхона, 46 адад хостелҳо ва мотелҳо, 54 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кудакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 марказҳои муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг, 4 базаҳои сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият намуда, шумораи миёнаи кормандон субъектҳои хизматрасонӣ 4051 нафарро ташкил менамояд.
Бояд қайд намуд, новобаста аз он, ки солҳои охир шумораи субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ зиёд шуда истодаанд, вале барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ҳанӯз нокифоя буда, барои ҷалби сармоя, бахусус дар минтақаҳо андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.
Вобаста ба ин, масъалаи назорат ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии субъектҳои сайёҳӣ бо роҳи ҷорӣ намудани низоми сертификатсия ва категорикунонӣ тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби Кумита амалӣ карда мешавад.
Корҳо дар самти таъсис додани бахшҳои сайёҳӣ дар минтақаҳо ва фонди рушди сайёҳӣ бо маром идома доранд, ки қабули ин пешниҳодҳо имкони рушди сайёҳӣ дар кишварро хеле зиёд намуда, мавқеи Кумитаро дар ин самт устувор мегардонад.
Масъалаи дигаре, ки феълан дар ҳамкорӣ бо Кумитаи марбутаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар аз ҷониби Кумита пурра амалӣ гардид, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» мебошад.
Ин масъала аз тамоюли кунунии раванди ҷаҳонии сайёҳӣ ва рақобати шадиде, ки дар минтақа ба вуҷуд омадааст, сарчашма гирифта, таҳкими тавонмандиҳои институтсионалӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқии соҳаро ҳамчун манбаи боэътимоди иқтисоди миллӣ тақозо мекунад.
Дар ин давра ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли 2023, раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва протоколи ҷаласаи 8-уми Шӯро, гузоришҳои Вазорати нақлиёт оид ба рушди инфрасохтори сарироҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба рушди сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.
Аз ин рӯ, таъмини фаъолияти пурсамари Шӯрои миллии ҳамоҳангсози рушди соҳаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои маҳаллии он, инчунин иҷрои супоришҳои протоколии Шӯро воситаи муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ маҳсуб ёфта, Кумита вазифадор аст, ки мудирияти Шӯроро дар сатҳи зарурӣ таъмин намояд. Тибқи нақша ҷаласаи навбатии Шӯро моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои муҳими соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки айни замон яке аз сохторҳое, ки василаи муҳими рушди соҳаи сайёҳии кишвар гардид, аз ибтикори Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ин таъсиси Гурӯҳи кории доимӣ оид ба иҷрои корҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва назорати он таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шомил намудани яке аз муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷумҳурӣ мебошад.
Дар ин давра нахустин ҷаласаи гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба механизми назорати раванди бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, касбомӯзии шаҳрвандони кишвар, ташкил ва назорат оид ба корҳои кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат ва истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ дар маҳалҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин росто, бояд гуфт, ки гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда, ки дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуданд, дар давраи ҳисоботӣ хело фаъол буданд.
Бинобар ин ба Кумита зарур аст, ки ҳамкории Шӯрои миллӣ ва сохторҳои маҳаллии онро бо гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ ва гуруҳҳои кории доимоамалкунанда дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тақвия бахшад.
Тавре маълум аст, бо мақсади ҳавасмандгардонии дастовардҳо дар соҳаи сайёҳӣ барои дарёфти шаш Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кадом бо андозаи 30 000,00 сомонӣ барои соли 2023 ва 2024 эълон интишор карда шуда буд.
Дар ин давра пешниҳодҳо дар бораи дастовардҳои довталабон барои дарёфти Ҷоизаи давлатӣ барои баррасӣ ба Кумита пешниҳод шудаанд. Пас аз анҷоми ҷамъбасти натиҷаҳои озмун, тибқи нақша Ҷоизаҳо дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ ба ғолибон супорида мешаванд.
Масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита маҳсуб ёфта, айни замон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ду лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Якум, Лоиҳаи рушди сайёҳӣ бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 10,0 миллион доллари ИМА ҷиҳати таҳияи корҳои омодасозӣ ва тарҳи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ, таҳияи Нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он ва Нақшаи генералии сайёҳии Панҷакент ва минтақаҳои кӯҳҳои Фон аз ҷониби ширкатҳои HIDRIA-и испанӣ ва “KEIOS Consulting”-и италиявӣ интихобгардида, идома ёфт.
Тибқи нақша то моҳи сентябри соли 2024 нақшаҳои генералии сайёҳии зикргардида таҳия ва пешниҳод карда мешавад. Дар доираи ин нақшаҳои генералии сайёҳӣ таҳияи чор лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои оянда пешбинӣ шудааст.
Дуюм, татбиқи Лоиҳаи рушди иқтисодёти деҳот, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо арзиши умумии 30,0 миллион доллари ИМА, аз он 15,7 миллион доллари ИМА барои чорабиниҳои ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ равона гардидааст, идома дорад.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби МД “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор дошта, дар доираи он бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеҳои сайёҳии Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад, мамнуъгоҳҳои Қаълаи Ҳулбук ва Қаълаи Ямчун, аз қабили меҳмонхонаҳои хурд, утоқҳои қабули сайёҳон, мағозаҳои фуруши армуғонҳо амалӣ карда мешавад.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи минбаъда вазифаҳои зеринро ба нақша гирифтааст, ки амалӣ намудани онҳо ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар таъсири мусбат мерасонад. Инҳо:
Андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти самарабахши Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ва гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои корҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободонӣ;
Андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, маркетинги маҳсулоти сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва брендикунони маҳсулоти сайёҳӣ;
Андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таъмин намудани татбиқи босамари лоиҳаҳои сармоягузории соҳа ва ҷалби сармоя ба соҳа;
Андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Форумҳои байналмилалии сайёҳии дарпешистода, ва ғайра.
Дар маҷмӯъ, бояд қайд намуд, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор вазифаҳои худро тибқи нақшаҳои корӣ, санадҳои амалкунанда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намуда, дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳми арзанда мегузорад.
Камолиддин МУЪМИНЗОД,
раиси Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон