Санаи 27 августи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Ҳукумати ноҳияи Турсунзода машварати августии омӯзгорон “Оид ба таҳлили вазъи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Турсунзода  дар соли таҳсили 2021-2022 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2022-2023” баргузор гардид. Дар кори машварат раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Раҷабова Лайло Абдуллоевна, муовинони раиси шаҳри Турсунзода, директорони мактабҳо, раисони ҷамоатҳо ва фаъолони шаҳр ширкат варзиданд.

Ҷаласаро мудири  Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Лайло Раҷабова ифтитоҳ намуда, зимни суханронияш иброз дошт, ки имрӯз мардуми кишварамон дар остонаи ду рӯйдоди фараҳбахш – Рӯзи дониш ва таҷлили ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ҳамаи Шуморо бо фарорасии ин санаҳои фархунда табрик гуфта, бароятон тансиҳативу сарбаландӣ орзумандам, ба кулли кормандони соҳаи маориф дар иҷрои вазифа ва рисолати пуршарафашон ҷиҳати соҳибмаърифату соҳибкасб, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия ва ба камол расонидани насли наврас комёбиҳо таманно дорам.

Мавсуф дар идомаи суханронияш афзуд, ки: “Илму маориф дар раванди бунёд ва сохтори давлатдорӣ нақши калидӣ дошта, рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва ояндаи кишвар, аз вазъи соҳаи маориф вобаста аст.  Возеҳ аст, ки ҳар давлату миллат ояндаи рахшони худро дар заминаи тарбияи насли соҳибмаърифат мебинад. Таърих низ собит менамояд, ки насли наврас чӣ тавре тарбия мегиранд, фардои миллату давлат ва ҷамъияти он низ ҳамон тавр шакл мегирад. Ба қуллаҳои баландтарини тамаддун расидани ҳар миллат аз фарҳангу маданият, раванди ташаккули насли навраси он сахт вобастагӣ дорад”.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар раванди бунёд ва ташаккули давлатдорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва ҳадафи стратегиашро ба самти инкишофи соҳаи маориф нигаронидааст. Сарвари давлатамон борҳо таъкид намуда гуфтаанд: “Дар ҷаҳони муосир он кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки бо баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд”.

Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Шуъбаи маорифи он низ дар самти татбиқи ин сиёсати дурнигарона ва маорифпарваронаи Роҳбари давлат пайваста талош меварзанд, то дар ин давраи таърихии соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд.

Аз баромади Лайло Раҷабова аён гардид, ки айни замон дар шаҳри Турсунзода 127 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, 69 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи типи нав, 35 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 16 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ  фаъолият доранд, ки дар онҳо 68155 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 5121 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд.

Боиси ифтихор аст, ки миёни кормандони соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода 510 нафар омӯзгор соҳиби мукофотҳои давлатӣ аз ҷумла, 2 нафар дорои Ордени Шараф, 16 нафар дорои медали Хизмати шоиста, 6 нафар дорои унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, 402 нафар дорои унвони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва 84 нафар дорои Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мебошанд.

 Рушди фаъолияти массисаҳои томактабӣ

Маълум аст, ки заминаи таълиму тарбияи кӯдакон аз муассисаҳои томактабӣ оғоз мегардад. Имрӯз ба масъалаи рушд додани фаъолияти массисаҳои томактабӣ, фароҳам овардани шароит дар ин зина ва мутобиқгардонии рафти фаъолияти чунин муассисаҳо ба талаботи давр эътибори ҷиддӣ зоҳир гардидааст.

Дар 13 ширхоргоҳ – кӯдакистон дар 92 гуруҳ 1942 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд, ки аз он 780 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.                                                                                                                                                   Дар умум аз 37370 нафар кӯдакони аз  2 то 6 сола, фарогирӣ 4173 нафар буда, 11,4%-ро  ташкил медиҳад, ки  109 нафар мураббӣ ба онҳо таълиму тарбия медиҳанд. Ҳамзамон, дар назди 87 муассисаи таълимӣ дар 123 гуруҳ Маркази инкишофи кӯдак фаъолият мекунад, ки 2315 кӯдак фаро гирифта шуда, 1205 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар давоми се сол кӯдакистонҳои хусусии “Дилбар” ва “Наврӯз” сохта, Кӯдакистони №2 барқарор гардид. Дар ин зимн иҷроиши Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ  48% -ро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки сохтмони се муассисаи томактабӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода барои 240 ҷойи нишаст,  дар деҳаи Регари ҷамоати Регар барои 100 ҷойи нишаст, дар ҷамоати деҳоти 10 – солагии Истиқлолият дар деҳаи Исмоили Сомонӣ барои 120  ҷойи нишаст  идома  дорад.

Аттестати аълои Беҳрӯз

Қайд гардид, ки соли таҳсили сипаришуда хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумлаи ин муваффақиятҳо ноил гардидан ба пирӯзӣ дар озмуни дарёфти Аттестати аълои равиявӣ бо медали нуқра мебошад. Хатмкунандаи Литсейи Президентӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои хонандагони лаёқатманди шаҳр Туганов Беҳрӯз соҳиби аттестати аъло гардид. Ҳамзамон тариқи Маркази  миллии  тестии  назди  Президентии  Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 апрели соли 2022 637 нафар хатмкунандагони синфи 9 ва 2273  нафар хатмкунандагони синфи 11 ҳуҷҷат супориданд ва аз ин шумораи дохилшавандагон айни ҳол 70% -ро ташкил медиҳад. Аз сабаби он ки тақсимоти иловагӣ давом дорад, шумораи умумии дохилшудагон ҳанӯз дақиқ нест.

Дар баробари ин, соли ҷорӣ 157 нафар хатмкунандагон ҳуҷҷатҳои худро барои таҳсил намудан дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президентӣ ба Шуъбаи маориф ва 76 нафар ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Аз ин теъдод, 23 нафар ба муассисаҳои олии касбӣ танҳо тавассути суҳбат гузаштанд, ки 12 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Беҳтаринҳо зода намешаванд…

Бояд қайд кард, ки донишу малака ва таҷрибаи кофии омӯзгор бевосита ба рушди соҳаи маориф ва ҳамзамон, ба сифати таҳсилу донишомӯзии хонандагон таъсиргузор аст. Ҷиҳати баланд бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани  таҷриба ва малакаи омӯзгорон дар соли 2022-юм 425 нафар омӯзгорони фанҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, муовинони директорон оид ба корҳои таълиму тарбия, мушовирон ва нозирон, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, сармураббиёни мактаб-интернатҳо ва Хонаи кӯдакон, муҳосибони муассисаҳои томактабӣ, роҳбарони Созмони хонандагон ба курси такмили ихтисос дар шаҳри Душанбе сафарбар  карда  шуданд.

Беҳтаринҳо зода намешаванд, онҳоро мо худ аввал муайян карда, сипас бо гузашти вақт ба камол мерасонем. Ин гуфтаҳо беҳикмат нестанд. Дар заминаи ин воқеият, бо мақсади дарёфт ва дастгирии омӯзгорони соҳибтаҷрибаву навовар, хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускору дорои қобилияти фавқуллода ва донандагони навигариҳои илму техника аз ҷониби Шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода озмунҳои “Омӯзгори беҳтарини сол”, “Муассисаи беҳтарини сол”, “Роҳбари беҳтарини сол”, “Хонандаи беҳтарини сол” баргузор гардид, ки онҳо дар ин машварат натиҷагирӣ карда шуданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ 427 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва шахсони касбу кори гуногун иштирок намуданд.  Даври шаҳрии озмун ҷамъбаст гардида, 35 нафар ғолибону иштирокчиёни фаъол ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” бошад, 4032 нафар иштирок карданд, ки аз онҳо 3084 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 663 нафар омӯзгор ва мураббӣ, 159 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва 126 нафар донишҷӯ буданд.  Ба даври дуюми озмун 1120 нафар роҳхат гирифтанд. Аз 1120 нафар иштирокчиёни даври дуюми озмун 76 нафар ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд, ки аз онҳо 36 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 18 нафар омӯзгор ва мураббӣ, 7 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва 15 нафарашон донишҷӯ мебошанд.

Ҳамчунин, дар муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода 75 нафар хонанда  гирандаи  стипендияи  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва 46 нафар гирандандаи стипендияи Раиси шаҳри Турсунзода таҳсил менамоянд.

Ҷилои истеъдодҳо

Бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявии ҷавобгӯ ба талаботи таълимӣ санаҳои 1-ум 2-ум ва 10-11-уми апрели соли 2022 дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои синфҳои 11 баргузор гардид, ки дар он 34 нафар иштирок намуда, сазовори 2 медали биринҷӣ ва 6 ҷойи ифтихорӣ  гардиданд. Санаҳои 17-18 ва  24-25-уми  апрели  соли 2022 бошад, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои синфҳои 9-10 25 нафар иштирок намуда, сазовори 3 медали тилло, 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамин тариқ, моҳи май дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии наврасон 45 нафар ширкат варзида, 3 медали тилло, 7 медали биринҷӣ ва 1 ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд.

Дар ин росто моҳи феврали соли 2022 дар бинои Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Олимпиадаи байналмилалии FISO аз фанҳои математика, забони англисӣ ва санъати тасвирӣ гузаронида шуд, ки дар он 220 нафар ширкат варзида, 26 нафар сазовори ҷойи 1-ум, 8 нафар ҷойи 2-юм  ва 43 нафар ҷойи 3-юмро ишғол намуданд.

Ҷое кор ҳаст, …

Ба қавли мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Лайло Абдуллоевна, бо вуҷуди давра ба давра баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия  ҳоло низ рушди соҳаи маориф на дар он сатҳе қарор дорад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро дар ҳадафу барномаҳо пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, мавҷудияти камбудиҳои ҷузъӣ, ки дар назар одӣ менамояд, вале дар асл, дар раванди рушди соҳа монеаҳо эҷод мекунанд. Вале ба ин нигоҳ накарда, Шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода минбаъд низ талош ба харҷ хоҳад дод, то сазовор ба ғамхориву умедвориҳои Сарвари давлатамон ҷиҳати иҷрои содиқонаи касби пурифтихорамон ба қадри имкон дар ободиву созандагии сарзамини аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоли худ саҳме гузорем.

Арҷгузории Акрамзода аз заҳмати омӯзгорон

Пас аз музокираҳо ба баромади мудири Шуъбаи маориф Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам фаъолияти яксолаи аҳли маорифи шаҳрро натиҷагирӣ намуда, зимнан зикр намуд, ки имрӯз Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мавриди сухани хеш таъкид карда мегӯянд: “Насли навраси мо бояд бофарҳангу донишҳои замонавӣ ва хулқу атвори писандида ба воя расанд”. Ин таъкидҳо бо ифодаи он маъниест, ки ҳар шахси бомаърифату бофарҳанг, ки дорои одоби шоиста аст, албатта дар ҳаёт муваффақ мешавад ва зиндагонии шоистаи таҳсинро мегузаронад. Мантиқан  ҳар ҷомеаи дорои афроди бофарҳангу соҳибмаърифат, ҷомеаи солим аст.

Беҳуда нест, ки Пешвои миллат масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашариро дар сиёсати давлат соҳиби мавқеи хос арзёбӣ кардаанд. Аз ин рӯ, бо итминон изҳор менамоям, ки барои тарбияи дуруст ва мукаммал гирифтани насли имрӯза, мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созанда ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ нақши омӯзгорон аввалдараҷа  мебошад. Зеро ташаккули афкори кӯдакон муддати 11 сол бештар зери таъсири мактаб сурат мегирад.

Дар идома Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз бо арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорон зикр намуд, ки ҷиҳат дастгирии омӯзгорони ҷавони болаёқат имсол аз ҳисоби Ҳукумати шаҳр як нафар омӯзгори ҷавон Саидов Фурқатҷон бо манзили зист таъмин гардида, ҳоло Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тасмим дорад, 120 нафар омӯзгорро бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намояд. Ҳамчунин, ба қавли Раиси шаҳри Турсунзода, дар шаҳр бо дастгирии Ҳукумати мамлакат мактаби байналмилалӣ бо забони русӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар он 30 млн. доллар харҷ  гардидааст.

Зикр гардид, ки феълан дар шаҳри Турсунзода 13 барномаи давлатӣ татбиқ гардида истодааст ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни пуршукуҳи 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар 25 муассисаи таълимӣ 263 синфхонаи иловагӣ бунёд гардида, 6 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна ба муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумӣтабдил дода шуд. Дар арафаи Рӯзи дониш бошад, боз 4 муассисаи таълимӣ мавриди баҳрабардории насли наврас қарор мегирад.

Дар фароварди машварати августӣ Парвиз Акрамзода бо итминон иброз дошт, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву неруманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем. Ва дар зимн аз суханони Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид: “…Устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ аз ҳар яки мо масъулияти бузургро таҳозо намуда, ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад”.

Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд

«Хонандаи беҳтарини сол»

  1. Туганов Беҳрӯз – гирандаи Аттестати аъло, хатмкунандаи Литсейи Президентӣ ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои хонандагони лаёқатманди шахри Турсунзода;
  2. Самирабонуи Сангин – хонандаи синфи 8-и МТМУ №59;
  3. Пиров Баракатулло – хонандаи синфи 10-и МТМУ №59;
  4. Нӯшофарини Нусратуло – хонандаи синфи 9-и МТМУ №98;
  5. Рӯзиева Марҷона – хонандаи синфи 10-и МТМУ №101;
  6. Негматова Насиба-хонандаи синфи 10-и МТМУ №37.

«Муассисаи беҳтарини сол» 

  1. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98;
  2. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59;
  3. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35;
  4. Литсей- интернати шаҳри Турсунзода.

«Директори беҳтарини сол»

  1. Саидова Ҳамида – директори МТМУ №101;
  2. Гуломова Моҳира – директори МТМУ №92;
  3. Анваров Валиҷон – директори МТМУ №80.

«Мураббии беҳтарини сол» 

Пулатова Маҳбуба – мураббияи ширхоргоҳ-кӯдакистони №1

«Омӯзгори беҳтарини сол»

  1. Ҳикматова Гулбибӣ – омӯзгори МТМУ №101;
  2. Юсупова Мақсуда – омӯзгори МТМУ №2;
  3. Элмуратова Фариза – омӯзгори МТМУ №18;
  4. Идиева Азизамоҳ – омӯзгори МТМУ №1;
  5. Қамарова Қурбоной – омӯзгори Литсейи Президентӣ;
  6. Сироҷиддинова Гавҳар – омӯзгори МТУ №98;
  7. Ашурова Зулфия – омӯзгори МТУ №86;
  8. Ҳалимова Фируза – омӯзгори МТУ №75;
  9. Самиева Нилуфар – омӯзгори МТМУ №7;
  10. Хушиева Зарина – омӯзгори Литсей-интернат.

Омӯзгорони фаъол 

  1. Саидов Фурқат – сармутахассиси Шуъбаи маориф;
  2. Зиёдуллоев Комил – муовини мудири Шуъбаи маориф;
  3. Ҳамроев Фирӯз – мутахассиси кадри Шуъбаи маориф;
  4. Хоҷаева Гулсара – сармуҳосиби Шуъбаи маориф;
  5. Ҷобирова Мунаввара – мушовири Шуъбаи маориф;
  6. Баротов Абдураҳим – нозири Шуъбаи маориф;
  7. Холова Шарофат -директори МТМУ №86;
  8. Муминова Дилрабо -директори М ТМУ №96;
  9. Ҳакимов Саидшо – директори МТМУ №2;
  10. Таварова Салима – директори МТМУ №1;
  11. Сорокина Марина – директори МТМУ №75;
  12. Қодиров Абдуқаҳор -директори МТМУ №36;
  13. Негматов Раҷабалӣ – директори МТМУ №34;
  14. Нозимова Насиба – директори МТМУ №120;
  15. Раҷабов Наврӯз – директори МТМУ №65;
  16. Турсунова Муҳаббат – директори МТМУ №66;
  17. Султонмуроди Маҳмуд – директори МТМУ №93;
  18. Муратова Мавсума – директори МТМУ №94;
  19. Раҷабов Ашӯралӣ – директори МТМУ №37;
  20. Хоҷамова Ситора – директори МТМУ №69.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь