Дастгирии соҳаи маориф ва илм, қабл аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди илму маориф вобастагии мустақим дорад. Ин нукта чун ҳарвақта дар Паёми имсола низ аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид гардид: “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”. Бо назардошти ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи давлатдории хеш пайваста ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба мактабу омӯзгор эҳтирому арҷ гузошта, рушди маорифро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат дониста, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо соҳаи мазкурро дастгирӣ менамоянд.
Пешвои миллат дар Паёми имсола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар дастгирӣ ёфтани соҳаи маориф ва илмро дар қиёс бо аксари давлатҳои ҷаҳон бо як далели ҷолиб, ки дар асоси назарсанҷии созмонҳои бонуфузу беғарази байналмилалӣ ба даст омадааст, таъкид намуданд: “Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд”. Дар ҳақиқат, вобаста ба афзоиши буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаи маориф ва илм дар баробари дигар бахшҳои иҷтимоӣ мунтазам зиёд карда мешавад.
Соли 2024 маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми 8 миллиарду 231 миллиону 867 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин дар муқоиса бо соли 2001, ки маблағгузории соҳаи мазкур 13 миллион сомониро ташкил медод, 633 баробар зиёд мебошад (бе назардошти инфлятсия).
Дар ин замина, ҳамасола маоши кормандони соҳаи маориф баланд бардошта мешавад. Масалан, дар соли 2012 музди кори онҳо, аз ҷумла маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хона-интернатҳо, барои пиронсолону кӯдакони маъюб зиёда аз 60 фоиз, соҳаи илм 30, фарҳанг ва стипендияи донишҷӯён 50 фоиз зиёд гардид. Дигар солҳо низ мунтазам маоши кормандони соҳаи маориф ва илм баланд бардошта шуда, аз ҷумла соли равон маоши вазифавии омӯзгорон, олимону муҳаққиқон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 40 фоиз зиёд карда шуд.
Дастгирии ятимону бепарасторон ва маъюбону шахсони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла самти таҳсили онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор дорад.
Ҳуқуқи таҳсил барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуногун, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинӣ гардида, дар он инчунин муҳиммияти ҷорӣ намудани таҳсилоти фарогир таъкид шудааст. Ба ғайр аз ин, дар моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қайд гардидааст, ки барои кӯдаконе, ки гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд ва дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ имкони таҳсил карданро надоранд, муассисаҳои махсуси таҳсилоти умумӣ, мактаб-интернатҳо ва синфҳои махсус таъсис дода мешаванд, ё онҳо бо ризоияти падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) метавонанд якҷоя бо кӯдакони солим дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил намоянд ё барои онҳо машғулиятҳои инфиродӣ ташкил карда мешаванд. Бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти мактаб-интернатҳо «Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2007, №347 тасдиқ гардид. Бори аввал дастури таълимии “Забони ишора” («Язык жеста») дар Тоҷикистон таҳия гардида, чоп карда шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04. 2011, №228 Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015″ тасдиқ шуда буд, ки самтҳои асосии рушди таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, дар таъмини ҳуқуқҳои баробари кӯдакони имконияташон махдуд барои гирифтани таҳсилот мусоидат намуд. Ҳамчунин бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомнома дар бораи тартиби таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд» ва «Низомнома дар бораи ташкили таҳсил дар хона» тасдиқ шудааст.
Саъю кӯшиши роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он оварда расонд, ки шумораи кӯдакони имконияташон маҳдуде, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд, бемайлон афзоиш ёбад. Ин нишондиҳанда дар соли 2018 нисбат ба соли 2010-ум 2,4 маротиба афзоиш ёфтааст (2988 хонандаи имконияташ маҳдуд дар соли 2010 нисбат ба 7278 хонандаи имконияташ маҳдуд дар соли 2018). Дар баробари ин, дар навъҳои гуногуни муассисаҳои таълимии махсус низ кӯдакони дорои имкониятҳои гуногуни маҳдуд таҳсил мекунанд. Соли 1991 теъдоди муассисаҳои интернатӣ 41-то буда, шумораи хонандагон ин муассисаҳо дар соли таҳсили 1991-1992 3 600 нафарро ташкил медод. Барои қиёс масалан дар соли 2015 шумораи ин навъ муассисаҳо ба 77 расида, дар онҳо 12 175 нафар хонанда таҳсил менамуданд, ки 8575 нафар зиёд мебошад. Аз онҳо 3208 нафарашон духтар, 1459 нафарашон кӯдакони имконияташон маҳдуд, 205 нафарашон ятими кул, 1779 нафарашон бепадар, 399 нафарашон бемодар, 2145 нафарашон аз оилаи камбизоат буда, 6188 нафарашон дар маҳалли зист мактаб надоранд.
Бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо қарори Ҳукумати ҶТ “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” қабул гардида, тибқи он имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шудаанд. Ин марказҳо ба муайян кардани кӯдакони боистеъдод ва ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ омода кардани онҳо мусоидат мекунанд. Масалан, дар 12 соли охир қариб 10 ҳазор хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 3720 ҷойи ифтихорӣ (638 медали тилло, 1236 медали нуқра ва 1842 медали биринҷӣ) гардиданд. Агар дар соли 2011 шумораи иштирокчиён ҳамагӣ 154 нафарро ташкил медод, ин шумора дар давоми соли 2022 ба 5745 нафар расид.
Марказҳои навтаъсис дар шаҳру деҳот бо синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ таҷҳизонида шудаанд. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ба дарёфт ва рушди истеъдодҳо, мустаҳкам кардани ҳаракати олимпӣ, ба вуҷуд овардани заминаҳо барои рушди тафаккури мантиқии хонандагон мусоидат намуда, бо фаъол гардонидани мусобиқаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин олимпиадаҳои нави техникӣ дар тамоми кишвар ба ҳаракати олимпӣ тавсеа мебахшад. Бо тавсеаи ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди олимпиадаҳо ва иштироки хонандагон афзоиш ёфта, дар соли 2020 нисбат ба соли 2010 таносубан се олимпиада ва 1427 иштирокчӣ зиёд мебошад. Хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, дар кишварҳои Қазоқистон, Беларус, Таиланд, Русия, Малайзия, Руминия, Италия, Ҳиндустон, Латвия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Исроил, Венгрия, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ӯзбекистон, Франсия, Африкаи Ҷанубӣ бо хонандагони бештар аз 90 кишвари дунё қувваозмоӣ карда, ба пирӯзиҳои назаррас соҳиб гаштанд.
Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, огаҳӣ пайдо кардан аз адабиёти бою таърихи куҳан, тарғиби одобу ахлоқи ҳамида, дӯст доштани Ватан ва муайян кардани истеъдодҳои ҷавон аз тарафи Пешвои миллат озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» эълон шуданд. Дар баробари ин, бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад.
Барои дар сатҳи баланд баргузор кардани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар солҳои 2019 – 2021 аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ беш аз 4 миллиону 790 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Дар Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат», ки бори аввал соли 2021 гузаронда шуд, барои доир намудани чорабиниҳо 2 миллиону 345 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид ва наздик ба 159 ҳазор нафар дар он иштирок намуданд. Ҳамзамон, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2022, № АП – 227 оид ба хониши шоҳасари Б. Ғафуров, китоби «Тоҷикон» Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор ва барои чорабиниҳо 1 миллиону 480 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат чунин амалҳои баду ба ахлоқи миллии мо носозгор ва ба рафти таълиму тарбия халалрасон, мисли баргузори занги охир ва дигар одату анъанаҳои баду бегона ва серхарҷ, бо мошин рафтани донишҷӯён ба дарс, тамокукашӣ дар муассисаҳои таълимӣ, истифодаи телефони мобилӣ дар раванди таълим манъ гардид.
Масъалаи дигаре, ки ба тарбияи эстетикию ахлоқии хонандагон ва таъмини баробарии онҳо таъсири мусбат расонид, ҷорӣ намудани сарулибоси ягонаи мактабӣ мебошад. Баҳри дар амал татбиқ намудани иқдоми мазкур бо қарори мушовараи Вазорати маорифи ҶТ аз 03.07.2007, № 14/3 “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ” ва аз 03.07.2007, 142 “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ” ба тасвиб расид.
Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба маориф мо кормандони соҳаро рӯҳбаланд намуда водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълиму тадрис ва тарбияро беҳтар кунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ буда, дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем, зеро:
Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.
Фарзонаи Саидҷаъфар,
омӯзгори Муассисаи давлатии “Литсейи Умари Хайём “