Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Шаъмигул Шарифзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Мавсуф дар оғози суҳбат ба мо изҳор дошт: Соҳаи маориф дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем.
Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Ин нуктаҳои хеле арзишманду дурбинонаи Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки аз ҳар вақта бештар баҳри рушду нумӯи соҳаи маориф ва илм талошу заҳматҳо ба харҷ диҳем”.
Шаъмигул Шарифзода ҳамчунин, қайд намуд: Дар Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат ба мо бештар имкон медиҳад, ки мо дар ин самт беш аз пеш наврасонро таълиму тадрис дода, барои дар оянда кадри ин ришта гардидан омода намоем ва саҳми арзандаи хешро дар густариш додани ин соҳаи ҳаётан муҳим гузошта бошем”.
Шаъмигул Шарифзода, мудири Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Консепсияҳо, дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатии шаҳри Бохтар дар се моҳи соли 2022 корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд.
Базаи кадрӣ
Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар муассисаҳои таълимии шаҳр 1267 нафар омӯзгор (961 нафар зан) фаъолият намуда, аз онҳо 966 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ, 43 нафар бо таҳсилоти олии нопурра, 258 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият доранд. Шумораи мураббиёни муассисаҳои томактабӣ 138 нафар мебошад. Дар се моҳи аввали соли 2022, 100 нафар омӯзгорон, 7 нафар мураббиён аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шудаанд.
Сатҳу сифати таълим
– Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи нақшаи кории Шуъбаи маориф дар ин давра се Шӯрои шуъбаи маориф бо баррасии зиёда аз 17 масъала нисбати сифати таълим, иҷроиши барномаҳои давлатӣ, қонунҳои соҳавӣ гузаронида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Инчунин, аз тарафи мушовирони шуъбаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 14 семинарҳои методии дастурдиҳӣ баргузор карда шуд, ки аз манфиат холӣ набуд.
Баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ки дар Паёми Сарвари давлат ироа гардида буд, пайваста аз тарафи кормандони шуъбаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ зери назорат гирифта, дар асоси нақша-чорабиниҳо амалӣ гардидани бандҳои он мунтазам кору фаъолият намуда истодаанд. Таълим дар муассисаҳо аз рӯи барномаи таълимӣ, китоби дарсӣ ва маводҳои ёрирасон ба роҳ монда шуда, хонандагон аз рӯйи талаботи омӯзгорони фаннӣ ба дарсҳо ҷавоб медиҳанд. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ аз тарафи роҳбарони гуруҳи идоракунии сифати таҳсилот назорат карда шуда, натиҷаи дониши хонандагон марҳила ба марҳила дар асоси ҷамъбасти баҳои ниҳоии хонандагон ба шуъбаи маориф пешниҳод мегардад. Дар се моҳи аввали соли 2022 натиҷаи сатҳи донишазхудкунии хонандагон ба 99,5% , сифатнокӣ ба 55% баробар мебошад.
Дар се моҳи аввали соли 2022 семинар-машварат оид ба дохилшавии хонандагон тариқи Маркази миллии тестӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз тарафи мушовири шуъбаи маориф баргузор карда шуд, ки айни замон бақайдгирии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ тариқи Маркази миллии тестӣ идома дорад. Ба санаи 30 марти соли 2022 бақайдгирии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар Маркази миллии тестӣ 52%-ро ташкил дод, зикр кард номбурда.
Чорабиниҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ
Мавсуф дар идома афзуд, ки тибқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ -2022, зиёда аз 2721 адад дарахтони мевадиҳанда, 17682 адад гулу гулбуттаҳои мавсимӣ дастрас карда шуда, дар минтақаҳои вобасташуда шинонида шуд.
Дар давоми моҳҳои феврал ва март чорабиниҳо аз қабили “Ватанпарвар”, “23-феврал-рӯзи Артиши миллӣ”, озмуни “Чакомаи гесӯ”, “Чароғаки роҳнамо”, 8-март “Иди модар” ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 оид ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ” дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Аз тарафи шуъбаи маориф иштирокчиён бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин, 21 марти соли 2022 дар варзишгоҳи “Пахтакор” чорабинии фарҳангӣ бахшида ба “Наврӯзи байналмилалӣ” баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 2500 нафар хонандагон, омӯзгорон ва кормандони шуъбаи маориф ширкат варзиданд.
Баҳри иҷрои талаботҳои Барномаҳои давлатӣ, Консепсияҳо, Қонунҳо ва Стратегияҳо пайваста корҳои амалӣ бурда шуда, иҷроиши онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Назорати рафти иҷрои барномаҳои зикргардида дар соли 2022 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар соли таҳсили 2021-2022 дар самти омодагиҳо ва иштирок дар олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии он корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар дар даври ниҳоии олимпиадаи вилоятии фаннӣ фаъолона иштирок намуда, аз 104 нафар хонандагони синфҳои 11 сӣ нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гашта, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифа, соҳиби 7 медали тилло, 8 медали нуқра, 10 медали биринҷӣ 5 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Инчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки хонандагони синфҳои 7-8, 9-10 низ дар даври сеюми олимпиадаи вилоятӣ фаъолона иштирок карда, 4 нафар соҳиби ҷойи аввал, 14 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 33 нафар соҳиби ҷойи сеюм, 6 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар олимпиадаи вилоятӣ байни синфҳои 5-11 фаъолона иштирок намуда, соҳиби 108 роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардиданд.
Амалисозии барномаҳои давлатӣ
Ҳамчунин, мавсуф изҳор дошт, ки дар самти амалишвии “Барномаи давлатии кампютеркунонӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар пешравиҳо ба назар мерасад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони Маркази технологияи иттилоотии назди Шуъбаи маориф дар муассиаҳои таълимӣ 3 семенар-машварат баргузор намуда, 44 адад компютерҳои таъмирталаби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва №6 аз таъмир бароварда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки вобаста ба иҷрои Барномаи давлатии Рушди маорифи вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар дар соли 2022, аз тарафи Федератсияи Россия бошад, барои 1224 нафар хонанда муассисаи таълимӣ бо забони русӣ дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо ба нақша гирифта шудааст, сохтмонаш оғоз гардида, то соли таҳсили нав сохта ба истифода дода мешавад.
Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор ва инчунин, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳои соҳавӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро сармашқи кори худ намуда, дар самти иҷрои он аз ҳамаи имкониятҳо фароҳам истифода намуда, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас чораҳои судманд меандешад.
Сохтмон ва бунёдкорӣ
Шаъмигул Шарифзода иттилоъ дод, ки корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсилоташ бо забони русӣ барои 1 ҳазору 224 хонанда, ки тибқи шартномаи тарафайн байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия роҳандозӣ гардидааст, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар рафта истодааст. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилоташ бо забони русӣ барои 1224 хонанда соли 2021 оғоз гардида, айни замон корҳои оҳану бетонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад ва сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Дар иншооти мазкур айни замон 470 нафар коргарони маҳаллӣ ва аз дигар шаҳру ноҳияҳо ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд. Дар иншооти мазкур ҳавзи шиноварӣ, толори маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, майдончаи бозии футбол, волейбол, баскетбол, роҳрав ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар бинои мазкур системаи гармидиҳӣ, ҳавотозакунакҳо ва дигар инфрасохтори муҳандисӣ дар назар дошта шудааст.
Дар назди мактаби №6 шаҳри Бохтар сохтмони бинои иловагии мактаб барои наздик ба 1000 хонанда идома дорад, ки он соли 2023 ба истифода дода мешавад. Сохтмони мактаб дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бо маблағгузории Ҳукумати шаҳр бунёд мешавад. Ин бинои иловагӣ дорои 24 синфхона ва дигар утоқҳои корӣ ва дар ду баст мебошад.
Ҳамзамон, мавсуф иттилоъ дод, ки имсол барои сохтмони бинои иловагии мактаби №6 бештар аз 1,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ҷудо шудаст. Баъди ба истифода додани ин бино, шароити дарсомӯзӣ барои беш аз 2,5 ҳазор хонанда, ки имрӯз дар ин мактаб таҳсил мекунанд, хуб хоҳад шуд.
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар солҳои охир соҳаи моариф бо маротиб рушд карда, давоми 30 соли Истиқлоли кишвар даҳҳо муассисаи типи нав ва кӯдакистонҳои замонавӣ бунёд гардидаанд. Соли 2021 дар шаҳри Бохтар ду муассисаи таълимӣ барои беш аз 500 хонанда дар як баст сохта ба истифода дода шуданд. Мудир афзуд, ки айни замон дар шаҳри Бохтар сохтмони як муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо барои 1 ҳазору 224 нафар хонанда дар як баст аз ҷониби Федератсияи Россия, ки дар он таълим бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, идома дорад ва он моҳи сентябри соли 2022 мавриди истфиода қарор мегирад.
-Дар баробари бунёди мактабу кӯдакистонҳо дар муассисаҳои таълимии №11 ду синфхонаи иловагӣ, литсейи давлатии №1 ду синфхонаи иловагӣ, литсейи тамоюли технологӣ 1 синфхонаи иловагӣ ва дар муассисаи таълимии томактабии №5 як синфхонаи иловагӣ сохта шудаанд. Масъулони Ҳукумати шаҳри Бохтар ва Шуъбаи маорифи шаҳр дар оянда низ талош мекунанд, ки барои боз ҳам рушд кардани соҳаи моариф аз ҳама имкониятҳо истифода карда, барои хонандагон ҳама шароити таҳсилро фароҳам оварданд,-гуфт мавсуф дар анҷоми суҳбат.
МТЖТ