Камол Собиров дар деҳаи марзии Сомониёни ноҳияи Исфара ба ҳайси омӯзгор кор мекунад. Ин деҳаи кӯчаки тоҷикон, ки якуним ҳазор аҳолӣ дорад, дар соҳили рӯдхонаи Исфара, дусад метр дуртар аз чорроҳаи шоҳроҳи Исфара-Ворух ва Бодканд-Исфара, ки тоҷикон онро Зарафшон меноманду қирғизҳо Торткоча, воқеъ аст. Дар ҳамсоягӣ яке аз ду минтақаи калони аҳолинишини Қирғизистон – Кок-Тош, ки қариб се ҳазор аҳолӣ дорад, ҷойгир аст.

Аксари сокинони ин ҷо якдигарро аз рӯйи ном ё симо мешиносанд. Дар замони шӯравӣ бисёриҳо дар як колхоз кор мекарданд ва фарзандонашон дар як мактаб таҳсил мекарданд. Камол Собиров ҳам дар мактаб ҳамроҳи қирғизҳо мехонд, аммо дар деҳи дигар, ки Самарқандак ном дошта, дар наздикӣ воқеъ буд. Тоҷикону қирғизҳо, ки дар доманаи қаторкӯҳҳои Туркистон ва соҳили дарёи Исфара асрҳо бо ҳам зиндагӣ мекарданд, ҳамеша нисбат ба ҳамдигар таҳаммулпазир буданд. Баъзеҳо ба чорводорӣ ва дигарон ба зироаткорӣ машғул буданд.

Мутаассифона, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон баҳси марзӣ оғоз шуд, ки беш аз бист сол боз ҳалли худро наёфтааст. Ин баҳс дар ҳаёти мардуми одӣ осори сангине гузошта, анъанаҳои зиндагӣ дар фазои ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмиро аз байн бурдааст. Ҳам деҳаи Сомониён ва ҳам деҳаи Кок-Тош ба яке аз маконҳои ташаннуҷ дар марзи ду давлат табдил ёфтанд.

Барои рӯзноманигоре, ки дар ин ҷо набудаву дар кӯчаҳои маҳаллӣ гаштугузор накарда ва надида бошад, ки чӣ гуна манзилу хоҷагиҳои қирғизу тоҷик дар Сомониёну Кӯк-Тош ҷойгир шудаанд, манзараи воқеии минтақаи марзиро дубора эҳё кардан душвор аст. Агар дар канори роҳи Исфара-Ворух минтақаҳои аҳолинишин дар ҳар 3-4 километр ба чашм хӯранд, дар ин ҷо дар ҳар даҳ-понздаҳ қадам мулк ё хонаи як оилаи қирғиз ё ба оилаи тоҷикон тааллуқдошта ба назар мерасад. Дар ҷойе онҳо дар муқобили ҳамдигар ҷойгиранд, дар ҷойе дар як тарафи кӯча, он ҳам канори ҳамдигар. Танҳо ҳамин як чиз гувоҳӣ медиҳад, ки дар байни қирғизҳо ва тоҷикон муносибатҳои хуб мавҷуд буданд. Дар акси ҳол онҳо ҳеҷ гоҳ дар паҳлӯи ҳамдигар қарор намегирифтанд.

«Мардуми мо бо ҳам алокаманд буданд, якдигарро ба хубӣ мефаҳмиданд, на дар истифодаи замин ва на дар мавриди тақсими об ягон мушкиле набуд. Ҳоло ягон созиши пештара ва ҳамдигарфаҳмӣ нест. Мо худамон пай набурдаем, ки чӣ тавр ҳамаи ин дар ду даҳсола метавонад аз байн равад”, – мегӯяд Собиров.

Сокинони рустоҳои қирғиз, ки пас аз задухӯрди мусаллаҳона ба хонаҳои худ баргаштанд, умеди сулҳро ба ҳалли ниҳоии баҳси ҳудуди миёни ҳукуматҳои ду кишвар бастаанд.

«Чанд муддат аст, ки муносибатҳои мо ба таври ҷиддӣ осеб дидаанд. Ин ҳама дар бораи номуайянии сарҳади давлатҳои мост. Вақте ин масъала ҳал мешавад, фикр мекунам, ки ҳама чиз ба ҷойи худ бармегардад. Мо мехоҳем тарзи пешинаи хаёти худро барқарор кунем. Ҳоло дар кӯча қадам зада гоҳ ба ҳамсояҳо салом мегӯему гоҳ не. Ҳисси эътимоди пешина нисбат ба ҳамдигар нест, – аҳволи ҳозираро нақл кард сокини рустои Дахма Бибисолеҳа Эгамбердиева. Ин деҳа низ дар наздикӣ ҷойгир аст.

Бисёриҳо аз он хушбин ҳастанд, ки ҳарчанд таниш байни намояндагони ҷомеаҳои маҳаллӣ боқӣ мемонад, як сол боз низоъ вуҷуд надорад.

Далели он, ки зиндагӣ дар минтақаи наздимарзӣ ба эътидол омадааст, пас аз як соли танаффус дар деҳаи Сомониён билохира ба фаъолият шуруъ кардани мактаб низ ҳаст. Якуми сентябр дар мактаб бахшида ба рӯзи дониш ҷамъомади ботантана баргузор шуд, ки он на танхо ба ид ва оғози соли хониш, балки ба истифода додани бинои кӯҳнаи таълимии амалан аз нав сохташуда бахшида шуд.

Мактаби миёнаи рақами 64-и деҳаи Сомониён дар ҳамон кӯчае воқеъ аст, ки дар он хонаҳои қирғизу тоҷик тақрибан ба шакли тахтаи шатранҷ ҷойгир шудаанд. Дар ин ҷо ҳоло ҳамагӣ 156 талаба таҳсил мекунад. Ҳайати омӯзгорон низ зиёд нест – 15 нафар.

Мактаб дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳонаи хунини 14-17-уми сентябри соли 2022 дар маркази амалиёти ҷангӣ қарор гирифт. Хуб аст, ки кӯдакон сари вақт ба дигар ҷо интиқол шуданд. Бинои таълимӣ дар натиҷаи бархӯрдани гулӯлаҳо ба коми оташ рафт.

Баробари пойдор гардидани сулҳу осоиш ва муътадил гардидани вазъият кори азнавсозии биноҳои истиқоматӣ cap шуд. Ба одамон ёрӣ расондан лозим буд, то онҳо зимистон дар кӯча намонанд. Бо фарорасии фасли баҳор дар мактаб корҳои барқарорсозӣ оғоз гардиданд. Дар кӯтоҳтарин фурсат бинои таълимӣ амалан аз нав сохта шуд. Майдони мактаб пурра тоза карда, пайраҳаҳо битонпӯш карда шуда, барои истироҳат шипангчаҳо гузошта шуданд. Ягон осори тирпарониву гулӯлаандозӣ дида намешавад. Мо ин ҳамаро рӯзи 27-уми сентябри соли равон, ҳангоми боздиди худ аз мактаб, вақти суҳбат бо қаҳрамоне, ки барои нашрия интихоб карда будем, дидем.

Дар саҳни мактаб моро муаллим Алия Довудова, ки солҳои зиёд дар ин мактаб кор кардааст, пешвоз гирифт. Мо аз ӯ суол кардем, ки ҳангоми сохтани мактаб бачаҳо дар куҷо буданд? «Бо қарори шуъбаи маорифи шаҳри Исфара хонандаҳо ба дигар муассисаҳои таълимӣ тақсим карда шуданд, то аз барнома қафо намонанд. Рост, ки баъзе нороҳатиҳо буданд. Онҳо бояд ҳар рӯз масофаи зиёдро тай мекарданд. Ин барои кӯдакони хурдсол осон набуд, аммо маҳрум кардани онҳо аз таҳсил аз ин бадтар мешуд», – шарҳ дод муаллим.

Камол Собиров ҳам бо бачаҳо ба мактаб баргашт. Вай аз фанни забони модарӣ ва адабиёт дарс медиҳад. Бачаҳо мегӯянд, ки дарси Собиров барин муаллимонро наомӯхтан мумкин нест. Ҳама чизро осон, равшан ва бо мисолҳо шарҳ медиҳад ва дарсҳояш шавқовар мегузаранд.

Собиров дар ҷараёни даргири охири мусаллаҳона миёни низомиёни қирғиз ва тоҷик дар моҳи сентябри соли 2022 бар асари таркиши гулӯла ҷароҳатҳои вазнин гирифтааст. Вай ҳамроҳи сокини дигари деҳа, Олимбой Аббосов ба хонааш мерафт, ки дар назди онҳо гулӯла таркид. Олимбой вафот кард ва Камолро бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон бурданд. Пизишкон аз буғумҳо ва пардаи чашми ӯ пораҳои хурди зиёдеро бардоштанд ва биноии ӯро наҷот доданд.

“Ман он рӯзи даҳшатборро ба ёд овардан намехоҳам, – мегӯяд Собиров, – Пизишкон гуфтанд, ки аз бадани ман зиёда аз бист резапораи гулӯларо гирифтаанд. Олимбой аз хунравии зиёд дар роҳ ба бемористон ҷон додааст. Ман шаш моҳ табобат гирифтам. Боварӣ надоштам, ки ба касбам бармегардам».

Камол дар деҳаи Самарқандаки Қирғизистон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар шаҳри кӯҳканони тоҷик – Шӯроб хатм кардааст. Забони тоҷикиро хуб медонад, бо забонҳои қирғизиву русӣ гап мезанад.

Бисёриҳо дар миёнаҳои солҳои 80-ум, вақте Камол ба воя мерасид, орзу доштанд, ки дар кони ангишт усто ва муҳандис шаванд. Онҳоро музди баланд – моҳе то 600 сум, ки назар ба музди кори муаллим шаш баробар ва аз музди кори коргари совхоз 10 баробар зиёд буд, ба худ ҷалб мекард. Барои Камол аз сулолаи “кӯҳканҳо” буданаш аҳамияти зиёд дошт. Аз ин рӯ, баъди хатми мактаби миёна ба техникуми кӯҳии шаҳри Конибодом дохил шуд. Аммо дар охири солҳои 80-ум бештари кони ангишти Шӯроб, ки беш аз ҳазор сокини Тоҷикистону Қирғизистонро бо ҷойи кор таъмин мекард, дар пайи як садамаи бузург зери об монд. Дурусттараш, барои хомӯш кардани сӯхтори азим як қатор чоҳҳои ояндадор, долонҳо ва пайроҳаи зери заминиро аз об пур кардан лозим буд. Сипас, замин фурӯ рафт. Тамоми таҷҳизоти гаронбаҳо ва муосир дар чуқурии зери об ва қариб як километр қабати хароба ва кулӯхпораҳои сангу ангишт монданд. Мутахассисони баландихтисос аз шаҳр рафтанд. Баъзеҳо ба Русия, баъзеҳо ба Украина, баъзеҳо ба Қазоқистон, ки дар он ҷойҳо қонҳои бузурги ангишт мавҷуд буданд, ба ҷустуҷӯи кор рафтанд. Ҳамин тавр, Камол Собиров ба кори муҳандиси куҳӣ шуруъ накарда, маҷбур шуд, ки касби дигарро интихоб кунад. Дар ҳамин Конибодом ба омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуда, онро хатм кард ва ба ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, ки то ин вақт оилааш кӯчида буд, омад. Баъдан дар мактаби миёна ба фаъолияти омӯзгорӣ шуруъ кард. Дере нагузашта аз канори совхози «Иттифоқ» замин гирифт, худаш хона сохт ва чун маълум шуд, ки дар деҳаи Сомониён мактаб кушода мешавад, хохиш кард, ки ӯро ба он ҷо фиристанд. Камол Собиров 22 сол аст, ки дар мактаби миёнаи раками 64, ки онро хонааш медонад (зеро аз рӯзи ташкил шуданаш дар ҳамин ҷост), кор мекунад.

«Эҳтимол ман ҳаётро бе ин мактаб тасаввур карда наметавонам. Дар чунин лаҳзаи душвор тарк кардани ҳамкорон ва хонандагон ҷавонмардӣ нест. На ҳама мехоҳанд, ки ба ин ҷо биёянд, то таълим диҳанд, зеро ҳанӯз ҳам хатари муноқишаи нав вуҷуд дорад. Аммо дар ин ҷо одамон бо фарзандонашон зиндагӣ мекунанд. Касе бояд ба онҳо хондану навиштанро ёд диҳад?! Боварӣ дорам, ки чанд задухӯрди хунини охир ба бисёриҳо таъсир кардааст. Ҳам қирғизҳо ва ҳам тоҷикон дарк карданд, ки оқибаташ то чӣ андоза фоҷиабор хоҳад буд. Мактаб барои он зарур аст, ки мо дониши худро ба фарзандонамон омӯзем, ба онҳо фикр карданро таълим диҳем, ба онҳо роҳи дурустро нишон диҳем, то кӯдакон қобилият ва истеъдоди худро барои ҷамъият амалӣ гардонанд. Дар акси ҳол, зиндагӣ маъно надорад”, – мегӯяд Собиров.

Камол Собиров, ки дар муҳити интернатсионалӣ ба воя расидааст, ҷонибдори он аст, ки тоҷикону қирғизҳо, ки таърихан муносибатҳои неки ҳамсоягӣ доштанд, ҳамеша дар сулҳу дӯстӣ зиндагӣ кунанд. Вай оқибатҳои ҷанги мусаллахҳонаро худаш аз cap гузаронида, бори дигар боварӣ ҳосил кард, ки ҳеҷ неъмате беҳтар аз сулҳ нест. Ҳоло дар марзи ҳарду давлат сулҳ ҳукмфармост, аммо Собиров ба он ақида аст, ки ин сулҳ хеле нозук аст. Онро ҳифз ва мустаҳкам кардан лозим аст.

   Неъматулло МИРСАИДОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь