Маорифчиён ӯро ба сифати роҳбари дилсӯзу ҷонфидо ва дорои фазилати баланди омӯзгорӣ шинохтаанд. Таҳаммул ва тарзи корбарии ин марди хирадгаро бо хоксориву фурӯтании афзун то ҳанӯз аз хотирҳо нарафтааст. Мудом аз беҳдошти маорифи миллӣ меандешид, роҳҳои пешрав гардонидани онро якҷо бо ҳамтоёнаш меҷуст.

… Он рӯз қабулгоҳи сардори Раёсати маорифи шаҳр серодам буд. Корафтодаҳо як-як даромада, андак пас бо аломати ризо баромада мерафтанд. Дар байни омадаҳо аксарият мушкилоти иҷтимоиву тадрисӣ доштанд, ки салоҳашро яку якбора дарёфтан душвор буд. Таҳаммулпазириву нигоҳи одамшиносӣ зарур меафтод, ки оби лаби ҷӯ баробар ояд. Сардори бомаърифати Раёсати маорифи вақт Абдуллохон Қаландаров бо ҳар яке дар доираи муайяни вақт суҳбат ороста, афкорашонро шунида, камбудашонро мепурсид, роҳи ҳал меҷуст ва ба дарди маънавияшон даво меёфт. Аз чунин тарзи муносибати оқилона шаҳрвандон рӯҳияи болида мегирифтанду ба ояндаи дурахшони соҳа умед мебастанд.

Ин ҳамаро медидаму ба тарзи коргузорӣ ва санъати роҳбарии муннодии маорифи миллӣ дар дил таҳният мегуфтам. Ва ҳоло низ фаъолияти судманди ӯро бо баъзе ашхоси тасодуфи соҳа қиёс мекунаму тафовути замину осмонро пеши рӯ меоварам. Ҳарчанд ин марди бофазилат дар миёни мо нест, вале пайкори ибратомӯзи ӯ барои наслҳои баъдӣ мактаби шоиста буда метавонад.

Абдуллохон Қаландаров кӣ буд ва чаро имрӯз аз хидматҳои ӯ ба некӣ ёдовар мешавем?

Руҷӯъ: Абдуллохон Қаландаров зодаи ноҳияи хушманзари Муъминобод (27.11.1951) баъди хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (1968-1973) нахуст дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии навоҳии Данғара, Фархор ва Темурмалик ҳамчун омӯзгор, ҷонишини директор ва директори мактаб ифои фаъолият намудааст. Дертар дар вазоифи раиси Ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик, 1984-1986), мудири шуъбаи маорифи халқи ноҳия (1986-1999), муовин ва муовини аввали раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (1999-2002), сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (2002-2004), директори Маркази идораи лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маорифи ҷумҳурӣ (2004-2010) пайкор доштааст. Мавсуф-номзади илмҳои педагогика ва фалсафа, узви фаъоли ҲХДТ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе (2000-2005), ҳамзамон аз соли 2010 то сини ба нафақа баромадан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт буд.

Ин маорифчии кордону ташкилотчӣ дар боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазо гузоштааст. Замони роҳбарии ӯ ба ҳайати омӯзгорони ноҳияи Темурмалик ахиран, ба даврае рост меояд, ки дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту фарзандони меҳнаткашон аз таълиму тадрис фарсахҳо дур афтода, одамон дар ғами ҷони ширини худ ва дарёфти қути лоямут сарсону саргардон мегаштанд. Ҳар замон хабарҳои нохуш ба хонадонҳо мерасид ва пиру барно салоҳи кор меҷустанд. Ана дар чунин марҳилаи сарнавиштсоз Абдуллохон Қаландаров аз ҳар гӯша омӯзгоронро гирд меоварду кори таълиму тарбияро пеш мебурд. Бо вуҷуд, иштироки талабаҳо ва тартибу реҷаи дарсомӯзӣ ба дараҷаи лозим набуд. Неруҳои аҳриманӣ ҳар замон бонги хатар зада, ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор мекарданд.

Ӯ ҳамеша шукргузор буд, ки ба бахти мардуми тоҷик аз табори ориёӣ фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро бар дӯш гирифту ҷони худро ба гарав гузошту ҷони бечорагону бенавоёнро харид. Тарсу ваҳму таҳлука аз дили одамон зудуда шуд. Мардум ба созандагиву бунёдкорӣ даст зад. Волидайн фарзандонашонро бо дили пур ба мактаб гуселонида, дар андешаи хониши хубу аълояшон буданд.

Тӯли сенздаҳ соли роҳбарӣ Абдуллохон Қаландаров тавонист, ки навоқиси ҷойдоштаи мактабҳоро то андозае рафъ намуда, дар такомули соҳаи афзалиятноки кишвар ҳиссаи арзишманд гузорад. Тамкину дурандешӣ ва лафзи хуши вай омӯзгоронро рӯҳбаланд менамуд ва ба касби интихобиашон дилсӯзона муносибат мекарданд. Сатҳу сифати таълиму тарбия сол ба сол беҳтар шуда, хонандагон рӯ ба китобхонӣ меоварданд.

Ин марди заҳматкашу ҷонфидо ҳини дар вазифаи пурмасъулияти муовини аввали раиси ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур фаъолият доштан дар корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ баҳри устуворию пояндагии сулҳу субот ва равнақи маорифи миллӣ корҳои шоистаро ба субот расонид. Ӯ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсиву ҷамъиятӣ донишу таҷрибаашро дареғ намедошт.

Масъулони соҳаи маорифи мамлакат ҳамеша ба мутахассисони варзида ниёз дошта, онҳоро қадрмандӣ менамоянд. Ин аст, ки бо дастгирии мақомоти марбута Абдуллохон Қаландаровро дар вазифаи сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (соли 2002) дидан хостанд ва хато ҳам накарданд. Вай бо таҷрибаи кофӣ, санъати волои роҳбарӣ ва диди тоза метавонист ҳар гуна масоили печидаи соҳаро дар доираи талаботи соҳа ҳаллу фасл намуда, дар ташаккули минбаъдаи омӯзгорону толибимлон нақши бориз гузорад. Ҳамин аст, ки то ҳанӯз ҳамкоронаш аз ин марди кордону маорифчии беҳамто ба некӣ вирд меоваранд.

– Бе муболиға, Абдуллохон Қаландаров дар соҳаи маорифи кишварамон як тан аз донандагони беҳамтову нодире буд, – аз айёми ҳамкорияшон ба ёд меорад собиқадори маориф Холмаҳмад Холназаров. – Мо солҳои дароз ҳамкору ҳаммаслак ва дӯсту рафиқи ҷонӣ будем. Ӯ дар иҷрои кор серталаб ва мавқеи худро дошт. Ба фиребгарону дурӯябозон ва афроди тасодуфӣ ҳаргиз муросо карда наметавонист. Садои беҷову баландашро ба сари корманде нашунидаем, ҳама корро дар доираи одобу маданияти олии инсонӣ ба ҷой меовард. Ҳамин таҳаммулпазирӣ ва одамшиносияш буд, ки тамоми кормандони соҳаи маорифи шаҳр ва берун аз он дӯст ва маҳбубаш медоштанд. Дар оини дӯстиву рафоқат ва садоқат шахсияти беназире буд…

Ӯ дар ин давра ба сифати таълиму тарбияи насли наврас дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекард. Агар ноқисие дар фаъолияти зердастон, яъне роҳбарони кӯдакистону мактабҳо медид, зуд паи ислоҳаш бармекӯшид ва намунаи омӯзгори олиро ба мардум таблиғ менамуд. Оре, омӯзгоронро гули сари сабади ҷомеа тасаввур мекард ва ба ҳар кадомашон арҷ мегузошт. Таклифу пешниҳодоти судманди эшонро ба инобат гирифта, беҳтаринашро дар амалия ҷорӣ мекард ва ба истеъдодҳо роҳ мекушуд.

– Солҳое, ки Абдуллохон Қаландаров ба Раёсати маорифи шаҳр сарварӣ мекард, – ба суханонаш идома бахшида мегӯяд ҳамҷодааш Холмаҳмад Холназаров, -низоми коргузорӣ дар соҳа хеле густурда буд. Ба ҳар як рӯйдоду навигарӣ аз нигоҳи омӯзгори асил муносибат мекард, зиёдаравиро бад медид. Инчунин ба афкори мусоҳибонаш бодиққат гӯш фаро медод ва ба дардашон чора меҷуст. Вақти пурқиматашро дар давоми роҳбарӣ хеле самарабахш истифода мебурд. Суханонаш бурро, ҷаззоб ва таъсиргузор буд.

Аз таҷрибаи шахсиям медонам, ки на ҳама ба сарварони маориф ҳусни таваҷҷуҳ доштанд. Чунки бисёриҳо дар гуфтору рафтор як набуданд. Директорони мактабҳо ва корафтодагон чун медиданд, ки Абдуллохон Қаландаров дар лафзу паймон ва иҷрои он як аст, дар ҳалли масоили соҳа имдод мехостанд. Азбаски худаш мактабшинос буд, роҳҳои ислоҳи камбудиҳоро бо назокат дармеовард ва ниёзмандон аз ҳолати рӯҳафтодагӣ мераҳонд. Чунин тарзи пешқадами корбарӣ на ба ҳар сарвар муяссар мешавад.

Ҳақ ба ҷониби собиқадори маориф Холмаҳмад Холназаров аст, ки ба фаъолияти пурҷабҳаи дӯсташ баҳои холисона медиҳад. Ҳар некиву бадиро подоше интизор хоҳад буд. Ҳанӯз дар маҳфил ё анҷумане аз боби поягузорони маорифи шаҳрамон сухан оид шавад, ҳамрадифи беҳтаринҳо ному насаби Абдуллохон Қаландаров садо медиҳад, ки ин бесабаб нест. Мардум дар ҳама давру замонҳо ба қадри фарзандони фарзонаву ободгар мерасад.

Бо Фармоиши Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 3-юми июни соли 2004 Абдуллохон Қаландаров директори Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи маорифи Тоҷикистон таъин гардида буд. Ҷонфидои соҳа дар татбиқи Лоиҳаи мазкур ва Барномаи дурнамои давлатии «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ҳисса гузоштааст. Ташкил ва амалисозию озмоиши ин Барнома дар 5 ноҳияи таҷрибавӣ ва дастгоҳи Вазорати маориф ба уҳдаи Маркази идораи Лоиҳаи номбурда вогузор буд. Ҳамзамон, Марказ дар гузаронидани озмунҳо барои дарёфти мушовирони байналмлалӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ корҳои лозимро анҷом дода, фаъолияташро бо Вазорати маориф ва созмонҳои байналхалқӣ, аз қабили CTZ (Олмон), ЮНИСЕФ ва Кумитаи давлатии омори назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Барномаи мазкур густарда ба роҳ монд. Дар ин зимн, Марказ бо ташкилотҳои марбута вохӯриҳо доир гардонид. Дар он солҳо Вазорати маориф оид ба таҳияи Барномаи системаи иттилоотии идора намудани соҳаи маориф гурӯҳи корӣ созмон дода буд. Пас аз интихоби мушовирони байналмилалӣ ва корбурди мутахассисони маҳаллӣ татбиқи Барномаи мазкур аз ҷониби Марказ вусъати тоза пайдо намуд.

Тибқи Лоиҳаи ислоҳоти системаи маорифи Тоҷикистон (ЛИСМТ) бобати рушди соҳа тадобири зиёде андешида шуда, амалӣ низ гардиданд. Аз ҷумла, оид ба татбиқи Лоиҳаи мазкур дар ҷаласаи августии муаллимон намояндагони Раёсати маорифи шаҳр ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафари хизматӣ анҷом дода, масоили зиёде мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.

Дар мувофиқа бо кормандони Марказ бо тренерони курсҳои омӯзгорони фаннӣ Муллосамеъ Боқиев, Шодибег Содиқов, Аббоси Бобохон, Муллораҳим Ниёзмамадов, Шариф Ҷумъаев, Аҳрорхӯҷа Камолов ва чанде дигарон вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар суҳбат вазоифи тренерон ва мутасаддиёни китобҳои озмоишӣ мушаххас гардиданд. Барои пешбурди корашон шароитҳо фароҳам оварданд. Инчунин дар макотиби номбурда бо раисони Ассосиатсияи волидайн ва омӯзгорон суҳбатҳои гузарониданд. Маҳз дар ҳамин сафар барои мактабҳои рақамҳои 4, 5, 8, 11 ва 12 мебелҳо, барои ноҳия 2000 адад аёният, 1450 адад китоби физика ва 1607 адад китоби забони тоҷикӣ ворид карда шуданд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои охир ба масоили татбиқи ислоҳоти куллии низоми идораи давлатӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосири истеҳсолӣ ва таҷрибаи пешқадами идоракунӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда истодааст. Дар ин самт соҳаи афзалиятноки маориф низ истисно нест. «Ҳадафи муҳими низоми маориф – зикр менамоянд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – тарбияи шахсияти фаъоли ва созанда аст. Аз ин рӯ, масъалаҳои дар зеҳну шуури хонандагон ва ҷавонон тарбия кардани эҳсоси худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, истифодаи анъанаҳои беҳтарини маорифи миллӣ ва умумибашарӣ, арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ ва идоракунии демократӣ, ки то имрӯз барои ноил шудан ба дастовардҳои илму техника ва фарҳанг мусоидат намудаанд, таҳти таваҷҷуҳи доимии давлат қарор доранд.»

Яке аз самтҳои асосии муҳимми сиёсати маорифи кишварро системаи иттилоотии идоракунии маориф ва мониторингу баҳодиҳӣ ташкил медиҳад. Вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки бо истифода аз неруҳои эҷодии кишварамон барои бунёди системаи мониторинг ва баҳодиҳӣ дар ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.

Аз ҷониби дигар, гузаронидани семинарҳо дар ин мавзуъ ба хотирест, ки таи солҳои ахир эҳтиёҷоти Вазорат, раёсат ва шуъбаҳои маориф, мактаб ва дигар институтҳои иҷтимоии ҷомеа ба мониторинг ва арзёбии илман асоснок ва ҷавобгӯи ниёзҳои маориф афзудааст. Мутаассифона, аз тарафи институтҳои иҷтимоии ҷомеа, раёсату шуъбаҳои маориф, кабинетҳои методии онҳо ва худи роҳбарони муассисаҳои таҳсилотӣ ин талабот ба дараҷаи зарурӣ қонеъ гардонида нашудааст.

Бо вуҷуди он ки давлат, ташкилотҳои хориҷӣ ва созмонҳи ғайридавлатӣ барои бунёди системаи мониторингу баҳодиҳӣ, пешбурд ва дар амалия ҷорӣ намудани он маблағҳои хеле калон сарф мекунанд ва ба ин кор маблағҳои зиёди лоиҳаҳои гуногуни инвеститсионӣ ҷалб карда шудаанд, вазъи татбиқи ин система дар ҷумҳурӣ таҷдиди назар мехоҳад. Оид ба ин масъала Маркази идораи ислоҳоти соҳаи маориф мутахассисонро ҷалб намуда, низоми мониторинг ва баҳодиҳиро бо назардошти шароитҳои ҷумҳурӣ таҳия намуда, ба Вазорат пешниҳод намуда буд.

Директори Марказ А. Қаландаров дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф гурӯҳи корӣ ҷиҳати иттилоот ва баҳодиҳӣ таъсис дода, бо онҳо семинару тренингҳо гузаронида, вазифҳояшон мушаххас мегардид. Мутахассисони маҳаллӣ дар ҳамдастӣ бо мушовирони байналмилалӣ нақшаи амалиётро бобати гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳӣ таҳия мекарданд. Дар мониторинг ва арзёбӣ маводи таҳқиқоти мактабҳо мавриди истифода қарор мегирифт. Намояндагони Марказ дар муваффақона баргузор намудани ҷамъомадҳо фаъол буданд.

Мутахассисони Марказ доир ба омӯзонидани муаллимони синфҳои ибтидоӣ дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф корҳои шоистаро ба субот мерасониданд. Онҳо дар навоҳии Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ роҷеъ ба мавзуоти «Навсозии педагогӣ», Мониторинги сифати таҳсилот» ва «Меъёрҳои баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот» машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронида, инчуни бо мақсади муайян намудани сифати тренинг ва баҳодиҳӣ ба кори он бо ёрии саволнома (анкета)-ҳои пешакӣ омода сохта, бо инобати афкори иштирокчиёни семинарҳо таҳлил ва натиҷагирӣ ба амал меоварданд.

Аз натиҷаи чунин семинарҳо маводи дастурӣ оид ба «Мониторинги сифати таҳсилот» таҳия шуда буд, ки он омилҳои пастравии сифати таҳсилотро таи солҳои охир дар ҷумҳурӣ ва роҳи ҳалли марбут ба ин масоилро дарбар мегиранд. Дар ин ҳуҷҷат механизми гузаронидани сифати таҳсилот ва меъёрҳои баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот ҳамчун пешниҳод қайд гардидаанд.

Танҳо соли 2006 ҷиҳати азхуд кардани маблағҳо аз рӯи қисматҳо дар доираи татбиқи Лоиҳаи ислоҳоти системаи маориф дар ноҳияҳои Кӯлоб, Рашт, Айнӣ, Мастчоҳ ва Роштқалъа бо иштироки мушовирони байналмилалӣ ва маҳаллӣ масоили таъмиру таҷдид, сохтмону иншооти зиёде ба нақша гирифта шуда, мавриди истифода қарор гирифта буданд.

Ду сол пас аз рӯи бовар ва садоқатмандӣ дар иҷрои корҳои муҳимми хизмативу ҷамъиятӣ собиқадори маориф Абдуллохон Қаландаровро ҳамчун раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт пазируфтанд. Ӯ дар ин самти хеле мушкилу заҳматписанд бо донишу таҷрибаи ғанӣ корҳои шоиста намуда, дар таблиғу тарвиҷи ғояҳои ҳизби мардумӣ фарзанди вафодор буданашро ба ҷилва оварда буд. Дар маҷлисҳо аз ҷонфишониву сарсупурдагиҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти хос ҳикоят мекард. Аъзои ҳизб ба ҳарфу каломи ҷозибадораш бо шавқ гӯш фаро дода, паи созандагиву бунёдкорӣ камар мебастанд.

Абдуллохон Қаландаров дар дил орзуву ормонҳои миллӣ мепарварид. Ин марди наҷиб бисёр мехост, ки тамоми донишу сарводаашро ба нафъи мардуми азизаш сарф намуда, дар пешрафти диёри биҳиштосои Тоҷикистони маҳбуб гомҳои устувор бигузорад. Дареғо, марги беамон риштаи ҳаёташро барканд ва дӯстону ҳаводоронашро ба ғам мубтало гардонд.

С. Абдуллозода,

Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь