Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд чорабиниҳои муҳими таълимӣ ҷараён доранд, ки ба рушди ҷавонони Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Яке аз чорабиниҳои асосӣ Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Маорифи Русияву Белорус. Тоҷикистон-2024» мебошад, ки рӯзҳои 4-5 октябр дар Душанбе ва 7 октябр дар Хуҷанд баргузор мегардад.
Ин аллакай 12-умин намоишгоҳ аст, ки дар он мактаббачагон, донишҷӯён ва волидони онҳо иштирок карда, метавонанд бо барномаҳои таълимии донишгоҳҳои пешсафи Русия ва Беларус шинос шаванд. Боз кадом иқдомҳои муҳим барои боло бурдани сатҳи дониш ва огоҳии ҷавонони тоҷик пеш гирифта шудаанд?
Дар намоишгоҳи «Маорифи Русияю Белорус. Тоҷикистон-2024” барномаҳои таълимии беш аз 30 донишгоҳҳои пешрафтаи Русия ва Беларус муаррифӣ карда шуданд. Ин муассисаҳои таълимии олие мебошанд, ки дар самтҳои талаботнок мутахассисонро тайёр намуда, фаъолияти худро густариш медиҳанд.
Намоишгоҳи таълимӣ
Рӯзи ҷумъа, санаи 4 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Маорифи Русияю Белорус. Тоҷикистон-2024» ифтитоҳ ёфт. Меҳмонони чорабинӣ бо барномаҳои нави таълимӣ шинос шуда, бо намояндагони донишгоҳҳои дар намоишгоҳ иштироккунанда саволу ҷавоб карданд. Довталабони оянда ва волидони онҳо роҷеъ ба таҳсили буҷавӣ ва шароити зист дар хобгоҳҳо маълумотҳои зарурӣ ва машваратҳо гирифтанд.
Муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Русия Константин Могилевский зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ қайд намуд: “Имрӯз дар ин ҷо донишгоҳҳои пешсафи Русия ва Беларус муаррифӣ карда шудаанд, ки аз рӯи ихтисосҳои талаботнок мутахассисонро тайёр мекунанд. Донишгоҳҳои мо бо ҷону дил донишҷӯёнро аз кишвари бародари Тоҷикистон қабул мекунанд. Ҳоло дар назди шумо тамоми роҳҳо кушодаанд ва дурнамоҳои хубе вуҷуд доранд. Онҳое, ки донишгоҳҳои Русия ё Беларусро интихоб мекунанд, ҳеҷ гоҳ пушаймон нахоҳанд шуд. Шумо метавонед ба таври ройгон ё пулакӣ таҳсил кунед – имкониятҳо зиёданд, шумо метавонед дар ин бора дар сомонаи Россотрудничество маълумот пайдо кунед. Маълумотҳоро бодиққат омӯзед, бо намояндагони донишгоҳҳо сӯҳбат кунед, ба шумоён дар интихоби касб барор мехоҳам!”
Баъдан Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки донишгоҳҳои муосир супориши давлатиро оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт иҷро мекунанд: «Ин дониш, масъулият ва тахассуси бузургро талаб мекунад. Раванди таълим беохир аст ва шумо метавонед дар соҳаҳое, ки ба шумо наздиканд, дониш гиред. Муҳим хондан, хондан ва боз ҳам хондан аст, ба шумоён муваффақият ва бурдбориҳо хоҳонам».
Ин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалӣ аллакай 12-умин чорабиниест, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Намоишгоҳ тӯли чандин солҳост, ки ба мактаббачагон, донишҷӯён ва волидони онҳо имкон медиҳад, то бо барномаҳои таълимии донишгоҳҳои пешрафтаи Русия ва Беларус шинос шуда, дар бораи шарту шароитҳои дохилшавӣ, зиндагӣ ва таҳсил дар ин донишгоҳҳо маълумот пайдо кунанд.
Ҳамчунин, мушовири фиристодаи сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская зимни сухани ифтитоҳиаш қайд намуд: «Таҳсилоте, ки шумо дар Русия ё Беларус мегиред, ҳам барои шахсан худатон ва ҳам барои Тоҷикистон муҳим аст. Шумо бо дониши худ метавонед ба кишвари худ нафъ оварда, худатон низ рушд кунед. Дар ин синну сол эҳтимол аст, ки қадами хато гузоред (интихоби нодуруст кунед). Ман ҷавононеро медонам, ки барои таҳсил кишварҳои дурро интихоб карданд ва баъдан мо ба онҳо барои ба донишгоҳҳои Русия интиқол ёфтан кӯмак кардем. Ҳазорон ҷавонони тоҷик, ки ҳамасола мактабҳои олии Федератсияи Русия ва Тоҷикистонро хатм мекунанд, интихоби дуруст кардаанд. Онҳо дар оянда низ ба Ватани худ нафъ мерасонанд. Марҳамат ба Русия биёед ва ман боварӣ дорам, ки робитаҳои байни кишварҳои мо боз ҳам мустаҳкамтар мешаванд».
Дар доираи намоишгоҳ оид ба маъракаи квотаи Россотрудничество машваратҳо гузаронида шуданд. Барои довталабони Тоҷикистон 1000 ҷои буҷетӣ дар донишгоҳҳои Русия ҷудо шудааст, аз 7 октябр бақайдгирӣ дар сомонаи https://education-in-russia.com/ оғоз мегардад ва то то 15 январи соли 2025 дархостҳо қабул карда мешаванд. Сардори Раёсати маориф ва илми Россотрудничество Вадим Зайчиков қайд намуд, ки муҳимтарин давра барои ҳар як довталаб – ин тасмим гирифтан дар мавриди интихоби касб: “Имкониятҳо барои дохилшавӣ бисёранд ва ҳоло муҳим аст, ки дар мавриди интихоби касби ояндаатон тасмим гиред. Шумо метавонед дар сомона дархост гузоред, то моҳи январ имкон доред ҳама маълумотро омӯхта, интихоби дуруст кунед. Ин як қадами бузург ба сӯи ояндаи муваффақи шумост».
Донишгоҳҳои муаррифишуда
Қобили зикр аст, ки айни ҳол дар Русия беш аз 20 ҳазор донишҷӯйи тоҷик таҳсил мекунанд, ки ин аз сатҳи баланди ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи байни ду кишвар шаҳодат медиҳад. Донишгоҳҳои Русия ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ҷалб намуда, на танҳо барои гирифтани таҳсилоти босифат, балки барои инкишоф додани малакаҳои касбии худ имконият фароҳам меоваранд. Ин бисёр муҳим аст, зеро талабот ба чунин мутахассисон ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар зиёд аст.
Тирамоҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳаҳо барои инкишоф додани масъулияти иҷтимоӣ дар байни ҷавонон дар назар аст. лоиҳаҳои «Вақти корҳои нек» ва «Миссияи некӣ» барои ҷалби мактаббачагон ва волонтёрон ба ташаббусҳои муҳими иҷтимоӣ равона карда шудаанд.
Дар намоишгоҳ муассисаҳои олии таълимии Русия, аз ҷумла Донишгоҳи физикаю техникии Москва, Донишгоҳи федералии Сибир, Донишгоҳи сохтмони Москва, Донишкадаи давлатии технологияҳои электронии Москва, Донишгоҳи давлатии политехникии ҷанубии Русия ба номи М. Платов, Донишкадаи давлатии иктисодии Урал, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия, Донишгоҳи давлатии Томск, Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург муаррифӣ карда шуданд.
Тавре намояндагони Донишгоҳи тадқиқотии тиббии шаҳри Приволжский қайд намуданд, донишгоҳ дорои 7 факултет мебошад: табобатӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, тиббию профилактикӣ, дорусозӣ, факултети барномаҳои шабакавии таълимӣ ва факултети таълими тиббии байналмилалӣ. «Мо бо камоли хурсандӣ донишҷӯён аз дигар кишварҳоро қабул мекунем. Мо имконияти ба дигар донишгоҳҳои Русия ё кишварҳои хориҷӣ барои таҷрибаомӯзӣ фиристодани онҳоро низ дорем. Инчунин имконияти гузаштани таҷрибаомӯзӣ дар беҳтарин клиникаҳои Федератсияи Русия вуҷуд дорад, яъне барои рушди ҳамаҷонибаи донишҷӯён тамоми имкониятҳову захираҳои зарурӣ мавҷуданд».
Моҳи сентябри соли ҷорӣ “Хонаи русӣ” дар Душанбе ба ду мактаб – Мактаби байналмиллалӣ ва гимназияи хусусии “Кафолат” китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ тақдим кард. Ба китобхонаҳои ин мактабҳо зиёда аз 1000 адад китоб, аз он ҷумла китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ тақдим гардид. Дар Мактаби байналмиллалӣ хонандагон забони русиро аз синфҳои ибтидоӣ тибқи стандартҳои русӣ меомӯзанд, дар гимназияи «Кафолат» 16 синфи таҳсилашон бо забони русӣ фаъолият менамоянд.
Намояндагони Донишгоҳи федералии Урал қайд карданд, ки дар донишгоҳ «дар баробари таҳсил имконияти омӯхтани забони русӣ ва дар Русия маскан гирифтан вуҷуд дорад. Ҳамзамон имконияти ба тариқи онлайн супоридани имтиҳонҳо низ вуҷуд дорад, мо кампусҳои калон дорем ва боз кампусҳо сохта мешаванд, имконияти рушд додани фаъолияти илмӣ низ мавҷуд аст. Донишҷӯёне, ки ба тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд, ба ғайр аз пули хобгоҳ ягон чизи дигарро пардохт намекунанд, зимнан барои хобгоҳ нархҳои ҳадди аққал (минималӣ) муқаррар шудааст. Дар маҷмӯъ, мо зиёда аз 9000 ҷойҳои буҷетӣ дар зинаҳои бакалавриат, мутахассис ва магистратура, инчунин зиёда аз 300 барномаҳои таълимӣ дорем. Марҳамат, касби дӯстдоштаатонро интихоб кунед, ҳатто агар соҳаи душвор бошад ҳам – мо ба шумо роҳнамоӣ мекунем”.
Интихоби мактаббачагон
Шаҳзода, хонандаи синфи 11-и мактаби “Ҳотам ПВ”-и шаҳри Ҳисор, дар мавриди интихоби касб аллакай тасмим гирифтааст: “Бисёр мехоҳам ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба ихтисоси муҳандис-кимиёчӣ дохил шавам, зеро 4 сол инҷониб бо омӯзиши химия машғул ҳастам ва аз ин рӯ, дар соҳаи саноат кор кардан мехоҳам. Мехоҳам ба донишгоҳи Русия дохил шавам, онҷо имкониятҳо бисёранд. Махсусан ба Донишкадаи физикаю техникии Москва, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Донишгоҳи Сеченов ё донишгоҳҳои шаҳри Қазон таваҷҷӯҳ дорам.
Мария дар синфи даҳум мехонад, вале аллакай барои худ касбу донишгоҳро интихоб кардааст: «Ман мехоҳам ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва дохил шавам, зеро дар он ҷо дар самти варзиш ва менеҷмент мутахассис тайёр мекунанд. Ман худам варзишгар ҳастам, бо таэквондо машқ мекунам ва мехоҳам шуғламро идома диҳам, дар Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва барои ин ҳамаи шароитҳо мавҷуд аст. Ман дар назди худ мақсад гузоштаам, ки ҳатман ба он ҷо дохил мешавам”.
“Ман дар синфи 10 таҳсил мекунам ва ҳанӯз намедонам, ки кадом касбро интихоб кунам, вале бештар ба соҳаи IT, 3D-дизайн ва скулптинг (ҳайкалсозӣ тавассути технологияҳои рақамӣ) шавқ дорам. Ҳоло барои интихоб ва инкишоф додани малакаи худ дар самтҳои барои ман ҷолиб вақт дорам”, – мегӯяд Азим.
“Ин чорабинӣ ба ман хеле писанд омад, зеро онҳое, ки дар интихоби касб ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, дар ин ҷо метавонанд бо пешниҳодҳо шинос шаванд. Ман ҳанӯз касбамро интихоб накардаам, вале аллакай бо пешниҳодҳои донишгоҳҳо шинос шуда, чандтои онро барои худ қайд кардам. Мехоҳам дар соҳаи истеҳсолоти кимиё ё хӯрокворӣ малакаи худро инкишоф диҳам, — мегӯяд Манучеҳр, хонандаи синфи 10-уми мактаби ба номи Ю. Гагарин.
Мушовири фиристодаи Сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская: «Ман солҳои зиёд дар Тоҷикистон кор мекунам ва медонам, ки дар ин ҷо мардуми боистеъдод зиндагӣ мекунанд. Боварӣ дорам, ҳар нафаре, ки ба донишгоҳҳои Русия ё Белорус дохил мешавад, барои ин муассисаи таълимӣ як ҳусули муҳим хоҳад гардид.»
Намоишгоҳ имрӯз низ кори худро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз соати 9:00 оғоз кард. Намоишгоҳ санаи 7 октябр дар шаҳри Хуҷанд дар “Қасри ҷавонон” ба кори худ хотима мебахшад. Ба ғайр аз намоишгоҳ, баргузории дигар чорабиниҳои таълимӣ ва маърифатӣ дар назар аст, ки ба дастгирии ҷавонон ва рушди иқтидори таълимии Тоҷикистон нигаронида шудаанд.
Имкониятҳои дигар
Бо дастгирии Россотрудничество «Ҳафтаи математика, физика ва технологияҳои компютерӣ» ташкил карда шуд, ки дар доираи он барномаҳои таълимӣ барои мактаббачагон ва барои омӯзгорон курсҳои такмили ихтисос пешбинӣ шудааст. Ин чорабинӣ барои амиқтар кардани дониши мактаббачагон аз фанҳои дақиқ ва такмил додани усулҳои таълимдиҳии омӯзгорон, инчунин табодули таҷриба кӯмак мерасонад. Яке аз чорабиниҳои муҳиме, ки ба наздикӣ баргузор мегардад, Форуми директорон ва омӯзгорони мактабҳои русзабон мебошад. Ҳадаф аз баргузории ин форум – фароҳам овардани як майдон (платформа) барои табодули таҷриба, муҳокимаи технологияҳои навтарини таълимӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрам вобаста ба таълимдиҳии забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон аст.
Ташаббусҳои “Хонаи Русия” низ, як ҷузъи ҷудонашавандаи чорабиниҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамин тариқ, 24 сентябрь дар литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе «Экспресси фарҳангию маърифатии русӣ» баргузор гардид, ки дар доираи он кормандони “Хонаи Руссия” доир ба таърихи Донишгоҳи давлатии Москва дарсҳои кушод гузарониданд. Ҳамзамон бо иштироки хонандагони синфи 10 дарси интерактивӣ гузаронида, барои онҳо супоришҳо оид ба инкишоф додани нутқ, машқҳо бо забони русӣ ва экскурсияҳои виртуалӣ дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии Маскав пешниҳод карда шуд.
Боз як чорабинии муҳиме, ки рӯзи 27 сентябр дар шаш шаҳри Тоҷикистон, аз ҷумла дар Душанбе, Хуҷанд ва Панҷакент баргузор гардид – Маъракаи маърифатии байналмилалии «Диктанти адабӣ» буд. Дар чорабинӣ қариб 1800 нафар мактаббачагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва тамоми ҳаводорони адабиёти рус иштирок карданд. «Тоҷикистон соли сеюм аст, ки дар ин маърака иштирок мекунад ва теъдоди иштирокчиён торафт меафзояд. Ин аз таваҷҷӯҳи зиёд ба адабиёти рус ва аҳамияти китобхонӣ дар замони мо шаҳодат медиҳад”, – мегӯяд Андрей Патрушев, раиси намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон.
Ҳама чорабиниҳо ва ташаббусҳо дар густариши равобити маърифатии байни Русия ва Тоҷикистон нақши муҳим дошта, ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳо, инчунин нигоҳ доштани сатҳи баланди таълиму тарбияи мутахассисон мусоидат мекунанд.
Матлубаи Қ.