Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур МусоҷонзодаҶамилаМансур суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда аз Пешвои миллат сипосгузорӣ намуд, ки ҳамеша омӯзгоронро пуштбонӣ мекунанд ва дар ҳама баромадҳояшон омӯзгоронро таърифу тавсиф менамоянд ва дар Паёми навбатиашон низ зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар аз 21 декабри соли 2021 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳаи маориф амал намуда, дар ин замина ба масъалаи иҷрои қарору фармоишҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе диққати аввалиндараҷаро равона намуд.

Таълим ва дурнамо

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки дар кори машваратҳои январӣ зиёда аз 1150 нафар омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, сармураббиёну мураббиён фаъолона ширкат варзида, оиди дастоварду комёбиҳои худ маърӯзаҳои ҷолиб намуданд.

Рафти кори машваратҳо санаи5,6,7 январи соли 2022 тавассути шабакаи телевизионии «Душанбе» сабт гардида, ба намоиш гузошта шуд.

Дар давоми 11 моҳи фаъолият 11 маротиба шӯрои шуъбаи маориф ва 23 маротиба маҷлисҳои назоратии назди мудири шуъбаи маориф гузаронида шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳимтарини ҷараёни таълиму тарбия дар асоси нақшаи кории солонаи шуъбаи маориф барои соли 2022 мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирифтааст.

Тибқи нақшаи кории шуъбаи маориф мутахассисони шуъбаи маориф пайваста аз вазъи тозагӣ, санитарию эпидемиологии муассисаҳои таълимӣ, корҳои ободонӣ, вазъи ҳуҷҷатнигории омӯзгорон, журналдорӣ ва иҷроиши барномаҳои таълимӣ дидан намуданд.

Кабинетҳои фаннӣ

Ҳамсуҳбати мо иттило дод, ки айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 498 адад кабинетҳои фаннӣ мавҷуд мебошанд (аз онҳо 30 адад кабинети физика, 31 адад кабинети химия, 36 адад кабинети биология, 35 адад кабинети география, 47 адад кабинети математика, 57 адад кабинети технологияи информатсионӣ, 22 адад кабинети суруд ва мусиқӣ, 24 адад тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, 24 адад таърих, 46 адад забони хориҷӣ, 18 адад кабинетҳои лингофонӣ, 34 адад технологияи меҳнат барои писарон, 36 адад технологияи меҳнат барои духтарон, 19 адад санъати тасвирӣ ва нақша, 3 адад шоҳмот ва 36 адад забон ва адабиёти тоҷик). Инчунин, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ 2810 адад компютер, 375 адад принтер, 243 адад ноутбук, 366 адад тахтаи электронӣ ва 366 адад проектор барои дарсомӯзии толибилмон истифода карда мешавад.

Аз 63 муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ новобаста аз шакли моликият, ки дар қаламрави ноҳия фаъолият мекунанд, 57 муассиса ба шабакаҳои интернет пайваст мебошанд.

Нишондоди сифати таълим

Ҳамзамон, номбурда изҳор дошт, ки тибқи маълумот сифати дониши хонандагон дар ноҳияи Шоҳмансур дар чоряки якуми соли таҳсили 2022-2023 44,0% ва дараҷаи азхудкунӣ 97,0%-ро ташкил намуда, дар ин замина сифати таҳсилот нисбат ба анҷоми соли таҳсили 2021-2022 ба 1,5% (анҷоми соли таҳсил 42,5%) ва дараҷаи азхудкунӣ 0,2% (анҷоми соли таҳсил 96,8%) баланд гардидааст.

Ҷамъбасти чоряки якум дар соли таҳсили 2022-2023 нишон дод, ки дар муассисаҳои таълимӣ шумораи хонандагони синфҳои 2-11, 46307 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 42361 нафар ба муассисаҳои зертобеи шуъбаи маориф ва 3946 нафар ба дигар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия (литсеюгимназияҳо ва муассисаҳои таълимии хусусӣ) рост меояд.

Ифтихор аз дастовард

Дар рафти суҳбат мавсуф зикр дошт, ки мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №64-и ноҳия Ғаниева Фирӯза дар даври ноҳиявии озмуни “Мурабби сол” ғолиб омада, ба даври шаҳрӣ роҳхат дода шуд.

Дар озмуни мазкур тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон Фирӯза Ғаниева-мураббияи муассисаи томактабии №64-и ноҳияиШоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2021” гардид.

 Ободонӣ

Инчунин, номбурда қайд кард, ки тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бобати ба «шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти кишвар, аз ҷониби маорифчиёни ноҳия корҳои ободонӣ анҷом дода шуд. Бо ин мақсад 1 170 000 дона қаламчаи гули Садбарг дар муассисаҳои таъл имӣ шинонида шуд.

Инчунин, 5905 бехгулҳои бисёрсола, 16520 бехпиёзаки гули лола, 10705 бехгулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

То ба имрӯз дарахтони мевадиҳанда 100 адад, сояафкан 125 адад, ороишӣ 239 адад ва буттаҳо 334 адад шинонида шудааст.

Дар баробари ин 16 м2замин дар гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ майсазор карда шудааст.

Такмили ихтисос

Дар ҷараёни суҳбат номбурда изҳор дошт, ки бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07.2017, №357 тасдиқ шудааст) дар 11 моҳи соли 2022 ба хотири такмили маҳорати касбӣ, омӯзиши роҳу усулҳои муосири таълим ва ба ин васила баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва малакаҳои педагогӣ тибқи нақшаи муайянгардида 293 нафар омӯзгорони фанҳои гуногун дар Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” ва филиали ҳамин донишкада дар шаҳри Душанбе аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд, ки 100%-и нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад. Инчунин, дар ин давра 253 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия (аз ҷумла, 19 нафар мутахассисони ҷавон) аз семинари омӯзишии муносибати босалоҳият гузашта, соҳиби сертификат гардиданд.

Кадрҳои фардо

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин, тазаккур дод, ки дар давраи аз 01.03.2022 то 30.04.2022 аз муассисаҳои таълимии ноҳия 2100 нафар хатмкунандагони синфи 11 ҳуҷҷатҳои худро ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридаанд, ки ин шумора 83,5%-ро ташкил медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 11-ум 362 нафар ҳуҷҷатҳои худро барои идомаи таҳсил ба донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар супоридаанд.

Шумораи хонандагони синфҳои 9-ум 4066 нафарро ташкил медод ва аз ин шумора барои идомаи таҳсил дар коллеҷҳо 561 нафар ҳуҷҷат супорида, сазовори номи донишҷӯй шуданд.

Омодагӣ ба соли хониш ва бунёди муассисаҳои замонавӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки дар асоси пешниҳоди санадҳои нуқсонӣ шурӯъ аз оғози моҳи июн таъмир дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ оғоз гардида, тибқи супориш то санаи 20.08.2022 ба анҷом расонида шуда, муассисаҳо ба соли таҳсили 2022-2023 омода карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба шуъбаи маориф 75312 нусха китоби дарсӣ, 900 нусха дафтарҳо (журнал)-и синфӣ ва 4500 адад варақаи шахсӣ барои қабули хонандагон ворид гардида, тибқи тартиб ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд.

31-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи чорабиниҳои идона ба муносибати солгарди 31-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар остонаи оғози соли нави таҳсил дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд карда шуд.

Дар санаи 01.09.2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Истаравшани ноҳияи Шоҳмансур муассисаи томактабии №30-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 204 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм

Ҳамзамон, номбурда тазаккур дод, ки бо мақсади амалӣ намудани талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25.02.2022, №85 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”, қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансур аз 10.03.2022, №97, фармоиши Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 03.03.2022, №34/4 ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳия аз 03.03.2022, №24  вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд аз 28 то 29 марти соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” ташкил ва гузаронида шуд.

Инчунин, даври шаҳрии озмуни “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” санаи 8 то 11 апрели соли 2022 дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ташкил ва гузаронида шуд, ки 21 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ иштирок намуда, аз ҳамин шумор 8 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ  гардиданд. Бояд қайд намуд, ки санаи 16 апрели соли 2022 дар толори Кохи Суруш бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона таҳти унвони “Ту қалби Тоҷикистони, Душанбе” баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” баргузор гардид.

Зайдуллоева Нигора –хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ноҳия, барои ишғоли ҷойиI дар озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” аз рӯйи номинатсияи “Меъморӣ”, бо Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ, сарфароз гардонида шуд.

Шодиев Мудассир –хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 ноҳия, барои ишғоли ҷойи I дар озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” аз рӯйи номинатсияи “Моделсозӣ”, бо Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ, сарфароз гардонида шуд.

Шарипова Аноҳито –хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ноҳия, барои ишғоли ҷойи III дар озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” аз рӯйи наминатсияи “Радиоэлектроника”, бо Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 (панҷ ҳазор) сомонӣ, сарфароз гардонида шуд.

Раҳимов Муҳаммадрасул –хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ноҳия, барои ишғоли ҷойи II дар озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” аз рӯйи наминатсияи “Радиоэлектроника”, бо Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, сарфароз гардонида шуд.

Холиқов Муҳаммад –хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 ноҳия, барои ишғоли ҷойи III дар озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” аз рӯйи наминатсияи “Робототехника”, бо Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 (панҷ ҳазор) сомонӣ, сарфароз гардонида шуд.

Шарифзода Умар –хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 ноҳия, барои ишғоли ҷойи I дар озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” аз рӯйи номинатсияи “Робототехника”, бо Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ, сарфароз гардонида шуд.

Расулова Ситора –хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ноҳия, барои ишғоли ҷойи II дар озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” аз рӯйи наминатсияи “Сайёҳӣ ва кишваршиносӣ”, бо Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, сарфароз гардонида шуд.

Раҳимова Гулрӯ –хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ноҳия, барои ишғоли ҷойи III дар озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” аз рӯйи наминатсияи “Табиатшиносӣ”, бо Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 (панҷ ҳазор) сомонӣ, сарфароз гардонида шуд.

Иштирок дар озмун

Дар рафти суҳбат номбурда изҳор дошт, ки бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-42 бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунарӣ иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон санаи 05.05.2022 дар Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе даври Муассисавии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” баргузор гардид.

Дар озмун 52 нафар хонандагон аз 22 муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур аз қабили МТМУ №65, 55, 6, 20, 21, 29, 31, 35, 102, 105, 104, 109, 36, 48, 41, 63, 39, 71, 23, 2, 100, Литсейи техникӣ, Гимназияи №4 ва инчунин МД “Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Санаи 13.05.2022 дар Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе бо мақсади мусоидат ва дарёфтӣ рушди зеҳниву эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи адабиёт, ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи эҷоди асарҳои назмиву насрӣ аз ҷониби онҳо, тарғиби мутолиаи китоб, ҷалби оммавии наврасон барои иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои соҳзаи маорифи пойтахт дар соли 2022, ҷиҳати иҷрои банди 52-и Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе бо иштирокчиёни Форуми 1 навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе “Килки сабз” аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сӯҳбату вохӯриҳо баргузор карда шуд, ки хонандагон шеъру асарҳои эҷодкардаи худашонро ба даври ноҳиявии озмун пешниҳод намуданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” 12 нафар ғолибон аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ва 10 нафар барои иштироки фаъоли худ ва инчунин волидони ҳар як хонандаи ғолиб сазовори сипосномаю ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Иштирок дар олимпиада

Дар хусуси иштироки хонандагон ва омӯзгорон мудири шуъба сухан гуфта, аз ҷумла, қайд кард, ки дар Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур аз фанни технология (таълими меҳнат) хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур бо пешниҳоди 65 адад лоиҳаи эҷодӣ иштирок намуданд. Аз ин шумора 3 лоиҳаи эҷодии довталабон аз ҷониби комиссияи озмунӣ беҳтарин дониста шуданд.

Бо қарори комиссияи озмунии Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур аз фанни технология 12 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур ба даврӣ шаҳрӣ роҳхат ёфтанд.

Инчунин, “Беҳтарин лоиҳа” лоиҳаҳои хонандаи синфи 9-и МТМУ №41 Холиқов Муҳаммад, хонандаи синфи 8-и МТМУ №71 Шарифзода Умар ва хонандаи синфи 7-и МТМУ №107 Неъматуллоев Баҳридин дониста шуданд.

Дар даври шаҳрии Олимпиада дастаи хонандагони ноҳияи Шоҳмансур маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Бахшида ба таҷлили ҷашни 29-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 20 феврали соли равон дар Маркази давлатии таҳсилоти иловагии ноҳия мусобиқаи бозии «Шоҳмот» гузаронида шуд, ки дар ин мусобиқа 312 нафар шоҳмотбозону шашкабозҳо иштирок карданд. Дар ин мусобиқа хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии №20, 21 ва 55 сазовори ҷойҳоиа ввал гадиданд.

Дастаҳои тирандози муассисаҳои таълимӣ дар озмуни шаҳрии «Тирандозӣ аз милтиқи пневматикӣ» фаъолона иштирок намуда, дар миқёси шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон ва дарёфт намудани хонандагони болаёқат 3 январи соли 2022 даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе (синфи 11), Олимпиадаи анъанавии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе (синфҳои 9 ва 10), Олимпиадаҳои даставии наврасон (синфҳои 5-6 ва 7-8)  дар Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” оғоз гардида, то 4 январи соли 2022 идома ёфт. Дар олимпиадаи мазкур хонандагони синфҳои 5-11 иштирок ва сабқат намуданд. Инчунин, Олимпиадаҳои “Spelling Bee” ва “Шоҳмот”, Олимпиадаи даставии “Истеъдод” ва даври  интихобии олимпиадаи даставии хонандагон байни  синфҳои 9-10 дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ташкил ва баргузор гардид.

Мутобиқи Низомномаи Олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз 13 фанни таълимӣ, аз ҷумла, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, забони давлатӣ, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, биология, география, химия, физика, математика ва технологияи информатсионӣ баргузор гардид.

Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” санаи 12 марти соли ҷорӣ дар МТД “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар асоси раддабандии Кумитаи тадорукот барои ноил гардидан аз рӯи миқдори ҷойҳои ифтихории бадастоварда дар Олимпиада аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе” ҷойи дуюм дастаи олимпии ноҳияи Шоҳмансур бо ба даст овардани 174 ҷойи ифтихорӣ дониста шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Лозим ба қайд аст, ки хонандагони боистеъдоди Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” дар ҷамъбасти шаш даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Шоҳмансур фаъолии худро нишон дода, бо гирифтани 165 ҷойи ифтихорӣ дар байни ноҳияҳои пойтахт мақоми сеюмро ишғол намуданд.

 Олимпиадаи байналмилалӣ

Инчунин, мавсуф изҳор дошт, ки бо ибтикори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” бори нахуст дар пойтахт Олимпиадаи байналмиллалии “GLOBUS” баргузор гардид. Олимпиадаи мазкур аз 8 фанни таълимӣ, аз ҷумла, забони русӣ, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, математика, биология, география, физика ва химия баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои 1-11 иштирок намуданд.

Дар Олимпиадаи байналмиллалии “GLOBUS” хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур ба шумораи 672 нафар иштирок намуда, 118 нафар хонанда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Аз шумораи номбурда, 23 нафар – сазовори ҷойи I, 24 нафар – ҷойи II ва 71 нафар – сазовори ҷойи III гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки 554 нафар хонандагони боқимонда иштирокчии фаъол дониста шуда, бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади омодасозӣ ва ҷалби ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагон аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати иштирок дар даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиада дар хамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” машғулиятҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст.Дар вохӯрӣ оид ба омодагии хонандагон ба даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагон, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ инчунин, иштироки хонандагони дар озмунҳои аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардида, хосатан озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Илм- фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” масъалгузорӣ карда шуд.

 Фаъолияти пурсамар

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат боиси густариш ёфтани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ гардид.

Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».

Ҷиҳати гиромидошти фарзанди баруманду шинохтаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино, дар сатҳи ҷумҳурӣ бо иштироки донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот олимпиадаи байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар олимпиадаи байналмилалӣ шумораи иштирокчиён беш аз 60 нафарро дар бар мегирифт. Дар олимпиада дар баробари донишҷӯёни тоҷик, инчунин, донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Омӯзгори ҷавони Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” Назриддинзода Саидҷон дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика қобилият ва истеъдоди волои худро нишон дода, сазовори ҷойи 3 гардид.

Дар фароварди суҳбат мавсуф зикр дошт, ки ҳадафи аслии мо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи дониши толибилмон, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, ба талабот ҷавобгӯй намудани сифати таълим, ба камол расонидани насли ҳушманд ва бохабар аз хатарҳои замони муосир, донандагони забонҳои хориҷӣ ва воқиф аз техникаю технологияи муосир ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушду инкишофи Тоҷикистони азиз буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Минбаъд низ мо талошамонро дар ин самт идома хоҳем дод.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь