Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Мукаррамзода Фарҳод суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат номбурда аз Пешвои миллат сипосгузорӣ намуд, ки ҳамеша омӯзгоронро пуштбонӣ мекунанд ва дар ҳама баромадҳояшон омӯзгоронро таърифу тавсиф менамоянд ва дар Паёми навбатиашон низ зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».
Ҳамзамон, афзуд, ки шуъбаи маориф дар соли 2022 диққати асосиро ба татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021, иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру амру фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараҳои вазорат, супоришу дастур ва фармоишҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд ва қарорҳои раиси ноҳия равона намуд. Фаъолияти шуъбаи маориф ва зерсохторҳои он дар асоси нақшаи кории солонаи расмигардонида, ба роҳ монда шуд.
Оморӣ
-Дар соли 2022 дар ноҳия 66 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ,1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар зинаҳои таҳсилот чунин аст:
Зинаи таҳсилоти умумии асосӣ-11 муассисаи таълимӣ;
Зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ-55 муассисаи таълимӣ;
Дар таълимгоҳҳои ноҳия 1672 нафар омӯзгорон, аз ин 647 нафар занон ба кори таълиму тарбия машғуланд, ки таҳсилоти онҳо дорои чунин нишондод аст:
Бо таҳсилоти олии омӯзгорӣ-1420 нафар- (84,9%);
Бо таҳсилоти миёнаи махсус- 252 нафар – (15,1%);
Дараҷаи тахассусии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ чунин аст:
Бо тахассуси олӣ – 534 нафар, бо тахассуси якум – 447 нафар, бо тахассуси дуюм – 201 нафар, бе тахассус – 490 нафар.
Дар соли таҳсили 2022-2023 ҳамагӣ 19476 (аз ин 19026/9390-нафар дар муассисаҳои таълимӣ), 450 нафар кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд,- афзуд мавсуф.
Муассисаҳои томактабӣ
Дар идомаи суҳбат номбурда зикр дошт, ки айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 4 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаъолият намуда истодаанд. Дар муассисаҳо 450 нафар кӯдакон (аз инҳо 208 нафар духтарон) ба таълиму тарбияи томактабӣ ҷалб карда шудаанд. Миқдори кормандони педагогӣ ҳамаги 19 – нафар буда, аз онҳо 12-нафар бо маълумоти олӣ ва 7-нафар бо маълумоти миёнаи педагогӣ фаъолият менамоянд. Вазъи моддӣ-техникии кӯдакистонҳо то андозае ба талабот ҷавобгӯ буда, ошхонаҳо бо мизу курсӣ таъмин гардонида шудаанд.
Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи кабинети методии шуъбаи маориф мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва Маркази инкишофи кӯдакон аз курси бозомӯзии такмили ихтисос гузашта истодаанд.
Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ пурра моро қонеъ кунонида метавонад. Лозим ба ёдоварист, ки соли равон мудирони муассисаҳо, ки асосан кадрҳои ҷавон мебошанд, дар корҳои ободонӣ ва пешрафти муассисаҳо ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд.
Базаи кадрӣ
Дар рафти суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки дар соли 2022, 63 нафар собиқ омӯзгорон ба кор қабул шуданд, ки аз инҳо 61-нафар бо маълумоти олӣ, 2-нафар бо маълумоти миёнаи педагогӣ мебошанд. 103 нафар хатмкардаҳои шуъбаҳои буҷҷавӣ ва шартномавии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (аз инҳо 46 нафар бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 49 нафар донишҷуёни шуъбаҳои фосилавии муасссисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки 152 нафарро ташкил медиҳанд, ба кори омӯзгорӣ қабул карда шуданд.
Дар соли 2022 муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо кадрҳои омӯзгорӣ эҳтиёҷ надошта, миқдори соатҳои дарсие, ки дар як ҳафта дар натиҷаи нарасидани омӯзгорон таълим дода нашудааст, мавҷуд нест.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 117 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолият доранд.
Таъминот бо китобҳои дарсӣ
Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо иттило дод, ки дар соли 2022 аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъба бо теъдоди 46209 нусха китобҳои дарсӣ ба маблағи 947928 сомонӣ, маводҳои таълимӣ 2439 адад ба маблағи 57773 сомонӣ, рӯзнома 16000 адад ба маблағи 96000 сомонӣ ва 10000 адад луғати серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба маблағи 20000 сомонӣ ворид гардида, дастраси хонандагони муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд.
Кабинети методӣ
Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон кабинети методӣ дар асоси нақшаи солонаи аз курси такмили ихтисос гузаронидани кормандони соҳаи маориф дар соли 2022, давра ба давра омӯзгорон, ҷонишинон ва директорони муассисаҳои таълимӣ ба донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, филиали он дар вилояти Суғд сафарбар карда шудаанд.
Кабинети методии шуъбаи маориф оиди иҷрои амалии талаботҳои фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд дар асоси низомномаи “Омӯзгори соли Тоҷикистон”, ки 16.05.2022 №13/1 тасдиқ гардидааст, нақша-чорабинӣ таҳия намуд ва оид ба гузаронидани озмун дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ шартҳои озмунро дастрас гардонид. Дар давоми моҳҳои март – май даври мактабии озмун баргузор гардида, санаҳои 10-ум ва 11-уми октябри соли 2022 даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” бо иштироки 31 нафар омӯзгорон аз муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар базаи МТМУ №15 ва маҷлисгоҳи шуъбаи маориф баргузор гардид. Дар ҷамъбаст омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МТМУ №15 Бердиев Аълобердӣ ғолиб гардид. Иштироки омӯзгорон Умарова Мавзуна (МТМУ №1), Тоатов Баҳриддин (МТМУ №2), Сафаров Пайрав (МТМУ №26) ва Одилова Розия (МТМУ №46) низ назаррас буд.
Забон донӣ-ҷаҳон донӣ
-Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-08-2019 таҳти №438 “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз тамоми имкониятҳои мусоид самаранок истифода бурда барои беҳтар намудани таълими забони русӣ ва англисӣ чорабиниҳои таълими ва тарбиявӣ гузаронида шуда истодааст. Дар 66 муассисаи таълимии ноҳия 139/46 нафар омӯзгори забони русӣ ва 110/38 нафар омӯзгори забони англисӣ фаъолият менамоянд.
Соли равон дар семинарҳои дастурдиҳӣ бо омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ муҳтавои Барнома кор карда шуда, фармоиши мудири шуъбаи маориф ва нақша-чорабиниҳо дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд. Дар рафти санҷишҳо (аттестатсияҳо ва қабули мутахассисони ҷавон) маълум гардид, ки дараҷаи касбияти омӯзгорон аз ин фанҳо дар ҳолати хуб қарор дорард,- афзуд мавсуф.
Квотаи Президентӣ
Ҳамзамон, мавсуф тазаккур дод, ки бо мақсади иҷрои таъмини иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2017, №546 «Дар бораи тасдиқ намудани «Тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2022 барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 16 нафар (8 ҷой барои духтар, 8 ҷой барои писар) ба донишгоҳҳои олӣ ҷудо гардид. Даври II-юми озмуни довталабони квотаи Президентӣ 26.03.2022 доир гардид, ки дар он 145 нафар хатмкунандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, 63 нафар ғолибон ба даври ниҳоӣ (ҷумҳуриявӣ) роҳхат гирифтанд. Дар даври ҷумҳуриявӣ санаи 14.06.2022 баргузор гардида, дар он 16 нафар довталабони арзанда тибқи нақша ба муассисаҳои олии кишвар дохил шуданд.
Иштирок олимпиада
Дар рафти суҳбат номбурда изҳор дошт, ки оид ба ҳавасманд гардонидани омӯзгорон ва хонандагони ноҳия қарори раиси ноҳия аз 29.04.2019, №185 бароварда шудааст. Хонандагоне, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи якум (медали тилло) мегарданд 3000 сомонӣ ва омӯзгорашон бо 2000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд. Зимнан, барои ҷойи дуюм (медали нуқра) хонанда 2500 сомонӣ, омӯзгор 1500 сомонӣ, барои ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) хонанда 1500 сомонӣ ва омӯзгор 1000 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар назди шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ аз 1 сентябри соли 2015 инҷониб бо ду воҳиди корӣ аз ҳисоби маблағҳои ба шуъбаи маориф пешбинишуда дар базаи МТМУ №19 фаъолият намуда истодааст.
Мувофиқи нақшаи фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Раёсати маорифи вилояти Суғд рӯзи 7-уми январ олимпиадаи “Спилинг би” байни ноҳияҳои минтақаи Зарафшон гузаронида шуд, ки 3 нафар хонандагон аз муассисаи МТМУ №2 иштирок намуданд. Рӯзҳои 29. 01.2022 то 13.03.2022 даври вилоятии олимпиадаи фаннии хонандагони синфҳои 5-11 гузаронида шуд, ки дар он 10 нафар хонандагони синфҳои 5-6, 21 нафар хонандагони синфҳои 7-8, 28 нафар хонандагони синфҳои 9-10 ва 29 нафар хонандагони синфҳои 11, ҷамъ 88 нафар хонандагон ширкат варзиданд. Аз ин шумора 7 нафар хонандагони синфи 11 Боева Матонат ва Файзиев Масрур аз МТМУ №20 ва МТМУ №11 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, Ҷӯраев Ҷавоҳир аз МТМУ №19 аз фанни таърих, Наимҷони Махкам аз МТМУ №12 аз фанни ҳуқуқ, Давлатов Давлатбек аз МТМУ №13 аз фанни география, Авзалзода Рухшона аз МТМУ №16 ва Ҳоҷизода Шукрона аз МТМУ №4 аз фанни биология ва аз ҳисоби хонандагони синфҳои 9-10 ду нафар хонандагон, Иноятов Шаҳриёр аз МТМУ №2 аз фанни физика ва Қаландарова Назира аз МТМУ №26 аз фанни таърих ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар давоми моҳи апрел – май даври ҷумҳуриявии олимпиадаи хонандагони синфҳои 5-11 баргузор гардид, аз 13 нафар иштирокчӣ 5 нафар соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд. Боева Матонат аз МТМУ № 20 ва Файзиев Масрур аз МТМУ №11 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойҳои дуюм ва медали нуқра, Ҳоҷизода Шукрона аз МТМУ №4 аз фанни биология сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ, хонандагони синфҳои 10 Иноятов Шаҳриёр аз МТМУ №2 аз фанни физика ва Холов Аҳлиддин аз МТМУ № 20 аз фанни биология сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардиданд.
Натиҷаи даври ноҳиявии олимпиадаи хонандагони синфҳои 5-11 нишон дод, ки аз шумораи 10992 нафар хонандагон 4950 нафар дар даври мактабии олимпиада иштирок намуда, 1416 нафар дар даври ноҳиявӣ иштирок намуданд ва 138 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Иштирок дар озмун
Дар рафти суҳбат номбурда изҳор дошт, ки рӯзҳои 10-12-уми май даври ноҳиявии озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” баргузор гардид, ки 204 нафар ғолибони даври якуми озмӯн иштирок намуданд, ки аз ин ҳисоб 202 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 2 нафар донишҷӯ мебошанд. Дар натиҷа 30 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар даври дуюми озмӯни «Илм- фурӯғи маърифат» ғолиб гардида ба даври сеюм (вилоятӣ) роҳхат гирифтанд.
Инчунин, нимаи аввали моҳи май даври мактабии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” гузаронида шуд, ки 481 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 144 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври вилоятӣ 36 нафар хонанда ва 13 нафар омӯзгорон ва кормандони касбу кори гуногун роҳхат гирифтанд. Дар даври вилоятии озмун Хоҷамова Фарида, хонандаи синфи 4-и МТМУ №6 аз номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ сазовори ҷойи 2, Гулова Субҳия хонандаи синфи 11-и МТМУ №17 аз номинатсияи адабиёти классики тоҷик сазовори ҷойи 3, Солеҳова Кибриё хонандаи синфи 10-и МТМУ №40 аз номинатсияи эҷоди назму наср ҷойи 2, Назирова Бахтигул истиқоматкунандаи деҳаи Вешаб аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик созовори ҷойи 2 гардиданд ва Ҳусейнова Нушина хонандаи синфи 6-и МТМУ №24 ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт. Инчунин, 6 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмун бошад хонандаи синфи 10-и МТМУ №40 деҳаи Урметан Солеҳова Кибриё аз руйи номинатсияи эҷоди назму наср сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 25000 сомонӣ қадрдонӣ гардид. Инчунин, омӯзгор Солеҳова Кибриё, Холов Гулназар бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пули бо маблағи 10000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Санаи 19.12.2022 аз тарафи ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун Солеҳова Кибриё ба муассисае, ки ӯ таълиму тарбия мегирад (МТМУ №40) як адад телевизор бо маблағи 1600 сомонӣ туҳфа карда шуд. Хонандаи синфи 4-и МТМУ №6, шаҳраки Зарафшон-1 Хоҷамова Фарида ба Ифтихорномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мукофоти пулӣ бо маблағи 1000 сомонӣ қадрдонӣ гардид. Хонандаи синфи 7-и МТМУ №24 деҳаи Вешканд Ҳусейнова Нӯшина бо Сертификати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хонандаи синфи 11-и МТМУ №17, деҳаи Шамтуч Гулова Субҳия бо Ифтихорномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ
Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки дар соли 2022 дар нуқтаи бақайдгирии маркази миллии тестӣ, ки дар бинои шуъбаи маориф ташкил шуда буд, барои дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ иштирок намуданд, аз ҳисоби 1390 нафар хатмкунандагони синфҳои 11-ум, ки 764 нафарашон духтарон буданд, 977 нафар- аз он 463 нафарашон духтарон ҳуҷҷат супориданд. Аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бошад, ба маркази миллии тестӣ 78 нафар, аз ҷумла 45 нафар духтарон ҳуҷҷат супориданд. Тибқи ҳисоботҳои Маркази миллии тестӣ 705 нафар хатмкунандагон ба донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шуданд. Инчунин, 16 нафар тариқи Квотаи Президентӣ ба донишгоҳҳои оли дохил шуданд. Ҳамчунин, 59 нафар хатмкунандагони синфҳои 11-уми ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти олиии хориҷи кишвар дохил шуданд. 11 нафари дигар ба Донишгоҳҳои қудратӣ дохил шуданд. Дар умум 791 нафар хатмкунандагони соли 2022 ба донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбии дохил ва хориҷи кишвар дохил гардиданд.
Соли 2022 ноҳияи Айнӣ аз рӯи сифати таҳсилот аз фанҳои таърих, география, адабиёт, ҳуқуқи инсон дар байни 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд.
Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия
-Соли равон бо мақсади амалӣ намудани Барномаи давлатӣ аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 48 адад компютер, 50 проектор ва 50 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1061 адад компютер, 267 адад принтерҳо, 104 адад тахтаи электронӣ ва 114 адад проектор мавҷуд мебошад.
Дар умум вазъи омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ дар ноҳия пурра қонеъкунанда мебошад. Аксари синфхонаҳои компютерӣ ба талабот ҷавобгӯй аст. Дарсҳои кушод ва намунавӣ, ҷаласаҳои муассисаҳо бо истифодаи воситаҳои техникӣ мегузаранд,- афзуд номбурда.
Корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ
Дар хусуси бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, ҳамсуҳбати иттило дод, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба сазовор ҷашн гирфитани 35-солагии таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 барои 240 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкор Исрофилов Зинҳор идома дорад. Сохтмони бинои мактаби нав дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 деҳаи Фатмев барои 320 ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғоз гардида, идома дорад.
Ҳамзамон, дар оғози соли хониши 2022-2023 синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №31 деҳаи Ремон аз тарафи соҳибкор Дӯстмуродов Луқмон ба истифода дода шуд. Дар МТУА №56 деҳаи Сайрон корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ бо маром идома дорад. Соли 2022 барои бунёди мактаби замонавӣ дар мавзеъи Ревади Поён ҷамоати деҳоти Урметан ва деҳаи Каздони ҷамоати деҳоти Шамтуч санги асос гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ идома дорад. Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ва толори варзишӣ, ки аз ҷониби сафири мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои араб Зубайдулло Зубайдзода роҳандозӣ гардид, корҳои бунёди сохтмон дар авҷ мебошад. Барои сохтмони МТМУ №10 деҳаи Ревад бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корҳои лоиҳакашӣ идома дорад. Сохтмони 6 синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаи Вотаи ҷамоати деҳоти Урметан аз ҷониби сафорати Ҷопон ва дар назди МТУА№57 деҳаи Кумарғ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар арафаи анҷомёбист.
Сохтмони майдони варзишӣ дар назди МТМУ №47 деҳаи Пасрӯд идома дорад. Инчунин, аз ҷониби сарпарастон ва аҳолии деҳа дар назди муассисаҳои таълимии №8 деҳаи Зоосун ва №19 деҳаи Сангистон майдончаҳои муҷаҳҳази варзишӣ сохта шуда истодаанд.
Дар фароварди суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ изҳор дошт, ки мо тамоми имкониятҳои мавҷударо баҳри пешрафти соҳаи маориф дар ноҳия равона кардаем ва мекӯшем беш аз пеш сифати таълимро беҳтар ба роҳ монем.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ