Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе» хабарнигори МТЖТ бо директори коллеҷи мазкур Амирбекзода Сино Амирбек суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Мавсуф дар оғози суҳбат қайд кард, ки Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи технологии шаҳри Душанбе мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012 таҳти №630 дар заминаи литсейи технологии шаҳри Душанбе табдили ном шуда, фаъолияти худро дар асоси Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Низомнома ва Оинномаи муассисаи таълимӣ, ки фаъолияти муассисаи таълимиро ба танзим медароранд, амалӣ месозад.

Оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ бо фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.12.2020, №132 Иҷозатнома таҳти №0000103 ва замима ба иҷозатномаи мазкур ба имзо расид.

Муъмурияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе» ҷиҳати мустаҳкамнамоии базаи моддию техникии муассиса аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои дар сатҳи зарурӣ ва тибқи стандарт бароҳмонии раванди таълим ҳамаи шароитҳои муосири замонавиро фароҳам овардааст. Дар соли нави таҳсили 2024-2025 ҳайати професорону омӯзгорони коллеҷ 84 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 6 нафар номзади илм ва 16 нафар муаллими калон мебошанд.

Ихтисосҳои коллеҷ

Номбурда ҳамзамон тазаккур дод, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе» довталабонро тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои дарёфти маълумоти миёнаи касбӣ дар шуъбаи рӯзона аз рӯи 15 ихтисос қабул менамоянд:

2-400101-Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ; 2-400101.35-Таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилоотӣ корӣ; 2-500134.06-Тарроҳӣ ва поракунии либоси нассоҷӣ; 2-020601.03-Технология (меҳнати хизматрасонӣ); 2-500135-Технологияи истеҳсолоти дӯзандагӣ; 2-500135.01-Технологияи масолеҳи дӯзандагӣ; 2-250131-Молия; 2-250132-Кори бонкӣ; 2-250135-Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат; 2-250131.02-Андоз ва андозбандӣ; 2-250132.01-Автоматикунонии кори бонкӣ; 2-500134.02-Тарроҳӣ, поракунӣ ва технологияи либос; 2-250131.01-Буҷет ва баҳисобгирии бӯҷетӣ; 2-500134.04-Тарроҳӣ ва поракунии либоси болопӯши занона; 2-500134.04-Тарроҳӣ ва поракунии либоси болопӯши мардона, ба муҳлати 3 соли таҳсил қабул карда мешаванд.

Ҳамзамон муассиса қабули довталабонро дар зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ, барои дарёфти маълумоти миёнаи касбӣ дар шуъбаи рӯзона аз рӯи 12 ихтисос:

2-400101-Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ; 2-400101.35-Таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилоотӣ корӣ; 2-500134.06-Тарроҳӣ ва поракунии либоси нассоҷӣ; 2-250131-Молия; 2-250132-Кори бонкӣ; 2-250135-Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат;

2-250131.02-Андоз ва андозбандӣ; 2-250132.01-Автоматикунонии кори бонкӣ; 2-500134.02-Тарроҳӣ, поракунӣ ва технологияи либос;

2-250131.01-Бӯҷет ва баҳисобгирии буҷетӣ; 2-500134.04-Тарроҳӣ ва поракунии либоси болопӯши занона; 2-500134.04-Тарроҳӣ ва поракунии либоси болопӯши мардона, ба муҳлати 4 соли таҳсил қабул карда мешаванд.

Инчунин дар муассиса довталабон дар шуъбаи таҳсилоти ғоибона тариқи имтиҳоноти марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли таҳсили 2024-2025 аз рӯи 7 ихтисос, ба муҳлати 3 соли таҳсил қабул карда мешаванд:

2-400101-Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ; 2-400101.35-Таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилоотӣ корӣ; 2-250131-Молия; 2-250132-Кори бонкӣ; 2-250135-Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат; 2-250131.02-Андоз ва андозбандӣ; 2-250132.01-Автоматикунонии кори бонкӣ; 2-250131.01-Бӯҷет ва баҳисобгирии буҷетӣ.

Ҳамзамон муассисаи таълимӣ дорои китобхонаи илмӣ ва электронӣ буда, фаъолияти он тибқи нақшаи кори китобхона ба роҳ монда шудааст, ки донишҷӯёну омӯзгорони муассиса дар асоси ҷадвали ташрифоварӣ ҳафтае то 4 маротиба ба китобхонаи илмию электронӣ барои мутолиаи китоб ташриф меоранд.

Озмунҳо

Мавсуф дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки бо мақсади иҷрои Қарору Дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмунҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуда, созовори ҷойҳои намоён гардидаанд, ки ин шаҳодат аз он медиҳад, ки омӯзгорони муассисаи таълимӣ маҳорати баланди касбӣ ва донишу малакаи баланди илмии омӯзгориро соҳиб ҳастанд.

Инчунин, дар коллеҷ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати дониш ва пайдо намудани малакаи касбии соҳаи хеш ва омода намудани мутахассисони соҳаҳои мухталифи ҷомеаи муосир маҳфилҳои илмии донишҷӯён, семинарҳои омӯзишӣ, ва кори илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёну омӯзгорон ба роҳ монда шудааст, ки барои дар амалия боз ҳам фаъол ва эҷодкорона татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ-техникӣ мусоидат мекунад. Вазифаи асосии маҳфилҳои илмӣ – амалӣ ва дигар чорабиниҳои илмии муассиса ин инкишоф додани савияи дониш ва ташаккул ёфтани мафкураи илмии мутахассисони оянда мебошад.

Таҷрибаомузӣ

Дар ҷараёни суҳбат ҳамсуҳбати мо афзуд, ки коллеҷ фаъолияти таҷрибаомӯзии худро дар асоси Низомномаи намунавӣ оид ба таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30.04.2019, №6/1-13) ба роҳ мондааст.

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён қисми таркибии барномаи асосии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта, масъалаи мазкур доимо дар зери мадди назари маъмурияти коллеҷ қарор дорад.

Инчунин, муассисаи барои сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, малака, маҳорат, мустаҳкам намудани салоҳияти умумии касбӣ, омодагӣ ба фаъолияти меҳнатии мустақилона бо як қатор муассисаҳои давлатии ватаниву хориҷӣ ва корхонаҳои гуногуни саноативу истеҳсолӣ, аз қабили Минтақаи махсуси иқтисодии намуди саноатии «Алабуга» – и Муассисаи давлатии «Коллеҷи муҳандисии дараҷаи ҷаҳонии Руссия», «Коллеҷи техникии механикӣ ва электрикӣ» – и вилояти Муғулистони Ҷумҳурии Халқии Хитой, «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон», «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ», ҶСП «Имон Интернейшнл», БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСП «Спитаменбонк» ва дигар муассисаҳову ташкилотҳои саноативу истеҳсолӣ ватиниву хориҷӣ шартномаи ҳамкории тарафайн ба имзо расонида аст.

Робитаҳои хориҷӣ

Номбурда қайд кард, ки инчунин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати забономӯзӣ ва омӯзиши касбу ҳунар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва ороишгар гузаронида мешаванд.

Коллеҷ ҳамкориҳо ва табодули хориҷиро пайваста густариш дода, бо Коллеҷҳои Федеретсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамкории дуҷонибаро ба роҳ мондааст.

Боварии комил дорем, ки дар оянда барои густариш додани ҳамкорӣ дар самти амалисозии ҳадафи 4-уми мамлакат санатикунони босуръати кишвар, пайваст намудани илм ба истеҳсолот, муҷаҳаз гардонидани базаи моддию техникӣ-технологии коллеҷ, ташкили чорабиниҳои илмӣ-муштарак, нашри маводҳои таълимӣ-муштарак, табодули академмии донишҷӯён, курси такмилӣ ихтисос ва бозомузии кормандону омӯзгорон, ташкили ихтисосҳои нав, дарёфти грантҳо, навиштани Лоиҳаҳо иноватсионӣ, кушодани филиалҳо дар вилоятҳо вобаста ба талаботи замон ва истеҳсолоти хурди саноатӣ ба роҳ монда шавад.

Роҳбарияти коллеҷ сафари хизматӣ ба вилояти Муғулистони дохилии Ҷумҳурии мардумии Чин дар асоси даъвати расмии Коллеҷи техникӣ, механикӣ ва электрикии Муғулистони дохилии Ҷумҳурии мардумии Чин ва фармоиши Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 сентябри соли ҷорӣ №56 сурат гирифт ва иштирок намуданд, дар Конфронси байналмилаии такмили сифат бахшида ба таълимоти касбӣ-техникӣ, ки барои амиқгардонии ташаббускории “Як камарбанд – як роҳ” бо ташаббуси Коллеҷи техникӣ, механикӣ ва электрикии Муғулистони дохилии Ҷумҳурии мардумии Чин.

Қайд менамоем, ки бо мақсади табодули таҷриба ва тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгӯй 14 майи соли 2024 вохӯрии судманд бо намояндагони “Коллеҷи техникӣ, механикӣ ва электрикии Муғулистони дохилии Ҷумҳурии мардумии Чин” доир гашт. Зимни вохӯрӣ созишномаи ҳамкории тарафайн оид ба таъсиси филиали “Коллеҷи техникӣ, механикӣ ва электрикии Муғулистони дохилии Ҷумҳурии мардумии Чин” ва масъалаи рушди муштараки ихтисосҳо, таҳияи барномаҳои омодасозии кадрҳо ва ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ дар коллеҷ ва гузаронидани машваратҳо оид ба масъалаи такмили ихтисоси муштарак ва табодули онҳо ба имзо расид.

Дар асоси ҳамкориҳо, ҳайату кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” ҷиҳати иштирок дар конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Навоварӣ ва рушди таълими касбӣ – техникӣ” дар вилояти Муғулистони дохилии Ҷумҳурии мардумии Чин қарор гирифт. Ин конфронс дар чаҳорчубаи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” дар шаҳри Хух-Хоти вилояти Муғулистони дохилии Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардид.

Созандагӣ

Дар фароварди суҳбат директори коллеҷ зикр кард, ки бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, таъмин намудани рушди соҳаи варзиш, оммавигардони, мусоидат намудан ба варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, инчунин дар сатҳи баланд баргузор намудани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар муассиса майдони варзишии футбол ва волейбол ба талаботи муосир ҷавобгӯй сохта ба истифода дода шудаанд. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои зисти таълимгирандагон устоқҳои зист ва бинои хобгоҳ аз таъмири асосии ҷорӣ бароварда шуда, дару тирезаҳои онҳо пурра иваз карда шуданд.

Ҳамзамон, бинои таълимии коллеҷ пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, синфхонаҳои фаннӣ, китобхонаи электронӣ, китобхонаи илмӣ муҷҷаҳаз бо  копютерҳои наву замонавӣ ва ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсиҳои нав, айёниятҳо ва дигар лавозимоти таълимӣ таъмин гардиданд.

Имрӯзҳо раванди талим дар муассиса тариқи электронӣ бароҳмондашуда, ҳамаи синфхонаҳо ба тахтаҳои электронӣ ва мултипроекторҳо муҷаҳаз гардонида шуда, аз таъмири капиталӣ бароварда шуданд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь