Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе дар заминаи омӯзишгоҳи касбию техникии №47-и шаҳри Душанбе моҳи сентябри соли 1966 таъсис дода шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2012 таҳти №630 литсей ба Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе табдил ёфтааст.
КИТК-ии шаҳри Душанбе муассисаи таълимии соҳавӣ буда, мутахассисонро аз рӯи равияҳои иқтисодӣ, технологияи иттилоотӣ ва соҳаи энергетика ва радиошунавонӣ омода мекунад.
Айни замон Коллеҷ дорои 3 факултет, 3 кафедраи тахассусӣ, 4 кафедраи умумӣ-коллеҷӣ ва шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, аз рӯйи 16 ихтисос дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва аз рӯи 7 ихтисос дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро омода менамояд. Дар муассиса айни замон шумораи умумии омӯзгорон 132 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 54 нафар омӯзгорони асосӣ, 54 нафар ҳамкорони дохила аз ҳисоби кормандони маъмурият, 24 нафар ҳамкори беруна, 7 нафар номзади илм, аз ин 2 нафар омӯзгори асосӣ ва 5 нафари дигарро ҳамкори беруна ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии кормандони педагогӣ 8 нафар номзадҳои илм, 8 нафар унвонҷӯён, 7 нафар доктор РКЕНд ва 4 нафарро магистрантҳо ташкил дода, дар раванди таълим ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва фаъолияти таълимию тарбиявӣ машғул мебошпнд, , Танҳо дар давоми соли 2024 2-нафар кормандону омӯзгорони муассиса дорои нишони ифтихории Аълочии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидой ва минаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд, Дар давоми соли 2023 2024 аз ҳисоб кормандону омӯзгорони доимии муассиса 30 нафар бо ифтихорномаи соҳавӣ қадрдонӣ гардидаанд.
Муассиса дорои як китобхонаи илмӣ буда, дар фонди он зиёда аз 12497 адад адабиёти таълимии тахассусӣ ва бадеӣ маҳфузанд. Коллеҷ бо 25 ташкилоту муассисаҳо барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён қарордодҳои ҳамкорӣ бастааст.
Факултетҳои Коллеҷ
1.Факултети молия ва менеҷмент; 2.Факултети баҳисобгирӣ ва иқтисодӣ; 3.Факултети технология ва телекоммуникатсия; 4.Шуъбаи таҳсилоти ғоибона; 5.Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ; 6.Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ.
Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ-касбӣ аз рӯи 7 ихтисос мутахассисонро омода менамояд, аз ҷумла: 3-250152.01 ҳисобдор (бо донистани компютер); 3-400252.01 Системаи компютери ва интернет-технология; 3-400251-хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи электронии ҳисоббарор; 3-37052.05-Назоратчии ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ; 3-3700152.03-Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил; 3-25015202-хазинадор назоратчӣ; 3-250152-ҳисобдор.
Муҳлати таҳсил дар шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи синфи 9, 2-сол ва дар заминаи синфи 11, 1-солро дар бар мегирад.
Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе барои ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбӣ аз рӯи 8 самт дорои иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Рӯйхати курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ-касбӣ
1.Омӯзиши кор бо компютер; 2.Муҳосиб 1С; 3.Дӯзанда; 4.Ошпаз; 5.Қаннод; 6.Забони англисӣ; 7.Забони русӣ; 8.Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои автомобилӣ; (курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ-касбӣ ба муҳлати 1, 3 ва 6 моҳ).
Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе дорои 1 хобгоҳи замонавӣ ва 240 кат барои истиқоматкунандагон мебошад. Айни замон дар хобгоҳ 125 донишҷӯ ва 33 кормандону омӯзгорон истиқомат мекунанд. Ошёнаҳое, ки барои духтарон пешбинӣ шудааст, бо таҷҳизоти муосири маишӣ таъмин карда шуда, роҳраву долон ва атрофи хобгоҳ тозаву озода мебошад.
Дар назди Коллеҷ шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (Литсей) фаъолият менамояд. Қабул дар шуъбаи мазкур дар заминаи синфҳои 9 (таҳсил 2 сол) ва 11 (1 сол) аз рӯи ихтисосҳои гуногун сурат мегирад. Раванди таълим дар муассиса барои донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзона ва шакли таҳсили ғоибона тариқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Қабули довталабон ба Коллеҷ дар заминаи синфҳои 9 ва 11 тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Довталабони гиромӣ! Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро дар соҳаи технологияи компютерӣ ва иқтисодӣ омода менамояд. Соҳиби маълумоти касбӣ будан, ин кафили беҳтарии зиндагӣ ва дарёфти ҷойи кор мебошад. Дар муассиса шумо на танҳо соҳиби диплом ё донишҳои назариявӣ, балки дарси малакаи амалӣ ва маҳорати истеҳсолӣ низ хоҳед шуд.
Агар хоҳед, ки дар муосиртарин таълимгоҳ таҳсил намоед, аз дастовардҳои технологияи компютерй баҳравар гардед ва дар пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошед, пас КИТК-ро интихоб намоед.
Телефон барои тамос: 239 05 01; 900 55 52 52; 97 78 78 96; 909 09 87 68; 934 27 00 67; 988 99 26 91
Марҳабо ба Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе