Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон соҳаи маориф дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати моариф ва илм, МИҲД–и вилоят ва ноҳия ва корбарии шабонарӯзии аҳли маорифи ноҳия бо маротиб рушд карда, барои хонандагон дар муассисаҳои соҳаи маориф имрӯз ҳама шароити барои таълиму тарбия ва илмомӯзии муҳасилин фароҳам оварда шудааст.
Оид ба дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳияи Вахш хабарнигори МТЖТ бо мудири Шуъбаи маорифи ноҳия Кенҷазода Гулбаҳор Кенҷа суҳбати ихтисоси намуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда менамоем.
Пояи давлат набошад бе маориф устувор
Мавсуф дар оғози суҳбат гуфт, ки Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш фаъолияти худро дар давоми нуҳ моҳи соли 2024 тибқи нақша ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Дастуру супоришҳо саривақт иҷро мешаванд
Қайд гардид, ки тибқи нақшаи кории шуъбаи маорифи ноҳия дар 9 моҳи соли 2024, 9 шӯрои шуъбаи маориф бо баррасии 74 масъала гузаронида шуд, ки аз он 36 масъала ба вазъи таълиму тарбия, 38 масъала оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳо, нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳия оид ба соҳаи маориф мебошанд ва нисбати иҷроиши онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ба шуъбаи маорифи ноҳия дар ин давра 76 адад ҳуҷҷат ворид гардида, 82 ҳуҷҷат ба мақомотҳои болоӣ ва марбути соҳаи маориф содир карда шудааст. Ҳамзамон, муроҷиати хаттии 52 нафар шаҳрванд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Фаъолияти назараси соҳаи маориф дар 9 моҳ
Мудир афзуд, ки бо назардошти ба тасвиб расидани қарори раиси ноҳияи Вахш аз 26-уми июли соли 2024, №309 дар бораи табдил додани муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии № 29,31,40,45,53,66,81 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (11 сола) ва филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 30,76 ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ (9 сола), миқдори муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба 71 адад расида, аз ҷумла: 63 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, 1 адад литсей ва 1 адад муассиса интернат дар бар гирифта, ба онҳо 53832 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар ноҳия таваҷҷуҳ ба ҷалби омӯзгорон зиёд буда, масъулони ҳукумати ноҳия ва Шуъбаи маариф ҳама талошҳои худро барои ҳавасманд кардани онҳо равона кардааст.
Соли таҳсили 2023-2024 шумораи умумии омӯзгорон 2 ҳазору 372 нафар, аз он ҷумла занон 1351 нафар фаъолият доранд. Дараҷаи маълумотнокии омӯзгорон чунин аст:
-1482-нафар бо маълумоти олӣ, 103- нафар бо маълумоти олии нопурра, 485- нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 164- нафар бо маълумоти миёна, ки дар курсҳои 1,2,3 ва 4-уми муассисаҳои миёнаи касби ва олии касбии Ҷумҳурӣ таҳсил доранд.
Шароити мусоид барои кормандони шуъба фароҳам оварда шуд.
Боиси тазакур аст, ки баҳри муҳайё намудани шароити кори барои кормандони шуъбаи маориф корҳои муайяне ба анҷом расонида шуда, ҳоло онҳо дар шароити хуб кору фаъолият карда истодаанд. Дар ин давра барои кормандони шуъбаи маориф 11 адад кондесионер, 3 адад принтер, 31 адад курсӣ, 25 адад мизи корӣ харидори шуда ва дигар шароити кори барои онҳо фароҳам оварда шудааст. Инчунин қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаи утоқҳои кории шуъбаи маориф аз таъмири ҷорӣ баровада шуданд. Ҳамзамон 60 нафар кормандони соҳаи маориф барои барқарор намудани саломатӣ ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳури равона карда шуданд.
Авҷи корҳои сохтмони дар соҳа
Гулбаҳор Кенҷазода, гуфт, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар корҳои созандагиву бунёдкори ва бунёди муассисаҳои типи нав ва синфхонаҳои иловагӣ дар ноҳия вусъати тоза касб кардааст.
Дар соли хониши 2023- 2024 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти таъмиру тармим, инчунин сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар ноҳия, сохтмони 6-синфхона дар назди филиали муассисаи таълимии рақами 31 (воқеъ дар деҳаи Бешбулоқи ҷамоати деҳоти “Машъал”), 4 синфхона дар назди муассисаи таълимии рақами 81, 2 синфхона дар назди муассисаи таълимии рақами 69, 4 синфхона дар назди муассисаи таълимии №30, 4 синфхона дар назди муассиси таълимии №76, 4 синфхона дар назди муассисаи таълимии №48, 2 синфхона дар назди муассисаи таълимии №3, ва 2 синфхона дар назди муассисаи таълимии №9, 8 синфхона дар назди муассисаи таълимии рақами 22 оғоз гардида, корҳо дар ин самт рафта истодааст. Дар маҷмуъ 36 синфхона барои 900 ҷойи нишаст бо ҳама шароити лозима бунёд хоҳад шуд.
Ҳамчунин сохтмони 10 синфхона бо тариқи ҳашар дар назди филиали муассисаи таълимии рақами 11, 10-синфхона дар назди филиали муассисаи таълимии №13, 2 синфхона дар назди муассисаи таълими рақами 2 барои хонандагони имконияташон маҳдуд, 4 синфхона дар назди муассисаи таълимии №45, 4 синфхона дар назди муассисаи таълимии №21, 8 синфхона дар назди муассисаи таълимии рақами 12 ва 5 синфхона дар назди муассисаи таълимии №5 пурра сохта ба истифода дода шуд. Дар маҷмуъ 43 синфхона барои 1075 ҷойи нишаст бунёд гардидааст, ки дар онҳо хонандагон ба таълиму тарбия ҷалб карда шудааст.
Инчунин толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 бо дастгирии волидайни хонандагон пурра аз таъмири капитали бароварда шуд.
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва волидайни хонандагон як қатор корҳои сохтмони ба анҷом расонида шуд, ба монандӣ: Ноқилҳои барқии дохилу беруни муассисаи таълимӣ бо таври замонавӣ пурра иваз карда шуд, ошхонаи муассисаи таълимӣ пурра аз таъмир бароварда шуд, толори маҷлисгоҳи ин муассисаи таълимӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Айни ҳол таъмири толори варзишӣ рафта истодааст ва ин ҳам дар арафаи анҷомёбист.
Иҷроиши барномаҳо дар мадди аввал
Мусоҳиби мо илова кард, ки шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри амалигардии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 №114 дар бораи “Барномаи таъмин намудани муассимсаҳои таълимӣ бо кабинетҳо фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон се адад кабинетҳо аз фаннӣ физика дар муассисаи таълимии №17, химия дар литсейи давлатии ноҳия ва кабинети Биология дар муассисаи таълимии №10, бо дастгирии сафорати Ҳиндустон дар муассисаи таълимии №1 ва литсейи давлатии ноҳия кабинетҳои технологияҳои иттилоотӣ бо 10 адад компютер, 1 адад проектор, 1 адад тахтаи электронӣ ва 1адад Нотбук, ҳамзамон бо дастгирии ташкилоти Бунёди Миллии Иҷтимоии Маблағгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олмон дар муассисаи таълимии №22, 3 адад кабинетҳои технологияҳои меҳнат барои писарон, 1 адад ва барои духтарон, 2 адад кабинетҳои дузандагӣ ва пазандагӣ бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ, ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои шахсони саховатпеша, падару модарон ва омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии №56 кабинети химия, физика ва биология ба маблағи 37800 сомонӣ, муассисаи таълимии №17 кабинети химия бо маблағи 9000 сомонӣ, муассисаи таълимии №10 кабинети суруд ва мусиқӣ бо маблағи 8000 сомонӣ, дар муассисаи таълимии №21 бо дастгирии собиқ хатмкардаи ҳамин муассисаи таълимӣ як кабинети технологияии иттиллотӣ бо 5 адад компютер, 3 адад принтер ва 300 адад китобҳои бадеӣфароҳам оварда шуд.
-Инчунин муассисаҳои таълимӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи маориф аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда дар муассисаҳои таълимии №3,13,24 ва 37, ҷамъ 5 адад кабинети математика, муассисаҳои таълимии №6,8,9,10,37,7,56, интернат ва литсей 9 адад кабинети химия, №1,6,7,8,56,- 5 адад кабинети физика, муассисаҳои таълимии №6,10, литсей-3 адад кабинети биология, муассисаҳои таълимии №1,2,3,7,8,9,10,13,18,24,56, литсей ва интернат- 3 адад кабинетҳои технологияҳои иттилоотӣ, дар умум 34 адад кабинетҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини 2-адад кабинети химия, 1 адад кабинети биология, 1 адад кабинети География, 1 адад кабинети Суруд ва мусиқӣ, 1 адад кабинети физика ва 3 адад таҷҳизотҳои озмоишӣ барои кабинетҳои химия, биология ва физика ба муассисаҳои таълимии №24,33 ва литсейи давлатии ноҳия дастрас карда шуд.
Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ афзоиш ёфтааст
Солҳои охир дар ноҳияи Вахш рушди соҳаи тарбияи томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, барои ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ шароити лозима фароҳам оварда шудааст. Дар соли 2024 дар ҳудуди ноҳия 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 815 нафар кӯдак ва 68 адад Маркази инкишофи кӯдак иборат аз 265 гурӯҳ бо фарогирии 6685 тарбиягиранда, ки дар маҷмуъ фарогирии 7500 нафарро ташкил менамоянд, фаъолият доранд.
Вазъи муассисаҳои томактабии ноҳия Вахш нишон дод, ки фарогирии кӯдакон 31,0%-ро дар соли 2024 ташкил медиҳад. Дар ин муддат дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия озмунҳои зерин гузаронида шуд:
-Фестивал–озмунӣ ноҳиявии “Сад ранги чакан” аз рӯи номинатсияи “Либосҳои рузмарраи кӯдакона” гузаронида шуд. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии №2 ва 4 чорабинии телевизионии “Бигузор ҳамеша офтоб бошад” гузаронида шуд. Айни ҳол муҷаҳазгардонии ин муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ (ашёҳои хониш, бозичаҳо, мизу курсӣ, рахти хоб ва ғайраҳо) рафта истодааст. Таъмири асосии муассисаҳои таҳсилоти томактабии №1,3,5 ва 6 пурра ба анҷом расид. Муҷаҳазгардонии ин муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ (ашёҳои хониш, бозичаҳо, мизу курсӣ, рахти хоб ва ғайраҳо) пурра ба анҷом расид.
Ғамхори ба ятимон мароми мост
Назорат ба вазъи муассисаҳои интернатӣ яке аз самтҳои фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳия мебошад. Айни ҳол дар сатҳи ноҳия 1-адад муассисаи интернати фаъолият менамояд, ки мақоми маҳаллӣ дорад.
Соли таҳсили ҷорӣ дар муассисаи интернатии ноҳия 285 нафар кӯдакон, ки аз онҳо 98 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд ба таълим фаро гирифта шудаанд. Аз ҷиҳати иҷтимои бошад, 2 нафар ятим кул, 162 нафар ним ятим 2 нафар аз оилаи маъюб ва 118 нафар кӯдакони аз оилаҳои камбизоат, ки шароити таҳсил кардан надоранд. Хонандагони синфи 11- и ин муассиса 8/4 нафарро ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки солҳои охир шароитҳои зист ва таълиму тарбия дар муассисаи интернатии ноҳия бо кӯмаку дастгирии сарпарастон хеле беҳтар шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин муддат хонандагони интернат ба бинои нави таълимӣ гузаронида шуданд.
Маҳфилҳо зиёд карда шуд
Таҳсилоти иловагӣ яке аз омилҳои муҳими ғанӣ гардонидани донишу малакаи мактаббачагон, васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, бедор кардани майлу рағбати хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ, эҷодӣ, касбию ҳунарӣ, варзишӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия 38 маҳфил, 242 гурӯҳ бо фарогирии 2130 нафар аъзоён фаъолият доранд. Айни ҳол, дар маҷмӯъ аъзоёни Созмони хонандагони ноҳия дар зинаи “Ахтарон” 4012- нафар, зинаи “Ворисони Сомониён” 5028-нафар ва зинаи “Сомониён” 3400-нафар, ҳамагӣ 12440-нафарро ташкил медиҳад.
Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия мустақилияти молиявӣ дошта, бо бинои алоҳида таъмин мебошад. Натиҷаҳои Маркази таҳсилоти иловаги чунин аст:
-Дар озмуни вилоятии “Аллаи модар” иштирок намуда созовори ҷойи ифтихори гардиданд. Озмуни ноҳиявии “Ойлаи масъулиятшинос” гузаронида шуда ба даври вилояти роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин, дар 71 адад муассисаҳои таълимии ноҳия 700 адад маҳфил, бофарогирии 14000 нафар хонандагон ташкил карда шудааст. Озмуни ноҳиявии “Ихтирокорони ҷавон” гузаронида шуда, ба даври вилояти роҳхат гирифтанд.
Дастовардҳои хонандагон назаррасанд
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо яке аз падидаҳое мебошад, ки маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуд, ва имрӯзҳо бо фаъолияти пурсамар дар маркази дарёфти истеъдодҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодааст.
Оиди ташкил ва гузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ қайд кардан ба маврид аст, ки 9 нафар хонандагони синфҳои 11-ум аз фанҳои гуногун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Натиҷаи олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ чунин аст: Зардиев Рустам хонандаи синфи 7-уми муассисаи таълимии рақами 1 аз фанни забони англисӣ дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи сеюм, Абдуалимов Муҳаммад- хонандаи синфи 8-уми муассисаи таълимии рақами 17 аз фанни химия дар ҷумҳури сазовори ҷойи сеюм, Ғуломова Сафия- хонандаи синфи 7-уми литсейи давлатии ноҳия аз фаннӣ забони русӣ дар ҷумҳури сазовори ҷойи сеюм, Раҷабова Зулҳия- хонандаи синфи 6-уми муассисаи таълимии рақами 41 аз фанни забони русӣ дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи сеюм, Азизов Муҳаммад – хонандаи синфи 11-уми муассисаи таълимии рақами 1 аз фанни география дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи сеюм гардидаанд.
Ҳамчунин дар олимпиадаи наврасон, яъне хонандагони синфҳои 5,6,7,8,9 ва 10 бошад 8 нафар хонандагон аз синфҳои 6,7,8 ва 10 ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд, ки натиҷаи он чунин аст. Юсупова Мафтуна – хонандаи синфи 6-и литсейи давлатии ноҳия аз фанни математика сазовори ҷойи сеюм, Идизода Анушервон – хонандаи синфи 6-и литсейи давлатии ноҳия аз фанни география сазовор ҷойи сеюм, Зардиев Рустам – хонандаи синфи 6-и муассисаи таълимии №1 аз фанни забони англисӣ сазовор ҷойи сеюм, Тағоев Меҳроб – хонандаи синфи 9-и литсейи давлатии ноҳия аз фанни биология сазовор ҷойи сеюм, Каримов Маҳмадалӣ – хонандаи синфи 9-и литсейи давлатии ноҳия аз фанни математика сазовор ҷойи сеюм, Азизов Муҳаммад – хонандаи синфи 10-и муассисаи таълимии №1 аз фанни география сазовори ҷойи дуюм, Саломова Ҳангома – хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №56 аз фанни таьрих сазовори ҷойи сеюм, Пирова Меҳрона – хонандаи синфи 11-и литсейи давлатии ноҳия аз фанни таърих сазовори ҷойи сеюм, Рузиматов Сафаралӣ – хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №2 аз фанни ҳуқуқ сазовори ҷойи сеюм, Султонова Дилноза – хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №1 аз фанни химия сазовори ҷойи дуюм, Раҷабова Дилноза – хонандаи синфи 11-и литсейи давлатии ноҳия аз фанни химия сазовори ҷойи сеюм, Турсунова Азиза – хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №17 аз фанни физика сазовори ҷойи дуюм, Қувватова Самина – хонандаи синфи 11-и литсейи давлатии ноҳия аз фанни забони тоҷикӣ роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ, Даврикова Шаҳзода – хонандаи синфи 11-и литсейи давлатии ноҳия аз фанни биология роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ, Ғуломова Сафия – хонандаи синфи 7-и литсейи давлатии ноҳия аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ, Абдуалимов Муҳамад – хонандаи синфи 8-и муассисаи таълимии №17 аз фанни химия сазовори ҷойи ифтихорӣ.
Инчунин дар олипиадаи байналмиллалии ГЛОБУС 17 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори ҷойҳои ифтихори гардиданд.
Дар олимпиади вилоятии Spelling Bee 6 нафар хонандагон ширкат варзида 3 нафари онҳо аз муассисаҳои таълимии №1,16 ва литсейи ноҳия ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар озмуни вилоятии “Шоҳмотбозӣ беҳтарин” 7 нафар хонандагон иштирок намуда 2 нафари онҳо аз муассисаи таълимии №10 ва муассисаи таълимии №37 ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҷалби ҷавонон ба муассисаҳои таълимӣ
Яке аз масъалаҳои асосии соҳаи маориф ба воситаи ҷалби мутахассисони ҷавон бартараф намудани норсоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бо мақсади пурра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо омӯзгорони баландихтисос ва эҳтиёҷманд ҳисоботи оморӣ аз ноҳия ҷамъбаст карда шуд. Ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони баландихтисос дар ҳамбастагӣ бо директорони муассисахои таълими корҳо ҷараён дошта то имрӯз 111 нафар омӯзгор ба ҷойи кор қабул шудааст.
53 нафар тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон ба муассисаҳои таълимӣ равон карда шуданд, ки аз инҳо 41 нафар ба ҷойи кор ҳозир шудаанд, 9 нафар ба сафи қувваҳои муссалаҳ равон шуда, 3 нафар бо сабабҳои номаълум ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд.
Таъмини муассисаҳо бо лавозимоти зарурӣ
Дар назди Шуъбаи маориф маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия бо қарори раиси ноҳияи Вахш аз 01.02.2013 № 47 фаъолияти худро тибқи ойинома ва низомномаи марказ бо 6-воҳиди корӣ, 11 адад компютер, 6-адад принтер 1-ададтахтаи электрони, 1-адад видео проектор ба роҳ монда, дар нимсолаи аввалии соли 2024 корҳои зеринро ба сомон расонида аст. Ба муассисаҳои таълимии ноҳия бо маблағгузории буҷети маҳалӣ 102- адад компютер, 2- видео проектор, 2 – тахтаи электронӣ дастраси муассисаҳо гардид. Аз ҳисоби маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илм 20-адад компютер, 6 – адад принтер, 15- адад мизу курсии махсус барои компютер, дастраси муассисаҳои ноҳия гардид.
Ҷалби хонандагону омӯзгорон ба забонҳои хориҷӣ
Дар Марказ курсҳои омӯзишии технологияи информатсионӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ роҳандози гардида дар курсҳои мазкур 285 нафар аз ҳисоби омӯзгорон, хонандагони синфҳои болои ва шахсони касбу кори гуногун иштирок намуда, соҳиби шаҳодаднома шудаанд. Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2022, №439 “Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия корҳои муайян оғоз гардид. Айниҳол дар муссисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1461 адад компютер, 184 адад принтер, 35 адад тахтаи электронӣ, 48 – адад видео проектор ва 291- адад камераҳои мушоҳидавӣ мавҷуд мебошад.
Дар соли таҳсили 2022 – 2023 дар ноҳия 67 муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар он 26 ҳазору 759 нафар хонандагони синфҳои 5-11 ба таълими фанни технологияи информатсионӣ фарогирифта шуда, буданд. Дар соли хониши 2023-2024 бошад шумораи хонандагони синфҳои 5-11, 27822 нафарро ташкил медиҳад. Ба ҳолати имрӯза Маркази технологияи информатсиони ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳия дар бинои шуъбаи маориф фаъолият дорад.
Ҳуҷатсупори ба маркази милли тестӣ афзуд
Шуъбаи маорифи ноҳия дар ҳамбастаги бо масъулини муассисаҳои таълимии ноҳия ҳамкориро ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб бо роҳ монда, бо роҳи фаҳмонидани моҳияти ин марказ аксари хатмкунандагонро барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти оли ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуданд.
Айни ҳол ба ҳолати 30-юми марти соли ҷорӣ аз шумораи 1904 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1650 нафарашон ба Маркази миллии тести ҳуҷҷат супоридаанд, ки ин 86,6%-ро ташкил медиҳад.
Омӯзгорон донишу малаки худро такмил медиҳанд
Масъалаи такмили маҳорати касбӣ ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф яке аз масъалаҳое мебошанд, ки зери таваҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Яке аз масъалаҳои муҳим иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 28.07.2017, №357 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то солҳои 2030» мебошад. Тибқи тартиби гузариш аз такмили ихтисос, ки дар 3 сол як маротиба муқаррар шудааст, дар ҳамкориҳо шуъбаҳои маориф бо филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе нақшаи муштарак таҳия намуда, кормандони соҳаи омӯзгориро аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида истодаанд. Дар давоми солҳои 2022-ба филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Бохтар 6 курс бо фарогирии 21- нафар шунаванда, 2 семинар бо теъдоди 67 нафар шунаванда ва дар шаҳри Душанбе 4 курс бо фарогирии 8 нафар шунаванда равон карда шудааст.
Бо дастгирии ташкилоти лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” бо фарогирии 95-нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар шаҳри Бохтар гузаронида шуд.
Беш 3360 кӯдак ба истироҳатгоҳо ҷалб шуданд
Оиди истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон қайд кардан ба маврид аст, ки муҳлати фаъолияти лагерҳо аз 15-уми июн то 31-уми июли соли ҷорӣ идома кард. Истироҳаткунандагон дар 5-намуди лагерҳо фаро гирифта мешаванд, берун аз шаҳрӣ, назди муассисавӣ, фароғати таълимӣ, варзиши беҳдоштӣ ва истироҳати меҳнатӣ бурда шудаанд. Дар соли 2024, ҳамагӣ дар назди 36 муассисаи таълимӣ ва 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 9365 нафар хонандагон ба истироҳат рафтанд.
Таъмини хонандагон бо либосҳои ягона
Ӯ қайд кард, ки ҳамзамон, Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи дастурҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз 28. 04. соли 2022, №7762 ва раиси вилоят, вобаста ба ҳамкорӣ ва дастгирии корхонаю коргоҳҳои дузандагӣ ҷиҳати таъмини хонандагону омӯзгорон бо либоси ягонаи тавсиявии мактабии истеҳсоли ватанӣ, корҳои муайянеро ба сомон расонидааст. Айни ҳол бастани шартномаҳо бо корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ рафта истодааст.
Бунёди ҷомеаи пешрафта аз маориф сарчашма мегирад
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, масъулони Шуъбаи маорифи ноҳия дар оянда баҳри бозҳам баланд бардоштани савияву донишу малкаи хонандагон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо лавозимоти хониш, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагиро дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлолияти давалтии кишвар талош хоҳанд кард.
Ҳамчунин баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илими Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилоят ва Раёсати маорифи вилоят ҳама донишу малакаи худро истифода мебаранд.
МТЖТ