Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Ҳайдарзода Садбарг Ҳайдар суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат мавсуф қайд намуд, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар соли 2022 фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи роҳбарияти сиёсии давлат тамоми имконот ва нерӯи худро дар роҳи таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи насли навраси кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, созандагӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ сарф намуданд.
Маҳз бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф барои мутобиқ гардонидани раванди таълиму тарбия ба талаботи замони муосир эътибори ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.
Муассисаҳои таълимӣ
Мавсуф тазаккур дод, ки дар тобеияти шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак 39 муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 гимназияи давлатии №1, 1 литсейи давлатии “Нурбахш”, 1 муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо”, 1 муассисаи давлатии “Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия”, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 5-то муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва 1 филиали мактаби №83-и шаҳри Ногинскии Федератсияи Россия фаъолият мекунанд. Инчунин, дар назди муассисаи таълимии №5 аз соли таҳсили 2016-2017 синфҳои таълимашон ба забони русӣ фаъолият карда истодаанд, ки айни замон дар зинаи дуюми таҳсилот ду синфи 5 ва 6 таълиму тарбия гирифта истодаанд. Яке аз омилҳои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва таъмини сифати таҳсилот ин пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманд ва дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳр дар соли таҳсили 2022-2023 16414 нафар хонанда фаро гирифта шудааст, ки нисбати соли таҳсили 2021-2022, ки 16012 нафар хонанда буд, 402 нафар зиёд шудааст.
Базаи кадрӣ
Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳри Норак 932 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, 712 нафар зан ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд. Аз ин зумраи омӯзгорон 604 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 429 нафар зан, 261 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ва 67 нафар дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, ки дар шуъбаю бахшҳои ғоибонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи махсус ва олии омӯзгорӣ аз истеҳсолот ҷудо нашуда, таҳсил намуда истодаанд.
Муассисаҳои томактабӣ ва Марказҳои инкишофи кӯдак
Дар идомаи суҳбат номбурда зикр дошт, ки дар тобеияти шуъбаи маорифи шаҳри Норак 5 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 677 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли гузашта 45 нафар зиёд мебошанд. Аз шумораи умумӣ 280 нафарашон духтарон буда, 397 нафарашон писарон ташкил медиҳанд.
Дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Норак 31 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 1330 нафар кӯдак таъсис дода шудааст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 127 нафар кормандон ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ки аз ин шумора 48 нафарашон кормандони соҳаи омӯзгорӣ, ки аз ин шумора 27 нафарашон бо таҳсилоти олӣ, 15 бо маълумоти миёнаи махсус, 6 нафар бо маълумоти олии нопурра мебошанд.
Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо ҳамширагони тиббӣ ва кормандони мусиқӣ таъмин мебошанд.
Барои ба низом даровардани раванди таълиму тарбия «Барномаи таълимиву тарбиявии Рангинкамон» аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастраси муассисаҳои томактабӣ гардонида шуд. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 40 номгӯи китобҳои кӯдакона баъди аз чоп баромадан дастраси муассисаҳои томактабӣ гардонида шуд. Гурӯҳи корие, ки бо фармоиши мудири шуъбаи маориф таъсис ёфтааст, ҷиҳати дастрас шудан ва истифодаи барнома ва адабиёти таълимию тарбиявӣ барои таҳсилоти томактабӣ фаъолият намуда истодааст, санҷида шудаанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ гуруҳҳои забонҳои русӣ ва ангилисӣ фаъолият намуда истодаанд.
Маркази милли тестӣ
Мавсуф қайд кард, ки соли таҳсили 2021-2022 синфи 11-ро 966 нафар хонанда (490 духтар) хатм намуд, ки аз онҳо 463 нафар (217 духтар) тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 60 нафар (2 духтар) ба донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар, 21 нафар (11 духтар) тибқи квотаи Президентӣ дохил шуданд, бе Маркази миллии тестӣ дар филиали дар шаҳри Норак будаи коллеҷи хусусии тиббии шаҳри Левакант 127 нафар дохил гардиданд.
Соли таҳсили 2021-2022 синфи 9-ро 1146 нафар хонанда (543 духтар) хатм намуда, дар соли таҳсили 2022-2023 аз ин шумора 931 нафар, аз ҷумла, 430 нафар духтар таҳсилро дар синфи 10 идома доданд.
Иштирок дар олимпиада ва озмунҳо
Номбурда изҳор дошт, ки соли 2022 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар даври ҷумҳуриявии олимпиада 95 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 23 нафарашон (1 медали тилло, 6 медали нуқра, 13 медали биринҷӣ ва 3 ҷойи ифтихорӣ) аз синфҳои 5-6 ва 7-8 дар олимпиадаи “Наврасон”, 9-10 дар олимпиадаи “Даставӣ” ва синфҳои 11-ум дар олимпиадаи “Анъанавӣ” сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар баробари ин, аз байни 49 нафар иштирокчии олимпиадаи байналмилалии “Аймаз” аз фанни математика 11 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр сазовори ҷойҳои 2 ва 3-юм гардиданд.
Ғайр аз ин, аз байни 41 нафар иштирокчии олимпиадаи байналмилалии “Архимед” аз шаҳри Норак 6 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳр дар давраи якуми олимпиада сазовори ҷойҳои 2-юм ва 3-юм гардида, рӯзи 5-уми майи соли 2022 дар даври ниҳоии олимпиада, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, ғолибиятро ба даст оварданд.
Дар баробари ин, санаи 18-уми апрели соли 2022, 147 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаи байналмилалии “Кенгуру” аз фанни математика фаъолона ширкат варзиданд, ки аз ин шумора 3 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии №10 Бобохонов А., Гимназияи давлатии №1 Сангов Фаромӯз ва литсейи давлатии “Нурбахш” Бурҳонова Гулрӯ сазовори ҷойҳои 2-юм ва 3-юм гардиданд.
Илова бар ин, 53 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаи байналмилалии “Ҳиппо” аз фанни забони англисӣ фаъолона ширкат варзида, 37 нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва соҳиби Сертификат гардиданд.
Дар ташкил ва иштирок намудан дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ махсусан, саҳми хонандагони Гимназияи давлатии №1, муассисаҳои таълимии №1, 2, 3, 4, 5, 9, 10, 28 ва литсейи давлатии “Нурбахш” зиёд аст.
Баҳри баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар шаҳр ҳамасола озмунҳои вилоятии “Донояк” ва “Хонандаи сол” гузаронида мешавад, ки хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ин озмунҳо фаъолияти хуб нишон медиҳанд. Дар озмуни “Хонандаи сол-2022” хонандагони синфҳои ибтидоии Гимназияи давлатии №1, МТМУ №28 ва МТМУ №7 соҳиби ҷойҳои якум ва сазовори унвони фахрии “Хонандаи сол-2022” дар шаҳр дониста шуда, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Рӯзи 11-уми апрели соли 2022 дар муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои”-и шаҳр тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2018, №02/03, қарори мушовараи Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 02.04.2019, №3/7 ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак аз 04.04.2022, №58 “Дар бораи Низомномаи олимпиада оид ба “Шоҳмот” байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”, ки бо мақсади дарёфт ва рушди хонандагоне, ки қобилияти зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ нигаронида шудааст, ба ифтихорӣ “Соли рушди саноат”, “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва ба пешвози ҷашни “35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” даври дуюми (шаҳрӣ) олимпиадаи ҷумҳуриявии “Шоҳмот” байни хонандагони синни то 16-солаи муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
Дар даври дуюми олимпиадаи мазкур зиёда аз 36 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзиданд, ки аз ин шумора 12 нафарашонро духтарон ташкил доданд. Бозӣ дар 7 давр идома ёфта, дар интиҳо 4 нафар хонанда аз тими писарон ва 3 нафар хонанда аз тими духтарон ғолиб баромаданд.
Бахшида ба 1150-солагии мутафаккир ва ситорашиноси машҳури форсу тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ тибқи фармониши сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 15.03.2022, №116 “Дар бораи гузаронидани олимпиадаи “Дунёи Берунӣ”, моҳи апрели соли 2022 дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо даври дуюми олимпиадаи вилоятии “Дунёи Берунӣ” баргузор гардид, ки хонандагони синфҳои 10-11 фаъолона ширкат варзида, ба даври сеюми олимпиада роҳхат гирифтанд.
Илова бар ин, бо мақсади дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдод ва хонандагоне, ки дар омӯзиши забони англисӣ қобилияти фавқуллода доранд ва ҳавасманд намудани онҳо тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 15.03.2022, №115 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятии “Луғатдони беҳтарин” дар муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и шаҳр байни хонандагони синфҳои 1-4, 5-7, 8-9 ва 10-11-и муассисаҳои таълимии шаҳр даври дуюми озмуни вилоятии “Луғатдони беҳтарин” гузаронида шуд, ки хонандагони муассисаҳои таълимии №4, 5, 28 ва Гимназияи давлатии №1 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Ҳамзамон, санаи 28-уми апрели соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и шаҳр даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-155, қарори раиси вилояти Хатлон аз 07.04.2021, №100, қарори раиси шаҳри Норак аз 12.05.2021, №215 ва тартиби гузаронидани озмун лаёқат, малака ва дастовардҳои иштирокчиёнро таҳлил ва натиҷагирӣ карда, ғолибони даври дуюми (шаҳрӣ) Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”-ро байни хонандагони муассисаҳои таълимии шҳари Норак муайян намуд. Дар Озмун 238 нафар довталабон иштирок намуда, дар доираи талаботи Озмун донишу маҳорат, малака ва истеъдоди худро нишон дода, ҷамъ 33 нафар хонанда аз муассисаҳои таълимии № 1, 2, 3, 4, 5, 9, 10, 11, 22, 27 ва Гимназияи давлатии №1 сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 гардиданд.
Санаи 29-уми сентябри соли 2022, 33 нафар ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар даври сеюми (вилоятӣ)-и Озмун иштирок намуданд. Боиси ифтихор аст, ки 1 нафар хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии №4 Тағозода Фирдавси Отамурод дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ” сазовори ҷойи 1-ум гардида, аз тарафи Раиси вилояти Хатлон сазовори Ифтихорнома ва бо маблағи 3000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Илова бар ин, омӯзгори хонанда Тағоев Шамсулло низ бо Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон ва 2000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, омӯзгори Гимназияи давлатии №1 Тағоев Шамсулло дар озмуни ҷумҳуриявии “Олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” иштирок намуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори Дипломи “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва 20000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.
Бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии хонандагон, дарёфти истеъдодҳои болаёқат ва фавқуттабии наврасон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи китобдӯстӣ, муҳаббат ба муаллиму мактаб, меҳанпарастӣ ва бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 майи соли 2022 даври ниҳоии озмуни вилоятии “Донояк” байни хонандагони синфҳои 2-4 аз ҳамаи фанҳои таълимӣ баргузор гардид.
Шаҳри Норакро дар ин Озмун 9 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимӣ муаррифгар буданд. Хушбахтона, натиҷаи ҷамъбасти озмун нишон дод, ки 4 нафар хонандагони болаёқати шаҳри Норак дар байни 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон донишу маҳорати хуб нишон дода, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
22-юми июни соли 2022 дар шаҳри Норак даври ниҳоии озмуни “Хонандаи сол-2022” баргузор гардид, ки 9 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм гардиданд.
Аз 3-юми октябр то 21-уми октябри соли 2022 дар муассисаҳои таълимӣ ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳр дар асоси Низомномаи олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2020, №12/52 ва фармоиши шуъбаи маорифи шаҳри Норак аз 21.09.2022, №133 даврҳои якум ва дуюми олимпиадаҳои дохилимуассисавӣ ва шаҳрӣ аз 11 фанҳои таълимӣ баргузор гардид, ки аз шумораи 7599 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр 1328 нафарашон дар даври дуюми (шаҳрӣ) олимпиада аз синфҳои 5 то 11 иштирок намуда, 399 нафарашон ба даври сеюм (вилоятӣ) олимпиада роҳхат гирифтанд.
Қайд кардан бомаврид аст, ки дар даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагон байни синфҳои 9-10 як нафар хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии №2 Файзиддини Хайриддин, ки аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи аввал гардида, аз тарафи МТИК-и назди шуъбаи маорифи шаҳр бо як адад компютер қадрдонӣ карда шуд.
Бо фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 13.09.2022, №185 “Дар бораи Низомномаи олимпиадаи вилоятии “Ворисони Пешво” ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак аз 21.09.2022, №134 “Дар бораи баргузории даврҳои якум (дохилимуассисавӣ) ва дуюм (шаҳрӣ) олимпиадаи “Ворисони Пешво” бо мақсади омода намудани кӯдакон ба ҳаракати олимпӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии хонандагон, дарёфти истеъдодҳои болаёқат ва фавқуттабии наврасон, тарбияи насли наврас дар руҳияи китобдӯстӣ, илмдӯстӣ, муҳаббат ба муаллиму мактаб, меҳанпарастӣ, олимпиадаи вилоятии “Ворисони Пешво”дар байни хонандагони синфҳои 3 ва 4 гузаронида шуд. Дар даври дуюми олимпиадаи мазкур 168 нафар хонандагони синфҳои 3 ва 4 аз 5 фанни таълимӣ иштирок варзида, ҷамъ 30 нафар хонандагон ғолиб баромада ба даври сеюми олимпиада роҳхат гирифтанд.
Дар маҷмӯъ дар давоми соли таҳсили 2021-2022 хонандагони болаёқат тавонистанд, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ доир гардида, иштирок намоянд. Ҳамзамон, 2 нафар хатмкунандаи Гимназияи давлатии №1 соҳиби медали тиллоӣ ва аттестати аълои равиявӣ гардиданд, ки ин заҳмати омӯзгорон ва директори Гимназияи давлатии №1 Фароғатзода Насиба мебошад.
Мудири Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва кормандони шуъбаи мазкур барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи насли навраси кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, созандагӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ кӯшиш ба харҷ намуда истодаанд.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ