Лоиҳаи муштараки Русия ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ оид ба ғизои солими хонандагони Тоҷикистон

Русия ба мардуми Тоҷикистон пайваста кумаки ғизоӣ мерасонад. Ин кумакҳо табақаҳои гуногуни аҳолӣ – аз толибилмон то оилаҳои серфарзандро фаро мегирад, ки тавассути як қатор барномаҳои башардӯстона амалӣ карда мешавад. Яке аз онҳо барномаи ғизои мактабӣ мебошад, ки тақрибан 2000 мактабро дар саросари кишвар фаро мегирад. Бо ташаббуси Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ  бо мақсади  шинос шудан  бо натиҷаҳои барнома  рӯзноманигорон  ба  Норак сафар  карданд.

Барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин лоиҳаи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2013  инҷониб  аз ҷониби Федератсияи Русия маблағгузорӣ карда  мешавад. Айни замон дар доираи ин барнома аз 32 мактаби Норак ба 24-тои он  кумак расонида мешавад.

Мактаби рақами 7

Ин мактаб дар ҳудуди калон ҷойгир шудааст.  Дар ошхонаи мактаб  барои хонандагон хӯроки гарм дода мешавад, ки на танҳо  аз маҳсулоти аз Русия воридшаванда (орд  ва  равғани витаминнок,   лӯбиёгӣ), балки аз маҳсулоти дар худи мактаб парваришшуда низ омода карда шудааст.

Дар вилояти Хатлон 242665 нафар хонандагон ва кормандони техникӣ дар 769  мактаби  24 ноҳия  бо хӯроки гарм  таъмин карда  мешаванд.

Дар ин мактаб ошхона дар бинои алоҳида ҷойгир буда, дар он бо истифода аз таҷҳизоте, ки  Русия дастрас кардааст,  хӯрокҳои солим омода карда мешавад, инчунин, дар алоҳидагӣ  анбори хӯрокворӣ  низ мавҷуд  аст. Бояд гуфт, ки тамоми бино  бо кумаки  донорҳо  таъмир карда шудааст. Дар мактаб 414 нафар хонандагони синфҳои 1 то 4  бо хӯроки бепул таъмин карда мешаванд ва дар ин кор комитети падару модарон низ саҳми худро мегузорад. Ҳамин тариқ, мактаб аз ҷониби донорҳо,  мақомотҳои маҳаллӣ ва волидон  ҳамаҷониба дастгирӣ  карда мешавад.

Имрӯз барои наҳорӣ шӯлаи биринҷӣ  омода карда буданд.  Роҳбари  Дафтари минтақавии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар вилояти Хатлон  Умед Қурбонов чунин гуфт: “Аз 24 мактаби Норак 23-тои он бо маҳсулоти  ғизоӣ  таъмин карда шуда, ба як мактаб барои мустақилона харидани маҳсулоти ғизоӣ маблағ ҷудо карда мешавад.  Дар боғи мактаб меваҳои тару тоза парвариш карда шуда,  барои шарбат  меваи хушк  тайёр мекунанд, як қисми ҳосилро фурӯхта, маблағи бадастовардаро  барои ташкили ғизои мактаб сарф мекунанд».

Ҳаҷми умумии кумакҳои башардӯстонаи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз соли 2008 беш аз 4,2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Моҳи декабри соли 2022  Русия барои харидани маводи ғизоӣ барои мактаббачагони тоҷик иловатан 4 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст.

Мактаби рақами 10

Тоҷикистон ва Русия  аз ҷиҳати маънавӣ кишварҳои  бо ҳам наздик мебошанд, онҳоро фазои ягонаи тамаддунӣ, забонӣ ва фарҳангӣ муттаҳид мекунад. Русия дар рушди маориф, илм, тандурустӣ ва  иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми  бузург  мегузорад. Маҳз арзишҳои кумаки мутақобила ба бунёди ин мактаб, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ оғоз ёфта буд, мусоидат кард. Ин арзишҳо ба насли наврас гузаштанд, аз ин рӯ, бо кумаки фарзандони омӯзгорон ва директори мактаб соли 2015  бинои нав сохта шуд. Зимнан, ин ягона мактаби шаҳр аст, ки аз ҷониби Президенти кишвар ифтитоҳ карда шуд. Ба шарофати  иродаи қавии директор  ва меҳру муҳаббати ӯ  ба кӯдакон  дар мактаб тартиботу интизоми  олӣ  ҷорӣ аст.

Барномаи ғизои  мактабӣ  дар 2000  мактабҳои 52 ноҳияи  ҷумҳурӣ, бо  фарогирии 562000 нафар  хонандагони  синфҳои аз 1 то 4  амал мекунад.

«Сараввал дар ҷойи боғи мо дарахтони бегона месабзиданд, мо  майдонро тоза карда, дар он ҷо боғ  бунёд кардем ва тӯли 6 сол аст, аз он ҳосил мегирем. Маблағҳое, ки  аз фурӯши сабзавоту мева ба даст меорем, барои  хӯроки хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва эҳтиёҷоти мактаб сарф мекунем. Ба шарофати фаъолияти самаранок мактаби мо  дар байни тамоми мактабҳои Тоҷикистон   сазовори ҷоизаи «Тарзи ҳаёти солим» гардид» – мегӯяд директори мактаб Табаров Нуралӣ.

Дар рушди низоми ғизои мактабӣ муассисаи мо боз ҳам рушд карда, дар он бо кумаки ҳукумати Русия ва Барномаи ҷаҳонии озӯқавории СММ 2 гармхона, лимонарий  ва боғ бунёд карда шуд. Дар мактаб лиму, бодиринг, помидор, картошка, себи навъҳои гуногун, қаламфур, кабудӣ ва ғайра парвариш карда мешаванд. Мактаб ҳамчунин, бо озуқа ва таҷҳизот таъмин карда мешавад, имрӯз дар хӯроки нисфирӯзӣ  мактаббачагон  шӯрбои нахӯддор ва санбӯсаҳои картошкагин  тановул  карданд.

Дар Тоҷикистон  бузургтарин донори барномаи ғизоӣ Русия мебошад. Моҳи августи соли 2023 Русия дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ ба ҷумҳурӣ 4,5 ҳазор тонна маводи  ғизоии башардӯстона интиқол намуд.

Мактаби рақами 4

Ин яке аз калонтарин мактабҳои шаҳри Норак мебошад, ки аз соли 2016 инҷониб  фаъолият дорад. Дар ин мактаб бо кумаки донорҳо ошхона таъмир карда шуда, таҷҳизот, мебел ва зарфҳои  нав  дастрас  карда шудаанд. Дар ин ҷо барои 592 нафар хонандагон  хӯроки гарм омода карда мешавад.

Аз рӯйи маълумотҳои Бонки рушди АвруОсиё Тоҷикистон дар масъалаи худтаъминкунӣ бо шакар, равғани растанӣ ва ғалла  душворӣ мекашад. Кишвари мо  то ҳол аз воридоти маводи ғизоӣ вобастагӣ дорад.

Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 то 70 фоиз боло бурдани  худтаъминкунии озуқаворӣ ва то 40 фоиз коҳиш додани ҳиссаи хароҷоти аҳолӣ ба маводи ғизоиро пешбинӣ мекунад. Ва яке аз чунин мисолҳо ҳамин мактаб аст – ягона мактаб  дар шаҳр, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ  таъмин  карда  мешавад. Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ  теъдоди чунин мактабҳо  43 ададро ташкил медиҳанд.

Намояндаи Маркази ғизои мактабии Вазорати маориф ва илм Сайёра Зиёева  таъкид мекунад: “Ҳатто пас аз ба таъминоти давлатӣ гузаштани мактаб, донорҳо  мактабро аз ҷиҳати техникӣ таъмин мекунанд: тренингҳо оид ба ғизои солим гузаронида шуда, механизми гузаронидани тендерҳо  ва нозукиҳои хариди давлатӣ фаҳмонида мешаванд. Чанде пеш дастури амалӣ таҳия карда шуд, ки барои баланд бардоштани   савияи дониши  директорони мактабҳо дар соҳаи таъмини ғизои мактабӣ мусоидат мекунад. Дар назар аст, ки рӯзҳои 27-30-уми ноябр дар асоси дастурҳои мазкур барои директорон ва муҳосибони  мактабҳо тренингҳо гузаронида шавад. Дар ин кор мутахассисони соҳаи маориф, молия ва  тандурустӣ низ кумак мерасонанд. Барои соли оянда мо аз давлат  барои 55  мактаб (ба ҷойи 43  мактаб) маблағ дархост кардем, яъне ин барнома тавсеа меёбад».

Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар якҷоягӣ бо Русия мактабҳои Тоҷикистонро бо ғизо ва таҷҳизот таъмин мекунад, дар сохтмони гармхонаҳо ва нонвойхонаҳо кумак мерасонад,  ошхонаҳои мактабҳоро таъмир  мекунад, дар доираи лоиҳаи озмоишӣ маблағ ҷудо мекунад (барои мустақилона харидани маҳсулоти ғизоӣ ва  интихоб кардани таъминочиёни мактабҳо).

Натиҷаҳои барнома

Тавре дар боло зикр гардид, тӯли 10 сол аст, ки бо дастгирии молиявии Русия ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон низоми ғизои мактабӣ эҳё карда мешавад. Ҳаҷми умумии маблағҳое, ки  Русия барои амалигардонии ин барнома ихтисос додааст, беш аз 86 миллион долларро ташкил медиҳад, аз ҷумла 58 миллион барои кумаки ғизоӣ ва 28 миллион барои таҷдиди инфрасохтор ҷудо шудааст. На дар ҳама кишварҳо низоми ғизои мактабӣ ҷорӣ гардидааст, вале дар Тоҷикистон дар баробари системаи маориф ва тандурустӣ ин низом аллакай эҳё гардид. Ҳукумати кишвар аҳамияти ғизои солимро барои кӯдакон  дарк мекунад ва дар якҷоягӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва дастгирии молиявии Русия ин барномаи мазкурро амалӣ мегардонад.

Мушовири Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вера Хуторская  чунин мегӯяд: «Мо тӯли 10 сол аст, ки  аз рӯйи барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон кор карда истодаем ва метавонем, баъзе натиҷаҳоро ҷамъбаст кунем. Мо натиҷаҳоро танҳо бо нишондиҳандаҳои хушку холӣ  арзёбӣ намекунем, зеро саломатии мактаббачагон барои мо муҳим аст. То имрӯз бо барномаи мо аллакай як насл ба воя расида, мактабро хатм карданд. Ин муҳимтарин дастоварди муштарак бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ мебошад. Мо шоҳиди гузариш аз кумаки  донорҳо ба барномаи худтаъминкунӣ аз ҳисоби буҷети Тоҷикистон ва эҳёи низоми миллии ғизои мактабӣ  гардида истодаем. Мактаби рақами 4-и шаҳри Норак мисоли ҳамин гуна мактабҳо мебошад.

Барои таъминоти техникӣ мехостем, ба Институти озӯқавории соҳавии Русия SIFI, ки мутахассисони ин муассиса  меъёрҳо, дастурамал ва номгӯи хӯрокаро бо назардошти меъёрҳои витаминҳои зарурӣ  барои хонандагони синну соли муайян  таҳия  кардаанд, миннатдорӣ баён кунем. Муҳим он аст, ки ғизо на танҳо солим, балки болаззат низ бошад. Аз ин рӯ, китоби ошпазӣ  низ  бо назардошти таомҳои маҳаллӣ таҳия шудааст. Мо якҷоя дар ташаккули саломатии миллат саҳм мегузорем, зеро маҳз аз хурдсолӣ бояд одатҳои солимро барои тамоми ҳаёт талқин намоем (омӯзонем). Мо одатҳои ғизоӣ – хӯрдани нон, шӯрбо, шӯла, компоти мевагиро меомӯзонем.

“Ман шодам, ки дар таъмини мактабҳо на танҳо донорҳо, балки кумитаҳои волидайнҳо ва мақомотҳои маҳаллӣ низ саҳм мегузоранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳама аҳамияти ғизои мактабиро барои кӯдакон дарк мекунанд” – Вера Хуторская, мушовири фиристодаи Сафорати Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тоҷикистон барои тамдиди ин барнома бо мақсади фарогирии теъдоди бештари мактабҳо ва кӯдакон дархост пешниҳод кардааст”.

Дар навбати худ Адҳам Мусаллам, намоянда ва роҳбари  Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон дар бораи нақшаҳои оянда ҳадс зад: “Маҳсулоте, ки аз Русия фиристода мешавад,  ғизои оддӣ нест, балки ғизои  пур аз витаминҳо мебошад: орди дорои моддаи  оҳанӣ  ба пешгирии бемории  камхунии кӯдакон мусоидат мекунад, равған низ пур аз  витаминҳост. Мо зарурияти тамдид додани муҳлати барномаро пай мебарем ва дар оянда ният дорем, бо мақсади дар ҳама мактабҳои ҷумҳурӣ  ҷорӣ  кардани низоми ғизои мактабӣ  барномаро  пурра ба дӯши Тоҷикистон  супорем. Шариконе, ки ба таъминоти миллӣ мегузаранд ба дастгирии техникӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ ниёз доранд. Дар ояндаи наздик   таъмири  60 ошхонаи мактабӣ  ва ҷаҳозонидани  мактабҳо бо таҷҳизот, мебел ва зарфҳои  зарурӣ  ба нақша гирифта шудааст».

Ҳамкории  боз ҳам наздиктари Тоҷикистон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар бозори кишоварзӣ ба ҳалли масъалаи амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад. Тоҷикистон метавонад иқтидори содиротии маҳсулоти ғизоиро афзоиш диҳад. Картошкаи  Тоҷикистон дар бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё метавонад, бо картошкаҳои мисрӣ ё марокашӣ рақобат кунад.

Русия ба Тоҷикистон дар асоси принсипҳои инсондӯстӣ ва  муносибатҳои бародаронаи мардуми ду кишвар кумаки ғизоӣ мерасонад. Ин кумак комилан беғаразона аст  ва Федератсияи Русия бар ивази кумакҳояш  афзалиятҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ талаб намекунад, балки  зарурати густариш  додани муносибатҳои нек бо тамоми кишварҳоро ҳадафи худ медонад. Тоҷикистон низ барои амал кардан аз рӯйи  ҳамин  мавқеъ  манфиатдор  аст.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь