Инсон пеш аз ҳама фарзанди мамлакати худ аст, шаҳрвандест, ки манфиатҳои мамлакати худро дар дилаш ҷойгир кардааст.

Ж. РУССО

 Муассисаи таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” ҷараёни таълиму тарбияву фаъолияти илмии худро дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ ба роҳ монда, тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф фаъолияташро ҳамоҳанг намудааст. Донишгоҳ дар соли таҳсили 2022-2023 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош намуда, дар самти таълим, фаъолияти илмию инноватсионӣ, робитаҳои байналмилалӣ, корҳои ташкилию тарбиявӣ ва тавсеаи пояи моддию техникӣ корҳои назаррасеро анҷом додааст. Донишгоҳ ҳамчун муассисаи таълимии серсоҳа дар қаламрави кишвар тибқи “Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2007, №349) мутахассисонро аз рӯйи самтҳои педагогикаи давраи кӯдакӣ, педагогикаи синни наврасӣ ва ҷавонӣ, педагогикаи умумисиннусолӣ, таҳсилоти касбӣ, дизайн, илмҳои гуманитарӣ, робитаҳо, ҳуқуқ, иқтисодиёт, идора, илмҳои табиӣ, таҷҳизот, техникаи ҳисоббарор, энергетика, телекоммуникатсия, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, саноати истихроҷи кӯҳӣ, таъмини сифат, меъморӣ, сохтмон, кишоварзӣ, сайёҳат ва меҳмондорӣ, ҳимояи шаҳрвандон, моликияти шахсӣ ва давлатӣ омода менамояд. Аз ин нигоҳ ба таълим ҳамчун самти афзалиятнок ва асосии фаъолияти оинномавии донишгоҳ аҳамияти аввалиндараҷа бояд дод.

 Фаъолияти таълимию методӣ

 Дар соли таҳсили 2023 – 2024 бо мақсади ба низом даровардани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва донишазбаркунии донишҷӯён ва ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ гардонидани равияю ихтисосҳои донишгоҳ, ҳамчунин хубтару беҳтар намудани корҳои ташкилӣ, таълимию методӣ кормандони донишгоҳ корҳои зиёдро пешбинӣ ва амалӣ намуданд.

Дастовардҳо дар самти таълим таҳия ва дар амал татбиқ шудани 32 адад нақшаи таълимӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр, 3 адад аз рӯи зинаи магистратура, 5 – то барои таҳсилоти олии 2-юми ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ таҳия шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз 1 – уми сентябри соли таҳсили 2024-2025 мавриди истифода қарор дода мешавад. Илова бар ин, аз ҷониби масъулини сохторҳои донишгоҳ як қатор Низомнома ва дастурамалҳо таҳия шуда, мавриди амал қарор доранд.

Таъминоти кадрии раванди таълим аз ҷумлаи масоили марказии такмили сифати таълим ба ҳисоб рафта, айни замон дар донишгоҳ 4 нафар докторони илм, 63 нафар номзади илм, 188 нафар муаллими калон ва ассистентон дар маҷмӯъ 255 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ машғуланд. Миқдори умумии фанҳои тадрисшаванда дар нимсолаи дуюми соли таҳсили соли 2023-2024 -148 фаннро ташкил дод. Шумораи умумии донишҷӯён 8413 нафарро ташкил дода, аз шумораи умумии онҳо 3687 нафарро донишҷӯдухтарон ташкил медиҳанд. (4310 рӯзона 4103 фосилавӣ) Дар донишгоҳ тибқи квотаи Президентӣ 102 нафар донишҷӯ аз ҷӯмла 41 нафар духтар таҳсил менамоянд.

Донишгоҳи давлатии Данғара дорои 6 бинои таълимӣ буда, дар биноҳои таълимӣ барои як басти таълимӣ ба донишҷӯён 5200 ҷойи нишаст пешбинӣ карда шудааст. Имсол донишгоҳро аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо ва шаклҳои таҳсил, ки тибқи фармоиши ректор барои иштирок дар комиссияи аттестатсияи хатм (КАХ) рухсат гирифтанд ва аттестатсияи хатмро ҷамъбаст намуданд, 1649 нафарро ташкил дод. Аз ин шумора, 869 нафар шӯъбаи рӯзона, 692 нафар шӯъбаи ғоибона ва 88 нафар зинаи магистратураи донишгоҳро хатм намуданд. Тақсими донишҷӯёне, ки донишгоҳро хатм карданд, вобаста ба зинаи таҳсил чунин аст: аз рӯи дараҷаи бакалавр 1561 нафар, аз он ҷумла омӯзгорӣ 581 нафар. аз рӯи дараҷаи магистратура 88 нафар. Дар маҷмӯъ, аз теъдоди умумии донишҷӯёне, ки имтиҳони давлатиро бо баҳои «аъло» супоридаанд 25 нафарашон ба гирифтани дипломи «аъло» мушарраф шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 16 нафар зиед мебошад.

Таъминоти моддию техникии таълим дар давраи ҳисоботӣ дар сатҳи ба талабот ҷавобгӯ ба роҳ монда шуда, айни замон 600 адад компютер, 50 ноутбук, 50 адад тахтаҳои электронӣ, 60 адад проектор, 2 адад планшетҳои деворӣ, 3 адад банерҳои экранӣ ва зиёда аз 180 адад принтерҳои оддӣ ва бисёрфунксионалӣ мавриди истифода қарор доранд. Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи имкониятҳои молиявии донишгоҳ 50 моноблок, 20 принтер, 3 проектр, 3 доскаи электронӣ, 1 сервери замонавӣ барои фанҳои дақиқ харидорӣ гардида, як лабаратория ташкил карда шуд.

 Қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тавассути ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Имсол интихоби донишгоҳ аз ҷониби довталабон ба 14 ҳазору 423 нафар расид. Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2023-2024 4 маротиба мониторинги сифати таълим, мониторинги истифода аз адабиётҳои таълимӣ, мониторинги самаранокии истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим ва назарпурсиҳо гузаронида шуд.

Натиҷаи сессияҳои зимистона ва тобистонаи соли таҳсили 2023-2024 баёнгари он аст, ки дар ин самт донишгоҳ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. Натиҷаи сессияи зимистона нишон дод, ки дар донишгоҳ сафи донишҷуёни бо баҳои хубу аъло таҳсилкунанда нисбати сессияи зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 ба 1,1 % беҳтар шудааст. Сатҳи имтиҳонсупории сессияи тобистона ба 1,7 % беҳтар шуда, сафи донишҷӯёни бо баҳои аъло ва хубу аъло таҳсилкунанда аз 2,8 % то 4,1 % беҳтар шудааст. Бо мақсади таҳия ва таҷдиди назар намудани тестҳои имтиҳонии фанҳои тадрисшавандаи донишгоҳ барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2023-2024 бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ барои 2 кредит 150, 4 кредит 300, 6 кредит 400 саволӣ тайёр намуданд. Дар донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси устодон аз қабили “Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ дар раванди таълим” “Омӯзиши низоми фосилавӣ”, «Маҳорати педагогӣ» инчунин курси омӯзишии «Ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот» ташкил карда шуда, омӯзгорон дар онҳо малакаи худро мукаммал карданд ва бояд гуфт, ки онҳо натиҷаҳои хуб доданд.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ

Дар соли ҷорӣ ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ нисбат ба солҳои гузашта дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ нисбатан беҳтар фаъолият намуданд. Муваффақиятҳои дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷойдошта шаҳодати онанд, ки таваҷҷӯҳ ба корҳои илмӣ дар донишгоҳ сол то сол зиёд шуда истодааст. Ин аст, ки дар соли таҳсили 2023-2024 ду нафар бо мукофоти соҳавӣ “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

Дар баробари ин дар давраи ҳисоботӣ 18 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дар Шӯроҳои диссертатсионии дохил ва хориҷӣ кишвар дифоъ намуданд, аз ҷумла 2 нафар рисолаи доктори илмҳо, 6 нафар соҳиби шаҳодатномаи дотсентӣ гардиданд. Дар баробари ин то охири соли ҷорӣ аз рӯи маълумотҳои пешакӣ 25 нафар устодони ҷавон бояд рисолаҳои илмии худро дифоъ намоянд. Аз ҷониби ҳайати профессорону устодон 10 китоби дарсӣ, 20 монография, 63 дастури методӣ, 19 васоити таълимӣ ва зиёда аз 600 фишурдаю мақола ва маърӯзаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия гардида, ба чоп расидаанд. Дар донишгоҳ маҷаллаи илмии “Паёми Донишгоҳи давлатии Данғара” дар як сол 4 маротиба нашр мегардад, ки фазои иттилоотиро пурра мекунад. Дар нимсолаи аввали соли ҳисоботӣ 2 шумораи маҷалла рӯи чоп омад. Инчунин сомонаи донишгоҳ бо се забон фаъол буда, инъикоскунандаи ҳаёти таълимгоҳ аст.

Иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ

– Дар соли таҳсили 2023-2024 зиёда аз 300 нафар донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда 1 нафар дар озмуни “ИНТЕРНЕТ олимпиадаи байналмилалӣ” аз фанни химия сазовори ҷойи сеюм ва ду нафар бо гирифтани ифтихорнома сазовор гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ се нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба даври сеюми озмун 15 нафар донишҷӯён, 1 нафар магистрант ва 4 нафар омӯзгорон роҳ ёфтанд.Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ба даври сеюми озмун 14 нафар роҳ ёфтанд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” ба даври ҷумҳуриявӣ 1 нафар омӯзгор ва 3 нафар донишҷӯён барои иштирок роҳхат гирифтанд.

Фонди китобхонаи донишгоҳ 46 ҳазору 900 адад китобро дар бар мегирад, ки аз он 1000 ададаш дар давоми нимсолаи якуми соли 2024 харидорӣ гардидааст. Дар давоми нимсолаи якуми соли 2024 дар донишгоҳ фаъолияти раёсати илм ва инноватсия ҷоннок гардида, 1 конфронси байналмилалӣ, 4 конфронси ҷумҳуриявӣ, 7 конфронси илмӣ-амалии донишгоҳии ҳайати устодону донишҷӯён аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, 1 онлайн-конфронс, 50 семинари илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ, 30 мизи мудаввар, 5 силсилаозмунҳо, 41 маҳфили илмии донишҷӯён, 7 ҷамъомади васеи тантанавии аҳамияти илмӣ-таърихӣ ва сиёсидошта, гузаронида шудааст. Инчунин дар доираи омодагӣ ва амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» дар Донишгоҳи давлатии Данғара 2 чорабинии илмӣ баргузор гардид. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 25 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии олимони ҷавон “Навовари беҳтарин” ва Магистранти сол иштирок намуданд, 1 нафар сазовори ҷойи якум ва 2 нафар сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Донишгоҳ бо корхона ва ташкилотҳои ноҳияи Данғара ҳамкориҳои зиёд дорад. – мегӯяд, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ.

Фаъолияти тарбиявию ташкилӣ

Дар давоми шашмоҳаи якуми соли 2024 зиёда аз 50 чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ-оммавӣ, мизҳои мудаввар, вохӯриву сӯҳбатҳо гузаронида шуд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар озмун ва чорабиниҳои варзишии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бомуваффақият баромад намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Тазаккур бояд дод, ки шогирдони мо дар ҳама чорабиниҳо фаъолона иштирок менамоянд, аз ҷумла рӯзи 1 марти соли равон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби либоси миллӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ ва эҳёи анъанаҳои қадима, пайдо кардани истеъдодҳои нав, муаррифии матоъҳои миллӣ дар Фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявию донишгоҳӣ фаъолона ширкат варзиданд. Имсол дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ устодон ва 800 нафар донишҷуёни донишгоҳ дар намоиши театркунонидашуда ва тамринҳо фаъолона иштирок намуданд. Шаш нафар донишҷӯёни донишгоҳ, ки пурра бо баҳои аъло таҳсил менамоянд гирандагони стипендияи Президенти Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Донишҷӯён маблағҳои стипендияи худро тавассути кортҳои пластикӣ мегиранд.

Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ низ фаъолияти пурсамар дошта, барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мунтазам чорабиниҳои гуногун дар сатҳи донишгоҳ ва берун аз он мегузаронад. Фаъолияти Шӯрои мазкур бо мақсади тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон таъсис дода шудааст.

Дар ДДД барои донишҷӯёни манотиқи дурдасти кишвар 2 хобгоҳи ба талаботи имрӯза ҷавобгӯи дорои 1000 ҷойи зист мавриди истифода қарор дорад. Дар хобгоҳи донишҷӯён маркази компютерӣ таъсис дода шудааст, ки 20 компютер ба шабакаи ИНТЕРНЕТ васл гардида, фонди китобхонаи электронӣ низ ворид карда шудааст. Бахшида ба ҷашнҳои 27-солагии Ваҳдати миллӣ ва Солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат дар хобгоҳҳои донишгоҳ мунтазам сӯҳбату вохӯриҳо ва озмунҳо аз қабили “Хонаи беҳтарин”, “Кадбонуи беҳтарин” гузаронида шуд.

Инчунин Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати амалисозии фаъолияти эҳсонкорӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати Кангурт ҳамчун сарпараст ҳамасола дар айёми иду ҷашнвораҳо бо маводи хӯрокворӣ ва дигар эҳтиёҷот ба қадри зарурӣ кӯмак мерасонад. Дар донишгоҳ 10 нафар донишҷӯи ятими кулл дар шӯъбаи рӯзона таҳсил менамоянд, ки мунтазам нисбати онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз ба 10 нафар ятимони кулл ва 14 нафар маъюб мукофотпулии якдафъаина дода шуд.

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара барои 235 гурӯҳи академии шӯъбаи рӯзона 235 нафар омӯзгорон ба ҳайси куратор фаъолият менамоянд. Кураторон аз рӯи Низомномаи тасдиқгардида амал намуда, мунтазам дарси тарбиявии гурӯҳро мегузаронанд, инчунин дорои ҳуҷҷатҳои кураторӣ буда, аз рӯи нақшаи кори тарбиявии факултет амал менамоянд. Дар ин давра барои ҳавасманд намудани кураторон озмуни «Куратори беҳтарин» гузаронида, беҳтаринҳо муайян ва бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Фаъолият дар самти робитаҳои байналмилалӣ

Хайрзода Шукрулло иброз медорад, шурӯъ аз моҳи январи соли 2024 то имрӯз донишгоҳ бо 8 муассисаҳои олии хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид ва 20 созишномаи дигар мавриди корбарӣ қарор дорад, ки теъдоди умумии онҳо 52 адад мебошанд. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли 2023 23 адад зиёд мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки моҳи апрели соли 2024 дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо якчанд донишгоҳҳо ва ширкати мустақили Аттестатсия ва акредитатсияи “ARIA”шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар шаш моҳи аввали соли 2024 теъдоди иштироки устодон ва кормандони ДДД дар курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо, конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ба 12 нафар мерасад. Ҷиҳати дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ, аз ҷумла маблағҳои грантӣ ва татбиқи барномаҳои маблағгузорӣ якчанд лоиҳаҳо коркард ва ба озмунҳо пешниҳод карда шуданд. Айни замон дар донишгоҳ татбиқи як лоиҳаи грантӣ “Фонди Аврупо Эрасммус+”идома дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ 2 лоиҳа бомуваффақият ҷамбаст шуда, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот манзур гардид. Дар донишгоҳ айни ҳол 430 донишҷӯи хориҷӣ аз ҷумла Федератсияи Руссия 2 нафар, Ҷумҳурии Туркменистон 16 нафар, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 412 нафар дар гуррӯҳҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил намуда истодаанд. Дар оянда, шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ корро дар самти ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ҷоннок намуда, тасмим гирифтааст бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ шумораи донишҷӯёни хориҷиро зиёд намояд.

Фаъолияти иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ

Раёсати маъмурию хоҷагии Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамеша аз пайи ободу зебогардонии биноҳои донишгоҳ ва саҳни онҳо буда, ҳамарӯза иҷрои корҳои банақшагирифташударо ба тадриҷ амалӣ менамояд. Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби раёсати донишгоҳ 22000 (бисту ду ҳазор) дона гули ороишӣ дар гирду атроф ва саҳни биноҳои таълимӣ шинонида шуд, ки ҳусни донишгоҳро зеботар менамоянд. Кормандони қисми хоҷагӣ маводи барқии корношоями тамоми биноҳои таълимию хобгоҳҳои донишгоҳро иваз намуда, мизу курсиҳои дарсиро таъмир карда истодаанд. Инчунин дар ҳудуди заминҳои корам аз нав киштгардон карда шуда, зиёда 40 бех дарахтони ороиши серено ва капатало шинонида шудаанд.

Дар давоми шаш моҳ дар донишгоҳ аз ҷониби ширкатҳои гуногун толори Шӯрои олимон таъмир гардида, бо мебелҳои замонавӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, гирду атрофи донишгоҳ панҷарабандӣ гардида, хобгоҳҳои писаронаи донишгоҳ, маркази гармидиҳии донишгоҳ аз таъмир бароварда шуда, хонаи муҳофизон сохта ба истифода дода шуд.

Барои пешрафти кор, таъмин намудан бо маводи лозима ва сари вақт бартараф намудани камбудиҳои пайдошуда бахши таъминот ва муҳосиботи донишгоҳ низ саҳм мегузорад. Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2024 барои таъмин намудани устодону кормандони донишгоҳ бо маводи конселярӣ, маводи хоҷагӣ, қисмҳои эҳтиётии компютерӣ, шиору овезаю банерҳо ва инчунин барои посбонон ва кормандони соҳаи барқи донишгоҳ либосҳои махсуси корӣ харидорӣ карда шуд.

Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони ДДД ва раёсати донишгоҳ кушиш ба харҷ медиҳанд, ки дар оянда низ фаъолияти тамоми самтҳои густурдаро ба роҳ монда мақоми худро дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва берун аз он тақвият бахшад.

 Билоли ШАМС

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь