Дастовардҳо дар соли сипаригардида

Соли 2021 барои омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки дар ин сол ҳайати бисёрҳазорнафараи омӯзгорону кормандон, докторантону магистрон ва донишҷӯёнидонишгоҳ 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллии мардуми шарафмандамонро бо шукуҳу шаҳомати хосса ва руҳу илҳоми тоза ҷашн гирифта, дар таҷлили ин санаи пуршараф ва ҳаётан муҳим ширкати фаъолона намуданд.

Дигар аз лаҳзаҳои хотирмони соли сипаригашта ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати ифтитоҳи бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва хобгоҳи донишҷӯён, ҳамчунин гузоштани санги асос барои сохтмони силсилаи 2-юми бинои хобгоҳи 12 ошёна дар мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён” буд.

Ҳамчунин, зимни ташрифи Пешвои миллат дар ин рӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи донишгоҳ ва инъикоси овони донишҷӯӣ дар бинои факултетҳои иқтисодӣ Осорхонаи Пешвои миллат мавриди истифода қарор дода шуд. Пешвои миллат ҳангоми боздиди Осорхона аз хизматҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси бузургтарин маркази таълимиву илмии кишвар дар омода намудани мутахассисони баркамол ёдовар шуда, қайд намуданд, ки “…. Хатмкардагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни иқтисоди миллӣ кору фаъолият намуда, дар рушду нумуъ ва таҳкими пояи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши арзанда доранд. Сохтмони биноҳои таълимию хобгоҳҳои замонавӣ, таъсиси факултету ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй, бунёди марказҳои илмиву инноватсионӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо технология ва таҷҳизоти муосир аз дастовардҳои арзишманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбанд”.

Дар воқеъ, ин суханони нек ва таъкиду қайдҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Донишгоҳи миллӣ аҳли омӯзгоронро водор месозад, ки барои боз ҳам ободу зебо намудан ва муаррифии ҳарчӣ бештари ин боргоҳи илму маърифат саҳми босазо дошта бошанд.

Иштироки фаъоли ҳайати омӯзгорон, донишҷӯёну магистрон ва кормандон, ҳатто хонандагони литсейтанҳо дар чорабиниҳои сатҳи гуногуни давлатӣ, аз ҷумла, дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азиз ман”, олимпиадаҳои Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимпиадаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ далели гуфтаҳои мазкур мебошад.

Яке аз  дастовардҳои назарраси донишгоҳ, ки соли сипаригашта, раёсати донишгоҳ диққати махсусро ба он равона карда буд, ин  гузаштани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ тавассути ҷалби агентии Аккредитатсионии аврупоии ЕККА мебошад. Маҳз фаъолияти муназзами сохторҳои алоҳидаи донишгоҳ буд, ки тамоми маълумоти зарурӣ саривақт ва бо масъулияти том таҳия, коркард ва ҷамъбаст гардида, ба экспертони байналмилалии Агентии аккредитатсионии EKKA манзур карда шавад.

Дар натиҷа Агентии аккредитатсионии аврупоии ЕККА санаи 27.01.2021 Донишгоҳро мувофиқ ба талаботҳо ва стандартҳои таҳсилоти аврупоӣ эътироф намуда, бо Сертификати мутобиқат сарфароз гардонид.

Ҳамзамон, дастоварди дигари назарраси донишгоҳ дар соли сипаригардида ишғол намудани ҷойи 241-ум дар миёни 450 донишгоҳи беҳтарин ва пешрафтаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад, ки  аз ҷониби  ширкати бонуфузи британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» – Раддабандии донишгоҳҳои ҷаҳонӣ муайян карда шудааст. Чунин дастовардҳо дар таърихи соҳибистиқлолии кишварамон дар доираи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ аввалин мебошанд ва бешак муаррифгари дастовардҳои таҳсилот ва илми тоҷик (ва донишгоҳ) дар  30 соли соҳибистиқлолии  Тоҷикистон  маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, бо мақсади муайян кардани беҳтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз ҷониби Агентии  назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олӣ гузаронида мешавад. Дар оғози соли 2021 рейтинги навбатии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки бо мақсади гирифтани иттилои дақиқ оид ба мавқеи муассисаҳои таълимӣ, рушди рақобатпазирӣ байни муаассисаҳои таълимӣ ва инчунин муайян намудани муассисаҳои таълимие, ки таҳсилоти нисбатан сифатнокро ба роҳ мемонанд, баргузор шуд. Рейтинги мазкур соли 2021 аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ роҳандозӣ гардид, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни 34 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 1-ум гардида, соҳиби ҷоизаи ин озмун гардид.

Дастоварди дигари донишгоҳ дар соли сипаригашта ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонидани теъдоди зиёди омӯзгорону кормандони донишгоҳ мебошад, ки 2 нафар бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», 1 нафар боордени «Шараф дараҷаи II», 6 нафар бо медали «Хизмати шоиста» ва 3 нафар бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ҳамчунин 2 нафар олимони соҳаи имлҳои табиатшиносӣ  бо “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” мушарраф гардиданд. Ҳамчунин, як қатор омӯзгорон бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла, бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» – 21 нафар, бо «Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» – 6 нафар, бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» –1 нафар, бо нишони «Аълочии матбуот» – 1 нафар, бо унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон–2 нафар ва бо «Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» – 59  нафар сарфароз гардонида шуданд.

Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ҳамчун мақоми идоракунандаи донишгоҳ дар ҳайати 36 нафар фаъолият намуд, ки аз ин теъдод 19  нафарро доктори илм, 15 нафарро номзади илм ва 2  нафаррокормандони бе дараҷа ва унвони илмӣ ташкил медиҳанд. Тибқи нақша дар соли 2021 Шӯрои олимони донишгоҳ 14 ҷаласа баргузор намуд, ки дар онҳо 127 масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои 2 нафар номзадон барои дарёфти унвони илмии профессор ва 15  нафар барои дарёфти унвони илмии дотсент аз рӯи ихтисос ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  фиристода шуданд.

Фаъолияти таълимию методии донишгоҳ

Таълим дар донишгоҳ яке аз қисматҳои асосӣ ба шумор рафта, дар соли сипаригашта дар баробари фаъолияти ҳаррӯзаи таълимию методӣ фаъолияти кории худро аз иҷрои вазифаҳои зерин, аз қабили  назорат аз болои раванди машғулиятҳои дарсӣ, ташкили ҷараёни таълим, ҳаракату сатҳи донишазбаркунии донишҷӯён, назорати раванди пайваста ба дарсҳозиршавии омӯзгорон, таҳияи нақшаю барнома ва стандартҳои давлатии ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳӣ, таҳияи асноди лозима ҷиҳати муташаккилонаю босифат гузарондани ҷараёни дарсҳо, санҷиши коргузории бахши таълимию методии факултаҳо, муназзам ҷараён гирифтани дарсҳо, хуб иҷро шудани талаботҳои нақшаҳои таълимӣ, беҳтар гардидани самти ташкили корҳои таълимӣ ва назорати иҷрои сарбории таълимии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ оғоз намуд.

Соли таҳсили 2021 аз рӯйи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ тибқи талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи стандартҳои давлатии таҳсилот аз рӯи 120 ихтисоси амалкунанда бомуваффақият оғоз ёфт, ки саҳми ҳайати бисёрҳазорнафараи омӯзгорону кормандон дар ин ҷода хеле назаррас аст.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳоло дар 123 кафедраи донишгоҳ (117 кафедраи тахассусӣ ва 6 кафедраи умумидонишгоҳӣ) 1321 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 182 нафар доктори илм, 587 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣҷалб шуда, ҳамчунин 331 нафар омӯзгорон ба ҳайси ҳамкор ва соатбайъи беруна (аз ин шумора 135 нафар омӯзгори соатбайъ ва 196 нафар омӯзгорони ҳамкор) фаъолият менамоянд.

Қобили зикр аст, ки дар донишгоҳ 769 нафар омӯзгорони унвони илмидор фаъолият доранд, ки мутаносибан 59,0%-ро  ташкил медиҳанд, ки ин фоиз яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин, дар донишгоҳ 12 нафар академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Ҳоло шумораи донишҷӯёндар донишгоҳ 25178 нафар мебошад.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ

Сохтори илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари дигар сохторҳои он дар пешрафти фаъолияти илмӣ ва таълимӣ саҳмгузор аст. Аз ҷумла, дар солҳои охир шумораи дастовардҳои илмӣ дар донишгоҳ назаррас гаштааст, ки ин аз дастгирии раёсати донишгоҳ дар ин самт далолат мекунад.

Рушду такомули илми ватанӣ, пеш аз ҳама, ба маблағгузорӣ вобастагии зич дорад. Ҳамин аст, ки ҳамасола маблағгузории илм аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ афзоиш меёбад. Дар партави ин Донишгоҳи миллӣ низ аз ҳисоби суратҳисоби махсус барои пешрафти илм, таъмини лабораторияҳо бо таҷҳизоти муосир, боқувват намудани базаи илмӣ ба миқдори 11 753 832,46 сомонӣ ҷудо намуд.

Дар давоми соли 2021 аз 1321 нафар устоду корманди илмии донишгоҳ (бо назардошти кормандони Институти илмӣ-таҳқиқотӣ) дар иҷрои пажӯҳишҳои илмӣ 1241 нафар (93,9%) иштирок карданд.

Муқоисаи фаъолияти илмии устодону кормандон дар панҷ соли охир нишон медиҳад, ки фоизи унвондорони донишгоҳ дар соли 2021 нисбати солҳои пешин нисбатан боло рафтааст. Агар дар соли 2015 омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидор 52 % бошад, имрӯз ин нишондиҳанда ба 59 % расидааст.

Ҳайати устодону кормандон дар соли 2021 роҷеъба 65 самт, 110  масъала ва 142 мавзуъ таҳқиқот гузарониданд. Дар соли ҷорӣ ҳисоботи панҷсолаи корҳои илмии кафедравии донишгоҳ ҷамъбаст ва нақшаи корҳои илмии панҷсолаи оянда таҳия шудааст. Дар соли 2021 ба беш аз 170 нафар корманд ва устодоне, ки дар шароити меҳнати зарарнок фаъолият мекунанд, аз 12 то 24% иловапулӣ дар шакли маоши асосии буҷавӣ муайян карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади муайянсозӣ ва муаррифии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ соли ҷорӣ ҷадвали нашри маводи илмӣ-методии ҳайати профессорону устодон ва кормандони илмии донишгоҳ таҷдиди назар карда шуд. Аз таҳлили маводи ҷамъоваришуда аён мегардад, ки дар маҷмуъ дар донишгоҳ 397 маводи илмӣ дар хориҷи кишвар нашр шудааст. Шуруъ аз соли 2018 ба устодоне, ки мақолаҳояшон дар маҷаллаҳои рӯйхати Scopus ва Web of Science нашр шудааанд, 1500 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Соли 2021 шумораи чунин мақолаҳо аз 80 зиёд аст.

Моҳи феврали соли 2021 силсиламаҷаллаҳои илмии донишгоҳ:Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар чор бахш,  «Илм ва фановарӣ. Бахши илмҳои фарматсевтӣ, тиббӣ ва биологӣ» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора ба қайд гирифта шуд.

Дар давоми соли 2021 Марказ 29 шумора аз маҷаллаи илмии «Паёми ДМТ», 4 шумора аз маҷаллаи «Илм ва фановарӣ». Бахши илмҳои фарматсия, тиббӣ ва биолигӣ”-ро бо фарогирии 1065 мақола ба нашр расонидааст. Ҳуҷҷатҳои маҷаллаи «Илм ва инноватсия» бахши илмҳои “Геологӣ ва техникӣ” барои бақайдгирӣ ба КОА назди Президенти ҶТ пешниҳод гардиданд. Ҳамзамон, дар соли ҷорӣ 4 шумораи маҷаллаи «Муҳаққиқони ҷавон» бо фарогирии зиёда аз 200 мақола омода шудааст. Раванди бақайдгирии маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои табиӣ» дар SCOPUS ҳанӯз идома дорад.

Маркази иттилоотӣ-таҳлилии донишгоҳ дар як вақт ҳам фаъолияти сомона-www.tnu.tj ва ҳам фаъолияти нашрияи донишгоҳ «Ба қуллаҳои дониш», инчунин, назорати фаъолияти сомонаҳои факултетҳоро пеш мебарад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати эҷодии он 20 шумораи нашрияро бо тарроҳии нав ва бо мавзуъҳои гуногун аз чоп баровард.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2021 Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ташхисӣ зиёда аз 4124 рисолаи хатм ва дипломӣ, 412 кори магистриро аз ташхиси барнома гузаронда, ба махзани нусхаҳои электронии корҳои илмии донишгоҳ ворид кард. Дар соли ҷорӣ зиёда аз 1500 мавод аз ташхис гузаронида шуд.

Фаъолияти тарбиявии донишгоҳ

Дар Донишгоҳ пайваста чорабиниҳои илмӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва солимгардонӣ баргузор карда мешаванд, ки баҳри боло бурдани зеҳну тафаккур, руҳияи ватанпарастӣ ва тарбияи ватандӯстии донишҷӯён дар самти гиромидошти анъанаҳои миллӣ, эҳтироми Ватан-Модар, тарғиби тарзи ҳаёти солим нақши муҳим мегузоранд. Ҳадафи асосии самти тарбияи донишгоҳ дар руҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, хештаншиносӣ, меҳандӯстӣ, эҳтироми арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ тарбия намудани донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Дар соли 2021 саҳми самти тарбияи донишгоҳ дар ташкил ва баргузории Ҳамоиши ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар рушди давлатдорӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ» фаъолона мушоҳида гардид. Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои донишгоҳӣ самти тарбияи донишгоҳ дар соли 2021 саҳми худро дар мусобиқаҳои варзишӣ гузошт. Дар ин сол омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ зимни иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ 177 медал, аз ҷумла 66 тилло, 54 нуқра ва 57 биринҷӣ ба даст оварданд. Аз ин шумора 116 медал (44 тилло, 35 нуқра, 37 биринҷӣ) ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 61 медал (22 тилло, 19 нуқра, 20 биринҷӣ) ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ рост меоянд. Ба чорабиниҳои зикргардида дар соли 2021 зиёда аз 35 300 нафар омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҷалб гардиданд.

Фаъолияти байналмилалӣ

Фаъолияти байналмилалӣ ҳамчун самти афзалиятноки донишгоҳ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати муваффақи байналмилалии амалишудаистодаи «Дарҳои боз»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, ба тадриҷ рушд карда истодааст.Ташрифи чандин ҳайатҳои баландпояи давлатӣ бо роҳбарии Президентони ин кишварҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони донишгоҳу марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, олимони забардаст ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ аз мақому мартабаи ин боргоҳи маърифат гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷумла, зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон доктор Сайид Иброҳим Раисӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсуф ба донишгоҳ ташриф оварда, бо устодону донишҷӯён мулоқот намуд.

Раёсати донишгоҳ дар аксари ҳамоишҳо, конференсияву семинарҳои байналмилаливу минтақавӣ тавассути видеоконфронс ва бо тарзи он-лайн  ширкат намуд. Аз ҷумла, дар доираи аввалин намоишгоҳ-ярмаркаи “Study in Ukraine”, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, донишгоҳ бо 11 донишгоҳҳои Украина шарномаи ҳамкорӣ ба тавсиб расонид.

Имсол донишгоҳ ба ҳайси мизбони даҳҳо ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ баромад намуд, ки мисоли он 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, конференсияи байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ”, конференсияи байналмилалии илмию методии “Таҳсили озоди забони русӣ: талаботи замони муосир ва дурнамои рушд” бо иштироки намояндагони 17 давлат аз Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд.

Айни ҳол донишгоҳ бо 313 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, аъзои Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) мебошад. ДМТ аъзои фаъоли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авру-Осиё, муассиси Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Осиё, муассиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус (МАПРЯЛ) ва созмону консорсиумҳои дигари байналмилалӣ низ мебошад. Аз ҷумла, дар соли 2021 донишгоҳ бо 24 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ созишнома ва тафоҳумномаҳои ҳамкории нав ва ё дар муҳлати нав ба тасвиб расонид.

Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Белорус факултети муштараки ДМТ ва МТОК Белорус фаъолият менамояд. Бо назардошти он ки яке аз рисолатҳои калидии донишгоҳ омода намудани мутахассисони рақобатпазири ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад, донишгоҳ аз рӯи 11 ихтисоси нав ва замонавӣ ҳамкориро бо муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Белорус ба роҳ мондааст.

Яке аз сохторҳои таркибии донишгоҳ Институти Конфутсийи назди ДМТ мебошад, ки аз соли 2008 инҷониб фаъолият мекунад. Шарики донишгоҳ барои фаъолияти ин Институт Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Чин мебошад. Сохтмони бинои намунавии Институти Конфутсия, ки дар “Шаҳраки донишҷӯён” идома дорад.

Маркази русӣ яке аз сохторҳои фаъоли донишгоҳ дар соли сипаришуда маҳсуб меёбад, ки дар соли сипаригардида дар маҷмуъ аз ҷониби он беш аз 120 чорабинӣ баргузор карда шуд.

Нақшаи қабули соли таҳсили 2022-2023 дар ДМТ

Номгӯи ихтисосҳо Рузона Фосилавӣ  
ройгон пулакӣ ройгон пулакӣ
1 Математика 20 24 25 0  
2 Математикаи амалӣ 12 11 0 0  
3 Информатика 20 18 0 25  
4 Механика 12 12 0 0  
5 Амнияти компютерӣ 5 20 0 0  
6 Физика 18 23 25 0  
7 Астрономия 15 10 10 15  
8 Радиофизика ва электроника 12 13 10 6  
9 Мошинҳои ҳисоббарор, НШ. 10 15 0 0  
10 Метеорология ва климатология 10 13 0 0  
11 Метрология, стандарт. ва сертиф. 10 13 0 0  
12 Радиоэкология 10 15 0 0  
13 Химия 18 24 25 0  
14 Химия (химияи татбиқӣ) 10 11 0 20  
15 Техн. хим. модд. ғайриорганикии ММ 10 14 0 0  
16 Техн. хим. захира. энергетикӣ ва МК 10 15 0 0  
17 Усулҳои физ.-хим. ва асбобҳои НСМ 0 25 0 0  
18 Гидрогеология ва геол. муҳандисӣ 10 14 0 20  
19 Иқтисод ва идора дар саноати кӯҳӣ 0 25 0 25  
20 Геология ва иктишофи. ККФ 10 12 0 0  
21 Геол., ҷуст. ва икт. конҳои нафту газ 10 12 0 20  
22 Коркарди ККФ (Корҳои зеризаминӣ) 0 25 0 0  
23 Усул. геофиз. ҷустуҷӯ ва икт. ККФ 10 15 0 0  
24 Гидрология ва пиряхшиносӣ 10 13 0 20  
25 Биология 30 20 25 25  
26 Экология 10 15 0 20  
27 Биология (биотехнология) 15 10 0 0  
28 Илми ҷангалпарварӣ (дендрология) 10 15 0 0  
29 Дорусозӣ 0 100 0 0  
30 Техн. махс. чарб, равғани ЭАК 0 25 0 0  
31 Кори тиббии ташхисӣ 0 50 0 0  
32 Кори табобатӣ 0 100 0 0
33 Дандонпизишкӣ 0 50 0 0  
34 Фалсафа 8 14 0 0  
35 Сиёсат ва идораи давлатӣ 5 20 0 0  
36 Психология 5 20 0 13  
37 Сотсиология 5 19 0 0  
38 Кори иҷтимоӣ 10 15 0 25  
39 Менеҷменти сиёсӣ 5 20 0 0  
40 Таърих 16 32 10 12  
41 Бойгоншиносӣ 5 20 0 25  
42 Таърих (бостоншиносӣ) 8 16 0 0  
43 Муносибатҳои байналмилалӣ 0 74 0 0  
44 Минтақашиносии хориҷӣ 10 40 0 0  
45 Фаъолияти итт.-тахлили дар МБ 0 25 0 0  
46 Сиёсати берунӣ ва дипломатия 0 25 0 0  
47 Ҳуқуқшиносӣ 30 119 0 25  
48 Ҳуқуқи байналмилалӣ 16 34 0 0  
49 Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ 8 17 0 25  
50 Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ 16 34 0 20  
51 Танзими ҳуқуқии молия ва қарз 5 20 0 0  
52 Хифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ 5 20 0 0  
53 Санҷиши судӣ 5 20 0 0  
54 Таъмини ҳуқуқии фаъ. гумрукӣ 5 20 0 0  
55 Рузноманигорӣ 10 40 10 15  
56 Рузноманигории байналхалқӣ 5 20 0 0  
57 Умури нашриёт 10 15 0 0  
58 Иттилоот ва робита 8 17 0 0  
59 Журналист-тарҷумон 5 20 0 0  
60 WEB-рузноманигорӣ 5 20 0 25  
61 Забон ва адабиёти тоҷик 15 30 24 0  
62 Забоншиносӣ ва техн. нави иттил. 10 15 0 0  
63 Ҳуҷҷатшиносӣ ва таъм. ҳуҷ. идора 8 17 0 0  
64 Тарҷумаи бадеӣ 8 17 0 0  
65 Мероси хаттӣ 8 17 0 0  
66 Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ. Фолклор 8 17 0 0  
67 Танқиди адабӣ 5 20 0 0  
68 Филологияи рус 15 35 10 15  
69 Назария ва амалияи тарҷума 8 16 0 0  
70 арабӣ-англисӣ 5 19 0 0  
71 англисӣ-хитоӣ 5 19 0 0  
72 арабӣ-франсавӣ 5 7 0 0  
73 форсӣ-англисӣ 5 19 0 0  
74 ҳиндӣ-англисӣ 5 7 0 0  
75 урду-англисӣ 0 8 0 0  
76 форсӣ-фаронсавӣ 0 8 0 0  
77 пашту-англисӣ 0 8 0 0  
78 Забонҳои муосири хориҷӣ. Заб. хитоӣ 8 15 0 0  
79 Забонҳои муосири хориҷӣ. Заб. англисӣ 8 13 0 0  
80 Забонҳои муосири хориҷӣ. Заб. олмонӣ 5 7 0 0  
81 Забонҳои муосири хориҷӣ. Заб. фаронсавӣ 5 7 0 0  
82 Молия ва қарз 24 98 0 25  
83 Кори бонкӣ 8 41 0 25  
84 Иқтисодиёти ҷаҳонӣ 18 31 0 0  
85 Иқтисод ва идораи сайёҳӣ 8 17 0 0  
86 Суғурта 8 17 0 0  
87 Идораи инвеститсияҳои хориҷӣ 8 17 0 0  
88 Андоз ва андозбандӣ 8 17 0 25  
89 Менеҷменти молиявӣ 0 25 0 0  
90 Молия ва назорат дар соҳаи фаъ. гумрук 8 17 0 0  
91 Баҳис. бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит 16 34 0 25  
92 Омор 8 17 0 0
93 Кибернетикаи иқтисодӣ 12 13 0 0
94 Аудит ва ревизия 8 17 0 0
95 Таъмини иқтисодиёти фаъ. гумрукӣ 0 25 0 0
96 Иқтисодиёти рақамӣ 5 20 0 0
97 Баҳис. бухг. таҳл. ва аудит дар бонкҳо 5 20 0 0
98 Техн. ва низоми итт. (дар иқтисодиёт) 16 34 0 20
99 Иқтисодиёти меҳнат 8 17 0 0
100 Танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ 10 40 0 20
101 Иқтисод ва идора дар корхонаҳо 8 42 0 20
102 Иқтисодиёт ва идора дар КАС 8 17 0 20
103 Менеҷмент 10 40 0 0
104 Маркетинг 0 25 0 0
105 Идораи давлатӣ 8 17 0 0
106 Менеҷменти инноватсионӣ 8 17 0 0
107 Логистика 0 25 0 0
108 Иқтисоди сабз 5 20 0 0
109 Бехатарии иқтисодӣ 5 20 0 0
110 Иқтисодиёти минтақа ва рушди маҳал 5 20 0 0
110 Технологияи саноати дору 0 25 0 0
111 Диншиносӣ 8 17 0 0
112 Сарчашмашиносӣ, таърихнигорӣ УТТ 0 25 0 0
113 Амнияти компютерӣ 0 25 0 0
114 Математика ва техн. информатсионӣ 0 25 0 0
115 Информатикаи татбиқӣ 0 25 0 0
116 Бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ 0 25 0 0
117 Технол. энерг. самарабахш ва МЭ 0 25 0 0
118 Кори тиббии биологӣ 0 25 0 0
119 Ҳифзи муҳити зист ва ист. сарв. табиӣ 0 25 0 0
120 Технол. химиявии мод. орг. ММО 0 25 0 0

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь