Яке аз дастовардҳои Истиқлолият ин дар заминаи колеҷи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе таъсис додани Донишкадаи молияи Тоҷикистон мебошад, ки воқ еан саҳифаи дурахшоне дар пешрафти Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мебошад. Донишкадаи молияи Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №345, аз 18. 06. 2009, дар заминаи Коллеҷи молиявӣ-иқ тисодии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №227, аз 11.05.2012 дар заминаи Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқ тисоди Тоҷикистон таъсис дода шуд. Муассиси таълимгоҳ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақ сад аз ташкил намудани он, пеш аз ҳама, татбиқ намудани сиёсати молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ омодасозии мутахассисони соҳаи молияву иқтисод мебошад.
Баъдан бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимӣ буда, донишҷӯёнро тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ ба таҳсил фаро мегирад. Ин донишгоҳ дорои базаи мустаҳками моддӣ-техникӣ буда, мақсади асосии он омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муассисаи таълимии бонуфузест, ки дар кишвар ва хориҷ аз он ҷойгоҳи хос дорад. ДДМИТ дорои 5 бинои таълимӣ, 6 факултет, 17 кафедраи тахассусӣ ва 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ буда, дар он мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, технологияҳои инноватсинонию коммуникатсионӣ, ҳуқуқи иқтисодӣ ва фаъолияти гумрукию оморӣ омода карда мешаванд.
Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки оид ба дастоварду пешрафт ва муваффақиятҳои ин боргоҳи илму маърифат ректори ДДМИТ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим суҳбати ихтисосӣ анҷом диҳад.
Фаъолияти донишгоҳ
Тибқи иттилоъ, дар ДДМИТ 18 доктори илм, 126 номзади илм, 211 муаллими калону асистент, дар умум 355 омӯзгор ба зиёда аз 9 ҳазор донишҷӯ дарс медиҳанд. Донишгоҳ аз 6 факултет иборат буда, аз рӯи самтҳои гуногун мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, технологияҳои инноватсионию коммуникатсионӣ ва ҳуқуқи иқтисодиро омода мекунанд.
-Дар донишгоҳ 312 гуруҳи академӣ мавҷуд буда, 231 гуруҳи он дар шакли таҳсили рӯзона (196 гуруҳи тоҷикӣ, 31 гуруҳи русӣ ва 4 гуруҳи англисӣ) ва 81 гуруҳ аз шакли таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти олии дуюм иборат мебошанд. Роҳбарияти донишгоҳ барои таъмини раванди таълим бо техника ва технологияҳои информатсионӣ, иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар факултетҳо ва сохторҳои донишгоҳ зиёда аз 2300 таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионии навъи гуногун харидорӣ ва насб кардаанд,-иброз дошт ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек.
Дастовардҳои донишгоҳ
Ректори ДДМИТ ҳамчунин қайд намуд, ки соли 2023 дар асоси муайян кардани афзалиятҳо дар донишгоҳ корҳои назаррас анҷом шуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
– донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, мақоми 4-умро устувор нигоҳ дошт;
– донишгоҳ ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузашта ҳисобида шуда, оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои амалкунанда соҳиби иҷозатномаи бемуҳлат гардид;
– таъминоти моддию техникии раванди таълим дар сатҳи ҷавобгӯ ба талабот ба роҳ монда шуда, айни замон дар донишгоҳ 1124 адад компютер, 124 ноутбук, 41 адад тахтаи электронӣ, 44 адад проектор, 16 адад планшети деворӣ, 8 адад банери экранӣ ва зиёда аз 220 адад принтери одӣ ва бисёрфунксионалӣ мавриди истифода қарор доранд;
-донишҷӯён донишгоҳро аз рӯи се дараҷа ва зинаи таҳсилот-мутахассис, бакалавр ва магистр хатм намуданд. Аз теъдоди умумии донишҷӯёне, ки имтиҳони давлатиро бо баҳои «аъло» супориданд, 102 нафарашон ба гирифтани дипломи «аъло» мушарраф шуданд;
– соли 2023-юм 30 нафар устоди донишгоҳ рисолаҳои номзадиашонро дар шӯроҳои диссертатсионии дохили кишвар дифоъ намуданд;
– дар соли 2023 бори аввал таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯён дар озмоишгоҳҳои таълимии донишгоҳ ба роҳ монда шуд;
– ҷалби устодон ба курсҳои бозомӯзӣ, омӯзишӣ ва такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тибқи нақшаи дурнамо 36 нафар устодон сафарбар карда шуданд;
– дар донишгоҳ ду синфхонаи 1С муҳосибот дорои 50 адад моноблоки замонавӣ, 1 синфхонаи бонки таълимӣ, 1 синфхонаи иқтисоди рақамӣ дорои 10 адад компютер мавҷуд аст;
– донишгоҳ дорои студияи симову садо аст, ки он бо техникаи навтарин таҷҳизонида шудааст;
– ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслонова Наргис, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони тоҷикӣ бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шуд;
– бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия Маъдиев Саъдихоҷа, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор бо нишони фахрии “Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр гардид;
– донишҷӯёни мо дар озмуни байналмилалӣ оид ба андозбандии байналмилалӣ TaxIn Tashkent, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, дар байни 18 даста сазовори ҷойи дуюм гардиданд;
– дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Насриддинзода Шоҳиддин аз фанни назарияи иқтисодӣ (роҳбараш: муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ Балхов Д.) сазовори ҷойи дуюм ва донишҷӯйи курси якуми ихтисоси хадамоти гумрук Табуров Шоҳрамазон (роҳбараш: муаллими калони кафедраи забони русӣ Дрозденко Л. Н.) аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд;
Муносибатҳои байналмилалӣ
-Яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ ин тавсеаи муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Фаъолияти байналмилалии донишгоҳ асосан ба ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот дар донишгоҳ, гирифтани аккредитатсияи байналмилалӣ, ташкили курсҳои бозомӯзии забонҳои русӣ ва англисӣ, ташкили таҳсилоти дудиплома ва фосилавӣ, ҳамчунин, баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо меҳмонони зиёди хориҷӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд, ки намояндагони донишгоҳи шаҳри Пскови Федератсияи Россия, Донишгоҳи техникии Қазоқистон-Британияи Кабир, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи Мэрибор, Донишгоҳи илмҳои дақиқи Гамбург аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар ин давра як қатор устодони донишгоҳ бо мақсади омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ, иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар сафар карданд,-қайд намуд ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳ.
Лоиҳаҳои грантӣ
Тавре иттилоъ дода шуд, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ дар ДДМИТ яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, айни замон 2 лоиҳаи фаъоли грантӣ татбиқ шуда истодааст. Дар доираи лоиҳаи грантии “Эразмус +” як озмоишгоҳи муосири “Иқтисодиёти рақамӣ” ташкил карда шуда, бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Теъдоди умумии донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ 900 нафарро ташкил медиҳад, ки намояндагони шаш давлати хориҷӣ мебошанд.
Аккредитатсияи байналмилалӣ
-Бо таваҷҷуҳ ба талаботи замон ва бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, тақвияти корҳои илмию тадқиқотӣ, ташкилию тарбиявӣ, робитаҳои хориҷӣ ва инфрасохтори роҳбарияти донишгоҳ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, масъалаи беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим, мукаммалсозии мазмуну мундариҷаи таҳсилот, таҳкими заминаи моддию техникӣ, роҳандозӣ намудани технологияҳои нави таҳсилотӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ мавриди назари доимии раёсати донишгоҳ қарор дорад. Айни замон, се ихтисоси марбутаи донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, ихтисосҳои дигар марҳила ба марҳила барои гирифтани аккредитатсияи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар бахши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ саҳми устодони донишгоҳ дар таҳияи китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ, монографияҳо ва чопи мақолаҳо чашмрас аст. Нашри маҷаллаи илмии “Паёми молия ва иқтисод”, рӯзномаи “Молия ва иқтисод” ва фаъолияти рӯзмарраи сомонаи донишгоҳ www.tgfeu.tj низ муттасил ба роҳ монда шудааст, ки барои пурра кардани фазои иттилоотии ҷомеа ва муаррифии таълимгоҳ хидмат мекунанд ва воқеан ҳам, дар байни нашрияҳои даврӣ мақоми хосро касб кардаанд,-гуфт ректори донишгоҳ.
Сексияҳои варзишӣ
Дар таълимгоҳ инфрасохтори зарурии тарзи ҳаёти солим бунёд ва сексияҳои гуногуни варзишӣ амал мекунанд. Донишҷӯён-варзишгарони донишгоҳ ҳамасола дар мусобиқаҳои гуногун иштирок карда, натиҷаҳои хуб нишон медиҳанд. Барои таъмини шароити маишии кормандон ва донишҷӯён дар донишгоҳ ду хобгоҳи замонавӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар иншооти таълимию варзишӣ ва ёрирасони ба талаботи замони нав ҷавобгӯ фаъол мебошанд.
-Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чун макони илму дониш ва маърифат дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос ҳамеша дари худро ба рӯйи ташнагони илму маърифат боз намуда, дар пешрафти самтҳои асосии молиявию иқтисодии мамлакат ҳиссагузор аст. Шароити имрӯзаи иқтисодӣ ва талабот дар бозори ҷаҳонии меҳнат аз мутахассисони ҷавон маҳорат ва тахассуси баланди касбӣ, дониши ҳаматарафа, ҷаҳонбинии васеъ, забондонӣ, қобилияти мутобиқшавӣ ба шароити кунунии иқтисодиву иҷтимоӣ, малакаи баланди истифода аз технологияҳои навтаринро талаб менамояд, ки ҳамаи инро ДДМИТ ба мутахассисони оянда дода метавонад. Хулоса, бо интихоби ихтисосҳо дар ДДМИТ донишҷӯ метавонад ба таълими хушсифат ва шароитҳои мусоиди таҳсил дастрасӣ пайдо карда, барои таъмини ояндаи неки хеш замина гузорад,- гуфт дар интиҳои суҳбат ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим.
МТЖТ