Ба озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори ман- ифтихори ман”-и ҳафтаномаи “Омӯзгор”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи омӯзгорон”

Дарси муаллим ар бувад, зам замаи муҳаббате,

Ҷумъа ба мактаб оварад, тифли гурезпойро.

– Куҷо меравӣ? – мепурсад Қурбон аз ҳамдарсаш.

– Хонаи муаллими Қиличхон Афсаҳзод! – бо ғурур ҷавоб медиҳад талабаи синфи 4.

– Ман ҳам меравам! Ба ман расм мекашанд! Худашон гуфтанд. Ту чӣ кор дорӣ?

– Ба ман китоб туҳфа мекунанд. Гуфтанд, ки агар се то баҳои “5” гирӣ, як китоби зӯр медиҳамат…

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАОРИФ

Бунёд ва навсозии мактабҳои наву замонавии миллӣ, ки ба давраи рушди бесобиқаи технологиҳои замонавӣ – ба давраи Истиқлолияти давлатӣ рост меояд, раванди муосиршавии низоми таълиму тарбия ва дастрасӣ пайдо намудан ба навтарин воситаҳои таълимиро фароҳам овардааст. Масъалаи ба таълими ҷиддӣ ва касбӣ ҷалб намудани кулли наврасони кишвар ва ба вуҷуд овардани ҳисси воқеии ватандӯстиву илмандӯзии онҳо ҳалли худро ёфтааст ва маорифи имрӯзаи кишвар ба истифодаи самараноки усулҳои пешқадами ташаккул додани ҷомеаи воқеан донишманд нигаронида шудааст. Ҳамаи ин дастовардҳо баёнгари таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва рушди минбаъдаи он мебошад.

Санаи 1 – уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Пешвои миллат бо намаяндагони маорифи кишвар баргузор гардид. Нафароне, ки пахши мустақими онро тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар тамошо карданд, диданду шуниданд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, эҳтиром қоил омадан ба хизматҳои шоистаи омӯзгорон нишони қадршиносиву одамияти баланд ба ҳисоб меравад. Ман низ ки яке аз миллионҳо нафар тамошобини пахши мустақими мазкур будам, ба эҳтироми тамоми омӯзгорони кишвар, ки дар тарбияи насли наврас ва ташаккули ҷомеаи муосир саҳми арзанда доранд, қалам ба даст гирифтам.

ҲАВЛИИ КӮДАКОН

Дарвозаи ҳавлии муаллими Қиличхон Афсаҳзод ҳамеша боз аст. Ин дарвоза, ки замоне қадамҷои амалдорону бузургони илму адаби водии Зарафшон буд, акнун хонаи ифтихории кӯдакон аст. Муаллими Қиличхон Афсаҳзод аз асилзодагони диёри номдори шаҳри Панҷакент, писари шахсияти муътабари водии Зарафшон Мулло Муҳаммад Афсаҳ мебошад. Бобову бобокалони эшон қозиҳои даврони аморати Бухоро буданд. Худи муаллимро аҳли деҳаи Рукнобод бо хоксориву базлагӯӣ, ровигиву рассомӣ, ташкилотчии моҳир ва чеҳраи пурнуру лабони пурханда, ҳамчун “муаллими Қиличхон Афсаҳзод” мешиносанд.

Замоне, ки муаллимони деҳаи Рукнобод гуруҳ – гуруҳ тарки мактаб намуда, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия муҳоҷират пеша карданд, муаллими Қиличхон Афсаҳзод як қадам аз мактаб берун нарафт. Бо маоши муаллимӣ ду фарзанди худро соҳиби маълумоти олӣ кард. Ба гуфтаи ҳолдонҳо, 50 сол мешавад, ки муаллим Қиличхон Афсаҳзод дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №35, №60 ва №64 – и деҳаи Рукнобод ба тарбияи насли наврас машғул аст.

ШУҲРАТГУРЕЗ

Шогирдон, ки берун аз соатҳои дарсӣ, дар хонаи муаллими Қиличхон Афсаҳзод аз фаннҳои физикаву математика ва химия иловагӣ таълим мегиранд, сол то сол афзунтар мегарданд. Ҳар сол дар озмунҳои фаннии минтақавию ноҳиявӣ ва вилоятӣ шогирдони муаллими Қиличхон Афсаҳзод ҷойи аввалро мегиранд. Инро тамоми аҳли деҳаи Рукнобод медонанд! Чанд бор хостам бо муаллими Қиличхон Афсаҳзод аз фаъолияти панҷоҳсолаашон мусоҳибае нависам. Бо баҳонаҳое хоҳишамро рад карданд. Бо исрори бисёре аз шогирдонашон, ки имрӯз дар донишгоҳу донишкадаҳои шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Панҷакент ва дар кишварҳои Русия, Чин, Амрико, Олмон, Туркия, Қазоқистон ва шаҳрҳои қадимаи тоҷикон – Самарқанду Бухорои Ӯзбекистон дарс мегӯянд, дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолият доранд, даст ба навишти ин матлаб задам. Ҳар маълумоте, ки ин ҷо меорам аз забони худи муаллим Қиличхон Афсаҳзод ва аҳли деҳаву шогирдони муаллим аст.

Нахуст аз шуҳратгурезиашон гуфтанд. “Агар дар Душанбе меистод, олими забардаст мешуд”, “Ҳеҷ гоҳ талаби унвоневу мансабе накардааст”, “Дар тафсири Ҳофизу Бедил ва Маснавӣ ҳамсанг надорад, вале хоксорӣ мекунад”, “Ҳаққи касеро нахӯрдааст”, “Дасткушод аст”. Ин ва дигар суханҳое, ки дар ҳаққи муаллими Қиличхон Афсаҳзод мегӯянду мегӯянд ва боз мегӯянд…

СЕРИ СЕР ВА ДАРСИ ИЛОВАГӢ

Муаллими бузурги мо, Киличхон Афсаҳзод як методи хоси таълим ва тарбияти худро доранд. Новобаста аз ниёзҳои зиндагӣ, барои таълими иловагии шогирдон дар хона муаллими Қиличхон Афсаҳзод аз касе тамаъ надоштааст. Муаллим барои шогирдоне, ки ба мактабҳои олӣ дохил шудан аз фанни физика имтиҳон месупоранд, дар хонаи худаш дарсҳои иловагӣ мегузарад. Ягон маротиба аз шогирдон пул ё подоши молии дарсҳои иловагӣ нагирифтааст. Ҳеҷ гоҳ! Ӯ ҳатто вобаста ба шавқу ҳаваси шогирдонаш ба таври умумӣ муқаррар кардааст, ки бачаҳо метавонанд физику математик ва химик шаванд, духтарҳо бошанд муаллимаву духтур.

Ба нақли шоҳидон, онҳоеро ки аз рӯи меҳру ихлос барои таълими иловагӣ барояш подош пешниҳод кардаанд, бо лаҳни тунд аз хона рондааст. Ҳол он ки метавонист ин қадар вақтро барои кишту кор, тиҷорат ё ягон кори даромаднок сарф намояд. Давраҳои душвори зиндагиашро бо қаноату сабурӣ паси сар карда, дасти тамаъ ба хони ҳеҷ кас дароз накардааст.

Теъдоди онҳое, ки ба муаллим Қиличхон Афсаҳзод ҳаққи шогирдӣ доранд, ҳазорҳо нафаранд. Ба хонаи ӯ барои дарси иловагӣ танҳо писарбачагон меоянд, зеро расму оини мардуми деҳа ба духтарон инро иҷоза намедиҳад. Духтарон имкон доранд дар мактаб аз дониши муаллим бештар истифода баранд. Аз касе имдод наталабидааст ва то ҷое тавонистааст, дилеро дарёфтааст. То имрӯз чанд шогирди муаллим Қиличхон Афсаҳзод унвонҳои илмии номзадию докториро соҳиб шудаанд. Инро тамоми деҳаи Рукнобод медонанд!

ТАРКИ МУАЛЛИМОН ВА ДАЪВАТ БА МАКТАБ

Тақрибан солҳои 1992 то 1994 буд. Бисёре аз муаллимон мактабро партофта рафтанд, чунки вазъияти кишвар ноором ва маоши коргарон набуд. Онҳо маҷбур буданд, оилаи худро таъмин кунанд. Аксари муаллимон бештар ба тиҷорат машғул шуданд. Аммо муаллими мо ба касби худ содиқ монд, чунки дилаш ба бачаҳо месӯхт. Сабаби дигараш он буд, ки муаллим оилаи на он қадар калон дошт. Хонаи падарӣ ба ӯ мерос монда буд.

Он солҳои вазнин на танҳо муаллимон, балки қисми зиёди талабагон низ шавқи ба мактаб рафтан надоштанд. Муаллим Қиличхон Афсаҳзод барои таваҷҷуҳ ва завқи хонандагонро ба мактаб баргардонидан чанд мисраъ шеър эҷод карда, дар байни деҳа ташвиқот мегузаронад.

“Дар он шароити сахт бачаҳо ҳам ба мактаб намеомаданд. Танҳо ду се шогирдам дар барам буданд. Ман ин мисраҳои шеъриро эҷод карда, дар байни деҳа таблиғот мебурдам, то бачаҳо ба мактаб баргарданд:

Замзамаи баҳори ман,

Манзараи диёри ман.

Манзари хушгувори ман,

Шаршараи қатори ман.

Мактаби номдори ман,

Мактаби шасту чори ман”.

Ҳамон солҳо муаллим талабагонро ба пахтачинӣ мебурд. Ӯ метавонист шабҳо бачаҳоро гирди гулхан – алоб ҷамъ мекарду маҳфили шеър ташкил менамуд. Ин ҳам усули ба таълиму тадрис ҷалб кардани бачаҳои деҳа буд.

“Ҳангоми иҷрои шеърҳо онҳо хастагиро фаромӯш мекарданд. Шавқу завқи онҳо умедамро дучанд мекард, то бо онҳо монаму аз хатари бесаводшавӣ ақаллан наслҳои нави деҳаро раҳо кунам. Ин кӯшишҳои маро дида масъулин бештар маро бо талабаҳо пахтачинӣ равон мекарданд” – мегӯяд муаллим Қиличхон Афсаҳзод.

ЗАМОНЕ ТАМОМИ ДАРСҲОИ МАКТАБ БАР ЗИМААШ БУД

Ӯ аз фанҳои дақиқ дарс мегӯяд. Аммо ба адабиёти тоҷик сахт эҳтиром мегузорад. Махсусан, ба Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” – и ӯ меҳри беандоза дорад. Замоне ки ҳамаи муаллимон мактабро тарк карда рафтанд, директор ба ӯҳдаи ӯ синфҳои ибтидоиро ҳам бор мекунад, ки дар умум 66 соатро ташкил медод.

“Ба онҳо аз фанҳои забон ва адабиёт, таърих, математика, физика, химия, суруду мусиқӣ, таълими меҳнату тарбияи ҷисмонӣ дарс медодам. Муҳимтар аз ҳама бароям дарси адабиёти тоҷик буд. Ман аз кӯдакӣ дӯстдори осори Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ ҳастам. Вақте ба хонандагон дар бораи Фирдавсӣ нақл мекардам, таъкид менамудам, ки номи ӯро бояд аз минбарҳои баланд ба забон гирифт. Аз ин хотир вақте мавзӯи тарҷумаи ҳол ва ашъори Абдулқосим Фирдавсиро мегузаштем, ҳамроҳи бачаҳо курсиҳоро болои ҳам гузоштем. Худам яке аз шогирдонро болои миз шинонидам ва мо якҷоя тарҷумаи ҳоли шоирро гӯш карда, ғизои маънавӣ гирифтем. Ин тақрибан 20 сол пеш буд, писараке, ки дар акс мебинед, Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм кард” – бо хушҳолӣ ёд мекунад, муаллим Қиличхон.

СЕ МОҲИ РОҲБАРӢ

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №64 дарвоза ва ҳудуди муайян надошт. Тақрибан соли 1998 муаллими Қиличхон Афсаҳзодро мудири мактаб интихоб мекунанд. Ҳамагӣ се моҳ дар ин вазифа кор нишон медиҳад: симтӯрҳои гирду атрофи замин ва ҳавлиашро канда гирду атрофи мактабро маҳкам мекунад, бо талоши зиёд заминҳои ҳудуди мактабро ба маротиб васеъ намуда, бо ташкили ҳашар девор мебардорад. Ҳар чизи муносиберо, ки аз хонааш меёбад, ба мактаб мекашонад. Мактаб дар ин се моҳ соҳиби заминҳои корам, боғҳои мевадиҳанда ва ҳудуди муайян мегардад. Обод ва зебо мешавад. Инро тамоми деҳаи Рукнобод медонад!

ДӮСТДОРИ АДАБИЁТ ФИЗИК ШУД

Адабиётшинос, шарқшинос, мантиқшинос, мунаққид, доктори илмҳои филология, профессор Аълохон Афсаҳзод зодаи деҳаи Рукнобод аст. Аҳли деҳа баъди хатми мактаб фарзандони худро назди ӯ мефиристоданд, то дуо барои идомаи таҳсил бигиранд. Муаллим Қиличхон Афсаҳзод низ бо ин ният назди бародарашон Аълохон Афсаҳзод рафтанд.

“Вақте ки ман пеши муаллим даромадам, аз ман пурсиданд, ки “Акнун куҷо меравӣ?” Ман гуфтам, ки “форсӣ меомӯзам”. Муаллим хандида гуфтанд, ки “ҳамин нӯлатро камакак каҷ кун ва оча гӯй, мешавад форсӣ. Ту физик мешавӣ, тамом”! Муаллим ҳамон вақт ҳис карда буданд, деҳа аз хату савод қафо монда буд, аз ҳамин хотир моро ба ҳар равия равон мекарданд”,- ёд кард муаллим Қиличхон.

Муаллим Қиличхон Афсаҳзод ҳатто дар мактаб ҳам ба илми физика таваҷҷуҳ надошт, вале ба хотири суханони бародарашон Аълохон Афсаҳзод дар аввал як сол дарси иловагӣ гирифт ва баъд ба донишгоҳ дохил шуд. Дар мактаб, ки аълохон буд, омӯхтани ин фан барояш мушкил набуд.

“Дар мактаб бо баҳои аъло мехондам, чунки оилаи мо ҳама зиёӣ буданд. Баъд аз дарсҳо бештар адабиётро мехондам ва шеърҳои Абдулқосим Фирдавсию Бедил, Ҳофизу Саъдӣ, Румию Рӯдакиро зиёд қироат мекардам. Зиёд шеър аз ёд намекардам. Аз як ғазал танҳо якчанд мисраашро, ки ба устухони ман мерасиду таъсирам мекардам, аз худ менамудам.  Ҳамин аст, ки дар гирдо гирди хона пур аз шеърҳои бузургон мебошад”, – гуфт муаллим Қиличхон.

40 ҲУНАР КАМ

Дар шеършиносиву шоирӣ низ хеле ва хеле мумтозанд. Ашъори дилнавоз доранд. Рассомиву кандакорӣ аз корҳоеанд, ки тақрибан ҳар рӯз анҷом медиҳанд. Ороишоти хонаи муаллими Қиличхон Афсаҳзод ҳама маҳсули дастони худашон аст. Навиштаҷот аз “Шаҳнома” бо хати настаълиқ, тасвирҳои табиату гулистонҳо деворҳои хонаашонро пур кардаанд. Дар тоқчаи дари хонааш ду мисраи охирони “Шоҳнома” – ро ҳаккокӣ кардааст.

Худоё чунон кун саранҷоми кор,

Ту хушнуд бошиву мо растагор.

Ҳарчанд, ки муаллими Қиличхон Афсаҳзод аслан муаллими фанни физика мебошанд, лекин адабиёту таърих, мантиқу фалсафаро дар сатҳи баланди балад мефаҳманд. Соату асбобҳои барқиро ба осонӣ таъмир мекунанд. Созҳои мусиқии торӣ менавозад ва гоҳ – гоҳ зам – зама карда суруд ҳам мехонанд. Рӯзҳои хурсандии аҳли деҳа бе иштироки муаллим намегузарад. Дар тӯйю маъракаҳои деҳаи Рукнобод шӯри маҳфил аст.

1000 КИТОБИ ТАҚДИМӢ

Дар хонаи муаллим бештар аз 1000 китоби бадеӣ мавҷуд буданд. Ҳамаи онро ба дӯстдорони китоб тақдим карданд. Як қисми бештарашро ба китобхонаи қисми ҳарбии сарҳадчиёни назди деҳа медиҳад, боқимондаашро 2 – 3 – тои ба талабгорон туҳфа мекунанд. “Ту инҳоро хондӣ, мон дигарҳо ҳам хонанд”, – ҷавоб медиҳад ба эътирозҳои писараш Ҳоҷиқавомиддин (Бақохон).

ЗАМОН БО УСЛУБҲОИ НАВУ ТОЗА

Имрӯз муаллим Қиличхон Афсаҳзод рӯзҳои сахт ва шароити бади синфхонаҳоро ёд меораду мактаби наву замонавие, ки аллакай сенздаҳсола шудааст, бо он қиёс мекунад. Ӯ дар ҳама ҳолат рисолати муаллимии худро сарбаландона иҷро намудааст.

Ба гуфтаи муаллим Қиличхон Афсаҳзод, шароите, ки имрӯз Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардааст, бозгӯи он аст, ки марҳилаи асосии рушди соҳаи маорифи кишвар маҳз ба давраи Истиқлолияти давлатӣ рост меояд.

“Ҳоло мактаби замонавӣ дорем ва бачаҳо ҳам ба хондан дилгарманд. Барои завқи онҳоро боз ҳам баланд бардоштан, сари ҳар моҳ як қуттӣ бӯр мехарам ва ҳар нафаре, ки ба тахтаи синф мебарояд, ба дасташ дода супориш медиҳам, ки “То ҳамин бӯр тамом нашавад, намешинӣ”. Баъд бача ба завқ меояду то тамомшавии бӯр масъала кор мекунад”- нақл кард, муаллим Қиличхон Афсаҳзод.

50 СОЛИ БОБАРАКАТ ВА 70 СОЛАГӢ МУБОРАК, УСТОД!

Муаллим Қиличхон Афсаҳзод аз беҳтарин инсон ва муаллимони водии Зарафшон ҳастанд. Муаллим хислатҳои зиёди инсониро доранд. Беҳтарин муаллим ва оддитарин шахс ҳастанд. Авалин бор тухмро чӣ тавр сиҳат ба шиша андохтан, тангаро аз дохили об чӣ тавр гирифтанро, ки бояд даст тар нашавад ба мо омӯхта буданд. Муаллим Қиличхон дар дигар кишвар мебуданд, физики рақами яки дунё мешуданд… Сад афсус, ки…

Муаллими Қиличхон Афсаҳзод маҳбуби кӯдакону наврасони деҳаи Рукнобод аст. Синнашон ба 70 расида бошад ҳам, дили ҷавон, дили хеле ҷавону паҳноваре доранд. Лутф ҳамавақт аз забонашон канда нест. Теъдоди онҳое, ки ба муаллими Қиличхон Афсаҳзод ҳаққи шогирдӣ доранд, саду дусад нест, балки ҳазорону ҳазорон аст. Муаллими Қиличхон Афсаҳзод аз зумраи ангуштшумор нафаронеянд, ки танҳо дар мактаб 50 соли бефосила фаъолият кардаанд ва хирвори маърифат сарвати эшон аст.

Аксари муаллимоне, ки имрӯз дар се мактаби деҳаи Рукнобод ба шогирдон дарс медиҳанд, аз дарсҳои муаллим Қиличхон Афсаҳзод баҳра бурдаанд. Шогирдони эшон имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти диёри худ гузошта истодаанд. Мо ба муаллим ва дар симои он кас ба ҳамаи устодони муассисиҳои таълимии кишвар барору комёбӣ ва тарбияи шахсиятҳои зиёдеро таманно дорем.

Мо шогирдонатон дуогӯи Шумоем, умратон дароз бод устоди азизу гиромӣ! 70 – солагӣ фархундаю хуҷаста бод устод!

Шервони УМРИДДИН,

рӯзноманигор.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь