Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Қосимзода Ғуфроналӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Дар оғози суҳбат мавсуф қайд кард, ки 23-юми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд карданд, ки “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа –ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Номбурда қайд кард, ки дар ноҳия 63 муассисаи таҳсилотӣ умумӣ, 1 литсей, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази технологияи иттилооти ва комуникатсионӣ, 1 Маркази рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳия, 6 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд. Дар муассисаҳои томактабии ноҳия 471 нафар тарбиятгиранда бо таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Инчунин дар 64 муассисаҳои таълимии ноҳия Маркази инкишофи кӯдак бо 1310/733 нафар фаъолият доранд.
Шумораи омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар соли таҳсили 2022-2023 1934 нафар буда аз онҳзо 1062 нафар занон буда, ба 47585/22977 нафар хонандагон таълиму тарбия медиҳанд.
Иштирок дар олимпиада ва озмунҳо
Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки озмуни ҷумҳуриявии “илм-фуруғи маърифат” дар МТМУ №62 гузаронида шуд. Дар озмун хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар 7 номинатсия фаъолона иштирок намуданд. Дар даври вилоятии озмун 30 нафар иштирок намуданд.
Санаи 19-20 майи соли равон бо иштироки кормандони шуъбаи маориф, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, иловагӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабии ноҳия дар китобхонаи маркази ноҳия озмунин “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида шуд. Дар даври ноҳияявии озмун 118 нафар хонандагону омӯзгорон аз руи номинатсияҳои дилхоҳ маҳорати худро нишон доданд. Дар даври вилоятии озмун 30 нафар иштирок намуданд, ки дар номинатсияҳои “Шоирӣ” омӯзгорӣ МТМУ №12 Қосимзода Суман ва аз номинатсияи “Адабиёти бачагона” хонандаи синфи 9-уми МТМУ №13 Нурова Сайёра фаъолона иштирок намуда бо ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардида ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” омӯзгорӣ МТМУ №2 Қосимзода Суман ва Маҳмуродова Мадина хонандаи синфи 10-уми Литсейи №1-и ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Иштироки хонандагон муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ сол то сол зиёд гардида, дар соли 2021-2022 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар олимпиадаҳои даври вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла бо медали тилло хонандагони литсейи 1-и ноҳия Ашурова Фарзона хонандаи синфи 10-ум аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ва Раҷабзода Ҳоҷиакбар синфи 10-уми аз фанни биология. Бо медали нуқра хонандаи литсейи №1-и ноҳия, Ҳабибуллозода Сайфулло хонандаи синфи 11 аз фанни физика ва Қурбонқулов Насимҷон хонандаи синфи 8-уми МТМУ №62-и ноҳия аз фанни химия. Бо медали биринҷӣ, Маҳмуродова Мадина хонандаи синфи 9-уми литсейи №1 ва Маҳмадова Омина хонандаи синфи 8-и МТМУ №1 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, Тошова Мадина хонандаи синфи 8-и МТМУ №1 аз фанни забони русӣ, Икромов Ҳусейн хонандаи синфи 8-и МТМУ”№1, Назаров Илҳомҷон ва Юсуфзода Сорбон хонандаи синфи 10-уми Литсейи №1 ноҳия аз фанни забони англисӣ ва Қосимова Райҳона хонандаи синфи 8-уми МТМУ №6 аз фанни биология сарфароз гардиданд.
Бо ҷойи ифтихорӣ, Маҳмадраҷабов Шомаҳмад хонандаи синфи 11-уми МТМУ №62-и ноҳия аз фанни математика. Дар олимпиадаи байнанмиллалии “Кенгуру” Саъдулозода Мафтуна, Хоҷамуродов Муҳаммад ва Давлатова Фарзона хонандаи синфи 9-уми МТМУ №6, Шеров Абдуллоҷон хонандаи синфи 5-уми МТМУ №1-и ноҳия сазовори ҷойҳои 2-юм ва 3-юм гардиданд. Дар озмунин вилоятии “Донояк” хонандаи синфи 4-уми МТМУ №6 Бобозода Хатича сазовори ҷойи 1 -ум ва хонандаи синфи 4-уми МТМУ №33, Зоирова Шукрона сазовори ҷойи 3юм гардиданд. Инчунин дар озмуни вилоятии “Хонандаи сол” Маҳмадзода Нозанин хонандаи синфи 4-и МТМУ№6, Бобозода Райҳона хонандаи синфи 6, Ашуров Анис хонандаи синфи 8 ва Меҳронаи Рустам хонандаи синфи 10-уми МТМУ №1 сазовори ҷойҳои якум, Тағоев Наимҷон хонандаи синфи 1, Носирова Марям хонандаи синфи 2 ва Шомаҳмадзода Субҳия хонандаи синфи 4-уми МТМУ №1, Тағоева Мадина хонандаи синфи 5, Қосимова райҳона хонандаи синфи 8-уми МТМУ №6 сазовори ҷойҳои 2-юм гардиданд.
Дар озмуни вилояти “Ворисони Пешво” 22 нафар хонандагони муассисаҳои таълими ноҳия иштирок намуда, аз онҳо 5 нафар Мирзозода М, хонандаи синфи 3 МТМУ №20, Нарзуллоева Шукрона хонандаи синфи 4-и МТМУ №23 сазовори ҷойҳои 2-юм, Ҳалимзода Оиша хонандаи синфи 3-и МТМУ №2, Темурзода Ёсамин хонандаи синфи 4-и МТМУ №23 сазовори ҷойҳои 3-юм ва Масалиева М. Хонандаи синфи 3-и МТМУ №1 сазовори ҷойи ифтихорӣ гаштанд.
Сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ
Номбурда изҳор дошт, ки синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои №22, 4 синфхона, №45, 2 синфхона, №29, 2 синфхона ва №57, 4 синфхона аз ҳисоби кумитаи падару модарон ва саховатмандони деҳаҳо идома дорад. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, кумитаи падару модарон ва шахсони саховатпеша дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии №27-и ҷамоати деҳоти Дӯстӣ 8 синфхона, №34-и ҷамоати деҳоти Яккатут 4 синфхона ва №39-и ҷамоати деҳоти Иттифоқ 2 синфхонаи иловагӣ бахшида ба Рӯзи Президент бо иштироки Ф. Шарифӣ муовини раиси вилоят Ғ. Сафарзода сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, С. Раҳимзода раиси ноҳия ва Ғ. Қосимзода мудири шуъбаи маорифи ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.
Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои рушди соҳаи маорифи ноҳия ва баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Нигора Саидбекова, МТЖТ