Давлату ҳукумат бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Дар Паёми имсолаи Сарвари кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки «Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад

Омӯзгор роҳнамоест, ки ба шогирдон роҳи дурусти ҳаётро нишон медиҳад. Вай на танҳо дар дониши фаннӣ, балки дар ташаккули шахсияти хонанда ва донишҷӯён низ нақши муҳим дорад. Омӯзгор аз қувваи дохилӣ, сабру тоқат ва меҳрубонӣ истифода мебарад, то ба шогирдон на танҳо маълумот, балки илҳоми комёбӣ ва рӯҳбаландиро диҳад. Аз ин рӯ, нақши омӯзгор бештар аз танҳо як таълимдиҳанда аст; вай ҳамчун тарбиятгар ва дӯст низ амал мекунад.

Чихеле, ки Аристотел мегӯяд: “Онҳое, ки дар таълиму тарбияи кӯдакон саҳм мегузоранд, аз волидоне, ки танҳо онҳоро ба дунё меоранд, сазовортар ба эҳтиром ҳастанд, зеро онҳо на танҳо ба кӯдакон зиндагӣ медиҳанд, балки зиндагии шоистаро низ таълим медиҳанд.”

Агар аз дидгоҳи фалсафӣ ба шаъну шахсиятмандии омӯзгор андешаронӣ бинмоем, маҷозан омӯзгар табиби ақли инсон аст!

Бузургии омӯзгор на танҳо дар донишест, ки вай меомӯзонад, балки дар таъсире, ки дар ташаккули шахсиятҳо ва ҷомеа мегузорад. Омӯзгор роҳнамои ҳаёт, тарбиятгар ва як инсони фидокор аст, ки бо меҳнату заҳматҳои худ дунёро дигар мекунад.

Чунончи, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шахсияти муаллим фармудааст: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад».

Боиси сарфарозист, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгор, яъне рӯзи арҷгузорӣ ба хидматҳову ранҷбурдаҳои муаллим таҷлил мегардад. Таҷлили Рӯзи омӯзгор дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии кишвар ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд.

Ҳамаи Шумо аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огаҳӣ доред ва хуб дарк мекунед, ки сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад.

Дар ин маврид низ Пешвои миллат дар ҷое иброз дошта: “Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.

Дар воқеъ, омӯзгорон роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Онҳо ҳидоятгари роҳи ростин, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсониянд.

Донишманд А. С. Макаренко дар хусуси ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа ва нақши ӯ дар пешрафти иҷтимоиёти ҷомеа, фармудааст: «Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хидмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт».

Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нурест, ки дунёи маънавии шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.

Мирзозода АБДУҒАФФОР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь