Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори муассисаи мазкур Мавлонзода А. Ҳ. суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Мавсуф дар оғози суҳбат ба мо изҳор дошт: Соҳаи маориф дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем.
Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Ин нуктаҳои хеле арзишманду дурбинонаи Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки аз ҳар вақта бештар баҳри рушду нумӯи соҳаи маориф ва илм талошу заҳматҳо ба харҷ диҳем”.
Мавлонзода дар рафти суҳбат дар бобати самти фаъолияти муассисаи зери роҳбариаш изҳори назар намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ барои тайёр намудани мутахассисони зинаи миёнаи соҳаи тиб равона карда шуда, аз рӯи меъёрҳои стандартӣ ва талаботҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Барномаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Раванди таълим дар асоси Низомномаи раванди низоми кредитии таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҶТ аз 1октябри соли 2018 сол таҳти №18/35, нақшаҳои таълимӣ аз рӯи ихтисосҳо, ки аз тарафи Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маориф ва илми ҶТ, рушди иқтисод тасдиқ шудааст, барномаҳои таълимӣ аз тарафи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии ВТXИАҶТ тасдиқ гардидааст ва Дастури таълимии «ЛЕМОН» барои ҳамширагони тиббӣ амалӣ гашта истодааст.
Қисми асосии фаъолияти коллеҷро раванди таълим ташкил медиҳад. Ҷомеаи меҳнатии коллеҷ баҳри ҳамаҷониба дуруст ба роҳ мондани раванди таълим кӯшиш менамояд. Дар давоми соли 2021 корҳои таълимӣ аз рӯи нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, ҷадвали раванди таълимӣ ба роҳ монда шуд.
Роҳбарияти коллеҷ барои баррасӣ намудани Қарору қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Вазоратҳои маориф ва илми ҶТ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморад. Он Қарору фармонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастрас мегарданд, аз ҷониби маъмурияти коллеҷ ва мудирони кафедраҳо сари вақт дар ҷаласаҳои коллеҷ муҳокима ва баррасӣ гардида, баҳри амалӣ гардонидани он кӯшишҳо ба харҷ дода шуда, аз рӯи он ҳисоботҳо супорида мешаванд.
Базаи кадрӣ
Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки машғулиятҳо дар бинои асосии коллеҷ ва базаҳои таълимӣ, ки дар муассисаҳои тиббии вилоят ҷойгир шудаанд, гузаронида мешавад. Баҳри хушсифат гузаронидани машғулиятҳои назариявию амалӣ шароитҳо муҳайё карда шуда, омӯзгорон бо утоқҳои таълимӣ ва толорҳои лексионӣ таъмин гардидаанд. Теъдоди омӯзгорони асосӣ 242 нафар мебошад. Мувофиқи ҳисоботи омории кадрӣ 301 нафар ҳайати омӯзгорону кормандон мебошанд. Аз ин миқдор 35 нафар духтурон ба ҳайси омӯзгор фаъолият мебаранд. Аз 242 нафар омӯзгорони асосӣ: 48 нафар(19,8%) омӯзгори калон, 21 нафар (8,9%) ассистент ва 173 нафар (72%) коромӯз – тадқиқотгар.
Ҳаҷми соатҳои таълимӣ дар нимсолаи II соли хониши 2020 – 2021 ба нақша гирифта шуд – 28174 (б) , 79551 (ш) соатро дар низоми анъанавӣ ва 5644 (б) 12008 (ш) дар низоми кредитӣ мебошад. Барои нимсолаи 1 соли тахсили 2021-2022 хаҷми умумии соатҳои таълимӣ 31048 соат буҷавӣ ва 87294 соат шартномавӣ мебошад.
Мутахассисони ояндаи соҳа
Номбурда дар рафти суҳбат қайд намуд, ки теъдоди умумии донишҷӯён 4460 нафарро ташкил дода, аз ҳисоби буҷа 1094 нафар (24,5%) ва 3366 нафар (75,4%) аз ҳисоби шартнома таҳсил менамоянд.
Андозаи идрорпулӣ барои донишҷӯёни аълохон 172,00 сомонӣ (20 нафар), барои хубу аълохонон 120 сомонӣ (489 нафар) муқаррар шудааст.
Бахши методӣ
-Аз тарафи бахши методӣ дар соли равон чунин корҳо ба анҷом расид:
Дар давоми моҳҳои январ, феврал ва марти соли 2021 курсҳои такмили ихтисосро хатм карданд – ҳамагӣ 15 нафар аз рӯи ихтиссоси фанҳои таълимӣ.
Инчунин, 28 нафар омӯзгорон аз фанҳои умумитаълимӣ дарсдиҳанда аз такмили ихтисоси муносибати босалоҳият, ки аз тарафи ДҶТИБКСМ гузаронида шуд, иштирок намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Аз санаи 18 то 21 май озмуни “Маҳфили беҳтарин” байни 15 кафедра дар толори коллеҷ гузаронида шуд. Ҷамъбасти озмуни “Маҳфили беҳтарин” аз тарафи директори муассиса Мавлонзода А. Ҳ. санаи 26.05.21 дар толори коллеҷ гузаронида шуд. Ғолибони озмун аз тарафи директори муассиса Мавлонзода А. Ҳ. қадрдонӣ карда шуданд.
Дар МДТ Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040 конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ -тақозои замон”, ки 18 март байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид ва аз тарафи омӯзгорони муассиса мақолаҳо барои иштирок дар конференсияи ҷумҳурияви ирсол карда шуд, ки он дар барномаи конфронс қабул гардид.
Инчунин, маърӯзаҳо дар мавзӯи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», “Спиртҳо”, “География ва геометрия” ва инчунин, буклетҳо “Окси ва оксикислотаҳо”, “Металлҳо”, “Карбогидрогенҳо”, “Кислотаи нуклеинҳо” омода карда шуданд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ таҳияи дастнависи харитаи мавзеъҳои ҳифзшаванда ва туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон, глобус ва дигар ашёи дарсӣ аз тарафи маҳфилчиёни назди кафедраи биология омода шуд.
Маърӯзаи илмӣ дар моҳи май дар мавзӯи “Нақши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди ҷомеаи муосир” аз тарафи омӯзгор Қодиров Зиёратшоҳ омода карда шуда, дар ҷаласаи кафедра мавриди баррасӣ қарор гирифт,-изҳор дошт номбурда.
Олимпиадаи тахассусӣ
Мавсуф дар рафти суҳбат зикр намуд, ки тибқи Низомномаи Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз санаи 16 феврали соли 2010 тасдиқ шудааст, давраи дуюми олимпиадаи тахассусӣ байни донишҷӯёни ихтисосҳои кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ ва кори табобатӣ дар дохили коллеҷ гузаронида шуд.
Санаи 15.02.2021, 16.02.2021 ва 17.02.2021 мувофиқи ҷадвал давраи дуюми олимпиадаи тахассусӣ барои ҳамаи ихтиссосҳо гузаронида шуд ва ба даври хотимавӣ роҳ ёфтанд.
Дар даври дуюми озмун сароғоз баромади директор оид ба корҳои таълимӣ Холматова М.Н. шунида шуд. Мавсуф донишҷӯёнро бо шартҳои озмун шинос намуданд, ки он бо роҳи саволу ҷавоби шифоҳӣ гузаронида шуд. Аз тарафи аъзоёни комиссия ба ҳар як донишҷӯён 3-тогӣ савол аз ҳар фан дода шуда, дар интиҳо холи миёнаи он аз рӯи баҳоҳо бароварда шуд.
Санаи 12-13 марти соли ҷори 2-нафар донишҷӯёни коллеҷ Юлчиев Салимбой аз факултети кори фарматсевтӣ курси 2-ум ва Асрорқулов Рустамҷон аз факултети кори табобатӣ курси 1-ум дар озмуни кушод аз фанҳои физика ва математика бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилотӣ миёнаи касбӣ, ки дар МДТ Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок карда, МДТКТХ ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ бо сипоснома сарфароз карда шуд.
Фаъолияти комиссияи касбинтихобкунӣ
Аз санаи 1-уми феврали соли 2021, аз тарафи омӯзгорон давраи тарғиботу ташфиқот байни хатмкунандагони литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилояти Суғд оғоз ёфт. Аз ҳисоботҳо ва маълумотномаи тарғиботчиён маълум гардид, ки онҳо ба мактабҳои шаҳру навоҳии вилоят ташриф оварда, бо довталабон оид ба таърихи мухтасари коллеҷ, таснифоти ихтисосҳо, мӯҳлати таҳсил, факултетҳо, кафедраҳо, базаҳои таълимӣ ва инчунин фита (диск) видеонавор ва варақаи иттилоотӣ (буклет) дар бораи касбинтихобкунӣ маълумотҳои пурра расониданд. Бояд қайд намуд, ки 118 нафар омӯзгорон ба мактабҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд барои гузаронидани корҳои тарғиботу ташвиқот доир ба касбинтихобкунӣ, аз ҷумла ба навоҳиҳои дурдасти вилояти Суғд ба монанди: Айнӣ, Шаҳристон, Деваштич, Конибодом, Ашт, Мастчоҳ, Зафаробод вобаста карда шудаанд.
Санаи 18.02.2021 таҳти №21 (18326) дар рӯзномаи “ Ҳақиқати Суғд” эълон оид ба баргузории рӯзи “Дарҳои кушод” дар коллеҷи тиббӣ аз чоп баромад.
Бахши тарбия
Аз оғози соли таҳсили 2020-2021 то ин ҷониб дар МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ корҳои тарбиявӣ дар асоси нақша – чорабиниҳо дар асоси Паёмҳо ва банди фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарору қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 03.03.2006 №94 дар бораи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» №762 аз санаи 02.08.2011, №383 аз 20.08.1997 ва Қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 13.01.1998 «Оид ба беҳтар намудани таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон», дастуру супоришҳо, Қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм ва фармонҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №1889 аз 4.10.2007 «Дар бораи тасдиқи Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва касбӣ», «Оид ба баланд бардоштани сатҳи дониш, дараҷаи хештаншиносӣ ва дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия намудани донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14.04.2006 №322, «Оид ба баъзе масъалаҳои ба танзим даровардани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълими ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» №394 аз 31.03.2007, Қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Қарорҳо ва фармонҳои Сарвари коллеҷ ба роҳ монда шуданд.
Таҷрибаомӯзӣ
-Таҷрибаомӯзии донишҷӯён қисми асосии раванди таълим ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он мустаҳкам намудани дониши назариявии донишҷӯён аст.
Вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгорон аз он иборат аст, ки сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси зинаи миёнаи тиб тарбияи шахсияти фаъоли иҷтимоӣ дар руҳияи баланди маданиятнокӣ ва аҳлоқи нисбати касб мебошад. Барои ҳаматарафа омӯхтан ва ба амал татбиқ намудани Амрҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбияи шахсияти фаъоли ҷомеъа, корҳои тарбиявӣ, ҳаматарафа ташаккул ёфтани шахсият, малакаву маҳорат дар руҳияи ватандӯстӣ, ҷаҳонбинии миллӣ, фармоишҳои Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди омода сохтани шароит барои баланд бардоштани маҳорати азхудкунӣ, бедор намудани шавқ ба ихтисоси тиббӣ, татбиқ намудани тарзу усулҳои самарабахши таълим ва истифодаи он ба машғулиятҳо дар машваратҳо муҳокима ва баррасӣ мегарданд.
Барои ҳаматарафа омӯхтан ва корбари мувофиқи нақшаи корие, ки аз тарафи директори Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии ш. Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шудааст.
Бастани шартнома байни Раёсати Тандурустии вилояти Суғд ва бо муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят баста шуд ва дар муассисаҳои номбаршуда бо фармоиши Сардори Раёсати Тандурустии в. Суғд кафедраҳои тахассуси ташкил карда шуд,- изҳор дошт мавсуф.
Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки дар соли таҳсили нав 2021-2022 бахшида ба 30-солаги Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои коллеҷи тибби ш. Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ бинои иловагии таълимии замонавӣ, ки аз 4 ошёна иборат мебошад, аз тарафи меҳмонони олиқадри шаҳру вилояти Суғд ташриф оварда шуд, аввалин хишти он аз тарафи меҳмонон Муовини аввалии сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гузошта шуд.
Фаъолияти китобхона
-Фаъолияти китобхона ва китобхонаи электронии Муассисаи таълимии давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Б. Ю. Исҳоқӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003, таҳти №32 «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ба роҳ монда шудааст. Дар китобхона 4 воҳиди корӣ мавҷуд аст.
Дар хазинаи китобхонаи коллеҷ дар соли 2021 миқдори китобҳо дар умум 40360 адад мавҷуд аст, ки аз инҳо 11589 адад ба забони тоҷикӣ буда, 6897 адад тахассусӣ, 3529 адад умумитаълимӣ, 89 адад асарҳои Пешвои миллат ва китобҳо дар бораи Пешвои миллат, 1088 адад бадеӣ, 174 адад китобҳои гуногунмазмун мебошад,-изҳор дошт номбурда.
Бахши кор бо ҷавонон
Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустақил ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо дар роҳи расидан ба чаҳор ҳадафи стратегии хеш қадамҳои устувор мегузорад. Аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа афзалияти бештар муқаррар шуда, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро Ҳукумати мамлакат муҳайё намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, ғанӣ намудани сатҳи илмомӯзии донишҷӯён, тарбияи насли созанда ба ифтихори таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 12-майи соли 2021 дар муассисаи таълимӣ байни ҷавонони факултетҳои кори момодоягӣ ва кори ҳамширагӣ озмуни “Ҳамшираи шафқати беҳтарин” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамширагони шафқат ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, ки дар он факултети кори ҳамширагӣ сазовори ҷои аввал шуданд.
Сифати таҳсил
– Таъмини сифат ва таҳким ҷиҳатҳои хуби фаъолияти корӣ тақозои ҷомеаи муосир буда, дар асоси талаботи низомномаҳои муассиса ба роҳ монда мешавад. Мусаллам аст, ки ба роҳ мондани пурсиши афкор байни донишҷӯ ва омӯзгор як падидаи хубест, ки тавассути он бисёр масъалаҳои ҳалталаби раванди таълим мавриди санҷишу баррасӣ ва корбарӣ қарор мегирад.
Бояд иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба таври воқеӣ баҳо додан ба сатҳи сифати дониш, маҳорат ва малакаи донишҷӯён ва нишон додани дастовардҳои онҳо ва азхуд намудани илму дониш мебошад. Азбаски мониторинг рукну қоидаҳои муҳими роҳбариву идоракунӣ омӯзиш санҷиш ва баррасии анҷому натиҷаи кор ҷараёни таълиму тарбия ва ғайраро баррасӣ менамояд, мутахассисони бахши идоракунии сифати таҳсилот бо мақсади беҳдошти сифати таълим сари вақт гузаронидани мониторинг ба ҳамаи факултетҳо дастрас гардониданд.
Бахши идоракунии сифати таҳсилот бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилотро дар коллеҷи тиббӣ назорат карда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисон ва дигар самтҳои фаъолияти коллеҷро баҳо медиҳад. Бахши идоракунии сифати таҳсилот воҳиди сохтори муассиса мебошад ва дар фаъолияти худ талаботи қонунгузории соҳаи маориф, ҳуҷҷатҳои меъёрии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, раёсати ташкили назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот дар соҳаи маориф, амру фармонҳои директор, оинномаи муассиса, қарорҳои шӯрои омузгорӣ ва низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад. Бахш фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо шӯъбаҳои ташкили раванди таълимӣ – методӣ, кафедраҳо ва деканони факултет амалӣ мегардонад.
Дар нимсолаи дуюм аз моҳи феврал машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ дар ҳамаи бахшҳо оғоз гардиданд. Машғулиятҳо дар бинои асосии коллеҷ ва базаҳои таълимӣ, ки дар муассисаҳои тиббии вилоят ҷойгир шудаанд, гузаронида мешаванд. Баҳри хушсифат гузаштани машғулиятҳои назариявию амалӣ шароит муҳайё карда шуда, омӯзгорон бо утоқҳои таълимӣ ва толорҳои лексионӣ таъмин гардидаанд. Бояд қайд намуд, ки кафедраҳо дар базаҳои клиникавӣ ҷойгир карда шудааст, омӯзгорон кору фаъолияти худро давом дода истодаанд. Раванди корбарии омӯзгорони базаҳо зери назорат аст. Дар базаҳо шароит барои гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ба тартиб дароварда шудааст. Сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ҳамеша дар мадди назар буда, пайваста дар зери назорати бахши идоракунии сифати таҳсилот мебошад. Аз тарафи ҳамаи факултетҳо давомоти ҳафтаинаи донишҷӯён гирифта шуда, давомот ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.
Аз рӯи низомнома ва нақшаи кории бахши идоракунии сифати таҳсилот аз ихтисоси кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ, кори табобатӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ ва кори офиятбахши тиббӣ, бахши 1, фанҳои асосҳои кори ҳамширагӣ, технологияи информатсионӣ, физикаи тиббӣ, забони англисӣ, забони русӣ, забони тоҷикӣ, анатомияи одам, биология бо асосҳои генетикаи тиббӣ, химия, химияи биологӣ ва биорганикӣ, таърихи халқи тоҷик, анатомияи ҷоғу рӯй мониторинг гирифта шуд.
Аз оғози соли хониш аз тарафи кормандони бахш ба машғулиятҳои омӯзгорони ҳамаи кафедраҳо 280 маротиба ташрифоварӣ намуда, машғулияти онҳо таҳлил карда шуда, тавсияҳои методӣ дода шуд,-изҳор дошт мавсуф.
Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ
Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбати мо зикр намуд, ки Маркази бақайдгирӣ ва машварат бо мақсади муайян ва танзим намудани самтҳои асосии низоми таҳсили кредитӣ бо Фармоиши директори муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ ташкил гардида, донишҷӯёни бахшҳои якум, дуюм, сеюм ва чорумро, ки тибқи низоми кредитии таҳсилот таҳсил мекунанд пурра ба назорат гирифта, раванди донишазхудкунии онҳоро идора мекунад.
Имтиҳонҳои ҷорӣ пас ҷамъбасти дарсҳо ва пеш аз таҷрибаомӯзӣ бо муваффақият гузаронида шуд.
Бинобар душвор будани вазъи эпидемиологӣ дар вилотят вобаста ба пандемияи COVID -19 ва бахшида 30-солагии Истиқлолли Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани давраи триместр бо қарори Шӯрои олимони коллеҷ ба моҳи сентябр мавқуф гузошта шуд.
Дар оянда ният дорем барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани сифати кори таълим корҳои аз ин ҳам зиёдеро ба анҷом расонем ва барои баланд бардоштани сифати таълим дар коллеҷ саҳми худро гузошта бошем.
Хобгоҳи муассиса
-Хобгоҳи МДТ КТХ ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ аз 4 ошёна иборат мебошад.
Барои забономӯзии донишҷӯёни хобгоҳ дар ошёнаи 1-ум дар кафедраҳои «Забонҳои хориҷӣ» ва «Забони давлатӣ» машғулиятҳои иловагӣ гузаронида мешавад. Инчунин, қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ошёнаи 1-ум синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст, ки донишҷӯён аз он истифода мебаранд.
Ошёнаҳои 2-юм, 3-юм ва 4-ум бо таври замонавӣ таъмир шуда, бо таҷҳизотҳои зарурии замонавӣ ҷиҳозонида шудаааст.
Дар хобгоҳ теъдоди ҳуҷраҳо 56-то ва бо 230 кати хоб таъмин карда шудааст. Ҳар як ошёна 5 нутқаи обу ташноб дошта, ошхона бо таҷҳизоти хӯрокпазӣ муҷаҳҳазонида шудааст.
Ҳар се ошёна бо 3 адад яхдон, 3 адад мошинаи ҷомашӯи ва 6 адад плитаи хурокпазии барқӣ таъмин карда шуда, барои зимистонгузаронӣ хобгоҳ пурра ба системаи ягонаи гармдиҳӣ ба васитаи ангиштсанг тиъмин карда шудааст.
Шумораи истиқоматкунандагони хобгоҳ нисбати солҳои пешина бисёр шуда, дар нимсолаи соли таҳсили 2020 – 2021 миқдори умумии донишҷӯдухтарон 180 нафарро ташкил медод.
Бахшида ба 1300 рӯзи ободонӣ ва 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар хобгоҳ истиқоматкунандагон шанбегӣ гузаронида мешавад.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани «Солҳои 2019-2021 – солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тавваҷҷуҳи эътибори хосаи Сарвари давлат ба ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, маҷмааҳои табобативу солимгардонӣ, мавзеъҳои тамошобобу диданӣ, ҳунарҳои қадимаву аҷдодӣ, эҳё ва муаррифӣ намудани мероси ниёгон башорат медиҳад. Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ моро водор месозад, ки ҳунарҳои мардумиро эҳё гардонем.
Бинобар ин, баҳри дар амал татбиқ намудани супоришҳои Сарвари давлат санаи 09.04.2021 дар хобгоҳ озмуни «Духтарони чирадаст» бахшида ба «Солҳои 2019-2021 – солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни бошандагони хобгоҳ гузаронида шуд. Дар озмун 7-нафар донишҷӯдухтарони хобгоҳ иштирок намуда, маҳорати суханронӣ, реза намудани сабзӣ, тайёр намудани хамири самбуса ва пухтани он, омода намудани дамоба аз гиёҳҳои шифобахши ватанамон маҳорати худро нишон доданд. Аз татрафи раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён Мирзохӯҷаева Ш.М. иштирокчиёни озмун бо ифтихорномаҳою сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар оғози соли таҳсили 2021 – 2022 шумораи донишҷӯдухтарон ба 194 – нафар расида, то ҳол қабули эҳтиёҷмандон давом дорад. Аз онҳо 9 – нафар ятимони кул мебошанд.
Аксарияти бошандагони хобгоҳ дар ҷорабиниҳои муҳими сиёсии кишвар бахшида ба пешвози 30 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок кардаанд.
Аз тарафи мудири хобгоҳ Султонова М. мунтазам ба бахши тарбия оид ба навбатдории омӯзгорони коллеҷ ва ташрифоварии шахсони масъул ҳисобот дода мешавад,-изҳор дошт номбурда.
Ҳасан ЁРОВ