Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири ниҳоди зикргардида Комил Очилдиев суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Мавсуф дар оғози суҳбат ба мо изҳор дошт: Соҳаи маориф дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем.
Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Ин нуктаҳои хеле арзишманду дурбинонаи Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки аз ҳар вақта бештар баҳри рушду нумӯи соҳаи маориф ва илм талошу заҳматҳо ба харҷ диҳем”.
Комил Очилдиев ҳамчунин, изҳор дошт, ки “Мо-кормандони шуъбаи маориф дар қатори халқи шарафманд ва соҳибхиради ҷумҳурӣ фахр аз он дорем, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Қарор, Фармоиш ва дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди таълиму тарбияро роҳандозӣ намуда, саъю кӯшиши худро ба самти расидан ба сифати баланди донишу маърифатнокии наврасон равона намудаем”.
Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои ободонию созандагӣ ба анҷом расонидааст.
Дар 12-моҳи сипаришуда, Шуъбаи маориф фаъолияти кории худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахусус, амалигардонии «Барномаи давлатии такмил ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар Барномаҳои соҳавӣ, аснодҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монд.
Бо мақсади иҷрои талаботҳои Амри раиси ноҳия дар шуъбаи маорифу муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шанбегиҳо ташкил карда шуда, корҳои ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист ба маром анҷом дода мешаванд.
Буёду созандагӣ
Дар рафти суҳбат Комил Очилдиев зикр намуд, ки дар ин муддат биноҳои иловагии муассисҳои таҳсилоти умумии рақамҳои №34, 40, 54, ва бинои навбунёди муассисаи таълимӣ дар деҳаи Қумшохи ҷ\д ба номи Х. Холматов иборат аз 8-синхона, барои 1600 ҷойи нишаст дар ду баст ва 22-синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1100-ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар давоми 12-моҳи сипаришуда аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мактубу фармоишҳои зиёде ба шуъбаи маориф ворид гашта, аз тарафи мутассадиёни шуъбаи маориф ҷавобҳои дақиқу саривақтӣ гардонида шуданд.
Базаи кадрӣ
Мавсуф дар мавриди кадрҳои шуъбаи маориф қайд намуд, дар 54 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 1857 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, занҳо 1260-нафар;
– бо маълумоти олӣ 995\539- нафар;
– бо маълумоти олии нопурра 310\169- нафар;
– бо маълумоти миёнаи касбӣ 493\378 нафар;
– бо маълумоти миёнаи умумӣ (таҳсилоти фосилавӣ) 59- нафар;
– бо тахассуси дараҷаи олӣ 279 нафар;
– бо тахассуси дараҷаи якум 452 нафар;
– бо тахассуси дараҷаи дуюм 160 нафар;
– бе тахассус 948 нафар ба таълиму тарбияи хонандагон фаъолият доранд. Дар соли таҳсили соли 2021-2022 13-нафар омӯзгорони ҷавон бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи маорифи ноҳия ҳозир шуда, бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
Таҳсилоти томактабӣ
Дар ноҳия 8 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1005\470 нафар тарбиятгирандагон ва 47 нафар мураббиён кор ва фаъолият доранд.
Бо мақсади фарогирии кӯдакони синни томактабӣ дар марказҳои инкишофи кӯдак дар 50-муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 69-гуруҳ ва дар муассисаҳои томактабӣ 8-гуруҳ, ҷамъ дар ноҳия 77-гуруҳ бо фарогирии 1836 нафар кӯдакони синни 6-сола ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҷобаҷогузории кадрӣ ва назорати сифати таълим
Номбурда дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки дар давоми 12-моҳи соли равон 12-шӯрои шуъбаи маориф ва 12-маҷлиси машваратии назди мудири Шуъбаи маориф, нақшавию ғайринавбатӣ бо баррасии зиёда аз 115 масъалаҳо гузаронида шуда, дар он сифати таълиму тарбияи фанҳои мухталиф, иҷрои Барномаҳо, баргузории чорабиниҳо, дастовардҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Таъғироти кадрӣ низ мавриди назар қарор гирифт, бо мақсади ҷобаҷогузории кадрҳои ихтисосманд директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3, 10, 8, 18, 20, 28, 52, 43, 47, 49, 11, 19, 53, 25, 15, 26, 40, 14, 37 иваз карда шуда, тибқи нақшаи шуъбаи маориф моҳе як маротиба семинарҳои дастурдиҳӣ ва бозомузӣ бо роҳбарон, омӯзгорон, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ва роҳбарони синфҳо гузаронида шуданд. Инчунин, бо мақсади шинос шудан бо фаъолияти кор ва ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузори дар 54-муассисаҳои таълимӣ санҷишҳои минтақавӣ гузаронида шуда, натиҷагирӣ карда шуд. Гузашта аз ин, директорон, муовинони директорон, омӯзгорон ва мураббиёни кӯдакистонҳо аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрҳои Бохтару Душанбе, дар маҷмӯъ 345- нафар ҷалб карда шуданд.
Бо фармоиши мудири Шуъбаи маориф аз 13.09 то 02.10.2021 аз тарафи мутахассисон ва кормандони хонаи дастурдиҳии Шуъбаи маориф бо фаъолияти корӣ ва ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузорӣ, сифати таълиму тарбия ва рафти корҳои ободонию созандагӣ, рафти корҳои безараргардонӣ барои пешгирии касалии сироятии коронавирус (COVID-19) дар ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак корҳои санҷишӣ бурда, натиҷагирӣ карда шуд. Ҳамаи омӯзгорон ва коркунони ёрирасони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз даври якум ва дуюми иммунизатсия гузаштанд.
Дар 12-моҳи соли 2021 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4, 7, 14, 18, 21, 29, 24, 37, 22, 12, 16 ва муассисаҳои томактабӣ №4, 3, санҷиши мукаммалӣ гузаронида шуда, дар шӯрои Шуъбаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷониби Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 2, 40, 7, 9, 10, ЛХБ, 11, 21, 25, 44, 6, 8, 22, 37, 46, 10, 31, 13 ва муассисаҳои томактабӣ №1, 8 ташхиси иҷозатномадиҳӣ гузаронида шуданд.
Рушди таълим ва бунёди кабинетҳои фаннӣ
Ҳамчунин, мавсуф дар рафти суҳбат изҳор дошт, ки дар назди Шуъбаи маориф Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Муассисаи таҳсилоти иловагӣ бо утоқҳои кории алоҳида таъмин карда шуда, ин марказҳо фаъолияти кории худро дар асоси Низомнома, Оинома ва дигар ҳаҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондаанд.
Тибқи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» ҳар ҳафта дар 6-ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак тренерон бо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ тренингҳои омузишӣ гузарониданд.
Ҳамзамон, дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ семинари омузишӣ ва дастурдиҳӣ бо омӯзгорони фанҳои гуногун гузарониданд.
Бо мақсади амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ» аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон барои кабинетҳои химия, физика ва биология таҷҳизот ворид гардид. Баҳри амалигардонии «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар ҳолати моҳи декабри соли 2021 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 50-синфхонаҳои компютери мавҷуд буда, бо 922-адад компютер,160-адад принтер,32-адад видеопроектор,10-адад тахтаи электронӣ таъмин карда шуданд.
Бо мақсади ғанӣ гардонидани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ҷойи нишаст дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз тарафи ташкилоти ғайри давлатии “Международное Добрососества” 800 ҷуфт мизу курсӣ ва 7-адад видеопроектор ва 7-адад тахтаи электронӣ дастраси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гардонида шуд.
Иштирок дар олимпиадаҳо ва озмунҳо
Дар мавриди иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо ва озмунҳои минтақивию ҷумҳуриявӣ ҳамсуҳбати мо қайд намуд, ки дар олимпиадаи фанни вилоятии мактаббачагон хонандагони ноҳия иштирок намуда, соҳиби 24-медал, аз ҷумла, 4-медали тилло, 5-медали нуқра,15-медали биринҷӣ ва 2-ҷойи Ифтихорӣ гаштанд. Се нафар хонандагони синфҳои 11 аз фанҳои забони русӣ, таърих ва физика барои иштирок намудан дар даври ниҳоии Олимпиада роҳхат гирифтанд. Дар соли таҳсили 2021-2022 13-нафар хонандагони барои иштирок кардан ба даври вилоятии олимпиадаи фаннии мактаббачагон ҳуқуқ пайдо карданд.
Дар озмуни «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» оид ба ташкили гӯшаи китобхонӣ дар муассисаҳои таълимии такягоҳии Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» дар минтиқаи вилояти Хатлон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, ҷойи якум ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23, сазовори ҷойи сеюм гашта, бо компютерҳо, нотбук ва дигар воситаҳои техникӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Тариқи озмуни квотаи Президенти 24-нафар довталабони хатмкунандагони синфҳои 11 ба мактабҳои олии дохили кишвар қабул шуданд.
Бо мақсади амалигардонии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» даври дуюми ноҳияви озмунҳои дар боло зикршуда баргузор гардид. Ҳамзамон, ғолибони даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ба даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ дар вилоят иштирок намуданд.
Дурахши истеъдодҳо
Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки аз 1794-нафар хатмкардагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 733-нафар тариқи Маркази миллии тестӣ, 24-нафар тибқи Квотаи Президентӣ, 6-нафар ба Донишкадаҳои қудратӣ, 26-нафар берун аз Маркази миллии тестӣ, 18-нафар ба хориҷи кишвар, 32-нафар ба ЛКТ ва 305-нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддат, ҳамагӣ 1144-нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва ибтидоӣ касбии дохил ва хориҷи кишвар дохил гардида, таҳсил карда истодаанд.
Чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ
Мавсуф ҳамчунин, дар рафти суҳбат изҳор дошт, ки хонандагон дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, аз қабили «Ватанпарвар», «Рӯзи модар», «Наврӯз-2021», Сада, Меҳргон, «Чароғаки раҳнамо» фаъолона иштирок намуданд. Бо мақсади татбиқи тарзи ҳаёти солим дар намудҳои варзиши футбол ва волейбол байни омӯзгорон ва хонандагони шаҳру ноҳияҳо барои гирифтани Ҷоми раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи вилоят дастаи футболбозон ҷойи дуюм ва дастаи волейболбозон-занон ҷойи Ифтихориро сазовор гашта, бо Диплому Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Ба муносибати Иди Ғалаба бар фашизм ҷорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ гузаронида шуда, ба 17-нафар омӯзгорони бемору ниёзманд ва маъюбон аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва шуъбаи маорифи ноҳия аз қабили орду равған, картошка пиёз ва маблағҳои пулӣ ёрӣ расонида шуд. Бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” дар муассисаҳои таълимию маркази ноҳия мусобиқаҳои варзиши гузаронида шуда, омӯзгорону хонандагон дар «Дави миллӣ» иштирок намуданд.
Дар баргузории чорабинии Рӯзи «Ҳифзи кӯдакон», 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолона иштирок намуданд.
300 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар гардишҳои ҳарбии омодабошӣ дар ноҳия ва вилоят иштирок намуданд. Бахшида ба ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3000 нафар омӯзгорон, хонандагон, мураббиён ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои зерсохтори шуъбаи маориф бо намоиши дастовардҳои шогирдон дар гардиши ҷашнӣ иштирок намуданд.
Дар таърихи 24.09.2021 дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 озмуни гирандагони стипендияи Президентӣ таҳти роҳбарии бахши варзиш ва ҷавонони ноҳия баргузор гардид. Дар озмун 100-нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуда, 40-нафари онҳо барои гирифтани стипендияи Президентӣ сазовор гаштанд.
Дар чорабиниҳои сиёсии бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ бо дастовардҳои худ саҳмгузорӣ намуданд.
Дар фароварди суҳбат ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки шуъбаи маорифи ноҳия минбаъд барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, донишандӯзии хонандагон, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманд, истифодаи технологияи муосир, муҷаҳҳазонидани кабинетҳои озмоишӣ, ҷалбнамудани хонандагон ба китобхонию китобдӯстӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ, ҳифзи Ватан ҷидду ҷаҳд хоҳанд намуд.
МТЖТ