Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Бобизода Гулшан суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда итило дод, ки шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар соли 2023 фаъолияти худро тибқи муқаррароти Қонун, Стратегия, Консепсия, Барнома, қарор ва  нақша- чорабиниҳои таъминкунандаи рушди соҳаи маориф ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон 15 декабри соли 2023 баён доштанд, як қатор корҳоро роҳандозӣ намуд.

Таҳсилоти томактабӣ

Мавсуф афзуд, ки бобати таҳсилоти томактабӣ дар ноҳия 9 муассисаи таълимии томактабӣ, аз он ҷумла 2 муассисаи хусусии таълимии томактабии бо фарогирии 1560 нафар тарбиягирандагон фаъолият карда истодааст. Дар соли 2023 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нав муассисаи томактабии хусусии “Истиқлол” барои 40 нафар кӯдакон бо маблағи умумии 1 млн 200 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 241 нафар, аз он ҷумла 61 нафар мураббиён, 61 нафар ёрдамчиёни мураббӣ, 8 нафар ҳамшираҳои тиббӣ, 6 нафар сармураббиён ва 97 нафар кормандони хурд кору фаъолият менамоянд, ки сатҳи касбӣ ва тахассусии онҳо ба талабот ҷавобгӯ аст. Дар соли 2023 дар назди 84 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, дар онҳо 5553 нафар кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Соли 2023 ба муассисаи таълимии томактабӣ №5 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 адад рахти хоби дуқабата, 6 ҷевон барои нигоҳдории бозичаҳо, 6 ҷевон барои либоси кӯдакон, 3 мизу курсӣ барои мураббӣ, 15 миз ва 60 курсӣ барои кӯдакон, 40 номгӯйи бозичаю модулҳо ба маблағи 98700 сомонӣ дастрас карда шуд.

Таъмину тармим

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки таҳсилоти умумӣ дар сохтори шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон 85 адад муассисаи таълимӣ, аз онҳо 75 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, 2 адад муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, як адад мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, 1 литсей, 1 гимназия мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии номбаршуда 67476 нафар хонандагон, аз он ҷумла 32803 нафар духтар ва 34673 нафар писарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли таҳсили гузашта шумораи хонандагон 2296 нафар зиёд гардидааст.

Дар ноҳия 2 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ Ориёна ва Истиқлол фаъолият карда, дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умум ва томактабӣ давлатӣ мебошанд.

Рушди соҳаи маориф дар соли 2023 бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми падару модарон дар назди 8 муассисаҳои таълимии №24, 28, 63, 38, 81, 60, 10 ва 46 – 26 адад синфхонаи иловагӣ, дар назди 6 муассисаҳои таълимии №33, 62, 48, 61, 56 ва 41 биноҳои иловагӣ иборат аз 53 синфхонаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар умум дар соли 2023 дар 14 муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон ба миқдори 77 адад синфхонаҳои иловагӣ барои 3850 нафар хонанда дар 2 баст сохта ба истифода дода шуд ва дар маросими кушодашавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р.Ҳ., раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси ноҳияи Ёвон Б. Шарифӣ, сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сафарзода Ғ. ва дигар номояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар соли 2023 бо кумаку дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ройгон ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми падару модарон синфхонаҳои ба истифода дода шуда, ба мизу курсии талабагӣ, мизу курсии омӯзгорӣ, ҷевон, техтаҳои синфӣ ва компютер, тахтаҳои электронӣ ва принтерҳо таъмин карда шуданд. Инчунин, дар Рӯзи Дониш ва оғози соли нави таҳсили 2023- 2024 дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 50 бинои алоҳидаи Маркази инкишофи кӯдак бо 2 синфхонаи таълимӣ барои 52 нафар кӯдакон дар як баст бо маблағгузории 75 ҳазор сомонӣ аз буҷаи маҳалӣ ва 85 ҳазор сомонӣ саҳми падару модарон ба истифода дода шуд. Дар соли 2023 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон боми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №17, 21 ва 43 пурра иваз карда шуданд. Дар ҳамин давра ба муассисаҳои таълимии №15, 58 ва 81 оби нушокии омудӣ бароварда шуд. Дар аксар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ биноҳои таъиноти хоҷагидошта таъмир ва аз нав сохта шуда, таъмиру бетонпӯш кардани роҳраву даромадгоҳ, чароғонкунии дохили синфхонаҳо ва атрофи муассиса,таъмири симчӯбу ивазнамоии ноқилҳои барқӣ, таъмиру азнавбарқароркунии мизу курсӣ ва дигар корҳои ободонию созандагӣ ба анҷом расонида шуд.

Бунёдкорӣ

Ҳамзамон, мавсуф тазаккур дод, ки дар соли 2023 сохтмони босуръати бинои иловагии дуошёна дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3, 23,42, 49, 69 ва 5 бо маром идома дошта, санаи 16 декабри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 санги асос барои сохтмони бинои нави муассиса гузошта шуд.

Ҳамзамон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и деҳаи Қамбарӣ, Ҷамоати деҳоти ба номи Г.Юсуфова бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории сармояи хориҷӣ (VOLIP) сохтмони -6 синфхона барои 144 хонанда, 1 ҳуҷраи кории директор ва 1 ҳуҷраи кории омӯзгорон бо маблағи 1 млн. 500 ҳазор сомонӣ ба маром идома дорад.

Инчунин, дар соли 2023 дар қатори саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми падару модарон дар ташкили шароитҳои мусоиди таълиму тарбия хело назаррас буда, бо саҳми падару модарон ловозимоти синфӣ, печҳои барқию аловӣ ва дигар ловозимоти таълим барои муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас карда шуд, ки ин иқдомҳои номбаршуда аз густариши ҳамкориҳои зичу пайвастаи омӯзгорон бо падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон гувоҳӣ медиҳад.

Базаи кадрӣ

Номбурда изҳор дошт, ки дар муассисҳои таълимии ноҳия 2821 нафар омӯзгор, аз ҷумла 1685 нафар зан фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 1710 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 117 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра, 704 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус буда, 552 нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 574 нафар дорои тахассуси дараҷаи якум ва 449 нафар дорои тахассуси дараҷаи дуюм мебошанд. Аз ҳисоби омӯзгорон як нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 10 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон ва 27 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд, ки ин нишондиҳанда аз фаъолияти бештари кормандони соҳаи маориф дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии сохтори давлатӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар соли 2023 тибқи нақшаи таълимӣ ба ҷойи 532 нафар 556 нафар омӯзгорони ноҳия аз курси такмили ихтисоси вилояти Хатлон гузаронида шуданд, ки 104,4 фоизи нақша мебошад.

Соли 2023 бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 36 мутахассиси ҷавон ба кор фиристода шуда, 24 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуда, 5 нафар фиристодагон ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда, 1 нафар ивази ҷойи истиқомат кард. Тибқи квотаи Президентӣ 7 нафар бо ҷойи кор омаданд. Дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби омӯзгорони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, омӯзгорони дар дигар ҷойҳо машғулбуда, омӯзгорни нафақахӯр, ки қобилияти кор карданро доранд ва хатмкунандагони курсҳои 4 ва 5-и донишгоҳҳои равияи омӯзгоридошта, норасоии кадри бартараф карда шуда, ба ҳолати имрӯза норасоии кадрҳои омӯзгорӣ мавҷуд намебошад.

Ҷиҳати таъмини имтиёзҳо ба омӯзгорон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2007,№ 197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» дар соли 2023 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон тариқи шартномаи сетарафа бо тахфифи 50 фоиз аризиш ба омӯзгори ҷавон Муродова Гулбахт хонаи истиқомати 2 ҳуҷрагӣ тақдим карда шуд. Дар ноҳия аз тарафи Раёсати молия ба омӯзгорони ҷавони дар деҳот фаъолиятдошта 10 фоиз иловапулӣ ба маоши моҳонаашон дода мешавад.

Кадрҳои оянда

Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки дохилшавии хамкунандагон ба донишгоҳ ва донишкадаҳои дохил ва хорифи кишвар соли 2023 муассисаҳои таълимиии ноҳияро 2651 нафар хонандаи синфи 11 (духтарон 1226 нафар) хатм намуданд, ки аз онҳо 1937 нафарашон тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ ва донишкадаҳои кишвар дохил гардиданд. 53 нафар ба хориҷи кишвар, 173 нафар ба коллеҷҳо, 206 нафар ба литсейҳо касбӣ-техникӣ, 17 нафар (9 духтар) тибқи квотаи Президентӣ, 117 нафар ба бахшҳои гуногун, 54 нафар берун аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, ки дар маҷмуъ 96,4 % -и шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил медиҳанд. Соли 2023 синфи 9-ро 4842 нафар хонанда (2316 духтар) хатм намуда, аз ин шумора 3102 нафар, аз ҷумла 1538 нафар духтар таҳсилро дар синфи 10 идома доранд. Аз шумораи умумии хонандагони синфи нуҳумро хатмкарда 374 нафар, аз он ҷумла духтарон 298 нафар ба коллеҷҳо, 327 нафар, аз он ҷумла 128 нафар духтарон ба литсейи касбӣ- техникӣ, 196 нафар, аз ҷумла 183 нафар духтарон ба курсҳои кутоҳмаддат дохил шуданд. Дар умум 3999 нафар, аз ҷумла 2147 нафар духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот ҷалб гардиданд, ки 92,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дастовардҳо

Мавсуф қайд кард, ки дар соли 2023 дастовардҳои шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хело назаррас буда, дар ин самт саҳми маҳфилҳои фаннии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф ноҳия хело калон аст. Дар соли 2023 Марказ 18 номгӯйи олимпиадаҳои фанниро аз рӯйи 13 номгӯйи фанҳои таълимӣ баргузор намуд, ки дар умум дар даври муассисавии олимпиадаҳои номбаршуда 7654 нафар хонандагон, дар даври ноҳиявӣ 3314 нафар ва дар даври вилоятӣ 384 нафар хонандагони аъолохон ва навовару эъҷодкори ноҳия иштирок карданд. Натиҷаи ҷамъбасти олимпиадаҳои фаннӣ дар соли таҳсили 2023 нишон дод, ки дар сатҳи вилояти Хатлон 77 нафар хонандагони ноҳия (нисбат ба соли 2022 -25 нафар зиёд) ғолиб дониста шуда, дар даври ҷумҳуриявии олипиадаҳои фаннӣ иштирок карданд. Дар даври ҷумҳуриявӣ 37 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар сатҳи ҷумҳурӣ ғолиб дониста шуданд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 8 нафар зиёд мебошанд.

Инчунин, дар олипиадаи фосилавии байналмилалии “Архимед” аз фанни математика, олимпиадаи фосилавии байналмилалии “Кенгуру” аз фанни забони англисӣ, олимпиадаи байналмилалии ФИСО аз фонҳои математика, англисӣ ва расм, олипиадаи байналмилалии ИМЕС аз фанни география, забонҳои русӣ ва англисӣ дар умум дар ин олимпиадаҳои номбаршуда 278 нафар хонандагони ноҳия иштирок карда, 67 нафар ғолиб дониста шуданд.

Дастоварди дигаре, ки соли равон маорифчиёни ноҳия ба он ноил гардиданд ва он боиси ифтихори аҳли маорифи ноҳия мебошад, ин бо аттестати аълои равияи табии- риёзӣ бо медали тилло хатм намудани Шарипоф Ҳокимҷон, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ бо медали нуқра хатм намудани хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 Аминзода Шоҳона ва бо аттестати аълои равияи универсалӣ бо медали тилло хатм намудани Маҳмудов Суҳробҷон, хонандаи мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ мебошад, ки дар муддати панҷ соли охир соҳаи маорифи ноҳия ба он ноил нагардида буд.

Дар олипиадаи “Ворисони Пешво” 397 нафар хонандагони синфҳои 3-4-дар даври муассисавӣ, 20 нафар дар даври вилоятӣ иштирок карда мувофиқи Низомномаи дар даври ниҳоии вилоятӣ” 8 нафар хонандагони ноҳия сазовори ҷойҳои 1, 2, ва 3-ум дониста шуданд.

Аз 1 сентябри соли 2023 тибқи талаботи “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» даври муассисавии олимпиадаҳои фаннӣ, дар моҳи октябр ва ноябри соли равон даври ноҳиявӣ ва айни ҳол даври вилоятии минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ дар шаҳру ноҳияҳои Шаритус, Ҷайҳун, Балхӣ, Дӯстӣ, Қубодиён аз рӯйи 12 фанҳои таълимӣ байни синфҳои 5-6-7-8, 9-10 ва 11 рафта истодааст, Дар моҳи декабр даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ барои синфҳои 11 анҷом ёфта, дар натиҷа аз ноҳияи Ёвон 39 нафар ғолиб дониста шуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар олипиадаи фосилавии байналмилалии “Глобус” аз фанҳои математика, забонҳои англисӣ ва русӣ, ки 23 декабри соли 2023 баргузор гардид, 64 нафар хонандагони ноҳия иштирок карда, 22 нафар ғолиб ин олимпиадаи бонуфуз гардиданд.

Иштирок дар озмунҳо

Номбурда тазаккур дод, ки дар моҳи февраи соли 2023 дар ноҳия давраҳои якум ва дуюми озмуни “Донояк” гузаронида шуда, дар даври вилоятӣ 3 нафар иштирок карда як нафар Тағоева Оиша хонандаи синфи 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80 ғилиб дониста шуд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи додонӣ китоб аст” дар даври вилоятӣ 12 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок карда ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур як нафар хонандаи синфи 4-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 Сироҷиддинова Гесӯ дар номинатсияи адабиёти бачагона сазовори ҷорйи 3-ум дониста шуд.

Дар озмуни “Илм- фурӯғи маърифат”, дар умум дар ноҳия 601 нафар довталабон, аз ҷумла 485 нафар хонандагон, 107 нафар донишҷӯён ва 11 нафар кормандони касбу кори гуногун аз рӯйи 7 номинатсия иштирок намуданд, ки аз ин шумора 49 нафарашон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври вилоятӣ, ки 29 сентябри соли 2023 баргузор гардид 8 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Доир ба озмуни “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” вобаста ба иштирокчиёни озмун дар даври муассисавӣ 379 нафар, дар даври ноҳиявӣ 79 нафар ва дар даври вилоятӣ 14 нафар ғолиб дониста шуданд. Дар даври вилоятӣ 1 нафар Ҷононаи Бобохон аз Коллеҷи Фармосевтӣ- технологии ноҳия ғолиб дониста шуд. Номбурда дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби ҷойи сеюм ва 25000 сомонӣ мукофотпулӣ гардид.

Дар соли 2023 бо иштироки зиёда аз 150 нафар хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ озмунҳои Рӯдакихонӣ ва Маснавихонӣ гузаронида шуд, ки дар даври ниҳоии он 2 нафар Пирова Саида, Лақайзода Сулҳия аз Коллеҷи Фармосевтӣ- технологии ноҳия дар даври вилоятӣ ва Лақайзода Сулҳия дар даври ҷумҳуриявӣ ғолиб дониста шуданд.

Дар озмуни ноҳиявии “Суханвар”, ки бо иштироки 86 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия рӯзи 19 декабри соли 2023 гузаронида шуд, 4 нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2, 5 ва 57 ғолиб дониста шуданд.

Дар озмуни Луғатдони беҳтарин аз фанни забони англисӣ аз ноҳия 15 нафар ба даври вилоятӣ пешнҳод гардид, дар даври вилоятӣ, ки моҳи октябр ҷамъбаст гардид 6 нафар сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва 3 нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Қадрдонӣ

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонӣ ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ соли 2023 бо пешниҳоди шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон 82 нафар хонандагони аълохону навовари ноҳия ба гирифтани стипендияи Президентӣ, панҷ нафар ба гирифтани стипендияи раиси вилояти Хатлон, 80 нафар ба гирифтани стипендияи раиси ноҳия ва 20 нафар ба гирифтани стипендияи бахши кор бо ҷавонони ноҳия мушарраф гардиданд. Инчунин, 37 нафар ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 30700 сомонӣ, ба 78 нафар ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюми даври ноҳиявии озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва 22 нафар ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ ва ба 37 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмуни ҷумҳуриявӣ ғолиб дониста шуданд, ба миқдори 74600 сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ ҷудо гардида, бо тантана ба худи ғолибон, омӯзгорон ва директорони муассисаҳои таълимӣ тақдим карда шуд. Инчунин, дар машварати августии омӯзгорони ноҳия дар вазъияти тантанавӣ, дар умум 143 нафар кормандони соҳаи маориф ҳавасманд гардонида шуданд, ки аз инҳо 10 нафар – нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, 3 нафар- Ифтихорномаи Вазири маориф, 18 нафар – Ифтихорномаи сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, 6 нафар- Ифтихорномаи муштараки Иттифоқи касабаи маорифи вилояти Хатлон мебошад. Инчунин, сипоснома ва туҳфаҳои раиси ноҳия ба хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд: ба 1 нафар ғолиби ҷойи якум– сипосномаи Раиси ноҳия ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ, ба 9 нафар ҷойи дуюм– 800 сомонӣ ба ҳар як нафар, ба 15 нафар ҷойи сеюм- 500 сомонӣ ба ҳар як нафар, 5 нафар ҷойи ифтихорӣ- 300 сомонӣ ба ҳар як нафар ва 27 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиада ғолиб омаданд- бо сипоснома ва 500 сомонӣ ба ҳар як нафар, ҷамъ 30700 сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ маблағ ҷудо карда шуд. Дар баробари ин ба 12 нафар кормандони соҳаи маориф- сипосномаи раиси ноҳия, ба 8 нафар кормандони соҳаи маориф– ифтихорномаи мудири шуъбаи маориф, ба 24 нафар фаъолони соҳаи маориф ва хонандагони фаъол – туҳфаҳои пулӣ, дар маҷмӯъ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ зиёда аз 200 ҳазор баҳри ҳавасмандгардонии ғолибону кормандони соҳаи маориф сарф карда шуд.

Мафтуна ВАҲҲОБОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь