Дар зиндагии инсонҳо бисёр ҳолатҳое пеш меояд, ки интизорашро надорӣ ва ҳамзамон бо баҳонаҳое бо одамони гуногун рӯ ба рӯ мешавӣ, ки яке хубу дигаре зишт, яке раҳнамову дигаре раҳзан ва амсоли ин тазодҳои дигаре. Маълум, ки аз зиштҳо ҷуз зиштӣ ба ту чизе намерасад, аммо одамони хуб ё ба қавли дигар ҷони одам, дар зиндагият нақши ҳумоюниро мебозанд, ки ҳатто самту равиши зиндагит тағйир мехӯрад.
Бо инсонҳо аз рӯи ҳамандешиву ҳампиндорӣ дӯсту ҳамнишин мешавӣ, ки аз нишасту суҳбат ва дидораш лаззат барӣ… Ва банда ҳамин гуна инсонро, ки бароям ҳаққи устодиву раҳнамоӣ дорад, дар ҳаётам дарёфтам ва ин шахс Муборак Турсунова аст, ки барои банда ёрии маънавӣ зиёд кардааст.
Албатта, мо донишҷӯ будему муаллима ноиби ректор оид ба таълим фаъолият доштанд, бубинед, ки тафовути дароҷот аз куҷо то ба куҷо… Аммо муаллима, ки маърифату ақлу фаҳмро аз ин вазифаву ҳамҳамаҳо боло медонисту медонад, вагарна мо куҷову ӯ куҷо ва гузашта аз ин, ҳамсуҳбат буданҳо куҷо…
Қиссаи бо муаллима риштаи дӯстиву пайвандӣ аз он ҷо шурӯғ гардид, ки солҳои донишҷӯӣ мо шабкаи “Одноклассники” доштему аз Фейсбук фақат ном медонистему бас. Ману чанд дӯсти дигарам шефтаву ошиқи суруду навои Аҳмад Зоҳир будем ва ғазале ё байте аз сурудаҳои Аҳмад Зоҳир, ки сахт писандамон меомад, онро дар сафҳаи худ мегузоштем…Муаллима низ мисли мо дар “Одноклассники” сафҳа доштаанд, аммо бо номи мустаор ва он кас ҳам шоҳбайтҳои сурудаи Зоҳирро мегузоштаанд. Ин ёдоварӣ шояд беш аз даҳ сол мешавад, аз ин рӯ, ёдам рафтааст, ки кадом байт буд, аммо муаллима дар сафҳаи худ гузоштаанд, азбаски намедонистам он шахс муаллима ҳастанд, байт кадом вожааш ғалат навишта шуда буд, дар зершарҳаш навиштам, ки дурусташ ин тур мешавад, посухи рад доданд, мо ҷавонҳои хундарҷуш, посухи радро шунида, филфавр посухи дағалтар навиштам. Баъди чанд дақиқа як дӯст навишт, ки рӯят сиёҳ шуд, медонӣ? Гуфтам чаро? Гуфт, он касеро дағалӣ кардӣ, он шахс муаллима аст. Дигар то субҳ хобам набурд ва саҳар тарсону ларзон ба дарс омадам, дар назди дар муаллимаро дидаму хаёл кардам бар сарам осмон фуру омад (поёнтар аз сиёсату сахтгириҳои муаллима мегӯям, баъд мефаҳмед ин ҳолати ман чӣ бас сангин буда он замон), наздиктар омадаму салом додам, муаллима бо чеҳраи ҷиддӣ хитоб карданд, назди кабинети ман рафта истед, ман ба Шумо гап дорам… Ана талотуми яъсу тарсу ҳатто ҳозир ҳуҷҷатам дар даст аз ин даргоҳ меравам низ дар дилам мегузашт. Ин ҳолат анқариб даҳ дақиқа идома кард, ки муаллима омаданду биёед гуфтанд, вале ҳоли ман ҳамоне буд, ки буд… Вориди дафтари коришон шудем, ки аввал ба котибаашон фармоиш доданд, ки ду қаҳва омода кунад, баъди ин гапро шунидан дар рагҳои ман, ки аз тарс хун шахшуда буд, хун ба ҳаракат даромаду дар осмони дилам ситораи саъд ҷои ситораи наҳсро гирифт. Суҳбат чунон ранг гирифт, ки ман бараксашро интизор доштам ва аввалин суоли муаллима ҳам ин буд, Шумо ҳам ҳаводори навои Аҳмад Зоҳир ҳастед?… Ҳамин тур суҳбатамон атрофи ҳунару истеъдод ва мантҳои интихоб кардаи Зоҳир рафт, баъдан фаҳмидем, ки беш аз ду соат аз миёна гузаштааст. Вақти хайру хуш, гуфтанд, ки ҳар вақте дилатон хост ба наздам оед ва бе иҷоза вориди дафтар шавед. Ба мани донишҷӯ Худо дод….))))
Худ ба худ андешида мерафтам, ки инсони комилу муборак будан чӣ волоияте дошта, ки ин шахси фарҳехта дар худ ҷой кардааст, чун ман як донишҷӯе беш нестам, вале бо ман чунон муносибат ва рафтор мекунад, гӯё ман бузургсолтар аз будам ҳастам…
Дар мавриди муносибат ва методи роҳбариву омӯзгорӣ кам касонеро дидаам, ки чун муаллима буда бошанд. Донишҷӯёни он замон ҳам ин гуфтори маро таъйид мекунанд, муаллима бисёр сахтгиру серталаб буданд ва ҳоло ҳам чунинанд ва донишҷӯён овозашонро мешуниданд худро ба ҳар сӯ пинҳон мекарданд, сиёсати роҳбаришон ҳам чунин буд, ки аз донишҷӯ агар нуқсе ё айбе сар зад чунон сарзанишу танбеҳ медоданд, ки дубора барои гуноҳе содир кардан ғайрату ҷуръате намекард. Ҳатто деканҳову мудирони кафедра агар донишҷӯеро танбеҳ доданӣ мешуданд, кофӣ буд бигӯянд, ки назди Турсунова мебарем… Ин амалкарди муаллима аз рӯи присип набуд, балки усули роҳбариву муносибаташон чунин буд ва гаҳ–гоҳ мегуфтам, муаллима чӣ тур ин гуна равишро ба даст овардед, лабханде зада, мегуфтанд, бо донишҷӯ наметавон бо нармиву гармӣ муъомила кард, табиати мо ин аст, ки бояд сиёсат бикунӣ, он гоҳ кор ба самти дурусташ оғоз ё анҷом ёбад.
Воқеан, муаллима сахтгирӣ мекарданд, дарсҳои омӯзгорон даромада, дафтару китоби донишҷӯро тафтиш мекарданду аз ҳамон фанн суолу ҷавоб мекарданд. Ин амали муаллима донишҷӯи танбалро хуш намеомад ва аз ин хотир метарсиданд, ки мабодо Турсунова наояду суолу ҷавоб накунад, ки шарманда шавем.
Аммо аксарияти хатмкардаҳоро баъди чанду анд сол вохӯрдаам, ҳама яксон як ҳарфро мегуфтанд, ки аҷаб беақлу коное будастем дар он замон, ки дигарон парвое надоштанд, ки мехонӣ ё на, дӯсташон медоштему гумон мекардем аз ин муаллим дида, ғамхортар ба ман касе нест, аммо Турсунова хон мегуфту дарсшиканӣ накун мегуфту сиёсат мекард, душмани худ мепиндоштем, нав мефаҳмем, ки Турсунова дилаш барои мо чӣ қадар самимона месӯхтааст, ки кунун ба қадраш мерасему мегӯем, эй кош бори дигар фурсат даст диҳаду донишҷӯ шавем, муаллима чунин сахтгириҳоша бикунаду хонему одам шавем…
Ин гуна гуфторҳоро аксарияти онҳое хатм кардаанд, мегӯянд ва нисбати муаллима чунон меҳру муҳаббат доранд, ки ҳисоб надорад. Далелаш ҳам он аст, ки пештар муаллима ба унвони “Хизмати шоиста” аз ҷониби Президенти муҳтарам қадрдонӣ гардиданду шиносу ношинос борони муборакбодиро ба муаллима нисор карданд, ин худ паёмест, ки дар шинохти муаллима ҳувайдо мегардад. Мардум беҳуда намегӯянд, ки ҳалол кору боифат, ки бошӣ имрӯз не, пагоҳ ҳатман мардум ба қадрат мерасанд, чунонки ростиро набувад ҳеч заволе ба ҷаҳон. Ана ҳамин гуна фидоии касбу кори худ буданро муаллима бо амалу кирдору рисолат ба ҷомеа омӯзондаанду меомӯзонанд.
Дар боби инсонияти муаллима қодир нестам баҳогузорӣ бикунам, зеро чун инсоне ҳастанд, ки бидуни тамаъу ғаразе ба одамон ёрӣ мерасонанд. Банда борҳо нишастҳои хос доштаам бо мавсуф, ҳарфу калому андешаи муаллима огандаи ҳич бадбиниву бадгумонӣ нест, ҳатто касоне агар дар нисбаташон бадӣ ё норавоиеро раво бинад, гӯё ҳодисае нашудааст, нодида мегиранд ва барои чунин инсон будан– баркамолу пухта мебояд. Шиорашон ҳам дар зиндагӣ ҳамин гуфтаи Хайёми бузург аст:
Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман,
Ту нек набинию ба ман бад нарасад.
Баъди чанд соли ошноиву ҳамнишинӣ донистам, ки муаллима танҳост, ҳамсанги худ дӯсту ҳамандеша надорад, аз ин хотир бештар хилвати танҳоиро хуш дорад, ки замоне Аҳмади Дониш низ ба ҳамин мазмун гуфта буда, ки дар миёни издиҳоми халқ танхосту худаш менавиштаву худаш боз навиштаи худро мехондааст… Ин гуна ҳолатро касе дарк мекунад, ки соате ё лаҳзае аз сар гузарондааст.
Бо ин вуҷуд, муаллима бисёр инсони хушгуфтору балзагӯест, ки дар мавқеаш истифода мекунад, ки аксар шиносҳояш ҳам аз ин лутфу назокаш бехабару бебаҳраанд.
Ҳолиё, ки дар остонаи таҷлили Рӯзи омӯзгорон қарор дорем, боиста ҳаст, ки муаллиму мураббӣ ва инсони ростинро бо ҷашни касбиш муборакбодӣ бигӯем ва бедирангу иғроқ мегӯям, эй кош ҷомеа чун муаллима даҳ ё беш аз даҳ омӯзгору роҳбару инсони комил медошт.
Хидматҳои поку самимиаш низ қадрдонӣ гардид, албатта, ин нишони ғалабаи адолат бар разолат аст. Ин унвони буланд ҳам, ки дар асл арзандаед, муборакатон бод, Муборак Турсуноваи арҷманду хирадпеша!
Зоҳири Сайфулло