Истифодаи дуруст ё нодуруст

Инсоният дар ибтидои қарни 21 ба марҳилаи нави худ ворид шуд, ки онро инқилоби чоруми саноатӣ мегӯянд. Ин инқилоб пеш аз ҳама бо пайдоиш ва рушди технологияҳои иттилоотӣ иртиботи наздик дорад.

Ҳоло ҳар касе, ки аз ин дастовардҳои технологӣ хуб истифода мекунад, пеш меравад. Ин аксиома аст. Албатта, абзорҳои нав дар баробари имкониятҳо хатарҳоеро низ ба вуҷуд оварданд ва кишварҳои пешрафта аллакай паёмадҳои онро диданд.

Мо дар мақолаи мазкур фақат дар бораи кибербуллинг, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд вомехӯранд,  гап мезанем. Азбаски дар ҷомеаи мо дар масъалаи фоидаву зарари шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд мегӯянд, албатта, дар ин маврид андешаҳо гуногунанд.

Мо инҷо назари мутахассиси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ Рустам Маҷидовро меорем, ки мегӯяд, масъалаи фоидаю зарари шабакаҳои иҷтимоӣ ба истифодаи дурусти он бармегардад, зеро онҳо чизе ҷуз як воситаи муошират нестанд ва дар сурати истифодаи дуруст танҳо фоида меоранд.

– Агар мо тарсем, ки як ҷавон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо “шахсони нодуруст” шинос мешавад, ё “ба роҳи каҷ” меравад, бояд чӣ будани дурусту нодурустро ба ӯ фаҳмонем, аммо пеш аз он бояд худамон инро фаҳмем, -мегӯяд Р. Маҷидов.

Номбурда ҳамчунин меафзояд, ки мо аз манъ карданҳо ба ҷое намерасем, аз ин рӯ, ба ивази ҷазою танбеҳ, бояд телефону компютерро дар дарсҳо истифода кунем, кӯдакону ҷавонон имконоти фановариҳои иттилоотиро дар амал бинанд ва ба ҷои беҳуда сарф кардани вақт дар бозиҳои компютерию “Одноклассники” ё “Инстаграм” онро ба омӯзишу рушди шахсии хеш сарф кунанд.

То ҷое, ки маълум аст, кибербуллерҳо барои амалӣ кардани ниятҳои худ асосан истифода мебаранд аз: – алоқаи  мобилӣ, (смс-паёмакҳо); – замимаҳои мобилӣ ва мессенҷерҳо  (What’s App, Viber, Instagram ва ғ..); – чатҳо ва форумҳо дар шабакаи Интернет; – почтаи электрони (ирсоли паёмакҳо); шабакаи иҷтимоӣ (ВКонтакте, Facebook ва ғ); – сервиси видеохостингҳо; -сайтҳои бозиҳо ва олами бозиҳои маҷозӣ.

Кибербуллинг чист?

Мутахассисон мегӯянд, ки кибербуллинг тарсондан ва озору азият додан бо истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад. Ин озору азият метавонад тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар замимаҳо барои табодули паёмҳо сурат бигирад. Мақсад аз кибербуллинг тарсондан, асабӣ кардан ва ё шарманда намудани касоне аст, ки таъқиб мешаванд.

Маъмулан, кибербуллерҳо ё касоне, ки ба озору азият машғул мешаванд, ба шахсони қурбонӣ инти хобшуда паёмҳои таҳдидомез мефиристанд, ё аксҳоеро, ки шаъну шарафи таҳқиршавандаро паст мекунад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд.

Ҳамчунон аз номи ин қурбониҳо саҳифаҳои ҷаълӣ (дурӯғин) сохта, дар онҳо маълумотҳоеро ҷой медиҳанд, ки обрӯи таҳқиршаванда ва ё таъқибшавандаро паст мезанад. Кибербуллинг метавонад ба паёмадҳои фоҷиабор сабаб шавад.

Намудҳои кибербуллинг

Кибербуллингро ба намудҳои гуногун тақсим мекунанд, аммо мо ин ҷо бархеи онҳоро меорем.

Троллинг – Ин пешниҳоди дағалонаест барои санҷидани маҳорати ҳариф дар бахши ҳаҷв. Агар посухҳои рақиб зарифтар бошанд, ӯ рашҳҳои “ҳаҷвнигор” ё  шарҳҳои ӯро сарфи назар кунад, тролл барои баромади худ майдонҳои дигарро ҷустуҷӯ мекунад.

Флейминг ҳанӯз озору азияти ҷинсӣ нест. Ин қаҳру ғазабест, ки як бор тавассути шарҳи таҳқиромез ва ё танқиди шадид иброз мешавад. Одатан муаллифони чунин шарҳҳо ба посух зарурат надоранд. Баъди нишон додани вокуниш ба маводи шумо (пост, мақола, навори тасвирӣ, аксҳо ва ғ.) аз сайт баромада, баъди ду дақиқа мавҷудияти шуморо фаромӯш мекунанд.

Ҳейтинг – калимаи англисӣ буда, маънояш “нафрат”, “бадбинӣ” мебошад. Ҳейтинг озору азияти комили муқобили корбар дар шабака мебошад. Нафаре, ки мавриди ҳейтинг қарор мегирад, бо паёмҳои таҳқиромез ва шарҳҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳр, видеоҳостинҳо ва ғ. мавриди озору азият қарор медиҳанд.

Ҳарасмент (дастдарозӣ кардан) – озору азияти ҷинсӣ аст. Ба шахс аксҳо ва наворҳои хислати шаҳвонӣ дошта, пешниҳодҳо бо чунин мазмун меоянд. Баъзан одами қаблан наздик таҳдид мекунад, ки аксҳо ва наворҳои маҳрамонаро дар Интернет паҳн мекунад.

Дисинг – Паҳн кардани иттилооти бардурӯғ дар бораи қурбонӣ ба хотири зарба задан ба обрӯи ӯ. Дар ин мавридҳо мукотибаҳои фейкӣ сохтаву паҳн мешаванд.

Таҳримҳо асосан дар дохили коллективи воқеӣ сурат мегирад. Шахси  қурбонишударо аз чатҳо ва гурӯҳҳои умумӣ мебароранд, ва бо ин роҳ имкон намедиҳанд дар муҳокимаҳо андешаи худро баён кунад. Сабаҳо гуногун шуда метавонанд.

Шахсияти (ҷаълӣ) қалбакӣ – Бо роҳи шикастани саҳифаи корбар ва ё сохтани нусхаи он иттилооти бардурӯғ паҳн карда, бо ҳамин роҳ ӯро сиёҳ мекунанд. Ҳамчунин, аз номи қурбонӣ паёмакҳои таҳқиромез ба суроғаи шиносҳо, муаллимон (агар шахсияти қалбакӣ мактабхон бошад) ва ғ. равон карда мешавад.

Ифшои маълумоти шахсӣ – Нашри ҳар гуна маълумот дар Интернет доир ба ягон нафар, ки маълумоти хусусӣ ҳисоб мешавад ва дар натиҷа, паёмадҳои вазнинро ба бор меорад. Аз ҷумла, зикри суроғаи ягон одами машҳур, ки дар натиҷа у маҷбур мешавад ба ягон ҷои дигар кӯчад, ё паҳн намудани аксҳои маҳрамона ва ё манбаи даромади инсонҳо низ яке аз намудҳои озору азият мебошад.

Кибербуллинг аз чӣ шурӯъ мешавад?

Коршиноси тоҷик Фирӯза Мирзоева мегӯяд, ки кибербуллинг ҳама гуна амали манфиест, ки ба таври систематикӣ такрор мешавад ва қурбонии он метавонад ҳар шахс, новобаста аз синну солаш гардад.

Ба қавли номбурда, кибербуллинг мисли ҳар як озору азияти дигар метавонад бо баҳонаҳои гуногун сар шавад.

Ф. Мирзоева таъкид мекунад, ки агар кӯдак ба чунин озору азият гирифтор шаванд, бояд дар навбати аввал ба волидайн ё нафаре, ки ба ӯ эътимод дорад, дар ин бора хабар диҳад, то ки мавриди ҳимоя қарор гирад.

Аммо саволи матраҳ ин аст, ки кӯдак чӣ гуна исбот мекунад, ки дар Интернет мавриди озору азият қарор гирифтааст?

Ба ин хотир, ӯ бояд тамоми маълумотеро, ки метавонанд ҳамчун далел хизмат кунанд, ҷамъ оварад, аз ҷумла, скриншотҳои таҳдидҳо, масхара карданҳо, ҳамлаҳои кибербуллер ва сабти сӯҳбатҳои телефонӣ ва аудиоиро.

Ба андешаи Ф. Мирзоева, волидайн дар навбати худ бояд такягоҳу муҳофизи кӯдакони худ шаванд. Ҳамзамон кӯдак бояд бовар дошта бошад, ки волидайн барои ҳифзи онҳо ҳама корро мекунанд, ки аз озору азият ҳимоя кунанд. Аз ҷониби дигар, волидайн баъди ҷамъ овардани далелҳо бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд, то ки таъқиби фарзандашон дар Интернет ё ягон шабакаи иҷтимоӣ қатъ шавад.

Ин коршинос мегӯяд, ки кибербуллер метавонад ҳар як одам бошад, ҳатто одами комилан бо шумо ношинос, аммо маъмулан пушти саҳифаи беном метавонад ягон одами шинос бошад.

Саволи матраҳ ин аст, ки  вобаста шудани ҷавонону наврасонро ба кибербулинг чӣ гуна муйяан кардан мумкин аст?

Шоҳсанам Саидова корманди Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, азбаски кибербуллинг дар фазои маҷозӣ рух медиҳад, пешгирӣ, омӯхтан ва вокуниш нишон додан ба ҳолатҳои киберубуллинг душвор аст.  Барои муайян кардани вобасташавӣ, сабабҳои озордиҳӣ ва усулу намудҳои озордиҳӣ дар интернет таҳқиқотҳо бояд гузаронда шаванд.

– Падару модарон ва омӯзгорон, ки бештар ба наврасон ва ҷавонон наздиктаранд, метавонанд кибербуллингро зудтар мушоҳида намуда, ин ҳолатҳоро муайян созанд ва пешгирӣ намоянд, аммо барои ин лозим аст, ки бо кӯдак оиди бехатарӣ дар интернет суҳбат намоянд, ба рафтори кӯдакон ва истифодаи сомонаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳову порталҳои гуногун аз ҷониби фарзандони худ диққати махсус диҳанд, – иброз медорад Ш. Саидова.

Назарсанҷиҳо чӣ мегӯянд?

Раҳбар Маҷидова, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии “Гурдофарид”, бо истинод ба як тадқиқоте, ки ба ҳамин наздикӣ миёни наврасон ва ҷавонони аз 12 то 35 гузаронда шудааст, мегӯяд, ки кибербуллинг ҳоло дар Тоҷикистон зиёд паҳн нашудааст. Дар ин назарсанҷӣ (фокус гурӯҳ) 180 нафар ва дар назарсанҷии онлайнӣ 350 нафар иштирок кардаанд.

Ба саволи он ки оё онҳо медонанд, ки кибербуллинг чист, 56% ҷавоб додаанд, ки намедонанд. Танҳо 44% эътироф кардаанд, ки дар бораи кибербуллинг маълумот доранд. 15% пурсидашудагон ҷинси зан будаанд. Ба саволи он ки ба каом намуди кибербуллинг дучор шудаанд, ҷавоб додаанд, ки онҳоро асосан аз гурӯҳ ва ё гурӯҳҳои умумии ҳамсинфон ва ҳамсолон хориҷ кардаанд.

То ҷое, ки мо медонем, маъмулан онҳое, ки мавриди кибербуллинг қарор мегиранд, аз чатҳо ҳазф мешаванд, ба таври сарфи назар мешаванд, ба таври оммавӣ ба хадамоти ёрирасон шикоят фиристода мешавад, то ки корбари мавриди азияту озор қароргирифта бан монда шавад.

Назарсанҷие, ки Ташкилоти ҷамъиятии “Баробарӣ” соли 2019 дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳри Душанбе миёни мактаббаҷаҳои пойтахт гузаронда буд, нишон медиҳад, ки бештар аз 40 % шогирдон гуфтаанд, ки дар фазои маҷозӣ худро роҳат эҳсос мекунанд ва аз волидан шавқу завқи худ, мукотиба, саҳифаи худро  дар шабакаҳои иҷтимоӣ пинҳо нигоҳ медоранд.

Онҳо ҳамчунон эътироф кардаанд, ки агар ба шабакаҳои иҷтимоӣ муддати зиёд ворид нашаванд, асабӣ ва афсурда мешаванд, зеро сӯҳбати дӯстони маҷозиро пазмон мешаванд.

Дар натиҷаи назарсанҷии мазкур маълум гардид, ки шогирдони мактабҳои Душанбе  ҳар рӯз то 2 соат вақти худро сарфи шабакаҳои иҷтимоӣ мекунанд.

Аммо ҳамчунин маълум гардид, ки як теъдод то 6 соат вақти худро дар Интеннет гузаронда, ба “ҳаёти маҷозӣ” одат кардаанд, ки ин ба рушди психологӣ ва ҷисмонӣ хатари ҷиддӣ дорад.

Ҳамчунон пурсидашудагон сабабҳои асосии азияту озор дар фазои маҷозиро низ гуфтаанд. 60% гуфтаанд, ки азияту озори одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ саргармии аҷиб аст. 50 % ба ин боваранд, ки дар Интернет касеро, ки ба озору азият ё кибербуллинг машғул аст, шиносоӣ карда наметавонанд, аз ин рӯ, эҳсосоти манфии худро дар инҷо баён мекунанд. 45% гуфтаанд, ки таҳқир дар Интернет роҳи қассосгирӣ аст. 15%  иброз доштаанд, ки касоне таҳқир мешаванд, ки онро сазоворанд.

Ҳамчунон 35% эътироф кардаанд, ки худашон низ дар Интернет одамонро таҳқир намудаанд, аммо дар бораи паёмадҳои он чизе намедонистанд. Беш аз 50% гуфтаанд, ки мавриди кибербуллинг қарор гирифтаанд.

48,5% иброз доштаанд, ки дар сурати дучор шудан ба кибербуллинг ба волидайн гап мезананд, 33,7% гуфтаанд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд. 19% ба дӯстон хабар медиҳанд. Танҳо 8% изҳор доштаанд, ки ин мавзӯъро бо устодони мактаб баррасӣ менамоянд.

Мутахассисон мегӯянд, ки барои бехатарии шахсии корбарон барномаҳои гуногун сохта истодаанд. Ҳамчунин, ҳар як платформае, ки корбарон истифода мекунанд, дорои функсияҳои ҳимоякунӣ мебошанд.

Масалан дар Фейсбук функтсияҳои маҳдуд намудани аудитория вуҷуд дорад, ки имконият медиҳад ба аксҳо ва дигар маълумотҳое, ки ба худи мо иртибот доранд, одамоне, ки ба кибербуллинг машғуланд, дастрасӣ надошта бошанд. Ё агар мо функтсияи «отметить»-ро хомӯш кунем, ягон кас бе иҷозати худи мо моро дар ягон сомона ё саҳифаи шубҳаовар дарҷ карда наметавонад.

Ҷазо барои кибербуллинг

Ҳоло дар  як қатор кишварҳо, аз ҷумла Англия, Олмон, Фаронса, Зеландия Нав, Чин, Русия, Қазоқистон ва ғ. рафтор дар Интернет, ки барои ба вуҷуд овардани ғаму андӯҳи ҷиддӣ равона карда шудааст, ҳамчун амали ҷиноятӣ баррасӣ карда мешавад. Дар баъзе кишварҳо чунин қурбониҳо метавонанд барои ҳимоя муроҷиат кунанд, онҳо ҳамчунин метавонанд ба он ноил шаванд, ки тибқи ҳукми суд таъқибкунанда аз воситаҳои электронӣ ба таври муваққатӣ ё маҳдуду истифода барад. Ин кор ба он хотир амалӣ мешавад, ки таъқибкунанда барои идомаи озору азият дигар имконият надошта бошад.

Коршинос Шоҳсанам  Саидова мегӯяд, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳое, ки бевосита ба ҷавобгарӣ барои содир кардани кибербуллинг равона гардидаанд, қабул нагардидаанд, аммо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии кишвари мо дорои бисёр меъёру механизмҳо барои ҳимояи ҳуқуқҳои шахсӣ мебошанд.

Шахсеро, ки кибербуллинг содир кардааст метавон тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҳам ҷиноятӣ ва ҳам гражданӣ кашид. Вобаста ба зарари расонидашуда тавассути муроҷиат ба суд бо истифодаи меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ.

Аз ҷумла: Моддаи 144. Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ; Моддаи 146. Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти телеграфӣ ё дигар мухобирот; Моддаи 165. Ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят; Моддаи 166. Ҷалби шахси ноболиғ ба содир намудани кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ; Моддаи 140. Маҷбур намудан ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ; Моддаи 137. Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯ; Моддаи 137(1). Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ё тӯҳмат кардан ба ӯ; Моддаи 109. Ба худкушӣ расондан; Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият.

Ҳамчунин тавассути меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ шаҳрвандон дар асоси меъёрҳои зерин метавонанд ба суд муроҷиат намоянд: Моддаи 171. Ҷуброни зиёни маънавӣ; Моддаи 172. Ҳифзи ҳуқуқи шахсии ғайриамволӣ; Моддаи 174. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ; Моддаи 174(1). Ҳифзи шаъну шараф ҳангоми тӯҳмат ё таҳқир; Моддаи 175. Ҳуқуқи ҳифзи сирри ҳаёти шахсӣ; Моддаи 176. Ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ; Моддаи 1116. Андозаи ҷуброни зарари маънавӣ ва дигар моддаҳо.

Нуралӣ ДАВЛАТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь