Ёде аз муаллими зиндаёд, директори собиқи мактаби деҳаи Ҳуҷапанҷ Абдурозиқ Қодиров

«Аз некон боғ ва аз бадон доғ мемонад» мегӯянд, ки барҳақ рост аст. Ман бори дигар вақте моҳияти ин пандро дарк кардам, ки бо сафари якрӯза дар деҳаи Хӯҷапанҷи шаҳри Панҷакент қарор доштам. Бо аксари мардуме, ки ҳамсӯҳбат мешудам, хоҳ муаллим ва хоҳ деҳқон, бахусус насли калонсолу миёнасол аз муаллим ва собиқ директори мактаби деҳаи Хӯҷапанҷ шодравон Қодиров Абдурозиқ ба некӣ ёд мекарданд ва аз хизматҳои эшон дар рушду нумӯи маориф дар ноҳия ва дар деҳаҳои гирду атроф нақл менамуданд. Бо бозгашт аз Хӯҷапанҷ тасмим гирифтам, ки роҷеъ ба фаъолияти ин марди накӯном ёддоште омода кунам. Зеро чунин одамоне, ки баъд аз маргашон бо ин қадар суханони нек аз эшон ёд мекунанд, ками андар каманд. Ёде аз чунин шахсиятҳо беҳтарин сабақе барои шогирдон аст.

Албатта дар шаҳру деҳоти Панҷакент миёни муаллимони муассисаҳои таълимӣ ҳам дар гузаштаву ҳам имирӯз шахсиятҳое буданд ва ҳастанд, ки номи эшон ҳамеша вирди забони мардум аст. Вақте номи эшонро мегиранд, ҳамеша пеш аз ном унвони пурифтихори муаллимро ба номашон ҳамроҳ мекунанд. Онҳоро ҳамеша, ки дар баробари тарбияи насли наврас инчунин дар ободонӣ ва пешрафти маориф саҳми арзанда гузоштаанд, дар маҷлису маҳфилҳои гуногун, дар тӯю маъракаҳо ва ҳатто дар нишастҳову маҷлисҳои мансабдорон ба некӣ ёд мекунанд ва ба дигарон ташвиқ мекунанд, ки аз онҳо ибрат гиранд ва корҳои неки эшонро идома диҳанд. Зеро ба қавле онҳо сидқан муаллим буданд ва қалбу вуҷудашон ҳама ба тарбия равона карда шуда буд. Танҳо бо овардани номи чунин шахсиятҳо инсон ба маънои воқеии муаллим сарфаҳм меравад ва азизу муқаддас будани ин вожаро дарк мекунад.

Омӯзгоре гуфт: “- Муаллим Қодиров Абдурозиқ шахсе буданд, ки намешавад аз эшон ба некӣ ёд накунем. Хизматҳои эшон борҳо қадрдонӣ шудааст. Устоди мо дорандани нишонаи сарисинагии “Аълочии маорифи Точикистон”, соҳиби унвони “Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ветерани мехнат” гардида буданд ва то охири умр ҳама донишу заҳмати худро дар тарбияи насли наврас харҷ кардаанд”.

Аз нақли муаллимони мактаби деҳаи Хӯҷапанҷ маълум мешавад, ки муаллим Қодиров на танҳо дар деҳаи Хӯҷапанҷ кору фаъолият доштаанд, он кас инчунин дар ободонӣ ва кушодани мактабҳо дар якчанд деҳаҳои ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент низ саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

Устод Қодиров Абдурозиқ соли 1930 дар деҳаи Хӯҷапанҷи шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, мактаби ҳафтсолаи деҳаро соли 1943  хатм намуда, соли 1946 ба интернати давлатии шаҳри Панҷакент дохил шуда, сипас соли 1950 синфи 10- ро дар МТМУ рақами 1 (Ҳоло ба номи И.П.Разин ) ба итмом мерасонанду соли 1950 ба Институти педагогии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1954 хатм намудаанд. Аз соли 1954 то  соли 1956 дар мактаби миёнаи ба номи Фирдавсии дехаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор дар вазифаи ҷонишини директор оид ба таълим кор кардаанд. Дар солҳои 1957 -1960 фаъолияти педагогии худро ба ҳайси омӯзгор, муовини директор ва директор дар мактаби дехаи Равот, ки он чо аз се деҳаҳои ҳамсоя талабагон таҳсил мекарданд давом додаанд. Баъдан аз соли 1961 то соли 1977 директори мактаби 8- солаи рақами 52, деҳаи Хӯҷапанҷ буданд.

Соли 1957 бо Хӯҷаёрова Зебо хонадор шуда, соҳиби 8 фарзанд гардиданд, ки воқеан зиндагии хушбахтона ва намунаи ибрат буданд. Бахтиёр Қодиров фарзанди Қодиров Абдурозиқ, ки имрӯз унвони профессориро доранду дар яке аз донишгоҳҳои бузурги Россия кору фаъолият доранд, нақл намуданд, ки «Бобои падарам, ки дар Самарқанду Бухоро бо номи Ғафурпаҳлавон  ва дар водии Зарафшон бо номи  Муллоғафур шӯҳрат доштанд,  таҳсилкардаи мадрасаи Бухоро ва паҳлавони дарбори амир буданд. Падарашон Ғафуров Қодир иштирокчии ду ҷанги ҷаҳонӣ ва  яке аз фаъолони барпокунандаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар води Зарафшон ба ҳисоб мераванд».

Қодиров Абдурозиқ дар баробари фаъолияти муаллимӣ инчунин шаш маротиба депутати шӯрои деҳоти Амондара интихоб шуда, ҳамеша дар паҳлӯи мардум буданд ва дар рушду нумӯи на танҳо ҷамоати Амондара, балки кулли ноҳия саҳм гузоштаанд. Аз нақли муаллимон бармеояд, ки Қодиров Абдурозиқ дуюмин дорандаи маълумоти олӣ дар ҷамоати Амондара будаанд. Нахустин нафаре, ки бо маълумоти олӣ ба ин ҷамоат омадааст, устоди эшон Эшонҷонов  Абдуғанӣ мебошанд.

Қодиров Абдурозиқ инчунин иштирокчии бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Москва соли 1952 будаанд. Муаллим Кодировро бунёдгузори мактаби нав дар деҳаи Хуҷапанҷ низ меноманд. Зеро бинои мактаби нав дар деҳаи Хӯҷапанҷ маҳз бо дархости депутатии онкас ва дастгирии раиси колхози Жданов шахси ободкор Ахмедов (аз деҳаи Майкада) бунёд гардидааст.

Аз нақли мардум бармеояд, ки падари эшон Ғафуров Қодир низ хизматчӣ буд ва дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият кардааст.

Қодиров Розиқ аз худ 8 фарзанд, 4 писар ва 4 духтар боқӣ гузоштаанд, ки имрӯз писарон ҳама давомдиҳандаи касби падаранд. Фаъолияти имрӯзи чор писари эшон худ гувоҳи он аст, ки ҳама рисолати падарро иҷро намуда истодаанд ва ифтихор аз номи падар мекунанд.

Фарзанди калонии устод Кодиров Абдураззоқ- рассом, хатмкунандаи Омӯзишгохи омӯзгории шаҳри Панҷакент (бо дипломи сурх), хатмкунандани Донишкадаи педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров), факултети расм ва нақшакашӣ (бо дипломи сурх) мебошад. Фаъолияти кориашонро аз мактаби миёнаи раками 5-и шаҳраки Оби гарми ноҳияи Файзобод оғоз намуда, баъд дар Омӯзишгохи омӯзгории шаҳри Панҷакент давом дода, холо дар шахри Маскав чун рассом фаъолият доранд.

Қодиров Бахтиёр, фарзанди дигар – доктори илмҳои педагогӣ, профессор, корманди шоистаи илм ва маориф, аъзокорреспонденти Академияи фанҳои табиатшиносии Федератсияи Россия, хатмкардаи Донишкадаи педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобочон Ғафуров), факултети математика мебошад. Мавсуф фаъолияти кории худро ҳамчун муаллими математикаи мактаби миёнаи раками 44 оғоз намуда, баъдан чун муаллими математикаи мактаби миёнаи раками 34, муаллими математикаи гимназия- интернати шахри Панчакент, чонишини директори гимназия- интернати шаҳри Панҷакент, директори бахши панҷакентии Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд, мудири лабораторияи фанҳои табиатшиносии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон, мудири кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, мудири бахши омӯзиш ва гузариш ба таҳсилоти 12- солаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ӯ алъон профессори кафедраи фанҳои табиатшиносии филиали Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж дар шахри Борисоглебск ва аъзои Шӯрои диссертационии назди Донишгоҳи давлатии Воронеж аст.

Қодиров Абдухолиқ, хатмкунандаи Донишкадаи политехники Точикистон, инжинери сохтмон, фаъолияти кориашро дар якчанд корхонаҳои сохтмонии шаҳри Панҷакент оғоз намуда, ҳоло дар шаҳри Тамбови Федерация Россия фаъолият дорад.

Қодиров Беҳрӯз – хатмкунандаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода аст ва ҳамчун муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти умумии №52- деҳаи Хӯҷапанҷ фаъолият дошт.

Духтарони муаллим Қодиров Абдурозик – Тоҷинисо;  Анзурат, Дилором ва Гуландом соҳибхоназан буда, ба тарбияи фарзандону наберагонашон машғуланду дар корҳои ҷамъиятии деҳа ташаббускоранд.

Наберагони муаллим Кодиров Абдурозик, Бехзод ва Бунёду Умедаю Манижаю Дурдона низ роҳи бобои худро пеша карда, дар Донишгоххои Федератсияи Россия ва мактабхои деҳоти Панҷакент фаъолият доранд.

Қодиров Абдурозиқ инчунин шогирдони зиёде тарбия намудаанд, ки алъон дар мартабаҳои  гуногуни давлативу ғайридавлатӣ ва илмӣ фаъолият доранд ва дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ин худ далели он аст, ки воқеан боғи парваришкардаи эшон хуб самара додааст ва аз ин боғ мардум манфиати хуб ба даст меоранд.

Холиқназар Ҷумъаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь