Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Асрорзода Убайдулло Саттор оид ба фаъолияти байналмилалӣ, илмӣ-методӣ ва сифати таълим дар донишгоҳ суҳбат намудем ва фишурдаи он пешкаши хонандагон мегардад.
Чунончи, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттило дод, ки боиси хушнудӣ ва ифтихори кулли омӯзгорону кормандони донишгоҳ аст, ки 24 майи соли 2024 Пешвои муаззами миллат ба бунёди маҷмааи биноҳои нави таълимии Донишакадаи байналмилалии Данғара санги асос гузоштанд.
Ташрифи Президенти мамлакат ба Донишкадаи байналмилалии Данғара ва ҳидоятҳояшон вобаста ба омодасозии мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ масъулияти моро дар тамоми самтҳои фаъолият боз ҳам бештар мегардонад.
Ректори донишгоҳи мазкур инчунин афзуд, ки дар пешорӯи ҷашнҳои худшиносӣ, яъне Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ қарор дорем ва дар ин фурсат истифода карда, ҳампешагони азизро бо Рӯзи касбиашон муборакбод мегӯям ва инчунин ба миллати сарбаланди тоҷик Рӯзи забони давлатиро ҳумоюн гуфта, таманнои онро дорам, ки забону давлати тоҷикон поянда бод!
– Пойгоҳи илмӣ ва тадқиқотӣ барои донишгоҳ албатта, зарурат дорад ва ин нуктаро Пешвои миллат низ таъкид карда буданд ва Шумо дар ин хусус каме маълумот медодед…
-Бале. Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Мулоқот бо аҳли илму маорифи мамлакат таъкид доштанд: “Бо мақсади густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди устувор, “иқтисоди сабз” ва сайёҳиву соҳибкорӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии “Иқтисоди сабз” ва “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” таъсис дода шуданд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №199 аз 30 марти соли 2024 Оиннома ва сохтори нави идоракунии Донишгоҳ тасдиқ гардида, тибқи он дар сохтори муассиса 2 пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотӣ, 3 институти таълимӣ, 10 Марказ ва дигар воҳидҳои сохтории вобаста ба меъёрҳои ҷаҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шудааст.
Дар баробари ин, ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, №380 донишкадаҳои байналмилалии Донишгоҳ дар шаҳрҳои Левакант, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара таъсис дода шуданд, ки ҳадафи асосии онҳо рушди таҳсилоти олии касбӣ дар минтақаҳо, таъмини дастрасӣ ва қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ба таҳсилоти олии касбӣ дар минтақаҳо ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бо ҳадафи баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар дар самти таҳсилот мебошад.
–Ҳар донишгоҳи олӣ мекӯшад самти илму инноватсияро рушду равнақ диҳад ва дар ин росто Ҳукумати ҷумҳурӣ бо раҳнамоҳои Пешвои муаззами миллат самти илмиро диққат дода, баҳри пешрафти он шароитҳои муносибро ба роҳмондааст. Аз ин лиҳоз, донишгоҳ дар самти пешрафти илму инноватсия чӣ тадбиру заминаҳоро роҳандозӣ кардааст?
-Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва инноватсионии донишгоҳ низ дар нуҳмоҳаи ин давра дар доираи иҷрои Стратегия ва барномаҳои давлатии самти илм ба роҳ монда шуд.
Дар Донишгоҳ дар ин давра нашри ду маҷаллаи илмӣ бо номҳои “Иқтисод ва сайёҳӣ: тамоюл ва дурнамо” ва “Масоили мубрами давлат, ҷомеа ва ҳуқуқи муосир” ба роҳ монда шуд, ки нашри рақами №1 онҳо аз чоп баромад.
Дар ин давра 9 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби 6 нафар устодон барои гирифтани дараҷаи илмии “Дотсент” ба КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо пешниҳод гардиданд.
Дар нуҳмоҳаи аввали соли 2024 аз ҷониби ҳайати порфессорону омӯзгорони Донишгоҳ 14 монографияи илмӣ, 6 китоби дарсӣ, 19 васоити таълимӣ, 10 дастури методӣ, 1293 мақолаҳои илмӣ, ки аз онҳо 3 мақолаи Скопус, 265 мақолаҳои байналмилалӣ, 107 мақолаҳои дар маҷаллаҳои эътирофнамудаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 213 мақолаҳои ҷумҳуриявӣ ва 365 мақолаи илмӣ-оммавӣ мебошанд, нашр гардид. Ҳамчунин, дар давраи мазкур аз тарафи донишҷӯён 310 мақолаи илмӣ дар 6 маҷмӯаи алоҳида аз чоп баромад.
Дар давра ба донишгоҳ барномаи антиплагиат харидорӣ карда шуд, ки тамоми корҳои илмии омӯзгорону унвонҷӯён ва магистрантону докторантон аз он гузаронида шуд. Ҳолати мазкур боиси баланд гардидани сифати рисолаҳои хатми донишҷӯёну магистрантон гардид.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти илмӣ-инноватсионии донишгоҳ баргузор намудани машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳо мебошад. Дар нуҳмоҳаи аввали соли 2024 дар донишгоҳ 5 конфронси байналмилалӣ, 2 конфронси ҷумҳуриявӣ, 2 ҳамоиши илмӣ, 19 мизҳои мудаввар, 33 семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва 84 семинарҳои омӯзгорон баргузор гардидааст. Яке аз чунин чорабиниҳои сатҳи баланд, ин санаи 12 июни соли 2024 дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маорифи кишвар, баргузор намудани Ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрам ва авлавиятҳои таҳқиқоти илмӣ дар самти иқтисод” буд.
Санаҳои 11-15 марти соли 2024 давраи донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2024 баргузор гардид. Дар Озмуни мазкур 280 нафар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд ва аз ин миқдор 25 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Дар давраи ноҳиявии Озмун аз 25 нафар омӯзгорон ва донишҷӯён, 9 нафари онҳо бо гирифтани 3 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуввум ва 4 ҷойи сеюм ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфтанд.
Дар ин давра дар доираи ҷамъбасти даври донишгоҳии Озмуни “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” аз рӯи 4 номинатсия 16 кори илмӣ аз ҷониби унвонҷӯёну донишҷӯёни донишгоҳ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. 24 апрели соли 2024 бахшида ба Рӯзи илми тоҷик маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни болозикр баргузор гардид, ки ду нафар донишҷӯён бо гирифтани ҷойҳои дуюм ва сеюм ғолиб дониста шуданд.
Дар олимпиадаи муассисаҳои таҳсилоти олии касби аз фанни “Асосҳои фаъолияти гумрукӣ”, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 20 январи соли 2024 баргузор гардид, 4 нафар донишҷӯёни донишгоҳ соҳиби ҷойҳои сеюм ва ифтихорӣ гардиданд. Инчунин, 2 марти соли 2024 донишҷӯёни ихтисосҳои зертобеи факултети технологияҳои рақамӣ ва менеҷмент дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин барномасоз”, ки бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон миёни донишҷӯёни МТОК Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, соҳиби ҷойи сеюм гардида, бо Диплом ва маблағҳои ҳавасмандӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар ин давра 96 маротиба ҷаласаи маҳфилҳои илмӣ гузаронида шудааст, ки дар кори онҳо зиёда аз 1026 нафар донишҷӯён иштирок намудаанд. Дар ҷаласаҳои мазкур зиёда аз 716 маърӯзаҳои донишҷӯён шунида шудааст.
Ҳамин тавр, ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ, баланд бардоштани рейтинги донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ, муаррифӣ намудани дастовардҳои илмии донишгоҳ, ҷалби олимони ҷавон дар самти илм ва технология, ташаккули тафаккури илмии донишҷӯён роҳбарияти донишгоҳ пешниҳод намуд, ки соли 2025 дар донишгоҳ ба рушди таҳқиқоти илмӣ ва корҳои инноватсиионӣ афзалият дода шавад.
-Азбаски донишгоҳ унвони байналмилалиро доро мебошад, албатта, ҳамкориҳо ва табодули таълимию ихтисосиро донишгоҳ дар мадди аввал мегузорад, луфтан мегуфтед, ки робитаҳои байналмилиро донишгоҳ чӣ гуна ба роҳ мондааст?
-Имрӯз дар шароити воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Масъалаи мазкур барои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касби дорои мақоми байналмилалӣ хеле мубрам ва калидӣ арзёбӣ мешавад.
Дар нӯҳмоҳаи соли 2024, раёсати Донишгоҳ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи муқаррароти созишномаҳои байналмилалӣ фаъолиятро ба роҳ монд ва натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар ин давра, бо 15 муассисаи таълимӣ ва марказҳои таълимиву илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд, ки ба татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак, ҷорисозии таҳсилоти дуалӣ ва дудиплома, табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак, амалисозии чорабиниҳои илмӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва ғайраҳо равона гардидаанд.
Бо дарназардошти муқаррароти Оиннома ва сохтори ташкилии идоракунии Донишгоҳ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №199 тасдиқ гардид, дар соли таҳсили 2024-2025 дар асоси шартномаҳо ва созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти ташкили факултетҳои муштарак, татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак, таъсиси филиалҳо, ҷорисозии таҳсилоти дуалӣ ва дудиплома, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак, амалисозии чорабиниҳои илмӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва ғайраҳо корбарӣ карда мешавад.
Дар нӯҳмоҳаи соли равон ташрифи шарикони хориҷӣ ба донишгоҳ зиёд гардид. Дар давраи ҳисоботӣ роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Корея, Шоҳигарии Британия Кабир, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба донишгоҳ ташриф оварданд.
Дар баробари ин, дар ин давра 21 мулоқоти маҷозӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо намояндагони муассисаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Испания, Швейтсария, Малайзия, Эстония, Ҳиндустон, Давлати Қатар, Корея, Федератсияи Россия, Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки 30 марти соли 2024 ташрифи роҳбари минтақаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказии дафтари Институти Гёте (Goethe-Institut) доктор Ҳайке Уҳлиг ба Донишгоҳ сурат гирифт.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ин давра ташрифи Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ба донишгоҳ ва бо унвони ифтихории “Профессори фахрӣ” сарфароз гардондани ӯ маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ, сафари кории намояндагони раёсат ва омӯзгорону кормандони донишгоҳ ҷиҳати бастани созишномаҳои ҳамкорӣ, гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ ба Давлати Қатар, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Туркия, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Гурҷистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт.
Ҳамзамон, дар нӯҳмоҳаи соли 2024 роҳбарияти донишгоҳ дар форуми байналмилалии сайёҳии ITB Berlin-2024, Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қатар, Форумии иқтисодии ҷавонони Авруосиё, Форуми иқтисодии байналмилалии Қазон ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Теҳрон ва саноати марбут ба он, Формуми байналмилалӣ бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ” (World Tourism Day – 2024) (шаҳри Тифлиси Ҷумҳурии Гурҷистон) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Имрӯз яке аз омилҳои муҳимми баландбардории рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷалби довталабони хориҷӣ мебошад. Дар нӯҳмоҳаи соли 2024 бо муассисаҳои таълимии Давлати Қатар, муассисаҳои Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҷалби довталабон ба зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос корбарӣ карда шуд.
Дар нӯҳмоҳаи соли 2024, дар донишгоҳ 3 конфронси илмию амалии байналмилалӣ бо ҷалби олимону коршиносони хориҷӣ аз Ҳиндустон, Шри-Ланка, Камбоджа, Индонезия, Малдиви, Федератсияи Россия ва Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайраҳо тариқи маҷозӣ доир карда шуданд.
Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзҳои 25-27 сентябри соли 2024 намояндагони донишгоҳ дар ташкил ва баругзориии Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2024 (қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2024, №581 «Дар бораи баргузор намудани «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024» (Dushanbe International Tourism Exhibition-2024)») фаъолона ширкат варзиданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи чорабиниҳои мазкур раёсати донишгоҳ мутахассисони касбиро аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Гурҷистон ва Ҳиндустон даъват намуда, барои кормандони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, роҳбаладҳо ва хоҳишмандон мастер-классҳо доир намуда, бо шаҳодатномаҳо сарфароз намуд.
Албатта, бояд тазаккур бидиҳам, ки ҳамкориҳои байналмилалиро беш аз пеш тақвият дода, мекӯшем дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам мақеи устувортарро ишғол намоем.
-Таълиму тарбия дар муассисаҳои олӣ дар мавқе аввал қарор мегирад, дар донишгоҳ самти таълим дар кадом самту поя қарор дорад?
-Татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ҳама дар самти таҳкими равандҳои таҳсилотӣ, баланд бардоштани сатҳи азхудкунӣ, сифати таҳсилот ва омода намудани кадрҳои ба талаботи имрӯза ва ояндаи бозори меҳнат ҷавобгӯ, аз ҷумлаи тадбирҳои доимии раёсати донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Дар ин давра барномаҳои таҳсилотии донишгоҳ дар доираи Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ то ба 80 адад расонида шуда, боиси зиёд шудани нақшаи қабул ва то ба 40% афзоиш ёфтани теъдоди омӯзгорон гардид.
Раванди таҳсилот дар донишгоҳ бо дарназардошти эҳтиёҷоти муосири иқтисодиёти мамлакат пайваста такмил дода шуда, нақша ва барномаҳои таҳсилотӣ пурра таҷдиди назар карда шуданд ва ҳуҷҷатҳо барои аз аккредитатсияи ниҳодии байналмилалӣ гузаронидани донишгоҳ омода карда шуда, ба Агентии мустақил оид ба таъмини сифати таҳсилот (IQAA) барои баррасӣ ирсол карда шуданд.
Дар ин давра, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо бо беш аз 30 корхонаву ташкилотҳои истеҳсолию хизматрасонии ватаниву хориҷӣ дар мавриди гузаштани таҷрибаомӯзӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Ҷиҳати таҳкими минбаъдаи сифати баргузории машғулиятҳо ва истифодаи самараноки технологияҳои муосири таълим, раванди баргузории зиёда аз 200 машғулиятҳо аз ҷониби коршиносон мавриди назарсанҷӣ қарор дода шуда, машғулиятҳои намунавии омӯзгорон ҷиҳати баҳрабардорӣ ба омӯзгорони ҷавон тавсия карда шуд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ зиёда аз 100 нафар донишҷӯён ба курси ройгони омӯзиши “Фарҳанги дастархондорӣ” фаро гирифта шуда, дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси хизматрасон ҷалб гардида истодаанд.
Ҷиҳати таъмини ҳамгироии байналмилалии равандҳои таҳсилотӣ бо ҷалби омӯзгорон, олимону коршиносони варзидаи хориҷӣ, аз ҷумла аз муассисаҳои таълимӣ ва илмии Швейтсария, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Индонезия, Нидерланд, Малайзия, Чин, Олмон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон зиёда аз 80 лексияи маҷозӣ, семинарҳо, машғулиятҳои шабакавӣ ва озмунҳои таълимӣ доир карда шуданд.
Дар ин давра шакли маҷозии такмили ихтисоси ҳайати омӯзгорони ҷавон бо ҷалби коршиносону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат доир карда шуд.
“МТЖТ”