Чеҳраи гарму самимӣ, абрӯвону миҷгони сиёҳи зебо ва чашмони ҷозибадори шаҳло доранд. Он ҳалқаву гарданбанде, ки ба гардан меандозанд, ба ҳуснашон латофати дигаре зам мешавад. Ин суханҳо атрофи омӯзгори хушсухан, соҳибэҳтиром ва соҳибмаърифат – Муҳаббат Назарова меравад.
Муҳаббат Назарова 15-уми августи с.1987 дар деҳаи Хирманҷои н.Шамсиддини Шоҳин собиқ н.Шӯрообод дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12, бо нияти омӯзгор шудан соли 2004 ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи ДМТ супорид. Мавсуф касби омӯзгориро худаш интихоб намудааст ва сабаби интихоби касби мазкурро дар муаллимаи деҳаашон мебинад.
–Ҳангоми таҳсил дар мактаби зодгоҳам, муаллимае доштам, ки бисёр меҳрубону дилсӯз буданд ва ҳама эҳтиромаш мекарданд. Ҳамноми худам буданд. Хислату рафтору муаллимаро дида, меҳри омӯзгори дар ман пайдо шуд. – мегӯяд Муҳаббат Назарова.
Дар даврони донишҷӯи ҳам дар ансамбли тарона ва рақси “Рухшона ” ва ҳам дар ансамбли “Наврӯз “- и ДМТ кору фаъолият мекард. Ҳамин тавр соли 2009 донишгоҳро бо муваффақият хатм намуд. Баъд аз он, ки донишгоҳро бо сари баланд хатм намуд, дар МТМУ №5-и шаҳри Душанбе ба ҳайси муаллимаи забони модарӣ, адабиёти тоҷик ва алифбои ниёгон муддати се сол дарс гуфт. Аз соли 2013 то инҷониб дар кафедраи забонҳои хориҷии факултаи журналистикаи ДМТ ба сифати муаллимаи забони тоҷикӣ ва маҳорати суханварӣ таълим медиҳад. Дар баробари кори омӯзгорӣ, муаллима сурудхони низ мекунанд. Мегӯяд, ки бе раҳнамоии устод, шогирд дар ягон касб муваффақ шуда наметавонад. Дар ҷодаи санъату мусиқӣ устоди муаллима падарашон ҳастанд. Дар аввал падарашон вазифаи директори ансамбли “Наврӯз”-ро ба дӯш доштанд. Бо сабаби беморӣ вазифаи мазкурро супориданд, вале дар ин ансамбл то кунун кору фаъолият мекунанд. Тӯли 15 сол Муҳаббат Назарова аз саҳна дур буд, зеро ба таълиму тарбияи фарзанд машғул буданд. Муҳаббат Назарова аз овони хурди ба овозхони майлу рағбати беандоза дошта, сурудҳои дигар сарояндаҳоро аз ҷумла Гулчеҳра Содиқова, Наргис Садриддинова, Манижа Давлатова, Лола Азизоваро гӯш мекард ва ҳунари овозхонии онҳоро қадр мекунад. Муҳаббат Назарова бо сабку услуби хониши хоси худ аз дигар сарояндаҳо ба кулли фарқ мекунад. Вақте ,ки дар саҳна ҳунари овозхонии Назароваро тамошо мекунем, дар чеҳраи ӯ шарму ҳаёи тоҷикона, хоксорӣ ва хандонрӯй буданашро мушоҳида мекунем. Ин ҳама бо шарофати омӯзгорони барҷаставу донишманд мебошанд, ки ба муаллима дар навбати аввал дарси одамгарӣ омӯзонидаанд.
Муаллима дар маҳфилҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва идона, ки дар донишгоҳҳо, мегузаранд, сурудхони мекунад. Инчунин ободгари тӯю маъракаҳо мебошад. Сафарҳои ҳунарӣ ба кишварҳои Ҳиндустон, Туркия ва давлати Русия дошт ва бо сипосномаву ҷоизаҳо қадрдонӣ шудааст.
Муҳаббат Назарова айни хол дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷистон ба номи Мирзо Турсунзода дар курси сеюм дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунад. Дар кори омӯзгори низ хеле масъулиятшинос буда, дар таълиму тарбияи донишҷӯён саҳми зиёде дорад.
-Муаллима дар корашон хеле сахткӯш ва масъулиятшинос ҳастанд. Кӯшиш мекунанд, ки ҳар коре, ки ба зимаашон гузошта шудааст, бе ягон камбудӣ сари вақт анҷом диҳанд. Дурӯягиро намеписанданд. Кӯшиш мекунанд, ки ниёзи ҳамаро бароварда гардонида, касеро ноумед накунанд. Бахусус бо донишҷӯён хеле меҳрубону самимӣ ҳастанд. Ба ҷузъитарин мушкилоти донишҷӯён расидагӣ мекунанд ва чизи аз дасташон меомадаро нисбати донишҷӯён анҷом медиҳанд. Шояд ҳамин хислати некашон бошад, ки ҳамаи донишҷӯён, новобаста аз он ки муаллима сарпараст (куратор)-ашон ҳаст ё не, дар пайдо шудани ҷузъитарин масъала, аз ҳама пеш барои маслиҳат назди муаллима меоянд. Чунин хислати муаллима Назарова Муҳаббат, аз он далолат мекунад, ки ӯ воқеан ҳам дили бузургу бекина дорад, зеро тавонистааст дили ҳазорон донишҷӯ ва ҳамкорону дӯстонро бо хоксориву самимияташ ба даст оварад. Мо аз он ифтихор дорем, ки бо чунин шахси зиндадилу заминӣ ҳамкор ҳастем! – мегӯяд ҳамкораш Манижа Баҳромзода.
Ду касб боиси ифтихори муаллима шудааст, чунки ҳар касе, ки бо муаллима во хӯрад, муаллимаро ҳурмату эҳтиром мекунад. Албатта, кори омӯзгорӣ, сарояндагӣ, таълиму тарбияи фарзанд кори саҳлу осон нест, вале суханҳои Пешвои Миллат занҳоро рӯҳбаланд мекунад ва боз мардонатар мешаванд.
Имрӯз муаллима зодрӯз доранд ва ба ин муносибат ӯро табрику муборакбод намуда, барояшон саломатии бардавом, рӯзгори хуш ва саодатманди хоҳонам.
Маҳина ОРЗУЕВА