Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Абдукарим Гадоев суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Номбурда нахуст қайд кард, ки Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия дар асоси нақшаи корӣ ва бо назардошти талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии маълумот», «Консепсияи миллии тарбия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», барномаҳои давлатии соҳаи маориф, дастурамалу низомнома ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф фаъолияти шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимиро ба роҳ монда, барои пешрафти кори соҳаи маориф, низоми кори коллективҳои омӯзгорӣ ва беҳдошти раванди таълиму тарбияи хонандагон ва дигар масъалаҳои марбути соҳа давоми нуҳ моҳи соли 2024 корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.
Инчунин, мавсуф изҳор дошт, ки рисолати мо кормандони соҳаи маориф тарбия намудани наврасону ҷавонон, бо роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар амал татбиқ намуда, барои рушди соҳаи маорифи ноҳия ва баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Таълимгоҳҳо, омӯзгорон ва таълимгирандагон
Номбурда афзуд, ки Шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ якҷоя бо роҳбарони муассисаҳои таълимию тарбиявӣ нуҳ моҳи соли 2024, тибқи нақшаи корӣ, ҷиҳатӣ дар амал тадбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифта, ба анҷом расонид.
Айни замон дар ноҳия 63 муассисаи таҳсилотӣ умумӣ, 1 литсей, давлатӣ 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази технологияи иттилоотӣ ва комуникатсионӣ, 1 Маркази рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳия, 6 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд.
Дар муассисаҳои томактабии ноҳия 26 гурӯҳи томактабӣ ба 524 нафар тарбиятгиранда бо таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Шумораи омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар соли таҳсили 2023-2024, 2124 нафар, аз онҳо 1171 нафар занон буда, аз он ҷумла бо маълумоти олӣ 1178/610, маълумоти олии нопурра 25/15, маълумоти миёнаи касбӣ 644/526 ва бо маълумоти миёнаи умумӣ 207/114 ба 48682/23666 нафар хонандагон таълиму тарбия медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои рохбарикунандаи соҳаи маориф ва омӯзгоронӣ фанҳои таълимӣ ба он нигаронида шудааст, ки низоми таълими кишварро ба стандартҳои ҷаҳонӣ муосир мутобиқ гардонида, ба ин васила таҷрибаи дар муассисаи таҳсилоти умумӣ корбурди усулҳои гуногуни фаъолгардонии хонандагон ҷорӣ мешавад.
Тибқи нақша бо Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳри Бохтар мувофиқа шуда, 168 нафар омӯзгорони фанҳои таълимӣ, 16 нафар муовинони директор оид ба корҳои таълиму тарбия, 8 нафар роҳбарони созмони хонандагон, 3 нафар мудирони боғчаҳо, 12 нафар мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак, 7 нафар китобдорон дар шаҳри Бохтар ва 5 нафар дар шаҳри Душанбе кадрҳои роҳбарикунанда ихтисосҳои худро такмил доданд.
Шӯро ва семинар оид ба раванди таълим
Мавсуф тазаккур дод, ки дар давоми нуҳ моҳи соли равон 6 ҷаласаи сайёри Шӯрои шуъбаи маориф дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №62 ва 28-и ноҳия гузаронида шуда, дар он зиёда аз 37 масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия, ки аз ҷониби кормандони шуъбаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ мавриди санҷиш қарор дода шудаанд, дар Шӯрои шуъбаи маорифи ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар ин давра низ 7 семенари амалии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва 5 семинари муовинони директор оид ба корҳои таълим ва тарбия гузаронида шуд. Дар ин семинарҳои омӯзишӣ масъалаҳои ҳуҷҷатгузорию назорати дохилимуассисавӣ, масъалаҳои таълиму тарбия ва сатҳу сифати дониши хонандагон, мавриди омӯзиш қарор дода шуда, аз ҷониби масъулини шуъбаи маорифи ноҳия ба иштирокчиёни семинарҳо дастуру супоришҳои мушаххас ва тавсеаҳои муфид пешниҳод карда шуд.
Дар ин давра ҳар ҳафта рӯзи душанбе ҷаласаҳои назоратии назди мудири шуъбаи маорифи ноҳия гузаронида шуда, дар онҳо масъалаҳои вобаста ба омӯзиш, амалишавии Барномаҳои давлатии соҳаи маориф ва роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Ҳамчунин бо мақсади амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) дар муассисаҳои таълимии ноҳия фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ мавриди санҷиш ва муҳокима ва баррасӣ карда шуд.
Бунёдкорӣ
Номбурда ҳамзамон изҳор дошт, ки бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ аз хисоби Барномаи “CASA- 1000» дар назди муассисаи №18 бинои дуошёна дорои 7- синфхона барои 168 чойи нишаст, бо ташабусси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории сармояи хориҷӣ (VOLIP) дар назди муассисаи №31 бинои дуошёна дорои 7 синфхона барои 168 ҷойи нишаст ва аз ҳисоби кумитаи падару модарон ва шахсони саховатманд дар назди муассисаи №42 бинои якошёна дорои 6 синфхона барои 144 ҷойи нишаст, бахшида ба ҷашни “Ваҳдати миллӣ” дар назди муассисаи №35 бинои дуошёна дорои 7- синфхона барои 168 ҷойи нишаст мариди истифода қарор дода шуданд.
Таъмиру сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия идома дорад. Бояд қайд кард, ки муассисаҳои таълимии №5, 8, 12, 21 ва 28 ҳамасола аз таъмири ҷорӣ бароварда мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли нави таҳсили нави 2024-2025 синфхонаҳои иловагии №26 (4 синфхона), №48 (4 синфхона), №57 (4 синфхона) бо ёрии ва кӯмаки кумитаи падару модарон ва шахсони саховатманд. Синфхонаҳои мазкур сохта ба истифода дода шуданд.
Аз ҳисоби Барномаи “CASA – 1000» бошад синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №46 (4 синфхона), №52 (4 синфхона), дар назди муассисаи таълимии №3 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шуд.
Айни ҳол дар назди муассисаҳои таълимии №10 (6 синфхона), №23 (4 синфхона), №28 (6 синфхона), №29 (3 синфхона) ва №58 (2 синфхона) дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 сохтмони 4-синфхона сохтмонашон идома дорад.
Дар умум дар ноҳия сохтмони 21 синфхонаи иловагӣ барои 625 ҷойи нишаст идома дошта ва ин ишоотҳои сохташаванда дар муҳлатҳои муқарраргардида мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Дониш талабу бузургӣ омӯз
Ҳамсуҳбати мо дар идомаи суҳбат зикр кард, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” даври муассисавӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуда, ғолибон ба даври ноҳиявӣ гузаштанд.
Дар даври ноҳиявии озмун 170/150 нафар хонандагону омӯзгорон аз рӯи номинатсияҳои дилхоҳ маҳорати худро нишон доданд.
Ҳамагӣ 33 нафар дар даври ноҳиявӣ ғолиб дониста шуданд, ки ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли таҳсил дар муассисаҳои таълимии ноҳия, “Ҳафтаи адиб” ташкил ва гузаронида шуд, ки он дар тарбияи маърифатӣ, худогоҳӣ, хештаншиносии насли наврас саҳми босазо мегузорад.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ сол ба сол зиёд гардида, дар соли таҳсили 2023-2024 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннии хонандагон дар даври вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, 31 нафар ғолиб дониста шуда ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии мактаббачагон хонандаи синфи 11-и МТМУ №52 Боев Амриддин аз фанни математика сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Хонандаи синфи 10-и Литсейи давлатии №1- Бобоев Файзиддин, Хонандаи синфи 7-и МТМУ №13 Гадоева Рухшона, хонандаи синфи 8-и МТМУ №52 Давлатзода Шаҳноза аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойи 3-юм, гардиданд. Хонандаи синфи 8-и МТМУ №4 Раҳимов Исо аз фанни таърихи халқи тоҷик сазовори ҷойи 3-юм, хонандаи синфи 6-и МТМУ №13 Ғаниев Садриддин аз фанни таърихи халқи тоҷик сазовори ҷойи ифтихорӣ гаштанд.
Рӯзи 20 – уми сентябри соли 2024 дар даври вилоятӣ озмуни Ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, хонандаи синфи 11 – уми муассисаи таълимии №52 Бойзода Амриддин, дар номинатсияи математика сазовори ҷойи аввал гардид. Инчунин, дар ҳамин даври вилоятӣ, хонандаи синфи 10 – уми муассисаи таълимии №6 Рӯзибоева Гулиҷон, дар номинатсияи ихтирокорӣ ва навоварӣ ҷойи сеюмро ишғол намуд, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
МТЖТ